Роҳбари ҲСДТ аз болои мақомоти расмии давлатӣ ба додгоҳ шикоят бурданист

Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбари Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров аз болои мақомоти расмии давлатӣ ба додгоҳ шикоят бурданист. Дар нишасти матбуотӣ раиси ҳизб изҳор дошт, ки дар мӯҳлати муқарраршуда баррасӣ нагардидани изҳороти кушоди ӯ ба президенти Тоҷикистон аз 22-уми майи соли ҷорӣ ӯро ба ин амал водор сохтааст. Ба гуфтаи ӯ, […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбари Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров аз болои мақомоти расмии давлатӣ ба додгоҳ шикоят бурданист. Дар нишасти матбуотӣ раиси ҳизб изҳор дошт, ки дар мӯҳлати муқарраршуда баррасӣ нагардидани изҳороти кушоди ӯ ба президенти Тоҷикистон аз 22-уми майи соли ҷорӣ ӯро ба ин амал водор сохтааст.




Ба гуфтаи ӯ, дар изҳорот бо дарки ҳисси миллӣ ва нияти нек ташаббуси ҳамкории созанда пешниҳод гардида, аз сарвари давлат дархост шуда буд, ки раиси ҳизбро ба муддати 2 сол вазири адлия таъин намояд. Ба қавли раиси ҲСДТ, ҳадаф аз чунин муроҷиат – «нияти барпо сохтани асосҳои воқеии кишвари ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон буд».



«Пас аз як моҳи муроҷиат, 22-уми июн ман аз номи муовини раиси роҳбари дастгоҳи президент Маҳкам Маҳмудов посух гирифтам, ки муроҷиатномаи мазкур ба мушовири давлатии президент Саймурод Фаттоев равона шудааст, вале аз он замон то имрӯз ду моҳ сипарӣ гашт, вале то ҳол ман ҷавобе нагирифтаам», – гуфт Р.Зойиров.



Мавсуф мегӯяд, ки тибқи моддаи 12-и Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», мӯҳлати охирини ҷавоб бояд як моҳ, яъне то 22-уми июлро дар бар мегирад. «Дар қонун ҳамчунин баъзе истисноҳо пешбинӣ шудаанд, вале бо назардошти он ҳам, мӯҳлати охирини ирсоли посух 22-уми август аст, яъне мӯҳлати муқарраршуда тибқи қонун гузашт, – гуфт ӯ.



«Аз ин рӯ, тибқи моддаи 163-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қонуншиканӣ дар муроҷиати шаҳрвандон), ман ният дорам ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намоям», – таъкид сохт раиси ҲСДТ ва афзуд, ки дар оғоз ӯ ба Прокуратураи генералӣ ҷиҳати мушаххас сохтани ҷавобгар дар ин ҳолат муроҷиат хоҳад кард.

   



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.