Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар хонандагонро аз оқибатҳои ногувори нашъамандӣ ҳушдор медиҳанд

0



           

Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хонандагони мактаби таҳсилоти умумии ҷумҳуриро аз оқибатҳои ногувори нашъамандӣ ҳушдор медиҳанд.





           

Тавре аз агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл кормандони агентӣ дар мавзӯъҳои марбут ба зарари нашъамандӣ ва оқибатҳои ногувори он бо толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии рақами 52 ва 88-и шаҳри Душанбе сӯҳбат намуданд. Дар мулоқот ба хонандагон оқибатҳои ногувори нашъамандӣ ба саломатӣ ва рӯҳи инсон, чун ҷиноят дониста шудани он ва масоили дигари марбут шарҳ дода шуданд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ба маъмурияти мактабҳо китобу маҷмӯаҳо, навиштаҷоту шиор, буклетҳо ва варақаҳои иттилоотӣ дар ин мавзӯъ супурда шуданд.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон реҷаи интиқоли барқ шадидтар шуд

0



           

Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон реҷаи интиқоли барқ шадидтар шуд. Аз 11-уми сентябр интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ дар як шабонарӯз 9 соат муқаррар шудааст. Қобили зикр аст, ки аз 1-уми сентябр дар қаламрави кишвар, ба ҷуз пойтахт, марказҳои вилояту ноҳия ва шаҳрҳои саноатӣ реҷаи маҳдуди интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ гардида буд, ки он аз соати 22.30 то 03.30 дақиқаро дар як шабонарӯз дар бар мегирифт.





           

Аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки реҷаи шадиди интиқоли нерӯи барқ на танҳо ба аҳолӣ, балки ба корхонаву муассисаҳои саноатӣ низ дахл хоҳад дошт ва дар ин бора бо ҳукумат тавофуқ ҳосил шудааст.




           

«Аҳолӣ аз соати 17.00 то 21.30

 

ва соати 3.30 то 8.00 дақиқа бо нерӯи барқ таъмин карда хоҳад шуд ва он ба корхонаҳое, ки аз пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ қарздор нестанд, мувофиқи реҷаи дар он минтақа ҷоригардида интиқол дода хоҳад шуд», – иттилоъ доданд аз ширкати «Барқи тоҷик» ва зикр карданд, ки алҳол чунин маҳдудиятҳо дар пойтахт ҷорӣ намешаванд.




           

Ба иттилои манбаъ, айни замон мизони ҷоришавии об дар дарёи Вахш ба 556 метри мукааб баробар буда, сатҳи об дар обанбори «Норак» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта


8 метр

поинтар аст. Зикр гардид, ки чунин чораҳо бо мақсади захираи кофии об ва омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимстони имсола андешида шудаанд.




           

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта реҷаи интиқоли барқ дар қаламрави Тоҷикистон аз 1-уми октябр ва дар шаҳри Душанбе аз 21-уми ноябр ҷорӣ гардида буд ва он 18 майи соли ҷорӣ бекор шуда буд.

 



Реклама на asia+

Гумрукчиёни фурудгоҳи пойтахт аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Самара ҷилавгирӣ карданд

0



           

Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ карданд.




Аз дафтари матбуоти хадамоти гумрук ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир чанде қабл сокини ноҳияи Роштқалъа, мусофири хатсайри парвози ҳавопаймои Душанбе-Самара Бахтиёр Ҷунайдов боздошт гардид.



«Ҳангоми азанзаргузаронии борхалтаи сафарии ӯ ошкор гашт, ки Б.Ҷунайдов тавассути дар дохили зардолуи хушк ҷой кардан ният доштааст, 2 кило маводи сахттаъсири героинро ба хориҷи кишвар интиқол бидиҳад», – изҳор дошт манбаъ. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.


Реклама на asia+

Ҷавонзани душанбегӣ ба азхудкунии 3 ҳазор доллари амрикоии падараш гумонбар дониста мешавад

0


Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷавонзани 30-солаи душанбегӣ Бунафша Давлатова ба азхудкунии 3 ҳазор доллари амрикоии падараш гумонбар дониста мешавад. Ин миқдор маблағро ӯ аз падараш гирифта, дигар барнагардондааст.




Тибқи иттилои намояндаи Вазорати умури дохилӣ, шаҳрванд Неъматулло Давлатови 66-сола ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз болои амали ғайриқонунии духтараш ва дугонаи ӯ Истам Ҷумъаева шикоят мебарад. «Дар шикоят гуфта шудааст, ки моҳи апрели соли равон духтараш ва дугонаи ӯ ба боварии падар даромада, бо роҳи фиреб аз ӯ 3 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ мегиранд ва бедарак мешаванд», – изҳор дошт манбаъ.



Аз сарчашма ҳамчунин хабар дода шуд, ки чанде қабл ҳар ду гумонбаршудагон дастгир шуда, нисбат ба аъмоли содиркардаи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.


Реклама на asia+

Имрӯз ҲНИТ ният дорад барои маҳкумшудгони шаш муассисаи ислоҳотӣ ифтор ташкил намояд

0


Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ният дорад барои маҳкумшудагони шаш муассисаи ислоҳотӣ, ки панҷтоаш дар пойтахт воқеъанду яктои он дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, ифтори моҳи шарифи Рамазон ташкил намояд.




Сухангӯи ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи нахустин даҳаи моҳи Рамазон, ки Даҳаи раҳмат ном дорад, доир мегардад. Ӯ таъкид сохт, ки ҳизб ин иқдомро аз назари ҳадафи хайрия доштани он бахусус дар моҳи Рамазон ва дастгирии тарафдорону аъзои

 

ҳизб дар миёни маҳбусон роҳандозӣ мекунад.



«Миёни маҳбусон собиқ размандагони нерӯҳои мухолифини тоҷик, чанде аз фаъолони ҳизби мо ва тарафдорони ҳизби мо адои ҷазо мекунанд», – гуфт Ҳ.Сайфуллозода.



Дар ҳамин ҳол, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Хатлон Қаландар Садриддинов ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ба ҳукумат эълони афвро пешниҳод сохт. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси бахши вилоятии ҳизб изҳор дошт, ки кишварҳои мусулмонӣ дар ин моҳ барои шаҳрвандони худ афви умумӣ эълон мекунанд. «Соли равон ҳатто Исроил дар пешорӯи моҳи шарифи Рамазон шаш нафар мусулмонони гаравгон гирифташударо озод намуд, – гуфт ӯ. – Хеле хуб мешуд, агар ҳукумати Тоҷикистон низ ба чунин иқдом даст мезад ва мо имкон пайдо мекардем, ки аз президент дархост намоем, то аъзои ҳизби моро, ки ба иттиҳоми узвият дар равияҳои мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, афв карда шаванд». Қ.Садриддинов зикр кард, ки аз шумораи мушаххаси зиндониёне, ки аъзои ҳизб ҳастанд, огоҳ нест, вале таъкид сохт, ки «ба ҳар ҳол, шумораи онҳо кам нест».


Реклама на asia+

Барномаи рушди СММ ба Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 3 ҳазор тонна мазут медиҳад

0


Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 3 ҳазор тонна мазут медиҳад.




Хабар дода мешавад, ки маросими расмии супурдани сӯзишворӣ пагоҳ дар қаламрави марказ доир мегардад.



«Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки истеҳсоли гармӣ ва барқро дар марказ афзун намояд ва ин дар навбати худ имкон фароҳам месозад, ки маҳаллаҳои дигари шаҳр, ки бо гармӣ аз марказ таъмин нестанд, бо нерӯи барқи бештар таъмин карда шаванд», – афзуд сарчашма.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон танҳо 75 дарсади духтарон соҳиби маълумоти миёна мешаванд, – назари коршинос

0


Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи пешбурди имконоти дастрасии духтарон ба маълумоти миёна семинар мегузарад, ки онро намояндагии Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон созмон додаанд.




Коршиноси байнулмилалӣ, намояндагии ЮНИСЕФ дар Бангладеш хонума Мира Митра дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон масъалаи дастрасии духтарон ба гирифтани маълумоти миёна муҳим буда, танҳо 75 дарсади духтарон соҳиби маълумоти миёна мешаванд ва ин дар ҳолест, ки ин миқдор нисбат ба писарон 90 дарсадро ташкил медиҳад.



Ба қавли хонума М.Митра, ин масъала на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаҳои Осиё ва Африқо низ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Мавсуф зикр кард, ки дар ҷаҳон 120 млн. кӯдакон ба маълумоти миёнаи пурра дастрасӣ надоранд, ки аз онҳо 65 дарсадашро духтарон ва боқимондаро писарон ташкил медиҳанд, 72 млн. нафар кӯдакон бошанд, умуман ба таҳсили илм фаро гирифта нашудаанд.



Хонума М. Митра ҳамчунин баён дошт: «Дар Тоҷикистон ва Бангладеш чунин ақидае роиҷ гардидааст, ки хондани духтарон фоидаовар нест, яъне маблағи ба онҳо сарфшуда самар намеорад, зеро онҳо ба воя расида шавҳар мекунанд, вале ин ақидаи ғалат аст. Аз ин рӯ, дар ҳамдастӣ бо вазорати маориф мо ду семинар мегузаронем. Семинари аввал бо худи кӯдакон ва намояндагони васоити ахбори омма ва семинари дуввум бо иштироки волидайни кӯдакон дар деҳот гузаронида мешавад».


Реклама на asia+

Имрӯз дар Амрико маросими ёдбуди ҳодисаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 баргузор мешавад.

0




Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –




Имрӯз дар Амрико маросими ёдбуди ҳодисаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001, ки ҳудуди 3000 одамро аз байн бурданд, баргузор мешавад.








Пешбинӣ мешавад, ки дар маросими ёдбуди қурбониҳо дар макони ҳамла болои бинои дугоники Маркази Ҷаҳонии Тиҷорати шаҳри Ню-Йорк номзадҳои курсии президенти ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн ва аз ҳизби демократ Барак Обама ширкат меварзанд.








Террористони марбут бо шабакаи «Ал-Қоида» масъули ин ҳамлаҳо номида мешаванд. Онҳо 11 сентябри соли 2001-ум чор ҳавопаймои мусофирбарро рабуда, сипас ҳамчун силоҳ истифода бурданд. Ду ҳавопаймои аввал ба биноҳои дугоники Маркази Ҷаҳонии Тиҷорати шаҳри Ню-Йорк бархӯрданд.







Ҳавопаймои сеюм дар Вашингтон болои бинои Пентагон суқут кард. Билохира ҳавопаймои чоруми рабудашуда дар як майдони назди шаҳри Шанксвили аёлати Пенсилвания сарнагун шуд.












Реклама на asia+

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи шаҳрванди ҶТ»-ро баррасӣ мекунад

0



           

Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи қарори раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикитон иҷлосияи 16-уми Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММ МО ҶТ) 17-уми сентябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.





           

Ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба иҷлосия барои баррасӣ масоили ворид намудани тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи шаҳрванди ҶТ», «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи мақоми хизматчии ҳарбӣ», «Дар бораи муассисаҳои давлатӣ» ва «Дар бораи таъмини шаҳрвандони ҶТ бо нафақа» пешниҳод гардидаанд.




           

Ҳамчунин муҳокимаи боз як қатор қонун ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар назар аст.


Реклама на asia+

Дар пойтахт бар асари садамаи нақлиётӣ зане ба ҳалокат расид, ки то ҳанӯз шахсияташ номаълум аст

0



           

Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт ронндаи автомобили «Нисан» Садриддин Назаров аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, бо суръати баланд роҳгузаронро пахш мекунад. Дар ин бора аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.





           

Бино ба иттилои манбаъ, бар асари ин фалокат зани аврупоие ба ҳалокат расидааст, ки синнаш тахминан 40-45 сола буда, то ҳанӯз шахсияташ номаълум аст. Ғайр аз ин, сокини 43-солаи пойтахт Элола Казбекова низ аз ин садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ гирифтааст. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, оид ба муайян намудани шахситяи зани марҳум чораҷуӣ карда мешавад.


Реклама на asia+