Дар вилояти Хатлон амалиёти даҳрӯзаи «Роҳгузар» баргузор шуда истодааст

Қӯрғонтеппа. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон 212 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 84 нафар ҳалок ва 242 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Сардори дафтари матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки 76 ҳодисаи садама […]

Сайраҳмон Назриев


Қӯрғонтеппа. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон 212 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 84 нафар ҳалок ва 242 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.




Сардори дафтари матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки 76 ҳодисаи садама бо иштироки роҳгузарон рух додааст, ки дар натиҷа 21 нафар фавтида, 55 нафар ҷароҳат бардоштаанд. «Садамаҳои нақлиётӣ аслан ба иллати беэҳтиётии ронандагон ба вуқӯъ мепайванданд», – гуфт ӯ.



Бо назардошти вазъи мавҷуда ва пешгирии ҳодисаҳои мазкур роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилии вилоят тасмим гирифт, ки аз 20-ум то 30-уми августи соли 2008 дар қаламрави вилоят амалиёти «Роҳгузар» доир намояд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.