Ли Жуогу: Тоҷикистон бо дастгирии Чин якчанд нерӯгоҳи обиву барқӣ бунёд карданист

0


Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Бонки содироту воридоти Чин Ли Жуогу дар мулоқот бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки бонк шартномаҳои аз ҷониби ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин баимзорасидаро ба иҷро хоҳад расонд.




Ӯ зикр намуд, ки зимни дидору мулоқот бо президенти Тоҷикистон



 

масоили рафти корҳо дар се лоиҳаи бузурги инвеститсионии Тоҷикистон- сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол, Лолазор-Хатлон, азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бо нақби Шаҳристон ва иншооти зиддитармавӣ, ки аз ҷониби бонк сармоягузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



«Барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҷониби Чин 603,5 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо кардааст, ки 133 миллион долллари амрикоии он аллакай азхуд карда шуданд», – гуфт раиси бонк ва таъкид сохт, ки зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон атрофи сохтмони якчанд нерӯгоҳҳои обиву барқӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Чин низ ибрози назар карда шуд.


Реклама на asia+

Роҳбари ҲСДТ аз болои мақомоти расмии давлатӣ ба додгоҳ шикоят бурданист

0


Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбари Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров аз болои мақомоти расмии давлатӣ ба додгоҳ шикоят бурданист. Дар нишасти матбуотӣ раиси ҳизб изҳор дошт, ки дар мӯҳлати муқарраршуда баррасӣ нагардидани изҳороти кушоди ӯ ба президенти Тоҷикистон аз 22-уми майи соли ҷорӣ ӯро ба ин амал водор сохтааст.




Ба гуфтаи ӯ, дар изҳорот бо дарки ҳисси миллӣ ва нияти нек ташаббуси ҳамкории созанда пешниҳод гардида, аз сарвари давлат дархост шуда буд, ки раиси ҳизбро ба муддати 2 сол вазири адлия таъин намояд. Ба қавли раиси ҲСДТ, ҳадаф аз чунин муроҷиат – «нияти барпо сохтани асосҳои воқеии кишвари ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон буд».



«Пас аз як моҳи муроҷиат, 22-уми июн ман аз номи муовини раиси роҳбари дастгоҳи президент Маҳкам Маҳмудов посух гирифтам, ки муроҷиатномаи мазкур ба мушовири давлатии президент Саймурод Фаттоев равона шудааст, вале аз он замон то имрӯз ду моҳ сипарӣ гашт, вале то ҳол ман ҷавобе нагирифтаам», – гуфт Р.Зойиров.



Мавсуф мегӯяд, ки тибқи моддаи 12-и Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», мӯҳлати охирини ҷавоб бояд як моҳ, яъне то 22-уми июлро дар бар мегирад. «Дар қонун ҳамчунин баъзе истисноҳо пешбинӣ шудаанд, вале бо назардошти он ҳам, мӯҳлати охирини ирсоли посух 22-уми август аст, яъне мӯҳлати муқарраршуда тибқи қонун гузашт, – гуфт ӯ.



«Аз ин рӯ, тибқи моддаи 163-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қонуншиканӣ дар муроҷиати шаҳрвандон), ман ният дорам ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намоям», – таъкид сохт раиси ҲСДТ ва афзуд, ки дар оғоз ӯ ба Прокуратураи генералӣ ҷиҳати мушаххас сохтани ҷавобгар дар ин ҳолат муроҷиат хоҳад кард.

   



Реклама на asia+

Э.Раҳмон ба Қ.Боқиев дар робита ба фавти 68 нафар мусофирони ҳавопаймо изҳори ҳамдардӣ намуд

0


Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фавти 68 нафар мусофирон дар садамаи ҳавопаймои «Боинг-737» дар наздикиҳои Бишкек ба ҳамтои қирғизистонии худ Қурмонбек Боқиев барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




«Аз ҳодисаи фалокати ҳавопаймо, ки боиси марги 68 нафар гардидааст, сахт андӯҳгин буда, аз номи мардуми кишвар ва ҳукумати Тоҷикистон ба хешону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқи хешро изҳор менамоям», – гуфта мешавад дар барқия.



Ёдрас мекунем, ки шоми дирӯз дар наздикиҳои фурудгоҳи Бишкек бар асари ба садама дучор гардидани ҳавопаймои «Боинг-737»-и хатсайри Бишкек-Теҳрон 68 тан кушта, 22 тан захм


ӣ


ва 3 нафар бенишон шуданд.


Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жуогуро ба ҳузур пазируфт

0


Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вох


ӯ


р


ӣ


масоили ҳамкории То


ҷ


икистон бо ин бонки бонуфузи


Ҷ


умҳурии Мардумии Чин баррас


ӣ


шуд.




Сарвари давлати То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба роҳбарияти давлати Чин барои дастгирии намоён аз рушди и


ҷ


тимоию иқтисодии кишвари мо арзи сипос намуда, нақши Бонки содироту воридотро дар татбиқи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвари ҳамсоя муҳим арзёб


ӣ


намуд. Таъкид гардид, ки сармоягузории се лоиҳаи бузурги инвеститсионии То


ҷ


икистон- сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нер


ӯ


и барқи


Ҷ


ануб-Шимол, Лолазор-Хатлон ва азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ху


ҷ


анд-Чанок бо нақби Шаҳристон ва иншооти зиддитармав


ӣ


маҳз аз


ҷ


ониби ҳамин бонк сурат мегирад.



Ли Жуогу изҳор дошт, ки Бонки содироту воридоти


Ҷ


умҳурии Мардумии Чин минбаъд низ ҳамкории пурсамари худро бо То


ҷ


икистон идома ва густариш медиҳад. «Мо омодаем дар сармоягузории сохтмони нер


ӯ


гоҳҳои обии барқ


ӣ


, истихро


ҷ


ва истифодаи васеъи захираҳои фаровони ангишт ва дигар канданиҳои фоиданок, сохтмон ва азнавсозии роҳҳо ва бисёр дигар лоиҳаҳои стратегии То


ҷ


икистон, ки дорои аҳамияти бузурги минтақав


ӣ


мебошанд, иштироки фаъол дошта бошем», – таъкид намуд Раиси Бонки содироту воридоти


Ҷ


умҳурии Мардумии Чин.




           

Ҳарду


ҷ


ониб изҳори бовар


ӣ


намуданд, ки сафари давлатии Раиси


Ҷ


умҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, ки пагоҳ оғоз меёбад ва ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкор


ӣ


ба рушди муносибатҳои бисёрсоҳаи ду кишвар такони


ҷ


идд


ӣ


мебахшад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Р.Зойиров: Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкории созанда омода нест

0


Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон

 

(ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳамкории созанда омода нестанд.




Мавсуф зикр кард, ки зимни баррасии тарзи муносибати ҳокимияти расмӣ бо ҳизб дар муддати панҷ моҳи ахир ӯ ба чунин хулоса омадааст, «ҳарчанд моҳи марти соли равон ҳизб бобати тағйироти тактика ва стратегияи фаъолияти худ ва гузаштан ба ҳамкории пурраи созанда бо ҳукумат изҳорот пахш карда буд».



Ба қавли ӯ, аз рӯзҳои нахустини таъсис ҳизб бо ҳукумат на дар фазои мухолифати оштинопазир, ки «мухолифони аз созандагӣ дури ҲСДТ чунин тасвир карданӣ мешаванд», балки дар фазои ҳамкории созанда фаъолият кардааст.



«Дар самти риояи волоияти қонун ва иҷрои бечунунчарои он, ки Конститутсияи кишвар онро тақозо мекунад, ҲСДТ ба ҳеҷ гузашту гуфтушуниде роҳ надодааст», – таъкид сохт раиси ҳизб.



Р.Зойиров зикр кард, ки тайи моҳҳои апрел-августи соли 2008 бо мақсади ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои раҳоии кишвар аз «бӯҳрони муратттаби кунунӣ» ҳизб дар мавзӯъҳои иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз 60 семинар, мизҳои мудаввар, мулоқоту дидор ва мубоҳисаҳои ошкор гузаронидааст.



Ба қавли ӯ, мавқеи ҳизб дар рӯйдодҳои Исфара, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), Рашт ва Кӯлоб куллан созанда буд. «Моҳи июни соли ҷорӣ маҳз барои роҳ надодан ба нақзи тартиботи ҷамъиятӣ, иғвову дасисабозӣ ва хунрезӣ ҲСДТ гирдиҳамоиро дар шаҳри Хоруғ таҳти роҳбарии худ гирифт, ҳарчанд ин гирдиҳамоӣ бо ташабббуси ҳизб сурат нагирифта бошад ҳам, – гуфт Р.Зойиров. – Ба туфайли он сарчашмаи ташаннуҷи вазъ ором гардида, таваҷҷӯҳи ҳукумат ба мушкилоти мубрами сиёсати минтақавӣ равона карда шуд».



Р.Зойиров изҳор дошт, ки таҷрибаи амалӣ ва тамоили рушди равандҳо дар моҳҳои апрел-августи соли 2008, муносибати ҳукумат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гувоҳи онанд, ки марҳилаи нави таъқибот ва ҷорисозии маҳдудиятҳо нисбат ба ҳизб, аъзои он ва чорабиниҳои дарназардоштаи он (бахусус дар ВМКБ) зуҳур меёбад. «Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳамкории созанда дар асоси баробарҳуқуқӣ, риояи қонун, ошкорбаёнӣ ва шаффофият омода нестанд, ки ин дар шароити имрӯзаи рушди равандҳои идораи муштараки кишвар аз ҷониби давлат ва ҷомеа, ғайримутамарказ гардонидани идораи давлатӣ ва молия, баланд бардоштани нақш ва аҳамияти худидоракунии маҳаллӣ дастгоҳи ҳукуматиро аз таъиноти иҷтимоии он дур меандозад», – афзуд раиси ҲСДТ.


Реклама на asia+

Зиёиёни тоҷик аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки ба шоир ва сиёсатмадори афғон Латифи Пидром паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад

0


             Душанбе. 25 -уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зиёиёни тоҷик аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки ба шоир ва сиёсатмадори афғон Латифи Пидром паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.





           

Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ахиран гурӯҳҳои тундгарои Афғонистон бо мақсади паст кардани обрӯву эътибори сиёсатмадор ва адиб Л.Пидром иқдомоти тӯҳматангез роҳандозӣ мекунанд.




           

«Тӯли 15 соли ахир шоир Латиф Пидром аъзои раёсати Ҷамъияти форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» буда, дар як вақт ҳамчунин ба Конгресси миллии Афғонистон роҳбарӣ мекунад», – изҳор дошт манбаъ.




           

Тибқи назари зиёиёни эҷодкори Тоҷикистон, таъқиботи Л.Пидром пас аз изҳороти ӯ оид ба мушкилоти аққалиятҳои миллӣ ва риояи ҳуқуқи занон дар ин кишвар оғоз ёфтааст.



«Ахиран барои интиқоди ӯ аз фаъолияти амири Афғонистон Амонуллохон, ки аввали қарни ХХ аз ҷониби ҳизби «Афғон миллат» дар кишвар ҳукмронӣ кардааст, таъқибот шадидтар гаштааст», – таъкид сохт сарчашма.


Реклама на asia+

Вазорати тандурустӣ истироҳати беш аз 50 нафар фарзандони кормандони тибби Бадахшонро маблағгузорӣ намуд

0


Хоруғ. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта беш аз 50 нафар фарзандони кормандони муассисаҳои тибии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) барои истироҳат ба осоишгоҳи бемориҳои дили «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Варзоб рафтанд.




Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати тандурустии вилоят Шодӣ Ҷамшедов изҳор дошт, ки вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ҷиҳати ба осоишгоҳ бурдан ва аз он ҷо овардани кӯдакон нақлиёти мусофирбар (автобус) ҷудо кардааст. Кӯдаконро мутахассисони вазорат ва кормандони раёсати тандурустии вилоят ҳамроҳӣ мекунанд.





Кӯдакон дар осоишгоҳ тайи 7 то 10 рӯз истироҳат хоҳанд кард. Пардохти ҳамаи маблағи хароҷот ва истироҳати кӯдаконро Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба ӯҳдаи худ гирифтааст.


Реклама на asia+

Дар Душанбе оид ба мавзӯи омӯзиши тағйирёбии иқлим конфронс баргузор мегардад

0


Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба мавзӯи «Тағйирёбии иқлим ва таҳаввули намуди сатҳи замин дар кӯҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ: гузашта, имрӯз ва оянда» конфронси байнулмилалӣ ба кор шурӯъ мекунад. Конфронс ба 80-умин солгарди баргузории маъмурияти (экспедититсия) илмии Русияву Олмон дар кӯҳҳои Помиру Олой бахшида шудааст.




Аз Академияи улуми Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар конфронс натоиҷи таҳқиқоти илмиву амалии олимони минтақа ҷиҳати азхудкунӣ ва истифодаи захираҳои табиии минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд.



Конфронси байнулмилалӣ аз ҷониби Донишгоҳи шаҳри Байройти Олмон бо дастгирии Вазорати умури хориҷии Олмон созмон дода мешавад.


Реклама на asia+

Садамаи ҳавопаймо дар Бишкек: 68 нафар ба ҳалокат расид

0


Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«


ozodi


.


org


» – Дар садамаи ҳавопаймои масири Бишкек–Машҳад 68 тан кушта, 22 тан захм


ӣ


ва 3 нафар бенишон шудаанд.




Суханг


ӯ


и фурудгоҳи Манас ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҳавопаймои “Боинг-737”, мутааллиқ ба ширкати хусусии ҳавонавардии “Итек-эйр”, лаҳзае баъд аз канда шуданаш аз замин аз мушкили фанн


ӣ


хабар дод ва дар ҳоле ки халабонҳо тасмими бозгашт ба фурудгоҳро гирифта буданд, дар наздикии деҳаи Янгиери водии Чуй, чандкилометри фурудгоҳи Манас суқут кард.



Намояндаи Вазорати беҳдошти Қирғизистон, Елена Баялинова гуфт, бар асари ин фалокат 68 сарнишини ҳавопаймо кушта, 22 тан захм


ӣ


ва 3 тан бенишон шудаанд.



Пештар суханг


ӯ


и фурудгоҳи Манас гуфта буд, ҳавопаймо, ки мебоист ба шаҳри Машҳади Эрон парвоз кунад, 123 сарнишин дошт. Аммо вазири ҳолатҳои изтирории Қирғизистон, Қамчибек Ташиев гуфтааст, ҳавопаймо 90 сарнишин дошт. Дар ҳамин ҳол Вазорати ҳавонавардии Қирғизистон хабар дод, ки 25 нафар аз сарнишинони ҳавопаймо зинда мондаанд. Бештар онҳое ба ҳалокат расидаанд, ки дар курсиҳои миёна


ҷ


ои ҳавопаймо менишастанд.



Намояндаи Вазорати беҳдошти Қирғизистон гуфт, 9 нафар аз сарнишинони захмии ҳавопаймои суқуткарда ба бемористон интиқол дода шуданд.



Ҳарбиёни амрико


ӣ


дар фурудгоҳи Манас ба хабарнигорон гуфтаанд, халабонони ҳавопаймо пас аз 10 дақиқаи парвоз аз мушкилоти фанн


ӣ


хабар додаанд ва теъдоди мусофирон 83 нафар будааст.



“Итек-эйр” ширкати қирғиз


ӣ


буда, аммо гуфта мешавад, аз тарафи ширкати “Осмон Эйр”-и Эрон идора мешавад. Бар тибқи номг


ӯ


йи Иттиҳоди Аврупо, ба ҳавопаймоҳои “Итек-эйр” парвоз ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мамн


ӯ


ъ будааст.



Дар ҳамин ҳол, хабаргузории


CA





News




иттилоъ медиҳад, ки Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯйхати мусофирони ҳавопайморо пешниҳод сохтааст ва миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.


Реклама на asia+

Ҳукумати Канада ба осебдидагон аз таркиши мина ба маблағи 14 ҳазор доллари канада кӯмак расонд

0


Душанбе. 25 август.

 

ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Канада ба Ташкилоти ғайридавлатии шаҳри Душанбе «Тавозуни зиндагӣ» ҷиҳати дастгирии шахсоне, ки аз инфиҷори минаҳо захм бардоштаанд, ба андозаи 14 ҳазор доллари Канада ёрӣ расонд. Маблағи мазкур барои ифтитоҳи истироҳатгоҳи махсус барои маҷрӯҳон сарф карда мешавад. Истироҳатгоҳ барои 22 нафар пешбинӣ шуда, дар басти аввал 22 шахси маҷрӯҳшуда дар осоишгоҳи «Садбарг» табобат карда мешаванд.




Ҳукумати Канада барномаҳои тоза кардани минаҳо дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигари ҷаҳонро маблағгузорӣ менамояд. Ҳукумати ин кишвар бо дастгирии Бунёди кӯмакҳои башардӯстонаи Швейтсария ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо муддати 10 сол ба Тоҷикистон барои безарар гардондани минаҳо кӯмак мерасонад.



Сафири Канада дар Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон хонум Маргарет Скок изҳор намуд, ки ҳукумати мамлакаташ фаъолияти ташкилоти «Тавозуни зиндагӣ» – ро ҷиҳати барқарор сохтани саломатии осебдидагон дастгирӣ менамояд.


Реклама на asia+