Э.Раҳмон ба Қ.Боқиев дар робита ба фавти 68 нафар мусофирони ҳавопаймо изҳори ҳамдардӣ намуд

Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фавти 68 нафар мусофирон дар садамаи ҳавопаймои «Боинг-737» дар наздикиҳои Бишкек ба ҳамтои қирғизистонии худ Қурмонбек Боқиев барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд. «Аз ҳодисаи фалокати ҳавопаймо, ки боиси марги 68 нафар гардидааст, сахт […]

Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фавти 68 нафар мусофирон дар садамаи ҳавопаймои «Боинг-737» дар наздикиҳои Бишкек ба ҳамтои қирғизистонии худ Қурмонбек Боқиев барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




«Аз ҳодисаи фалокати ҳавопаймо, ки боиси марги 68 нафар гардидааст, сахт андӯҳгин буда, аз номи мардуми кишвар ва ҳукумати Тоҷикистон ба хешону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқи хешро изҳор менамоям», – гуфта мешавад дар барқия.



Ёдрас мекунем, ки шоми дирӯз дар наздикиҳои фурудгоҳи Бишкек бар асари ба садама дучор гардидани ҳавопаймои «Боинг-737»-и хатсайри Бишкек-Теҳрон 68 тан кушта, 22 тан захм


ӣ


ва 3 нафар бенишон шуданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.