Дар Русия ҳодисаҳои ҳамла ба муҳоҷирон меафзояд

Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Русия мавориди ҳамла ба муҳоҷирони хориҷӣ афзоиш ёфта ва тайи се рӯзи ахир расонаҳои он кишвар аз қатли як табаъаи Тоҷикистон ва захмӣ шудани ду нафари дигар хабар додаанд. Ба гуфтаи Салими Хатлонӣ, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 9-уми октябр Исроил Табаров, 24-сола, дар минтақаи ғарбии шаҳри […]

ВВС


Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Русия мавориди ҳамла ба муҳоҷирони хориҷӣ афзоиш ёфта ва тайи се рӯзи ахир расонаҳои он кишвар аз қатли як табаъаи Тоҷикистон ва захмӣ шудани ду нафари дигар хабар додаанд.




Ба гуфтаи Салими Хатлонӣ, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 9-уми октябр Исроил Табаров, 24-сола, дар минтақаи ғарбии шаҳри Маскав аз сӯйи афроди ношинос ба зарби корд кушта шудааст.



Баъдан расонаҳои Русия аз боздошти се табаъаи Тоҷикистон ба ҷурми даст доштан дар қатли оқои Табаров хабар доданд.



Бо ин ҳол, ба гуфтаи Салими Хатлонӣ, бозрасии ҳодисаи қатли Исроил Табаров тоза шурӯъ шуда ва ҳанӯз ҷузъиёти он рӯшан нашудааст.



Ҳамзамон, оқои Хатлонӣ хабар дод, ки бо мусоъидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷасади Исроил Табаров ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.



Пас аз як рӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷасади Фирдавс Бобоеви 29-сола, муҳоҷири дигари тоҷик низ, ки дар ширкати мавсум ба «Реконструксия» кор мекард, пайдо шудааст. Гуфта мешавад дар бадани ӯ захмҳои зиёди корд ба ҷо мондааст.



Тибқи иттилоъи Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи душанбе дар шаҳри Маскав афроди номаълум ба ду тан аз атбоъи дигари тоҷик ҳамла карда ва ба зарби корд онҳоро шадидан захмӣ кардаанд.



Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Русия иллати афзоиши ҳамалот ба муҳоҷирони хориҷӣ дар ин кишварро ба қатли Анна Бешнова, духтаре ноболиғ, марбут хондаанд.



Ҳарчанд мақомоти интизомии Русия омилони ин ҳодисаро ҳанӯз ошкор накардаанд, вале тибқи ахбори расонаҳо, бархе гурӯҳҳои нажодпарасти рус ин ҳодисаро кори дасти муҳоҷирони хориҷӣ донистаанд.



Гузоришҳои расида аз Маскав ҳокист, ки дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 10 тан аз атбоъи Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Арманистон ва Туркия, ки дар ин шаҳр кор ва зиндагӣ мекарданд, ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпарасти рус қарор гирифтаанд.



Тибқи иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 400 тан аз атбоъи тоҷик дар Русия ба иллати беморӣ ва сонеҳа фавт карда ва ё аз сӯйи афроди номаълум кушта шудаанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.