Дар Душанбе муаррифии гузориши Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат дар соли 2009» доир мегардад

0


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Душанбе муаррифии гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Пешбурди тиҷорат дар соли 2009» доир мегардад.




Аз бонки мазкур ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин гузориши Бонки ҷаҳонӣ риштаи иқтисоди 181 кишвари дунё аз рӯи омилҳои асосии пешбурди тиҷорат мавриди баррасӣ қарор мегирад.



Бино ба иттилои сарчашма, дар гузориш ҷараёни ислоҳот дар кишварҳое, ки ҷиҳати осонкунии пешбурди тиҷорат аз рӯи 10 нишондиҳандаи танзим чораҳо андешидаанд нишон дода мешавад. «Чораҳои мазкур барои баҳисобгирии вақт ва хароҷот, назардошти талаботи ҳукумат дар бобати ифтитоҳ ва роҳандозии фаъолияти тиҷоратӣ, савдо, пардохти андозҳо ва анҷоми муваффақонаи корҳои тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам месозанд», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки дар натиҷагириҳои дараҷавӣ соҳаҳои сиёсати макроиқтисодӣ, сифати зерсохтор, тағйирёбии қурби асъор, сатҳи огоҳии сармоягузорон ва мизони ҷинояткорӣ ба назар гирифта намешаванд.


Реклама на asia+

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар беш аз 1 тонна маводи мухаддирро мусодира карданд

0



           

Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҳашт моҳи соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 1 тоннаву 105 кило маводи мухаддирро мусодира карданд. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44 дарсад зиёдтар аст.





           

Аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда беш аз 261 килояш героин буда, 486 килои он афюн ва тақрибан 358 килояш маводи нашъаи навъи каннабис мебошад.


Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон ба Маскав рафт

0


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Шӯрои амнияти сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки рӯзҳои  5-6-уми  сентябр дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.




Иштирокчиёни маҷлис лоиҳаи низомномаро дар бораи маблағгузорӣ ва амалӣ сохтани барномаҳои мақсадноки алоҳидаи байнидавлатии СААД ва нақшаи машваратҳоро бахшида ба масъалаҳои сиёсати берунӣ, амният ва мудофиа дар давраи нимаи дуюми соли 2008 ва нимаи аввали соли 2009

 

ва омода сохтани мутахассисони хадамоти гуногуни амниятиро дар кишварҳо муҳокима мекунанд. Дар Маҷлиси Шӯро сарвари давлатро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.



Интизор меравад, ки дар маҷлис масъалаи қазияи Қафқоз пас аз даргириҳо дар Осетияи Ҷанубӣ ва Гурҷистон низ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.


           Инчунин ҷараёни иҷрои нақшаи ҳамкории низомии мамлакатҳои аъзои созмон то соли 2010, аз ҷумла, ташкили гурӯҳи муттаҳидаи артиши амнияти дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ карда мешавад.


             Айни ҳол Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.

Реклама на asia+

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СААД ҷиҳати аз мавқеъи воҳид кор гирифтан дар арсаи байнулмилалӣ оид ба қазияи Қафқоз тасмим гирифт

0


Душанбе. 5-уми сентябр. – Вазирони умури хориҷаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз нақши Русия дар бӯҳрони Қафқоз ҳимоят карданд, вале истиқлолияти манотиқи ҷудоихоҳро баррасӣ накарданд.

 





Вазирони хориҷаи кишварҳои узви СААД дар нишасти ахири худ дар Маскав тасмим гирифтанд, ки дар маҳофили байнулмилалӣ дар робита ба бӯҳрон дар Қафқоз аз мавқеъи воҳид кор бигиранд. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия хабар дод.



Ба навиштаи хабаргузориҳо, вазирони хориҷаи кишварҳои узви СААД аз мавқеъи Русия дар низоъ бо Гурҷистон пуштибонӣ карданд ва аммо аз эътирофи истиқлоли Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ худдорӣ намуданд. Дар изҳороти вазирони умури хориҷаи ин созмон омадааст, ки онҳо “аз нақши фаъоли Русия барои сулҳ ва ҳамкорӣ дар Қафқоз ҷонибдорӣ мекунанд”.



Аҳли нишаст ҳамлаи Тифлис ба Осетияи Ҷанубиро, ки, тавре дар изҳорот омадааст, “ ҳалокати теъдоди бузурги мардуми осоишта, нерӯҳои посдори сулҳи Русия ва ҳамчунин фоҷиаи ҷиддии башариро дар пай дошт”, маҳкум карданд. Вазирони хориҷаи кишварҳои узви СААД бо гӯшрас ба Ғарб барои пуштибонияш аз Гурҷистон даъват карданд, ки “ҳама мамолик вазъро воқеъбинона арзёбӣ кунанд ва аз амалҳое, ки боиси жарфтар шудани низоъ бигардад, худдорӣ намоянд”.



Дар нишасти вазирони хориҷаи ин созмон Сергей Лавров, раҳбари идораи сиёсати берунаи Русия суханронӣ кард ва бори дигар пуштибонии кишварҳои ғарбӣ аз Тифлисро ҳадафи танқид қарор дод. Ба СААД Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомиланд.



Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви СААД дар ҳоле доир шуд, ки низомиёни Русия то ҳол дар, ба истилоҳ “минтақаҳои амниятӣ” дар қаламрави Гурҷистон мустақаранд ва Маскав даъвати кишварҳои ғарбӣ барои ба мавқеъҳои қабл аз низоъ дар Осетияи Ҷанубӣ баргардонидани нерӯҳояшро нодида мегирад.



Коршиносон мегӯянд, ки Маскав аз пуштибонии комили ҳампаймонҳояш дар робита ба эътирофи истиқлоли Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ бархурдор нест – ягон кишвари узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ва узви СААД дар пайравӣ аз Маскав ин ду ҷумҳуриро ба расмият нашинохтааст.



То имрӯз фақат Никарагуа эълом дошт, ки истиқлоли Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро эътироф хоҳад кард. Талошҳои қаблии Русия барои пуштибонии дигар кишварҳо аз истиқлоли ин ду ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Душанбе натиҷаи дилхоҳ барои Маскав бор наоварданд.



ИМрӯз дар Маскав нишасти сарони кишварҳои узви СААД доир мешавад ва ба гуфтаи таҳлилгарон дар ин нишаст Русия боз ҳам барои

 

дарёфти пуштибонии бештари ҳампаймонҳояш дар робита ба ҳаводиси ахир дар Қафқоз ва ба расмият шинохтани Абхазистону Осетияи ҷанубӣ талош хоҳад кард.


Реклама на asia+

Ҳукуматдорони шаҳри Душанбе ба иллати афзоиши бесобиқаи нархи маводи ғизоӣ фаъолияти бозори «Зарнигор»-ро қатъ намуданд

0


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукуматдорони шаҳри Душанбе назоратро аз болои нархҳо ба маводи ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт пурзӯр намуданд. Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз бозорҳои шаҳри Душанбе боздид карда, шоҳиди он гардид, ки ҳақиқатан ҳам дар бозорҳои пойтахт нархи маводи ғизои аввалия арзон шудааст.




Масалан, нархи як халта орди навъи якум дар бозори маҳаллаи Зарафшон аз 122-125 сомонӣ то 117 сомонӣ ва нархи зарфи шашлитраи равғани пахта аз 35 сомонӣ то 28 сомонӣ арзонтар шудааст. Ҳамчунин арзиши сабзавоту мева низ поин рафтааст. Мардум чунин тамоилро ба изҳороти сарвари давлат ва рейдҳои гузарондаи Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» нисбат медиҳанд, ки коргарони ин корхона ба тоҷирон арзон кардани маводи ғизои ниёзи аввалияро тавсия медиҳанд.



Дирӯз ҳукуматдорони шаҳр фаъолияти бозори «Зарнисор»-и маҳаллаи 102-уми пойтахтро қатъ сохтанд, зеро дар ин ҷо рӯзҳои ахир нархи маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб қимат шудааст. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чанде аз мизоҷони бозор изҳор доштанд, ки рӯзҳои ахир дар ин бозор нархи 1 кило ангур – то 10 сомонӣ, зироати полизӣ – то 20-30 сомонӣ ва 1 кило гӯшти гов – то ба 20-22 сомонӣ расидааст.

 



Реклама на asia+

Раиси пойтахт аз соҳибкорон талаб кард, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархи маводи ғизои аввалияро арзон кунанд

0


Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар машварат бо соҳибкорону тоҷирон, роҳбарони бозорҳои пойтахт ва кормандони масъули сохтори назоратии шаҳр дар соҳаи байторӣ, беҳдоштиву эпидемиологӣ ва мақомоти дахлдори дигари шаҳр аз соҳибкорон талаб кард, ки бо дарназардошти изҳороти сарвари давлат дар моҳи шарифи Рамазон нархи маводи ғизои аввалияро арзон кунанд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.




Дар машварат масъалаҳои марбут ба изҳороти президент оид ба паст кардани нархи маводи ғизоӣ дар моҳи Рамазон баррасӣ шуда, тавсия дода шуд, ки нархҳои ҳамаи навъи маводи ғизоӣ то 20 фоиз арзон карда шавад.



Ба қавли Ш.Саидов, дар посух ба муроҷиати раиси пойтахт тоҷирони дӯконҳои гӯштфурӯшии маҳаллаи 33-уми шаҳри Душанбе ваъда доданд, ки нархи гӯшти ғусфанд ва бузро 10 фоиз арзон мекунанд.


Реклама на asia+

Дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ шумораи нахустини ҳафтаномаи «СССР» ба табъ хоҳад расид

0


Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, 9-уми сентябр ҳафтаномаи тозаи сиёсиву ҷамъиятӣ таҳти унвони

 

«СССР» ба табъ хоҳад расид.




Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия Плюс» муассис ва сардабири ҳафтаномаи тоза Сайёфи Мизроб гуфт, ҳафтанома рӯйдодҳои сиёсии дохил ва хориҷи кишварро инъикос хоҳад намуд.



Ҳадафи аслии нашри ҳафтанома, ба гуфтаи муассис, назар андохтан ба рӯйдоду воқеъоти 80 соли гузашта дар кишвар мебошад. «Вақти он расидааст, ки аз таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ, бурду бохти халқи тоҷик дар ин марҳила натиҷагирӣ намоем, – гуфт С.Мизроб. – Масалан, дар шумораи нахустин роҷеъ ба тақдири шаҳрҳои таърирхии мо – Самарқанду Бухоро маводу гузориш ба нашр мерасанд». Ӯ мегӯяд, то замоне, ки мо шоҳидони зиндаву маводе оид ба ин давраи таърихӣ дорем, бояд онро ҳадафнок истифода барем, зеро танҳо дар ин сурат мо метавонем ба суолоти худ посух пайдо кунем.



Сайёфи Мизроб ҳамчунин ихор дошт, ки дар номи ҳафтанома аббревиатураи дигар ниҳон аст ва калидвожаи ин аббревиатура ба дасти хонанда аст. Ин як озмун аст, ксе ин калид калимаро дарёбад, азҳисоби ҳафтанома ба сайёҳати шаҳри Маскав меравад. Озмун то 9-уми сентябри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.



Теъдоди нашри нахустини рӯзнома 1200-1500 нусха хоҳад буд. Дар ҳайати ҳафтанома рӯзноманигороне чун Сафват Бурҳонов, Аҳмади Иброҳим, Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, Раҷаби Мирзо, Аслиддин Достиев, Зафари Мирзоён, Хуршеди Атовулло, Нуралӣ Давлат ва дигарон фаъолият хоҳанд кард.


Реклама на asia+

Имрӯз дар Маскав шаби эҷодии шоира Гулрухсор Сафиева доир мегардад

0


Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар бинои Ҷамъияти байнулмилалии иттифоқҳои нависандагони шаҳри Маскав шаби эҷодии шоираи маъруфу шинохтаи тоҷик Гулрухсор Сафиева доир мегардад. Чорабинии мазкур дар доираи таҷлили ҷашни 1150-умин солгарди Одамушшуаро Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҷашни навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.




Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шоира Гулрухсор сокинони Маскаву меҳмонон ва ҳамватанони худро бо навгониҳову тозакориҳо дар осори худ шинос хоҳад кард.



Шаби эҷодии шоира аз ҷониби намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия ва Ҷамъияти байнулмилалии иттифоқҳои нависандагони шаҳри Маскав созмон дода шудааст.

 



Реклама на asia+

Дар Пекин Бозиҳои тобистонаи олмипии варзишгарони маъюб оғоз ёфт

0




Душанбе, 4-уми сентябр – Дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – Пекин Бозиҳои тобистонаи олмипии варзишгарони маъюб оғоз ёфт. Тавре хабар дода шуда буд, дар он ду нафар варзишгари тоҷик низ иштирок мекунад.








3-уми сентябр дар шаҳраки олимпии варзишгарони тоҷик байрақи Тоҷикистон барафрошта шуд. Ба ин муносибат дар шаҳраки олимпӣ ҷамъомади серодам баргузор гардид. Муовини раиси шаҳраки олимпӣ варзишгарони тоҷикро хайра мақдам гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо орзӯ намуд.







Дар бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон ду нафар варзишгари вазнбардор Хайрулло Абдураҳимов ва Зайтуна Розиқова ширкат меварзанд. Дар маросими барафроштани байрақи Тоҷикистон дар шаҳраки олимпӣ сафири Тоҷикистон дар Пекин Рашид Олимов ва ҳайати варзишгарони бозиҳои олимпӣ иштирок намуданд.




Реклама на asia+

Дар Кӯлоб қарздоронро аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум месозанд

0


Кӯлоб. 4-уми секентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти истеҳсолии хусусии «Сайёра», ки барои истифодаи нерӯи барқ ба маблағи 900 сомонӣ қарздор аст, имрӯз аз истифодаи он маҳрум карда шуд.




Сардори шабакаҳои фурӯши барқи шаҳри Кӯлоб Абдунабӣ Илёсов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки айни замон маблағи қарзи умумии истифодаи нерӯи барқ дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб 2 млн. 66 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 833,2 ҳазор аз он қарзи аҳолӣ ва 161,8 ҳазори он қарзи корхонаву муассисаҳои буҷетӣ аст.



Ба қавли ӯ, агар истифодабарандагони дигар низ маблағи қарзро насупоранд, онҳоро низ чунин тақдир интизор аст. «Қарздорони аз ҳама бештар Идораи обёрикунии мошинии ноҳияи Восеъ (260,6 ҳазор сомонӣ) ва Идораи хоҷагии оби Кӯлоб (239 ҳазор сомонӣ) мебошанд», – гуфт ӯ.



«Ҳамчунин муассисаҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ – КМСМ-3, КСМ-12, як қатор муассисаҳои нақлиёт, ҶСК «Кӯлобгаз» ва меҳмонхонаи Хатлон низ аз пардохтани маблағи истифодаи нерӯи барқ саркашӣ мекунанд», – афзуд А.Илёсов.

 


 



Реклама на asia+