Толибилмони Хуҷанд аз сафари «Ҳалқаи тиллоии Русия» баргаштанд

Хуҷанд. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Толибилмони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд аз тамошои шаҳрҳои Русия, ки ба ном ба «Ҳалқаҳои тилоии Русия» дохил мешаванд, ба ватан баргаштанд. Раиси Маркази фарҳанги руси шаҳри Қайроққум Светлана Қодирова ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки толибилмон аз шаҳрҳои Маскав, Кострома, Суздал, Ярославл, Плес, Преславл-Залесский ва Ростов боздид […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Толибилмони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд аз тамошои шаҳрҳои Русия, ки ба ном ба «Ҳалқаҳои тилоии Русия» дохил мешаванд, ба ватан баргаштанд.




Раиси Маркази фарҳанги руси шаҳри Қайроққум Светлана Қодирова ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки толибилмон аз шаҳрҳои Маскав, Кострома, Суздал, Ярославл, Плес, Преславл-Залесский ва Ростов боздид карда, бо таърих ва ёдгориҳои фарҳангии ин шаҳрҳо аз наздик шинос шуданд.



«Хароҷоти сафарро консулгарии Русия дар Хуҷанд дар доираи барномаи «Ассалом Русия» маблағгузорӣ намуда, ба ҳайати гурӯҳ ғолибони олимпиадаҳои забони русӣ аз шаҳру ноҳияҳои Чкаловск, Қайроққум, Хуҷанд, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров шомил гаштанд», – изҳор дошт манбаъ.



«Чунин сафарҳо анъанавӣ гашта, ҳамасола сурат мегиранд», – афзуд С.Қодирова.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.