М.Аҳмадинажод: Сионизми байнулмилалӣ ва сиёсати кӯтоҳандешонаи Гурҷистон вазъи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро ноором сохтанд

0



           

Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод изҳор дошт, ки сионизми байнулмилалӣ ва сиёсати кӯтоҳандешонаи Гурҷистон вазъи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро ноором сохтанд.





           

Ба назари сарвари давлати Эрон, «агар ба таҳаввулоти сиёсии Қафқоз дахолат карда нашавад, мардуми ин минтақа дар сулҳу субот зиндагӣ хоҳанд кард».




           

Дар мавриди посух ба суоли нияти узвияти Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай, М.Аҳмадинажод изҳор дошт, ки он ба нуфузи ҳарчи бештар пайдо кардани созмон марбут аст. «Эрон на барои зиддият бо Амрикову Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) узви созмон шуданӣ аст, чунки Амрикову НАТО ҳоло тамоми ҷаҳон нестанд», – таъкид сохт ӯ.


Реклама на asia+

Дар Душанбе гуфтушуниди расмии Э.Раҳмон ва Д.Медведев доир мегардад

0


Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни боздиди расмии президенти Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон шаш санад ба имзо мерасад.




Мувофиқи барнома, боздиди расмӣ аз маросими гулчанбаргузорӣ зери пояи асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, сипас дар «Кохи Миллат» идома меёбад.



Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия нахуст дар шакли «як ба як» мулоқот намуда, сипас гуфтушунидҳои васеи ҳайъатҳои расмии ду кишвар баргузор мешавад.



Роҳбари Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид шаш санад ба имзо хоҳад расид. Сарони кишварҳо ҳамчунин зери Изҳороти муштарак низ имзо хоҳанд гузошт.



Ғайр аз ин, ҳамчунин як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба ҳифзи муштараки натиҷаҳои фаъолияти зеҳнии бадастомада зимни ҳамкориҳои техникиву низомӣ ва истифодаи он, Созишномаи вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ, Созишномаи ҳамкории вазоратҳои кишоварзии кишварҳо, Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба таъсис ва роҳандозии фаъолияти Маркази таҳқиқотии «Помир-Чақалтай» низ ба имзо хоҳанд расид.



Тибқи барномаи сафари президенти Русия

 

боздиди ӯ аз пойгоҳи низомии 201-уми Вазорати дифои Русия, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, сурат мегирад.


Реклама на asia+

Кишварҳои узви СҲШ аз нақши фаъоли Русия дар ҳалли низоъи Қафқоз пуштибонӣ карданд

0


Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«


ozodi


.


org


» – Кишварҳои узви СҲШ аз нақши фаъоли Русия дар ҳалли низоъи Қафқоз пуштибон


ӣ


карданд.




Дар эъломияи муштараки онҳо таҳти унвони Эъломияи Душанбе омадааст, ташанну


ҷ


и авзоъ дар атрофи қазияи Осетияи


Ҷ


ануб


ӣ


нигаронии шадиди Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро ба бор овардааст, вале созмон хостори ҳалли мусолиматомези масоил тариқи музокирот аст.



Кишварҳои узви СҲШ бо истиқбол аз 6 меъёри ҳалли низоъи Осетияи


Ҷ


ануб


ӣ


, ки 12 августи соли равон дар Маскав қабул шуда буд, изҳор доштанд, ки нақши фаъоли Русия дар мусоидат ба сулҳу ҳамкор


ӣ


дар ин минтақаро пуштибон


ӣ


мекунанд.



Эъломияи Чин ва кишварҳои Осиёи Марказ


ӣ


дар ҳоле садо медиҳад, ки Русия – узви дигари ин созмон дар роҳандозии амалиёти низом


ӣ


алайҳи Гур


ҷ


истон ва эътирофи истиқлолияти минтақаҳои


ҷ


удоихоҳи он – Осетияи


Ҷ


ануб


ӣ


ва Абхозистон мавриди интиқоди кишварҳои Ғарб қарор гирифтааст.



Дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҳе


ҷ


яке мавқеи кишварашро дар мавриди истиқлолияти Осетияи


Ҷ


ануб


ӣ


ва Абхозистон изҳор надошт, аммо Дмитрий Медведев, раис


ҷ


умҳури Русия мавқеъи ягонаи аъзои созмонро аз пуштибонии кишвараш як ҳушдори чидд


ӣ


ба Ғарб арзёб


ӣ


кард. Оқои Медведев гуфт, к


ӯ


шишҳои таъмини манофеъ тариқи з


ӯ


р аз с


ӯ


йи бархе кишварҳо идома дорад ва намунаи ин омоли


ҷ


инояткорона ва бемасъулиятона та


ҷ


овузи Гур


ҷ


истон алайҳи Осетияи


Ҷ


ануб


ӣ


буд. Оқои Медведев як р


ӯ


з қабл дар Душанбе ҳангоми мулоқот бо Ҳу


Ҷ


интао, раҳбари Чин аз б


ӯ


ҳрони Қафқоз с


ӯ


ҳбат карда буд. Раҳбари Чин бо изҳори нигарон


ӣ


аз низои Қафқоз гуфт, дар ин маврид иттилоъи коф


ӣ


дорад.



Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой – Русия, Чин, Қазоқистон,


Ӯ


збакистон, Қирғизистон ва То


ҷ


икистон тайи эъломияи муштарак овардаанд, ки муноқишаҳои маҳалл


ӣ


бояд тариқи риояи бечунучарои Оинномаи СММ ҳал шаванд.


Реклама на asia+

ҲНИТ Стратегияи «Рисолат ва арзишҳои ҲНИТ дар давраи солҳои 208-2015»-ро қабул кард

0


Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи навбатии раёсати ҳизб санади Стратегияи «Рисолат ва арзишҳои ҲНИТ дар давраи солҳои 208-2015»-ро қабул кард.




Сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки рисолати ҳизб дар санад бо якчанд нукта ифода гардидааст, аз ҷумла ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта аз нигоҳи иқтисодӣ, мустақил, озод ва босубот, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва рушди демократия. «Нуктаҳои мазкур вазифаи аввалиндараҷаи ҳизб мебошанд, ки бояд бо арзишҳои милливу мазҳабӣ ва умумиинсонӣ тавъам бошанд», – гуфт ӯ.



Ба қавли ӯ, чунин арзишҳо аз худшиносиву худошиносӣ, масъулиятшиносиву риояи бечунучарои қонун, адолату демократия ва некӯаҳволӣ ва каромати инсон иборатанд.



Ҳ.Сайфуллозода ҳамчунин қайд кард, ки барои татбиқи стратегияи мазкур дар сохтори ҳизб тагйиротҳо ба вуҷуд омаданд – шӯъбаҳои таҳлил ва барномарезӣ, иршоду таблиғ, ташкилӣ ва назорат, иқтисод, кадрсозӣ ва интихобот таъсис дода шуданд, ки марҳилаи аввали рушди ҳизб маҳсуб мегарданд.



«Барои расидан ба ҳадаф мо механизми мушаххаси амалисозии стратегияи мазкурро таҳия месозем», – гуфт ӯ ва таъкид сохт, ки муқаррароти асосии санад зимни баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.


Реклама на asia+

Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гашт

0


Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар Кохи Сомони б


ӯ


стонсарои Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон мулоқоти се


ҷ


онибаи сарони давлатҳои То


ҷ


икистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гашт.




Дар долони зебою барҳавои Кохи Сомон Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Эмомал


ӣ


Раҳмон Президенти


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Раиси


Ҷ


умҳурии Исломии

 

Афғонистон Ҳомид Карзайро бо ҳусни эҳтирому бародар


ӣ


истиқбол гирифт.



Сарони се давлати д


ӯ


сту ҳамсоя – Эмомал


ӣ


Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай

 

оид ба ма


ҷ


м


ӯ


и васеи масоили ҳамкории се


ҷ


ониба ва минтақав


ӣ


, ки барои он заминаи хуби қарордодию ҳуқуқ


ӣ


муҳайё аст, гуфтуг


ӯ


йи судбахш ан


ҷ


ом доданд.



Гуфтушуниди се


ҷ


ониба нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо дар толори хурди дорои мизи гирд баргузор гашта, сипас дар толори «Тантанаҳо» бо иштироки ҳайатҳои расмии се давлат идома ёфт.



Татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохтор


ӣ


оид ба сохтмони роҳҳо, тунелҳо ва пулҳои автомобил


ӣ


, роҳи оҳани байни се кишвар, хатҳои баландшиддати интиқоли нер


ӯ


и барқ аз То


ҷ


икистон ба Эрону Покистон аз тариқи Афғонистон ва дигар тадбирҳо дорои аҳамияти ҳаётан муҳим баҳри рушди ҳамкориҳои минтақав


ӣ


ва баланд бардоштани нек


ӯ


аҳволии мардумони минтақаҳои Осиёи Марказ


ӣ


ва Осиёи


Ҷ


ануб


ӣ


маънидод гашт.



Таъкид гардид, ки татбиқи ин лоиҳаҳо ҳамчунин ба барқароршавии иқтисодиёти костагаштаи Афғонистон ва ба ҳаёти осоиша равона кардани мардуми он низ мусоидат карда, ба таҳкими амнияту суботи минтақа асоси боэътимод мегузорад.



Ҳарсе


ҷ


ониб зарурати ташкили як ниҳоди муштараки


ҷ


алби сармояро таъкид намуданд.



Масоили сиёсию и


ҷ


тимо


ӣ


, фарҳанг


ӣ


ва илмию маърифат


ӣ


низ дар маркази тава


ҷҷ


ӯ


ҳи сарони давлатҳо қарор дошт.



Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои муштарак дар ҳаллу фасли дигар масоили минтақав


ӣ


табодули назар карда шуд.



Аз р


ӯ


йи нати


ҷ


аҳои гуфтушунидҳо ду санади ҳамкории се


ҷ


ониба ва як санад байни То


ҷ


икистону Эрон ба имзо расид:



Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории се


ҷ


ониба дар соҳаи энергетика;



Тафоҳумнома дар бораи ан


ҷ


оми корҳои ниҳоии нақби мошингарди Истиқлол байни То


ҷ


икистону Эрон



Баёнияи муштараки Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон, Президенти


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Раиси


Ҷ


умҳурии Исломии

 

Афғонистон Ҳомид Карзай

 

аз


ҷ


ониби сарони давлатҳо барои интишор ба имзо расид.



Дар охир сарони давлатҳо Эмомал


ӣ


Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хори


ҷ


ӣ


нишасти матбуот


ӣ


ороста, аз нати


ҷ


аҳои гуфтушунидҳои се


ҷ


ониба ва тадбирҳои муштараки се кишвари д


ӯ


ст изҳорот доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон: Тоҷикистон таъсиси Маркази махсуси СҲШ оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Душанберо пешниҳод мекунад

0



           

Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) изҳор дошт, ки нишасти СҲШ пурмаҳсул сурат гирифта, дар рафти он маҷмӯи васеи масъалаҳо баррасӣ шуданд.





           

Ба гуфтаи ӯ, иштирокдорони нишаст густариши ҳамкориҳоро дар доираи созмон эътироф карда, масоили рӯзномаи ҷаласаро ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор доданд ва аз фаъолияти созмон дар тӯли як сол натиҷагирӣ намуданд.




           

Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки «бо мавриди амал қарор гирифтани Муоҳидаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки барои созмони минтақавӣ санади беназир аст, имконоти мусоид барои тавсиаи ҳамкориҳо фароҳам оварда мешаванд. «Акнун нақшаи самарабахши тадбирҳои муштараки амалӣ сохтани ҳар нукта ва моддаҳои онро таҳия карда қабул намудан мумкин аст», – гуфт ӯ.




           

«Тайи муддати сипаригашта дар ҳамаи самтҳои ҳамкории мутақобила, аз ҷумла дар соҳаи амният, иқтисод, тиҷорат, илму фарҳанг ва ғайра корҳои бузурге ба анҷом расиданд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки фаъолияти босамари ҳамарӯзаи Котиботи СҲШ, Сохтори минтақавии зиддитеррорӣ, Итттиҳоди байнибонкӣ ва Шӯрои тиҷоратии созмон имкон дод, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда иқдомоти назаррас сурат бигиранд.




           

Э.Раҳмон чунин баён дошт: «Сарони кишварҳо натиҷаҳои мусбати фаъолияти созмонро зикр намуда, зарурати ҷалби бештари кишварҳои нозири созмонро дар барррасии масоили матраҳшудаи созмон таъкид сохтанд. Чунин иқдом самаранокии фаъолияти моро афзун месозад». Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор дошт, ки иштирокдорони ҷаласа масоили ҷараёни равандҳои минтақавиро муфассал муҳокима намуда,

 

масъалаҳои мушкилоти глобалӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, амнияти энергетикиву ғизоиро мавриди таҳлил қарор доданд.




           

«Таваҷҷӯҳи Шуморо бори дигар ба пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи ташкили Маркази махсуси СҲШ дар масъалаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор дар Душанбе ҷалб карданиам, ки он ба самаранокии амалиёти муштарак дар ин самт мусоидат хоҳад кард», – гуфт Э.Раҳмон.




           

«Мулоқоту гуфтушунид ва табодули афкор нишон доданд, ки тамоми кишварҳои узв, нозир ва меҳмони нишаст ҷонибдори густариши минбадаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмон мебошанд ва ин имкон медиҳад, ки ба ояндаи созмон некбинона назар андозем», – таъкид сохт сарвари давлати Тоҷикистон.


Реклама на asia+

М.Аҳмадинажод таъсиси бонк ва арзи ягонаи СҲШ-ро пешниҳод сохт

0



           

Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод пешниҳод сохт, ки ҳамаи ҳисобу китоби мутақобила миёни кишварҳои СҲШ бо арзи кишварҳои минтақа сурат гиранд. Ба назари ӯ, дар ин сурат аксари захоири арзии кишварҳо ҳифз гардида, тақвият хоҳанд ёфт.





           

«Кишварҳои созмон бояд ҷиҳати таъсиси арзи ягона дар чаҳорчӯбаи муомилоти молии кишварҳои узв чораҳо андешанд», – гуфт сарвари давлати Эрон ва афзуд, ки ҳамчунин бобати ташкил кардани бонки ягонаи созмон низ бояд иқдомот сурат бигирад.




           

М.Аҳмадинажод зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи роҳандозии муносиботи ҳамкории дарозмуддат дар дохили созмон таъсиси мақомоти доварӣ дар созмон низ мувофиқи мақсад аст.




           

Дар суханрониаш президенти Эрон зарурати пиёда кардани муносиботи зичу густардаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақаро қайд карда, таъкид сохт, ки «бархе аз нерӯҳо барои рушди созанда ва мукаммали ҳамкориҳои мутақобила миёни давлатҳои созмон монеъаҳои сунъӣ эҷод мекунанд».




           

Президенти Эрон ҳамчунин баён дошт, ки дар сурати ҳалли мусолиматомези вазъи ноором дар минтақа ва ҷаҳон ва мушкилоти мавҷудаи имрӯза, СҲШ имкон дорад, ки мақому нуфузи худро дар арсаи байнулмилалӣ бамаротиб баландтар созад. «СҲШ метавонад алайҳи ҳалли низоъ тавассути зӯроварӣ зиддият намояд», – гуфт ӯ.


Реклама на asia+

Дар нишасти СҲШ президенти Русия таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба талошҳои чанде аз кишварҳо бо роҳҳои зӯрӣ ҳал кардани қазия ба манфиати худ ҷалб с

0


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«ozodi.org» – Дмитрий Медведев, президенти Русия гуфт, мутмаин аст, ки мавқеъи аъзои СҲШ дар қиболи ҳаводиси ахир дар Қафқоз вокуниши байнулмилал


ӣ


ба бор хоҳад овард.




Дмитрий Медведев зикр кард, ки талошҳои бо роҳҳои з


ӯ


р


ӣ


ҳал кардани мушкилот феълан низ идома дорад ва Гур


ҷ


истонро ба ҳайси намуна овард.



Сарвари давлат Русия ҳамчунин ба ташдиди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва терроризм таъкид кард.

 




Президенти Русия талоши бархе аз кишварҳо барои узвият дар СҲШ-ро нишони аҳаммияти бештар касб кардани СҲШ дар саҳнаи


ҷ


аҳон


ӣ


номид.



Иштирокдорони нишатс қарор карданд, ки раҳбарии давраии СҲШ соли оянда бар дӯши Русия мегузарад.


Реклама на asia+

Нишасти СҲШ бо имзои як қатор аснод ба анҷом расид

0


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» -«


ozodi


.


org


» – Сарони кишварҳои узви СҲШ дар поёни нишасти 8-умини ин созмон дар Душанбе, ки имрӯз ба охир расид, Эъломияи Душанберо қабул карданд.




Дар Эъломия аз ҷумла омадааст, ки ҳалли зиддиятҳои маҳаллӣ тариқи силоҳ ва таҳким бахшидани амнияти худ аз ҳисоби зарар ба амнияти дигарон дархӯри амнияти саросарӣ нест.



Ҳамчунин, дар ин Эъломия зикр шудааст, ки ба таҳдидҳои умумӣ бояд тариқи риояи бекамукости оинномаи Созмони Милал ва меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ муносибат шавад.




 



Дар Эъломия омадааст, кишварҳои узви СҲШ аз

 

вазъи қаблан дар атрофи қазияи Осетияи Ҷанубӣ ба вуқӯъ пайваста, изҳори нигаронӣ карданд ва хостори ҳалли қазия тариқи музокирот шуданд.



Кишварҳои узви СҲШ аз 6 меъёри танзими низоъ дар Осетияи Ҷанубӣ истиқбол карда, аз нақши фаъоли Русия дар мусоидат ба сулҳ ва ҳамкорӣ дар ин минтақа пуштибонӣ карданд.



Раисҷумҳурони Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамчунин зери санадҳои ҳамкорие дар мавриди тавофуқ сари тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ, ҳамкорӣ дар роҳи мубориза алайҳи фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи аслиҳа ва маводи тарканда, меморандуми ҳусни тафоҳум миёни Шӯрои байнибонкии СҲШ ва Бонки рушди Аврупо ва ғайра имзо гузоштанд.


Реклама на asia+

Ху Тсзинтао: Тӯли 7 соли фаъолият СҲШ ба беҳбуд сохтани вазъи сиёсӣ ва рушди иқтисоди минтақа муваффақ гашт

0


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао изҳор дошт, ки тӯли 7 соли фаъолият СҲШ ба беҳбуд сохтани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини амният ва рушди иқтисоди минтақа муваффақ гашт.




«Кишварҳои узви созмон дар бисёр ҳолатҳо, аз ҷумла масъалаҳои таҳкими истиқлолият, таъмини амният ва дигар масоили мубрами сатҳи миллӣ ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз мекунанд ва ин моро водор месозад, ки баҳри муттаҳидии созмон кӯшиш ба харҷ диҳем», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, сарвари давлати Чин қайд кард, ки «вазъ дар ҷаҳон начандон ором аст». Аз ҷумла ӯ, баён дошт, ки «муносиботи байнулмилалӣ торафт печидатар мегарданд, таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ дар ҳоли афзоишанд ва дар сиёсату иқтисоди ҷаҳонӣ хараҷу мараҷ ва бесуботӣ ҳукмфармост».



«Ҳалли масоили минтақавии мо ба машварату маслиҳати кишварҳои ин минтақа вобаста аст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ба туфайли рушду густариши амиқи ҳамкории минтақавӣ метавон мушкилоти мавҷударо осонтар паси сар кард.


Реклама на asia+