«Амонатбонк» узви Шӯрои байнибонкии СҲШ гардид

0


Хуҷанд. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Қайроққум ҷаласаи


IV


-уми Шӯрои байнибонкии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гашт.




Дар анҷоми ҷаласа раиси Шӯрои байнибонкии СҲШ, роҳбари Ҷамъияти саҳомии «Бонки рушди Қазоқистон» Мукан Сабинбеков ба иштирокдорон раиси «Амонатбонк»-и ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминовро расман ҳамчун шарики нави шӯро аз Тоҷикистон муаррифӣ намуд.



Ҳамчунин аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа маросими ба имзо расидани Протоколи умумӣ ва тасдиқи Ёддошт оид ба муносибати ҳамкории Шӯрои байнибонкии СҲШ ва Бонки рушди Авруосиё доир гардид. Қарор карда шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба узвияти Бонки Авруосиё пазируфта хоҳанд шуд.


Реклама на asia+

Кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансур қаллоби муддати як сол таҳти пайгарди қонунӣ қарордоштаро дастгир намуданд

0


Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қаллоби муддати як сол таҳти пайгарди қонунӣ қарордоштаро дастгир намуданд. Сардори дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чанде қабл сокини 34-солаи шаҳри Душанбе Рухиддин Сафаров, ки ба гумони даст доштан дар қаллобӣ муддати як сол дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир карда шудааст.




«Оғози соли равон гумонбаршуда ба боварии мудири мағозаи масолеҳи сохтмон Ҷӯрабек Ёров даромада, аз ӯ ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ семент мегирад ва пас аз ин бедарак мешавад, – зикр кард ӯ. – Мудири мағоза ба ваъдаҳои қаллоб фирефта гашта, интизорӣ мекашад, ки пас аз як соат маблағи сементи фурӯхташударо мегирад, вале аз харидор ҳеҷ ному нишоне пайдо намешавад ва баъд аз 2 моҳ ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунад».



Нисбат ба аъмоли боздоштшуда тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.


Реклама на asia+

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи раёсати Шӯрои кории СҲШ ба кор шурӯъ кард

0


Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар пешорӯи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҷаласаи раёсати Шӯрои кории созмон ба кор шурӯъ кард.




Иштирокдорони ҷаласа масоили таъмини амнияти энергетикиву ғизоӣ, рушди сайёҳӣ ва мушкилоти бахши кишоварзии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.



Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа раиси қисмати миллии Шӯрои кории СҲШ, раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид роҳбарӣ мекунад.


Реклама на asia+

Дар вилояти Хатлон амалиёти даҳрӯзаи «Роҳгузар» баргузор шуда истодааст

0


Қӯрғонтеппа. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон 212 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 84 нафар ҳалок ва 242 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.




Сардори дафтари матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки 76 ҳодисаи садама бо иштироки роҳгузарон рух додааст, ки дар натиҷа 21 нафар фавтида, 55 нафар ҷароҳат бардоштаанд. «Садамаҳои нақлиётӣ аслан ба иллати беэҳтиётии ронандагон ба вуқӯъ мепайванданд», – гуфт ӯ.



Бо назардошти вазъи мавҷуда ва пешгирии ҳодисаҳои мазкур роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилии вилоят тасмим гирифт, ки аз 20-ум то 30-уми августи соли 2008 дар қаламрави вилоят амалиёти «Роҳгузар» доир намояд.

 



Реклама на asia+

Толибилмони Хуҷанд аз сафари «Ҳалқаи тиллоии Русия» баргаштанд

0


Хуҷанд. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Толибилмони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд аз тамошои шаҳрҳои Русия, ки ба ном ба «Ҳалқаҳои тилоии Русия» дохил мешаванд, ба ватан баргаштанд.




Раиси Маркази фарҳанги руси шаҳри Қайроққум Светлана Қодирова ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки толибилмон аз шаҳрҳои Маскав, Кострома, Суздал, Ярославл, Плес, Преславл-Залесский ва Ростов боздид карда, бо таърих ва ёдгориҳои фарҳангии ин шаҳрҳо аз наздик шинос шуданд.



«Хароҷоти сафарро консулгарии Русия дар Хуҷанд дар доираи барномаи «Ассалом Русия» маблағгузорӣ намуда, ба ҳайати гурӯҳ ғолибони олимпиадаҳои забони русӣ аз шаҳру ноҳияҳои Чкаловск, Қайроққум, Хуҷанд, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров шомил гаштанд», – изҳор дошт манбаъ.



«Чунин сафарҳо анъанавӣ гашта, ҳамасола сурат мегиранд», – афзуд С.Қодирова.


Реклама на asia+

Дар арафаи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ Тоҷикистон марзҳои худро баст

0




            Душанбе, 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-НИАТ «Ховар» – Тоҷикистон

 

дар

 

доираи омодагӣ

 

ба

 

мулоқоти

 

сарони

 

давлатҳои

 

аъзои

 

Созмони

 

Ҳамкории

 

Шанхай,

 

ки

 

дар

 

шаҳри

 

Душанбе

 

баргузор

 

мегардад,

 

сарҳадҳои

 

худро

 

аз

 

24

 

то

 

30

 

август

 

баст.

 

Дар

 

замина

 

посгоҳҳои

 

сарҳадӣ

 

дар

 

байни

 

мамлакатҳои

 

ҳамсоя,

 

аз

 

ҷумла,

 

Афғонистон

 

баста шуданд. Ин тадбири

 

пешгирикунанда

 

ба

  

зарурати таъмини

 

амнияти

 

мулоқоти

 

сарони

 

давлатҳо

 

дар

 

рӯзҳои

 

мулоқот

 

вобаста мебошад, ки

 

28

 

август

 

шурӯъ

 

мегардад.




Марзбонон

  

ғайр

 

аз

 

бастани

  

гузаргоҳҳои

 

сарҳадӣ

 

ва

 

минтақаҳои тиҷорати

 

наздисарҳадӣ барои таъмини

 

амният

 

дар

 

минтақаи

 

сарҳад

 

тадбирҳои

 

иловагӣ

 

меандешанд. Аз

 

ҷумла,

 

дар

 

сарҳади

 

Афғонистон

 

дар

 

самти

 

Панҷ

 

посгоҳҳои

 

иловагӣ

 

гузошта шуданд. Бо ин мақсад

 

дар

 

дохили

 

мамлакат низ

 

тадбирҳои иловагии таъмини

 

амният

 

андешида

 

мешаванд. Кормандони

 

милиса

 

ва

 

хадамоти

 

махсус

 

айни

 

ҳол

 

ба

 

ҳолати

 

омодабош оварда шудаанд. Онҳо

 

корхонаю

 

муассисаҳои

 

дорои

 

аҳамияти

 

стратегӣ,

 

истгоҳҳои

 

марказии

 

нақлиёт ва

 

ҷойҳои

 

гузаронидани

 

мулоқотро

  

муҳофизат

 

мекунанд.

          




Тавре

 

хабар

 

дода шуда буд, дар

 

мулоқот

 

сарони

 

давлатҳои

 

Чин, Қазоқистон, Қирғизистон,

 

Русия,

 

Тоҷикистон ва

 

Ӯзбекистон иштирок

 

хоҳанд

 

кард. Инчунин,

 

ташрифи

  

сарони

 

давлатҳои

 

Эрону

 

Ҳиндустон,

 

Покистону

 

Муғулистон ва

 

мамлакатҳои мушоҳиди

 

созмон

  

пешбинӣ

 

карда

 

мешавад.


Реклама на asia+

Раиси вилояти Суғд бо мақомоти роҳбарии Бонки рушди Чин дидору гуфтушунид мекунад

0


Хуҷанд. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс – Субҳи имрӯз дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд гуфтушуниди раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо раиси Бонки рушди Чин Чен Юан ва роҳбарони департаментҳои бонки мазкур шурӯъ гардид.




Дар мулоқот кормандони ҳукумати вилоят, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» иштирок намуда, бо намояндагони Чин масоили сармоягузории лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.



Ҷониби Чин ба сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар қаламрави вилоят таваҷҷӯҳ зоҳир сохт.


Реклама на asia+

Коршиносони ҶСП «Зарубежнефтегаз» заминаи фанниву иқтисодии баргузории корҳои иктишофии геологиро дар майдонҳои нафту гази Тоҷикистон м

0


Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар машварати геологиву фаннӣ, ки корхонаи фаръии Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Газпром» – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Зарубежнефтегаз» доир намуд, масоили татбиқи Созишнома оид ба усулҳои асосии баргузории корҳои иктишофӣ ва геологӣ дар майдонҳои нафту газдори Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Созишнома моҳи июн дар Душанбе ба имзо расида буд.




Роҳбари шӯъбаи робита бо ҷомеаи ҶСП «Зарубежнефтегаз» Иван Гоголев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар машварат роҳбарон ва коршиносони ҶСК «Газпром», ҶСП «Зарубежнефтегаз», ҶСК «Саратовнефтегеофизика», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВолгоУралНИПИгаз» ва Ҷамъияти кушоди «ВНИИГАЗ» иштирок карданд.



Бино ба иттилои манбаъ, иштирокдорони машварат ба намояндагони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, вазорати энергетикаву саноат, рушди иқтисоду савдои ҷумҳурӣ, Саридораи геология, Корхонаи воҳиди давлатии «Нафту газ ва ангишт» ва пажӯҳишгоҳи истеҳсолии «Нурофар» заминаи фанниву иқтисодии баргузории корҳои иктишофии геологиро дар майдонҳои нафту газдори Тоҷикистон муаррифӣ карданд.



Дар машварат зикр гардид, ки сарфи назар аз хавфи зиёд доштани баргузории корҳои иктишофиву ҷустуҷӯӣ роҳбариятиҶСК «Газпром» онро маъқул шуморидааст. Ғайр аз ин дар атрофи баланд бардоштани самаранокии корҳо, истифодаи таҷрибаи илмиву амалӣ бо назардошти масоили ҳифзи муҳити зист ва ба роҳ мондани корҳои иктишофиву геологии конҳои нафту газ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон табодули назар карда шуд.

 




Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи нафту газ

 

тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2003 «Дар бораи ҳамкории стратегӣ дар соҳаи нафту газ» ва Ёддошти соли 2006 дар бораи таъсиси корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон танзим мегардад.



Моҳи декабри соли 2006 ба «Газпром» ҷиҳати баргузории корҳои геологии омӯзишӣ дар минтақаҳои нафту гази Саргазон ва Ренгон, ки захираҳои он мутаносибан 30 ва 35 млрд. метри мураббаъ пешгӯӣ мешаванд, иҷозатнома дода шуда буд.



Мутасаддии лоиҳаҳои «Газпром» дар ҶТ ҶСП «Зарубежнефтегаз» мебошад, ки моҳи апрели соли 2007 ба баргузории корҳои геологии иктишофӣ дар минтақаҳои номбурда пеш аз мӯҳлат – қабл аз таъсиси КМ шурӯъ кардааст.



Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли наздик «Газпром» ният дорад, на танҳо дар минтақаҳои Саргазон (ноҳияи Данғара) ва Ренгон (водии Ҳисор), балки дар минтақаҳои Сариқамиш (Шаҳринав) ва ғарби мавзеи Шоҳамбарӣ низ корҳои геологии иктишофӣ гузаронад.






Маълумотнома:







ҶСП «Зарубежнефтегаз» миёнаҳои соли 1998 таъсис дода шудааст. Аз оғози соли 2007 «Зарубежнефтегаз» 100% ба ҶСК «Газпром» тааллуқ дорад. «Зарубежнефтегаз» манфиатҳои «Газпром»-ро дар як қатор лоиҳаҳо оид ба иктишоф ва азхудкунии конҳои нафту газ ва бунёди иншооти саноати нафту газ дар хориҷи кишвар, дар навбати аввал, дар кишварҳои Осиёи марказӣ ва Наздик, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва ҳамчунин кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон роҳандозӣ мекунад.

 



Реклама на asia+

А.Шеърдӯст: М.Аҳмадинажод дар Душанбе бо зиёиёни тоҷик мулоқот хоҳад орост

0


Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор дошт, ки президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар доираи боздиди қарибулвуқӯъи худ аз Тоҷикистон бо зиёиёни тоҷик мулоқот хоҳад орост. Баргузории мулоқоти мазкур дар таърихи 27-уми август ба нақша гирифта шудааст.




Ба қавли ӯ, дар чаҳорчӯбаи сафари серӯзаи худ сарвари давлати Эрон чун кишвари нозир дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат варзида, ҳамчунин бо роҳбарони давлатҳои форсизабон – Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳамид Карзай дидору гуфтушунид хоҳад кард.



Сафир зикр кард, ки дар Душане бобати мулоқоти дуҷонибаи М.Аҳмадинажод бо сарони кишварҳои Русия, Чин ва Қазоқистон мувофиқа ҳосил шудааст. «Ҳамчунин иштироки президенти Эрон дар маросими ифтитоҳи сохтмони бинои нави сафоратхонаи Эрон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар назар аст», – афзуд Алиасғари Шеърдӯст.


Реклама на asia+

Дар пойтахт ба ифтихори ҷашни 1150-умин солгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ «Боғи устод Рӯдакӣ» мавриди истифода қарор гирифт

0


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «


Боғи устод Рӯдакӣ


»


, ки ба ифтихори 1150-солагии Маликушшуаро аз ҷониби шаҳрдорӣ бунёд гардидааст, шоми


дирӯз,


25 августи соли 2008 ба истифода дода


шуд


.




Дар маросими ифтитоҳи тантанавӣ, пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Султони шоирон-Абӯабдулло Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзид.



Таҷдиди боғи мазкур дар асоси дастури Сарвари давлат барои ташкили армуғони сазовор ба ин ҷашнвора аз ҳисоби маблағҳои буҷаи шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Он дар масоҳати


12,78 га

қитъаи замин дар асоси лоиҳаи аз ҷониби ҶСШК «Гипропром» таҳиягардида, аз тарафи ҶММ «Стройкомплекс» дар мӯҳлати 9 моҳ бунёд карда шуд.



Маблағи умумии иншоот бо назардошти офариниши Муҷассамаи биринҷии устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, ки

7 метр

баландӣ дорад, зиёда аз 32,8 млн сомониро ташкил медиҳад.


Муҷассама аз тарафи ҳайкалтарош – Рассоми халқии Русия Александр Рукавишников

 

офарида шудааст.



Дар маҷмӯъ, ин сеюмин иншооти бузургест, ки аз семоҳаи аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар радифи 8 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва бинои «Қасри пойтахт» дар кӯчаи М. Турсунзода аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.



Аз нигоҳи таҳлилӣ нигарем, сохтмон дар пойтахти мамлакат тибқи барномаҳои мушаххаси шаҳрдорӣ пайваста ба худ тақвияти тоза касб карда, доираи субъектҳои ба сохтмон, пеш аз ҳама сохтмони иншооти манзилӣ ва хизматрасон ширкаткунанда, чӣ ватанӣ ё хориҷӣ муттасил васеъ мегардад.



Танҳо дар ҳафт моҳи соли равон

 

аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сарморягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 407 млн. сомонӣ маблағгузорӣ аз худ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 155,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Фондҳои асосӣ ба маблағи 92,4 млн. сомонӣ ба кор андохта шуданд, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ қариб 40 ҳазор метри мураббаъ, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 4,6 маротиба бештар аст.

 

Корҳои пудратӣ бошад, ба маблағи

 

зиёда аз 298 млн. сомонӣ иҷро гардиданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 163,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.



Шумораи коргарони дар сохтмонҳои пойтахт машғулбуда


аз


7015 нафар


иборат мебошад


,


ки мутаносибан ба ҳ


амин давраи соли гузашта 785 нафар


иловатан бо ҷойҳои корӣ таъмин шуданд ва

 

м


узди миёнаи меҳнатӣ


дар соҳа


897,68

 

сомониро ташкил


медиҳад.



 





           

Айни ҳол дар пойтахт аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 220 млн. доллари ИМА лоиҳаҳои инвеститсионии сохтмонӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки аз он таъиноти манзилидошта ба иқтидори зиёда аз 116 ҳазор метри мураббаъ манзил, аз ҷумла,

 



Комплекси манзилӣ дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ – Ширкати эронии «Савтехник интернатсионал», Бинои истиқоматии 9-ошёна дар кӯчаи Н.Қарабоев


– Ширкати «Тоҷик-Хай-Ли»,


Комплекси манзилии “Пойтахт-80″–ширкати москвагии «Жилкапинвест», блокҳои 4 ва 5 бояд ба истифода дода шаванд.



 

Феълан, меҳмонхонаи панҷситорадори «HAYATT REGENCY», ки аз ҳисоби маблағҳои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Созидание» бунёд гардидааст, дар арафаи истифодадиҳист. Д


ар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.


Реклама на asia+