Нашъафурӯши ноболиғ ба даст афтод

0


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар истгоҳи қатораи мусофирбари пойтахт кормандони шӯъбаи мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёт ба гумони нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир толибилми синфи даҳуми мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд.




Аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми кофтукови борхалтаи боздоштшуда ҳудуди 1 кило маводи мухаддири навъи марихуана дарёфт ва мусодира карда шудааст.



«Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, нашъафурӯш ба ҳабс гирифта шуд», – афзуд манбаъ.


Президенти Тоҷикистон бо ҷашни солгарди Истиқлоли миллӣ сарвари давлати Покистонро табрик намуд

0





Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни солгарди истиқлоли миллӣ унвонии





Президенти




Ҷ




умҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф барқияи шодбош




ӣ




фиристод, ки дар он омадааст:








«




Ҷ




аноби Ол




ӣ




,







Табрикоти самимии маро ба муносибати иди милл




ӣ




– солгарди истиқлоли




Ҷ




умҳурии Исломии Покистон қабул фармоед.







Ҷ




ониби То




ҷ




икистон ба густариши муносибатҳои деринаи д




ӯ




стона ва ҳамкориҳо бо кишвари Покистон аҳамияти хоса дода, таъкиди омодаг




ӣ




менамояд, ки аз тамоми имкониятҳои мав




ҷ




уда дар ин самт истифодаи муассир ба амал хоҳад овард. Итминон дорам, ки равобити байни кишварҳои мо, ки омили муҳими сулҳу субот дар минтақа мебошанд, минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.







Ба




Ҷ




аноби Ол




ӣ




саломативу бурдбориҳо ва ба халқи д




ӯ




сти Покистон сулҳу шукуфо




ӣ




таманно дорам”.





Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.









Муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд

0


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –




Душанбе, 15 август. ОИ «Азия-Плюс» -Тибқи фармони вазири маорифи


ҷ


умҳур


ӣ


Абду


ҷ


аббор Раҳмонов аз 10 сентябр то 31 октябри соли ҷорӣ дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон муассисаҳои таълим


ӣ тобеи вазорат


ба ҳисоб гирифта мешаванд. Мақсад аз иқдоми мазкур иҷро гардидани вазифаҳои пешбинишудаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад. Барои иҷрои он гур


ӯ


ҳҳои махсуси кор


ӣ


ташкил карда шудаанд.



Аз дафтари матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки

 

мувофиқи фармон мудирони мактабҳои таҳсилоти умумӣ вазифадор карда шуданд, ки то 10-уми сентябр тамоми маълумот ва асноди меъёрӣ-ҳуқуқии марбутаро омода созанд. Қобили зикр аст, ки гурӯҳи махсус шумораи макотиб, ҷой барои хониш, ҳайати омӯзгорон, мизу курсӣ ва таҷҳизоти муассисаҳои таълимиро мушаххасан ба ҳисоб хоҳад гирифт.



Мувофиқи маълумоти вазорат, дар охири соли хониши 2007-2008 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 801- мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекард, ки дар он 1 млн. 690 ҳазору 585 нафар хонандагон бо таҳсил фаро гирифта шуда буданд.


Ширкати «POL-DROG»-и Полша дар Душанбе ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд карданист

0


Душанбе. 15-уми вагуст. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати «


POL





DROG


»-и Полша дар Душанбе ду бинои балндошёнаи истиқоматӣ бунёд карданист. Чуноне ки аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар дидори раиси палата Шарифи Саид бо ҳайати тоҷирони Лаҳистон масъалаи мазкур ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирфтанд.




Раиси раёсати ширкати Полша Ярослав Боярски изҳор дошт, ки онҳо ният доранд, ба сохтмони роҳу купрӯк, бемористон, мактаб, меҳмонхона ва таъсиси корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон сармоягузорӣ намоянд.



«Бо ин мақсад мо ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти истеҳсоли Полша омодаем, – афзуд Я.Боярски.


Аз ҷараёни кори ҳамоиши СҲШ дар Душанбе беш аз 700 нафар рӯзноманигорон гузориш хоҳанд дод

0


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев изҳор дошт, ки аз ҷараёни кори ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе беш аз 700 рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ гузориш хоҳанд дод.




«Рӯзи дуввум аст, ки дар вазорат рӯзноманигоронро ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш

 

сабти ном мекунанд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Д.Назриев, то имрӯз барои сабти ном рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва расонаҳои хабарии Бритониёи Кабир, Русия, Чин, Ҷопон, Эрон, Шветсия ва кишварҳои дигар муроҷиат кардаанд.



«Барои намояндагони васоити ахбори омма дар бинои нави Бонки Миллии Тоҷикистон маркази матбуот созмон дода мешавад, ки рӯзноманигорон ҷараёни баргузории ҳамоишро аз он ҷо инъикос хоҳанд кард, – иттилоъ дод сарчашма. – Дар Кохи «Сомон» нишасти матбуотии сарони кишварҳои узви СҲШ оид ба натиҷаи гуфтушунидҳо доир мегардад».

Айни замон сандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» ҳудуди 600 млн. сомониро ташкил медиҳад

0


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 1 августи соли 2008 сандуқи қарзии Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ориёнбонк» 598 млн. 507 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сохтори соҳавии қарзҳои ҷойгиркардашуда аз рӯи низоми бонкӣ ба таври зерин аст: Бо асъори миллӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 82,36%, корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 12,82%, корхонаҳои давлатӣ – 1,5% ва шахсони воқеӣ – 3, 32%. Бо асъори хориҷӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 49,78%, корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 20,56%, корхонаҳои давлатӣ – 29,43% ва шахсони воқеӣ – 0,23%.




Ёдрас мекунем, ки сандуқи қарзии бонк дар моҳи гузашта ба 592 млн. 488 ҳазор сомонӣ баробар шуда буд.





Маълумотнома:




Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи ҷумҳуриявии Промбанк кушода шуд. Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳҳомӣ табдил ёфтан гирифт ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳомӣ – тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон “Ориенбонк” мубаддал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ “Ориенбонк” ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” табдил дода шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонк хабар доданд.

Дар намоишгоҳи Душанбе як қатор ширкатҳои Русия ҷойҳои кории холӣ пешниҳод месозанд

0





Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар боғи истироҳати назди кӯли «Комсомол»-и пойтахт намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ доир мегардад.






Муовини директори агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе Сафаралӣ Ҳакимов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар намоишгоҳ беш аз 30 субъекти хоҷагидорӣ ва корхонаву муассисоти шаҳр иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин хоҳишмандон метавонанд ба курсҳои омӯзиши касб ва баланд бардоштани тахассуси касбӣ худро номнавис кунанд.




 

«Дар намоишгоҳ як қатор ширкатҳои Русия ширкат меварзанд, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд ва ҷойҳои кории холӣ пешниҳод месозанд», – изҳор дошт С.Ҳакимов. Барои хоҳишмандон иштирокдорони намоишгоҳ дар пойтахт ё минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ҷойҳои кории холӣ пешниҳод хоҳанд кард.


Шаҳрванди Афғонистон ва донишҷӯи тоҷик ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд

0


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Афғонистон Ҳабибулло валади Ҳусейнро боздошт намуданд, ки зимни кофтуков аз ӯ ҳудуди 7 кило маводи сахттаъсир

 

ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.




Нисбат ба даст доштан дар ин ҳодиса шаҳрванди Тоҷикистон, донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон низ боздошт шудааст. Феълан гурӯҳи тафтишотӣ аз пайи муайян кардани шахсони дигари дастдошта дар ин ҷиноят машғул аст.



Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба ин далел тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноии ҶТ (гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ё психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.




Боксии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ба давраи чаҳорякфиналии мусобиқоти Бозиҳои Олимпии Пекин роҳ ёфт

0


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов бар ҳарифи худ аз Хорватия Марио Сиволя дастболо шуда, ба давраи чаҳорякфиналии мусобиқоти Бозиҳои Олимпии Пекин роҳ ёфт.




Варзишгари тоҷик дар вазни то 81 кило бар ҳарифи худ бо ҳисоби 8 бар 1 ғолиб омад. Ёдрас мекунем, ки дар давраи аввал Ҷ.Қурбонов

 

доваталаби асосии ғолибият дар мусобиқот, чемпиони ҷаҳон Аббос Атоеви ӯзбекистониро мағлуб сохт.


Соҳибкорони зарардида аз сӯхтори бозори «Корвон» ба сарвари давлат муроҷиат намуданд

0


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳудуди дусад нафар соҳибкорони бозори «Корвон», ки аз сӯхтори рухдода хисорот бардоштаанд, унвонии президенти Тоҷикистон нома ирсол карданд.




Дар мактуб гуфта мешавад, ки « сӯхтор дар натиҷаи қасдан оташ задан ба амал омадааст, зеро колоҳое, ки дар ҷойҳои махсус ва контейнерҳо ҷойгир шуда буданд, қабл аз оташзанӣ аз ҷониби ашхоси номаълум ғорат карда шудаанд».



«Ҳамарӯза пас аз соати чори рӯз барқ дар тамоми бозор қатъ карда мешавад, аз ин рӯ сӯхтор бо сабаби ноҷӯриҳои ноқилҳои нерӯи барқ ба вуҷуд омада наметавонист», – гуфта мешавад дар нома.



Соҳибкорон мегӯянд, ки тақрибан ду моҳ пештар намояндагони бозори «Корвон» аз онҳо баёнот гирифтаанд, ки дар сурати сар задани сӯхтор онҳо масъулият надоранд.



Соҳибкорон аз сарвари давлат дархост кардаанд, ки ба мақомоти дахлдор супориш диҳад, то тафтишот дақиқу ҳмаҷониба гузаронида шавад.



«Тайи ду соли ахир дар бозор якчанд ҳодисаҳои сӯхтор рух доданд, вале сабабҳои он ва гунаҳкорон то ҳол муайян нагаштаанд ва ин моро водор сохт, ки ба сарвари давлат муроҷиат намоем», – гуфт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» соҳибкор Маҳина Умарова.



Соҳибкорон ҳамчунин аз президент дархост кардаанд, ки дар масъалаи барқарорсозии нуқтаҳои фурӯш ва озодсозии онҳо аз пардохти ҳама гуна андоз ба муддати ду сол мусоидат намояд.