Дар Душанбе бо пажӯҳишгарони эҷодиёти Абӯабдулло Рӯдакӣ мулоқот доир мегардад

0


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шариф Комилзода, мудири китобхонаи давлатии миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ изҳор дошт, ки имрӯз зимни баргузории конфронси назарияву илмӣ мулоқоти хонандагон бо пажӯҳишгарони фаъолияту эҷодиёти асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ доир мегардад.




«Ба ифтихори ҷашни 1150-умин солгарди Одамушшуаро дар китобхона намоишгоҳи асарҳои бахшида ба ҳаёту эҷодиёти шоир ташкил карда мешавад», – гуфт ӯ.



Мавсуф мегӯяд, ки конфронсро Вазорати фарҳанг созмон дода, дар он оид ба ҳаёту эҷодиёти Абӯабдулло Рӯдакӣ доктори улуми филология Қурбон Восеъ, мушовири фарҳангии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Шамсулҳаққи Ориёнфар ва дигар адбиётшиносони маъруф маърӯза хоҳанд кард.


Сафорати ИМА ба раёсати ташхиси ҷиноёти Вазорати умури дохилӣ таҷҳизоти махсус тақдим намуд

0


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар чаҳорчӯбаи Барномаи мубориза алайҳи терроризм ба раёсати ташхиси ҷиноёти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизоти махсуси ҷамъоварӣ ва ташхиси далелҳо дар ҷои ҳодиса тақдим намуд.




Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бурси мазкур дар доираи татбиқи барномаи байниҳукуматии ИМА ва Тоҷикистон оид ба таҷдиди фаъолияти ин сохтори вазорат ва ҷамъовариву таҳлили далелҳои ҷиноят амалӣ мегардад.



Ба иттилои манбаъ, ифтитоҳи расмии Раёсати ташхиси ҷиноёти вазорат, ки аз ҷониби Шӯъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи сафорати ИМА таъмиру таҷдид гардида, ба маблағи беш аз 1 млн. доллари амрикоӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шуда буд, 25-уми июл баргузор гашт.


Президенти Тоҷикистон Ҳомид Карзайро ба муносибати солгарди ҷашни истиқлоли миллии Афғонистон табрик кард

0


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба Раиси


ҷ


умҳури


Ҷ


умҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи шодбош


ӣ


фиристод, ки дар он омадааст:




«Шумо,


Ҷ


алолатмаоб ва кулли мардуми бародари Афғонистонро бо


ҷ


ашни милл


ӣ


– солгарди истиқлоли кишвар аз номи худ ва тамоми мардуми То


ҷ


икистон самимона табрик менамоям.



Тағйирот ва таҳаввулоти хеле


ҷ


олибе, ки солҳои ахир дар муносибатҳои д


ӯ


стонаи То


ҷ


икистон ва Афғонистон рух доданд, далели равшани саъю эҳтимом ва к


ӯ


шишҳои муштараки мардумони мо барои эҳё ва рушди равобити ҳасана байни ду кишвари ҳаммарз дар тамоми сатҳҳо ва заминаҳост.



То


ҷ


икистон


ҷ


онибдори густариш ва тавсеаи ин равобити д


ӯ


стона ва ҳамкории мутақобилан судманди байни ду кишвар мебошад. Умедворам, ки ҳамкории созанда ба нафъи ҳарду кишвар ва амнияту суботи минтақа рушди пайгир ва рузафзун хоҳад ёфт.



Ба


Ҷ


алолатмаоб хушбахтиву сиҳатманд


ӣ


ва ба мардуми д


ӯ


сти Афғонистон хушр


ӯ


з


ӣ


ва саодат таманно дорам». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.






 



Тоҷикистон ба узвияти ду созмони бонуфузи геологӣ пазируфта шуд

0


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Саридораи геологияи Нади ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки ҳафтаи сипаришуда дар Норвегия дар ҷаласаи 33-уми Конгресси байнулмилалии геологони ҷаҳон Тоҷикистон чун кишвари 120-уми узви ин созмон пазируфта шуд.




«Ҳанӯз соли 1992 кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекситону Қазоқистон аъзои ин созмон шуда буданд ва мо барои аввалин бор дар кори ин конгресс ширкат варзида, чун узви комилҳуқуқи он пазируфта шудем», – гуфт ӯ.



«Тибқи муқаррарот Конгресс дар чор сол як маротиба даъват карда мешавад ва ҷаласаи навбатии геологҳои ҷаҳон соли 2012 дар Австралия доир мегардад», – изҳор дошт А.Иброҳим ва таъкид сохт, ки Тоҷикистон ҳамучунин узви комилҳуқуқи Иттиҳоди байнулмилалии улуми геологӣ низ гаштааст. Иттиҳоди мазкур соли 1961 таъсис ёфтааст.



«Узвият ба созмонҳои мазкур имкон фароҳам месозад, ки дар ҷумҳурӣ Кумитаи миллии геологӣ таъсис дода шуда, мутахассисони соҳибкасби ин соҳа омода карда шаванд ва робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи геология барқарор карда шаванд», – зикр кард А.Иброҳим.



Ёдрас мекунем, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳол Туркманистону Қирғизистон аъзои ин созмонҳо нестанд.


Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон ба беш аз $2,7 млрд. баробар шуд

0


            Душанбе 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҳафт моҳи соли 2008 муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ 2 млрд. 763,8 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 24,7 фоиз зиёдтар аст.






Ба иттилои сарчашма, тавозуни савдо манфӣ буда, воридот нисбат ба содирот ду баробар ($896,4 млн.) бештар аст.





Содироти мол ба $933,7 млн. баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта $64 млн. зиёд мебошад.





Воридоти мол $1 млрд. 830,1 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-июни соли 2007 $484,2 млн. бештар аст.





Тоҷикистон дар ин давра бо 11 кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 80 давлатҳои хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дошт. Дар муомилоти савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои узви ИДМ 42,9 фоиз ё тақрибан $1 млрд. 186,2 млн. ва ба ҳиссаи давлатҳои хориҷи дур 57,1 фоиз ё $325,7 млн. маблағ рост меояд.




Ду меҳмонхонаи панҷситорадори пойтахт – «Тоҷикистон» ва «Hayatt Regency» ба қабули иштирокчиёни нишасти СҲШ омодаанд

0


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ду меҳмонхонаи пан


ҷ


ситорадори пойтахт – «То


ҷ


икистон» ва «Hayatt Regency» ба қабули иштирокчиёни нишасти СҲШ омодаанд.




«Пас аз бозсозӣ ва таъмири асосӣ ба меҳмонхонаи «Тоҷикистон» мақоми меҳмонхонаи панҷситорадор дода шуд, – гуфт ӯ. – Меҳмонхонаи «Hayatt Regency», ки аз ҷониби ширкати «Русские отели» дар соҳили кӯли Комсомол бунёд шудааст, низ чунин мақомро доро мебошад».



Ба қавли Ш.Саидов, маросими расмии ифтитоҳи меҳмонхонаҳо рӯзҳои наздик баргузор мегардад.


Дар шаҳри Душанбе тренинги серӯза барои рӯзноманигорон таҳти унвони «Инъикоси мавзӯи ВИЧ-СПИД дар ВАО-и Тоҷикистон» баргузор мешавад

0


          Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 20 то 22-юми августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе тренинги сер


ӯ


за барои р


ӯ


зноманигорон таҳти унвони «Инъикоси мавз


ӯ


и ВИЧ-СПИД дар ВАО-и То


ҷ


икистон» баргузор мешавад. Чорабинии мазкур бо ибтикори Барномаи муштараки СММ оид ба ВИЧ-СПИД

 

дар ҳамдаст


ӣ


бо маркази


ҷ


умҳуриявии пешгирии ВИЧ-СПИД, ЮНЕСКО ва Лоиҳаи назорати ВИЧ-СПИД дар Осиёи Марказ


ӣ


гузаронида мешавад.




Ҳадафи ин тренинг ом


ӯ


зонидани тарзи дурусти инъикоси мавз


ӯ


и ВИЧ-СПИД дар ВАО ва баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии р


ӯ


зноманигорон оид ба ангезандаи норасоии масунияти бадан (ВИЧ) мебошад.



Дар ин давраи ом


ӯ


зиш


ӣ


ҳудуди 20 р


ӯ


зноманигор аз расонаҳои чоп


ӣ


ва электронии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон ширкат меварзанд.



Ба р


ӯ


зноманигорони то


ҷ


ик пан


ҷ


нафар тренерон аз Қазоқистон ва То


ҷ


икистон тарзи воқеъбинона ва дурусти инъикоси мавз


ӯ


и ВИЧ-СПИД дар ВАО-ро ом


ӯ


зиш медиҳанд. Дар баробари ин, коршиносони даъватшуда ба иштирокдорони тренинг дар бораи мафҳуми ВИЧ-СПИД, чигунагии роҳҳои сироят ва пешгирии он, инчунин меъёрҳои ҳуқуқ


ӣ


ва ахлоқии таҳияи маводи журналист


ӣ


оид ба мавз


ӯ


и ВИЧ-СПИД маълумот медиҳанд.



Иштирокдорони давраи ом


ӯ


зиш


ӣ


таи се р


ӯ


з ҳамчунин аз Маркази


ҷ


умҳуриявии мубориза бо ВИЧ-СПИД боздид намуда, бо фаъолияти якчанд созмони


ҷ


амъиятии маҳаллие, ки ба гирифторони ангезандаи норасоии масунияти бадан к


ӯ


мак мерасонанд, шинос хоҳанд шуд.



Созмони ЮНЕЙДС тасмим дорад, дар моҳи сентябри соли


ҷ


ор


ӣ


чунин давраи ом


ӯ


зиширо барои хабарнигорони вилояти Суғд низ баргузор созад.



Тибқи омори расм


ӣ


, то 1-уми июли соли 2008 дар То


ҷ


икистон 1231 нафар гирифторони ангезандаи норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ба қайд гирифта шудаанд.


Вазорати умури хориҷии Гурҷистон ба Кумитаи Иҷроияи ИДМ ҷиҳати хориҷ шудан аз иттиҳод санади расмӣ ирсол намуд

0

 


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«Новости-Грузия» – Имрӯз хабаргузории «Новости-Грузия» иттилоъ дод, ки Вазорати умри хориҷии Гурҷистон ба Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) санади расмии қарори парлумони кишвар аз 14-уми августи соли равон дар бораи хориҷ шудани Гурҷистон аз ҳайати иттиҳодро ирсол кардааст.




«Ҳамин тариқ, аз 18-уми август Гурҷистон ҳамаи ӯҳдадориҳои дар доираи ИДМ ба дӯш гирифтаашро бекор мекунад. Дар ҳамин ҳол, мутобиқи Конвенсияи соли 1969-уми Вена «Дар бораи ҳуқуқи шартномавӣ», ҷониби Гурҷистон ӯҳдадор аст, ки талаботи ҳамаи созишномаҳои байнулмилалии дар чаҳорчӯбаи ИДМ баимзорасида ва қарорҳои мақомоти дахлдори ИДМ-ро, ки Гурҷистон иҷрои ҳатмии онҳоро эътироф кардааст, риоя намояд», – гутф мешавад дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Гурҷистон.


Дар Қайроққум раиси ҲСДТ ба ҷавонон воқеияти имрӯзаи вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро шарҳ дод

0


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вилояти Суғд раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров бо доишҷӯёни маотиби олии кишвар мулоқот орост.




Имрӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб изҳор дошт, ки ӯ бо даъвати Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба шаҳри Қайроққум омада, бо 150 нафар донишҷӯёне, ки дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои САҲА дар он ҷо истироҳат мекунанд, мулоқот кардааст.



Мавсуф мегӯяд, ки ба ҷавонон воқеияти имрӯзаи вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро мухтасар шарҳ додааст. Сипас мубоҳисаҳо сурат гирифта, донишҷӯён ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва вазъи роҳандозии сиёсати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мароқ зоҳир сохтаанд.



Р.Зойиров зикр кард, ки имрӯз Дафтари ҳамкории Швейтсария ва Маркази маориф ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар мавзӯи «Стратегияи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаи дорои мушкилоти зиёд» мизи мудаввар доир месозанд, ки он ҷо ӯ чун мураббӣ фаъолият хоҳад кард.



Пагоҳ баргузории конфронси навбатии вилоятии ҳизб дар назар аст, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳими ҳизбӣ муҳокима карда мешаванд. «Дар назар аст, ки ҲСДТ стратегияи иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯъро дар вилояти Суғд таҳия месозад», – гуфт раиси ҳизб.



Дар таърихи 21-уми август сафари Р.Зойиров ба ноҳияи Конибодом ва 22-уми август ба Истаравшан ба нақша гирифта шудааст. Дар ноҳияҳои номбурда конфронси ноҳиявии ҳизб доир мегардад.




Чор нафар варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои Олимпии Пекин ба ватан баргаштанд

0


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –


Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон хабар дод, ки то имрӯз ч


ор нафар варзишгарони тоҷик – шиноварон Катерина Измайлова ва Алишер Чингизов, камонвар Албина Камолиддинова ва вазнабардор Низом Сангов аз Бозиҳои Олимпии Пекин ба ватан баргаштанд. Варзишгарони дигари Тоҷикистон 24-уми август дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои Олимпии Пекин иштирок хоҳанд кард.




Ба гуфтаи Н.Латифов, ба наздики дар мусобиқоти гӯштини тарзи озод варзишгари Тоҷикистон Виталий Корякин дар сонияи 37-уми қувваозмоӣ аз гӯштингири Ҷопон Кенияи Юмото мағлуб шуд. Дар ин навъи мусобиқоти гӯштингирӣ намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов рӯзи 21-уми август ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳад кард.



Мавсуф ҳамчунин изҳор дошт, ки имрӯз соати 18-у 45 дақиқаи вақти маҳаллӣ барои дарёфти роҳхат ба мусобиқоти нимниҳоӣ қувваозмоии боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов бо варзишгари қазоқ Еркибулан Шиналиев баргузор мешавад.



Дар Бозиҳои Олимпии Пекин айни замон Тоҷикистон дар мақоми 66-ум ҷой гирифтааст.