Ташкили гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои СААД дар Осиёи Марказӣ

0


Душанбе. 13-уми август. – «Дар сурати розигии ҳамаи кишварҳо мо хоҳони он ҳастем, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои амнияти дастаҷамъиро дошта бошем ва ин гурӯҳ аз нерӯҳои чаҳор кишвари минтақа(Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) ва Русия иборат хоҳад буд», – гуфт ӯ.

 





Дабири кулли созмон қайд кард, ки имкон дорад, дар минтақа гурӯҳи бузурги нерӯҳои амнияти дастаҷамъӣ ташкил гардад ва ин гурӯҳ пеш аз ҳама, бояд бо назардошти муташанниҷии вазъ дар Афғонистон суботи сиёсиро дар минтақа таъмин созад.



«Бояд даҳ баталёни нерӯҳои дастаҷамъии фаврии зудамал асоси нерӯҳои панҷгонаро ташкил диҳанд», – афзуд Н.Бордюжа. Ба гуфтаи ӯ, қарори таъйини шумора ва фаъолияти минбаъдаи ин нерӯҳоро намояндагони кишварҳои созмон пас аз қабули қарори сиёсӣ мушаххас хоҳанд кард.



Ба ҳайати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.


Реклама на asia+

Дар қасри «Пойтахт» 40-солагии таъсиёбии рӯзномаи «Вечерний» Душанбе»-ро ҷашн мегиранд

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев моҳи октябри соли равон дар қасри «Пойтахт» ба ифтихори 40-солагии таъсисёбии рӯзномаи «Вечерний Душанбе» маҳфили тантанавӣ баргузор мешавад. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Спидов хабар дод.




«Мақомоти шаҳрдории пойтахт пешниҳоди ҳайати эҷодии рӯзномаро оид ба баргузории озмун таҳти унвони «Шаҳри ман-Рӯзномаи ман» дастгирӣ карда, барои беҳтарин ҳикоя дар васфи пойтахт – 1500 сомонӣ, барои беҳтарин акси пойтахт – 1500 сомонӣ ва барои беҳтарин пешниҳодҳо оид ба беҳсозии ҳаёти иҷтимоии сокинони пойтахт – 2000 сомонӣ ҷоизаҳо таъсис дод», – гуфт Ш.Саидов.


Реклама на asia+

Дар Ӯзбекистон ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро пуршукӯҳ таҷлил карданд

0


Душанбе, 13-уми сентябр – 9 сентябри соли


ҷ


ор


ӣ


дар бинои меҳмонхонаи «


Ӯ


збекистон»-и шаҳри Тошканд бахшида ба 17-умин солгарди истиқлолияти давлатии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон маҳфили бошук


ӯ


ҳ ороста шуд. Дар зиёфат муовини Сарвазири


Ҷ


умҳурии


Ӯ


збекистон Э. Шоисматов, кормандони Сенат ва Палатаи қонунгузории Ма


ҷ


лиси ол


ӣ


, Девони Вазирони


Ҷ


умҳурии


Ӯ


збекистон, вазорату кумитаҳо, олимони Академияи илмҳо, муаллимони мактабҳои ол


ӣ


, шоирону нависандагон, собиқадорони меҳнат, намояндагони


ҷ


амъиятҳои то


ҷ


икон аз тамоми гӯшаву канорҳои


Ӯ


збекистон иштирок намуданд.




Сафири То


ҷ


икистон дар


Ӯ


збекистон Бобохон Маҳмадов баъди садо додани сурудҳои миллии


ҷ


умҳуриҳои То


ҷ


икистону


Ӯ


збекистон бахшида ба 17-умин солгарди истиқлолияти То


ҷ


икистон маър


ӯ


за кард. Дар маър


ӯ


за ро


ҷ


еъ ба муваффақиятҳои амал


ӣ


намудани сиёсати дохилию хори


ҷ


ии давлати То


ҷ


икистон, сохтмонҳои азим, к


ӯ


шишҳои аз бунбасти коммуникатсион


ӣ


баровардани кишвар, таъмини мустақилияти озуқавор


ӣ


, беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум ва дӯстии азалии халқҳои то


ҷ


ику


ӯ


збек сухан рафт.



Барои боз ҳам мутантан ва


ҷ


олиб гузаронидани


ҷ


амъомад гур


ӯ


ҳи ҳунарии ҳофизи шинохтаи то


ҷ


ик Далер Назаров, аҳли санъат аз аксари вилоятҳои


Ӯ


збекистон, аз қабили Ҳунарпешаи халқии


ҷ


умҳуриҳои То


ҷ


икистону


Ӯ


збекистон Мардон Мавлонов, Ҳунарпешаи шоистаи


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Асадулло Атовуллоев, ҳофизи хушсалиқа Салим


ҷ


он Ғиёсов аз шаҳри Самарқанд, гур


ӯ


ҳи санъаткорон аз шаҳри Бухоро таҳти роҳбарии Олияхон Ҳасанова, санъаткорони мумтоз аз шаҳри Тошканд, Ҳунарпешаи шоистаи


Ҷ


умҳурии


Ӯ


збекистон Мунира Муҳаммадиева, ҳофизаи хушхон Гулчеҳра Бақоева ва раққосаҳои ансамбли «Баҳор»-и Кумитаи телевизион ва радиои


Ҷ


умҳурии


Ӯ


збекистон иштирок ва ҳунарнамо


ӣ


намуданд.


Реклама на asia+

Роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон: Бо эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам муносибати ҷаҳони ислом бо Тоҷикистон мусоидтару хубтар хоҳад гаш

0


Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муфтии ҷумҳурӣ, роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Амонулло Неъматзода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ташаббуси президенти Тоҷикистон дар бораи соли 2009-ро Соли гиромидошти асосгузори мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам эълон кардан ба ташаккули низоми яккамазҳабӣ дар кишвар мусоидат менамояд, ки дифоъи он аз ҳар гуна низоъ таъмин карда хоҳад шуд.




Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин муносибати мутавозини ҳукуматдорон бо ислом боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон мутмаъин аст, ки бо эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам муносибати ҷаҳони ислом бо Тоҷикистон мусоидтару хубтар хоҳад гашт.



«Соли 1999 ман аз мамолики араб боздид кардам ва мушоҳида намудам, ки арабҳо на он қадр хоҳони бо кишвари мо ҳамкорӣ кардан доранд, зеро чунин мешумориданд, ки дар кишвари мо то ҳол коммунистон ҳукмронӣ доранд, – идома дод А.Неъматзода. – Акнун ҳангоме ки сарвари давлати мо ба арзишҳои исломӣ арҷгузорӣ намуд, ақидаи онҳо дар бораи кишвари мо ба самти мусбат тағйир ёфта, муносибаташон низ некхоҳонатар хоҳад шуд».



Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки соли оянда аз аҳамияти хоссаи ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ бархӯрдор хоҳад буд ва «аз ҳама муҳимаш, амнияти миллии ҷумҳурӣ мустаҳкамтару пурзӯртар хоҳад гашт».


Реклама на asia+

Мақомоти шаҳрдории пойтахт барои барқарорсозии низоми дохилии гармидиҳӣ ва таъмини оби гарми таваллудхонаи №3 беш аз 211 ҳазор сомонӣ ҷудо

0


Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори раиси шаҳри Душанбе

 

аз буҷаи шаҳр барои барқарорсозии низоми дохилии гармидиҳӣ ва таъмини оби гарми таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе беш аз 211 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.




Сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мувофиқи қарор комиссияи тендерӣ таъсис дода мешавад, ки пудратчии асосии

 

корҳои сохтмониро интихоб хоҳад кард.



Ба қавли Ш.Саидов, Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе вазифадор карда шудааст, ки ҳуҷҷатҳои зарурии баргузории тендер, шартнома бо пудратчии асосиро таҳия намуда, назорати истифодаи маблағҳои ҷудогардидаро таъмин намояд ва иншоотро ҷиҳати қабул ва мавриди истифода қарор додан ба Комиссияи давлатӣ пешниҳод созад.


Реклама на asia+

Додситонии кулли Тоҷикистон баррасии даъвои Сайёфи Мизробро аз болои радиои «Озодӣ» рад кард

0


Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Додситони кулли Тоҷикистон баррасии даъвои корманди собиқи радиои «Озодӣ» Сайёфи Мизробро аз болои ин радио рад кард ва аз рӯи ин даъво парвандаи ҷиноӣ боз нахоҳад кард. Дар ин бора роҳбари бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» Қудратулло Шаҳидӣ хабар дод.




«Қарори додситонии кулл бори дигар собит месозад, ки радиои «Озодӣ» дар инъикоси рӯйдодҳои Тоҷикистон ба таври касбӣ ва воқеъбинона рафтор намудааст», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки рӯзноманигор Сайёфи Мизроб, ки ахиран дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» фаъолият дошт, моҳи июли соли равон аз болои ин радио ба додситонии кулли Тоҷикистон оид ба нақзи ҳуқуқҳояш аризаи даъвогӣ пешниҳод сохт. С.Мизроб даъво дошт, ки дар ин радио дар тӯли чанд соли ахир тамоми амалҳои ҳукумат истеҳзоомез, таҳрифомез мунъакис мегаштанд.


Реклама на asia+

Вазорати нақлиёт: Нақби «Истиқлол» пас аз 35 рӯз ифтитоҳ мешавад

0





           

Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нақби «Истиқлол», ки аз имрӯз ҳаракат тавассути он манъ аст, пас аз 35 рӯз ифтитоҳ мегардад.








«Дар нақб корҳо дар се баст ташкил карда шудаанд ва дар назди сохтмончиён вазифа гузошта шудааст, ки то мавсими борону барф корҳои таъмиру сохтмонро пурра ба анҷом расонанд», – изҳор дошт манбаъ.







Ба қавли намояндаи вазорат, сохтмончиёни нақб бо ҳама масолеҳи сохтмонии зарурӣ, шароити хуби истироҳат ва нерӯи барқи доимӣ таъминанд.







Ёдрас мекунем, ки бо супориши президент нақби мазкур аз 12-уми сентябр барои анҷоми пурраи корҳои таъмиру сохтмон то ду моҳ баста шуд ва ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Анзоб сурат хоҳад гирифт.




Реклама на asia+

Тӯраҷонзода: Бо соли 2009-ро Соли Имоми Аъзам эълом доштан президент дастгирии мардумро аз сиёсати худ таъмин сохт

0


Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Сарвари ҳар давлате ба дастгирии мардуми кишвараш ниёз дорад ва бо соли 2009-ро Соли Имоми Аъзам эълом доштан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастгирии мардумро аз сиёсати худ таъмин сохта, нисбат ба эътиқоди мардум эҳтиром ва арҷмандӣ изҳор сохт», – гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз пешвоёни рӯҳонии бонуфузи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.




Номбурда чунин изҳори назар намуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дарк кардааст, ки бидуни эҳтироми иродаи мардум ба чизе ноил гаштан амри маҳол аст. «Ҷавонон – ояндаи миллату ватананд ва имрӯз мо мушоҳида менамоем, ки дар Тоҷикистон сафи масҷидравон маҳз аз ҳисоби ҷавонон рӯз то рӯз зиёдтар мешавад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Тӯраҷонзода, пешвоёни рӯҳонӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон нуфузи хоссаеро доро ҳастанд ва сарвари давлат хеле оқилонаву дурандешона рафтор намуд, ки он барои боз ҳам наздикшавии ӯ бо мардум мусоидат хоҳад кард.



Мавсуф зикр кард, ки ташаббуси сарвари давлат ҳамучунин ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати мардум низ мусоидат хоҳад кард. «Бахусус имрӯз, ки як қатор равияҳои мазҳабӣ чун «Салафия» фаъолтар шудаанд, пеш гирифтани чунин иқдом хеле саривақтиву зарур аст», – таъкид сохт Тӯраҷонзода.



             Оид ба ақидаи баъзе коршиносон дар мавриди он ки иқдоми мазкур назорат аз болои дин ва сӯиистифода аз онро афзун хоҳад сохт, Тӯраҷонзода чунин изҳори назар намуд, ки ин гуна ташвишҳо беасос нестанд, зеро 90 фоизи сохтори таблиғотии дастгоҳи роҳбари давлат ва маҳз касоне, ки бо масоили динӣ сарукор доранд, нисбат ба ислом муносибати эҳтиромона надоранд. «Ба ҳар ҳол, ман умедворам, ки ин иқдом «ташаббуси созанда ва некхоҳона хоҳад буд», – афзуд ӯ

Реклама на asia+

Соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғду Хатлон 400 адад силоҳи оташфишон мусодира карданд

0


Қӯрғонтеппа/Хуҷанд. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон 259 адад силоҳи оташфишонро мусодира карданд, ки онҳо аз 102 автомат, 43 туфангча, 59 карабин, 70 милтиқи шикорӣ, 1 дастгоҳи тарканда ва 30-то навъи дигари аслиҳаи оташфишон иборат мебошанд. Сардори ситоди Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон Ҷӯрахон Маъдиев мегӯяд, дар 8 моҳи соли гузашта 324 адад силоҳи оташфишон мусодира шуда буд.




Тайи ҳамин давра дар вилояти Суғд 164 адад силоҳи оташфишон мусодира гардидааст, ки он аз 3 автомат, 4 туфангча, 1 норинҷакандоз, 7 адад силоҳи буранда ва 150 силоҳи милаш ҳамвор, 2 норинҷак ва 257 тир иборат аст. Аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта ба 243 адад баробар буд. Дар давраи мазкур дар вилояти Суғд бо истифода аз силоҳи оташфишон як ҷиноят содир карда шудааст.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Покистонро табрик кард

0








 




           

Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Асиф Алӣ Зардарӣ ба муносибати ба ин маснад интихоб гардиданаш барқияи шодбош ирсол намуд.






           

Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар барқия, аз ҷумла зикр шудааст, ки «Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи муносиботи ҳамкории миёни кишварҳоро қаноатбахш ва барои тарафайн судманд арзёбӣ менамояд».






           

«Мутмаинам, ки муносибатҳои ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон минбаъд низ бар асоси риояи баробарҳуқуқиву эҳтироми ҳамдигарӣ ва назардошти манфиатҳои дуҷониба густариш хоҳад ёфт ва аз фурсат истифода бурда, изҳор менамоям, ки дар ҳамдастӣ бо Шумо омодаам, баҳри рушду таҳкими муносибатҳо тамоми кӯшишро ба харҷ дода, аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода намоям», – гуфта мешавад дар барқия.



Реклама на asia+