Сафорати ИМА ба раёсати ташхиси ҷиноёти Вазорати умури дохилӣ таҷҳизоти махсус тақдим намуд

Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар чаҳорчӯбаи Барномаи мубориза алайҳи терроризм ба раёсати ташхиси ҷиноёти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизоти махсуси ҷамъоварӣ ва ташхиси далелҳо дар ҷои ҳодиса тақдим намуд. Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бурси мазкур […]


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар чаҳорчӯбаи Барномаи мубориза алайҳи терроризм ба раёсати ташхиси ҷиноёти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизоти махсуси ҷамъоварӣ ва ташхиси далелҳо дар ҷои ҳодиса тақдим намуд.




Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бурси мазкур дар доираи татбиқи барномаи байниҳукуматии ИМА ва Тоҷикистон оид ба таҷдиди фаъолияти ин сохтори вазорат ва ҷамъовариву таҳлили далелҳои ҷиноят амалӣ мегардад.



Ба иттилои манбаъ, ифтитоҳи расмии Раёсати ташхиси ҷиноёти вазорат, ки аз ҷониби Шӯъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи сафорати ИМА таъмиру таҷдид гардида, ба маблағи беш аз 1 млн. доллари амрикоӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шуда буд, 25-уми июл баргузор гашт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.