Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштии самбо байни наврасону ҷавонон соҳиби 5 медал шуданд

Душанбе. 14-уми октябр – Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштии самбо байни наврасону ҷавонон дар шаҳри Тошканд 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Дабири кулли Федератсияи гӯштии самбои Тоҷикистон Маҳмуди Абдуллоҳ изҳор доштааст, ки дар ин мусобиқот беш аз 500 варзишгар аз 35 кишвар ширкат […]

ozodi.org


Душанбе. 14-уми октябр – Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштии самбо байни наврасону ҷавонон дар шаҳри Тошканд 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.




Дабири кулли Федератсияи гӯштии самбои Тоҷикистон Маҳмуди Абдуллоҳ изҳор доштааст, ки дар ин мусобиқот беш аз 500 варзишгар аз 35 кишвар ширкат карданд.



Паҳлавони навраси тоҷик Акмолиддин Каримов дар вазни то


48 кг

ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло даст ёфт. Айниддин Қурбонов дар ин вазн байни ҷавонон ҷои дувумро касб карда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.



Файзиддин Абдуллоев дар вазни то

70 кг

байни наврасон соҳиби медали биринҷӣ гардид. Инчунин Сулаймон Сулаймонов дар вазни то

74 кг

байни ҷавонон ва Рашид Раҳимов дар вазни то

75 кг

миёни наврасон медали биринҷӣ гирифтанд.



Дар ҳисоби дастаӣ Русия бо касби 28 медал, аз ҷумла 16 тилло ғолиб шуд. Дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ҷои дуввум ва Беларус ҷои севумро касб карданд. Тоҷикистон дар ҷои 6-ум қарор гирифт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.