Дар доираи сафар ба шаҳри Пекин Э.Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Чин мулоқот орост

0


            Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –


Нимаи

 

дуюми

 

рӯзи 8 август Президенти

 

Ҷумҳурии

 

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо

 

Ноиби Президенти

 

ширкати

 

Хуавей

 

Ванг Кесианг дидор

 

ва

 

гуфтугӯ

 

кард.




Дар

 

мулоқот

 

атрофи

  

масъалаҳои

 

ҳамкорӣ,

 

лоиҳаҳои

 

инвеститсионии

 

Ҷумҳурии

 

Тоҷикистон

 

ва

 

имкониятҳои

 

мусоиди

 

сармоягузорӣ

 

ба

 

иқтисодиёти

 

миллии

 

Тоҷикистон

 

табодули

 

афкори

 

судманд ҷараён

 

гирифт.



Президенти Тоҷикистон изҳор

  

дошт, ки

 

алҳол

 

дар

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

беш аз

 

50

 

лоиҳа дар

  

соҳаи

  

нақлиёт,

 

энергетика,

 

маорифу

 

тандурустӣ, кишоварзӣ

 

ва

 

саноат бо

 

ширкатҳои

 

маъруфи

 

Канада,

  

Фаронса, ИМА,

 

Россия, Олмон, Британияи

 

Кабир,

 

Эрон

 

ва

 

Чин

 

амалӣ

 

мешаванд, ки

 

маблағи умумии

 

онҳо

 

қариб

 

2

 

миллиард

 

доллари

 

ИМА – ро

 

дар

 

бар

 

мегирад.



Президенти

 

Ширкати Хуавей

 

ба

 

сарвари

 

давлати

 

Тоҷикистон

 

барои

 

даъват

  

ба

 

ҳамкорӣ

 

сипосгузорӣ

 

намуда,

  

таъкид

 

кард, ки

  

омодааст

 

бо

 

мутахассисони тоҷик

  

дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, алоқа, нақлиёт ва энергетика ҳамкориҳои

 

пурсамар

 

дошта

 

бошад.



Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо президенти

 

ширкати «Сипохайдро»-и

  

Чин Фан Ҷисианг

  

хеле

 

пурмӯҳтавою

 

самимӣ

 

ҷараён

  

гирифт.



Дар

 

вохӯрӣ аз

  

корҳои

 

анҷомдодаи

 

ширкат

  

дар

 

мавриди

 

бунёди

 

роҳҳои

 

ҷавобгӯи

 

талаботи байналмилалӣ

 

дар

 

Ҷумҳурии

 

Тоҷикистон

 

ҷонибҳо қаноатмандӣ

 

карданд.



«Бунёди

 

роҳ,

 

ки заминаи

 

асосии

 

рушди

 

иқтисодиёт

 

аст,

 

аз

 

самтҳои

 

асосии

 

сиёсати

 

имрӯзаи

 

Ҳукумати

 

Ҷумҳурии

 

Тоҷикистон

 

ба

 

шумор

 

меравад», – таъкид

  

кард сарвари

 

давлати

 

Тоҷикистон

 

ва

 

илова

 

намуд, ки

 

ҳадафи

 

мо аз

 

сарбастагии

 

коммуникатсионӣ

 

бадарсозии

 

кишвар

 

аст.



«Мо барои

 

ҳамкорӣ

 

ба

 

Тоҷикистон ҳавасмандем ва

 

оянда

 

низ

  

дар

 

татбиқи

  

лоиҳаҳои

  

инвеститсионӣ махсусан бунёди НБО талош

 

хоҳем

 

кард»,

 

иброз

  

дошт дар навбати худ президенти ширкати

 

Синахайдро.



Ҷонибҳо

 

дар

 

мавриди

 

омӯзишу баррасӣ ва таҳияи лоиҳаи бунёди НБО «Нуробод-2» ва рушди

 

ҳамкориҳои

 

минтақавӣ

 

ҳамфикрӣ

 

баён

  

доштанд.



Дар

 

мулоқоти президенти Тоҷикистон бо

 

президенти

 

ширкати

 

Зитсин

 

Чен Ҷингхе ҳам

 

асосан

 

масъалаҳои

 

ҳамкорӣ

  

дар

 

татбиқи

  

лоиҳаҳои

 

инвеститсионии

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

махсусан

 

сохтмони заводҳои истеҳсоли ангишту семент ва НБО баррасӣ

  

шуданд.



«Мақсади мо

 

на танҳо

 

рушди

 

иқтисодиёти

 

худӣ,

 

балки

 

инкишофи

 

ҳамкориҳои

 

минтақавии

 

фарогири

 

манфиатҳои

 

кулли

 

кишварҳои

 

ҳамсоя

  

мебошад», – изҳор

  

дошт Эмомалӣ Раҳмон.



Президенти

 

ширкати

 

Зитсин

 

ба мавқеи

 

Ҳукумати

 

Ҷумҳурии

 

Тоҷикистон

 

дар

 

мавриди

 

саҳмгузорӣ

 

дар

 

инкишофи

 

робитаҳои

 

минтақавӣ

 

ва

 

осоишу

 

амният

 

баҳои

 

баланд

 

дода,

 

изҳори

 

омодагии

 

амиқи

 

ҳамкорӣ

 

бо

 

ширкатҳои

 

Тоҷикистон

 

кард.



Масоили татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо президенти шӯрои директорони ширкати «ТВЕА» Чжан Син баррасӣ шуд.



Хотиррасон бояд кард, ки хатти 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон» аз ҷониби ҳамин ширкат ду сол қабл аз мӯҳлат ва бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд.



Ҷонибҳо дар мулоқот оидба бунёди

 

НБО «Хингоб» ба мувофиқа расиданд.



Президенти ширкати «ТВЕА»

 

изҳор дошт, ки

 

пас аз итмоми сохтмони лоиҳаи инвеститсионии хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб-Шимол» ба бунёди

 

НБО «Нуробод-2» шурӯъ хоҳанд кард.



Худи ҳамин рӯз ҳамчунин президенти Тоҷикистон президенти яке аз ширкатҳои бунуфузи Чин президенти ширкати «Зи Экс Ҷой Инвест» Горден Янро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.



Горден Ян аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда изҳор дошт, ки ширкаташ омода аст барои корҳои ҷустӯҷуи ва омӯзиши уран дар Тоҷикистон

 

ҳамкорӣ намояд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Дар ноҳияи Ёвон 14 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад

0


Қӯрғонтеппа. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Ёвон 14 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар чанде аз мактабҳо бо ин сабаб дарсҳо дар вагонҳо гузаронида мешаванд. Айни замон бо ёрии кумитаи волидон сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад ва сохтмончиёни ният доранд, ки то оғози соли нави хониш ин синфхонаҳоро ба истифода диҳанд.




Ба гуфтаи муовини раис, дар мактабҳои дигар (дар ноҳия ҳамагӣ 77 мактаб мавҷуд аст) корҳои таъмиру сохтмон ба анҷом расиданд.



«Барои мактабҳои ноҳия 45 нафар омӯзгорони забони русиву англисӣ, кимиё, физика ва риёзӣ намерасанд», – афзуд Т.Шарипова.

 



Чин ба сохтмони нерӯгоҳи «Ёвон» бармегардад

0


Ба




иттилоъи




ширкати


«


Барқи




то


ҷ


ик


»,


қарор




аст


,


мувофиқатномаи




Чин




ва




То


ҷ


икистон




дар




бораи




сохтмони




нер


ӯ


гоҳи


«


Ёвон


»


дар




рудхонаи




Зарафшон




имзо




шавад


.




Ба гуфтаи Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи то


ҷ


ик», интизор меравад, ин санад дар охирҳои моҳи


ҷ


ор


ӣ


ба имзо расад.




 

Нер


ӯ


гоҳи «Ёвон» дар Зарафшон, ки 200 мегават тавоно


ӣ


хоҳад дошт, аз с


ӯ


и ширкати «Синоҳидро»-и Чин сохта хоҳад шуд. Коршиносон ҳазинаҳои сохтмони ин нер


ӯ


гоҳро 300 миллион доллар тахмин задаанд.



Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи то


ҷ


ик», и


ҷ


рои ин тарҳ барои То


ҷ


икистонро чунин тавзеҳ дод: «Ҳамзамон барои ин нер


ӯ


гоҳ барои ин нер


ӯ


гоҳ хатти баландшиддати 220-киловаттии интиқоли барқ низ сохта хоҳад шуд, ки ин нер


ӯ


гоҳро бо зеристгоҳи «Р


ӯ


дак


ӣ


»-и шаҳри Пан


ҷ


акент пайваст мекунад. Ва ин нер


ӯ


гоҳ метавонад тамоми водии Зарафшонро бо барқ таъмин кунад».



Оқои Гулов гуфт, ки ин нер


ӯ


гоҳ қарор аст, дар тули се соли оянда эҳдос ва мавриди истифода қарор гирад.



То


ҷ


икистону Чин қаблан дар бораи эҳдоси нер


ӯ


гоҳи «Ёвон» дар рудхонаи Зарафшон тавофуқ карда буданд. Аммо ба иллати иддаоҳо ва тақозоҳои Узбакистон, ки г


ӯ


иё эҳдоси ин нер


ӯ


гоҳ ба вазъи экологии Узбакистон садама ворид мекунад, и


ҷ


рои ин тарҳ ба таъхир афтод. Узбакистон тақозо кард, ки ин тарҳ аз с


ӯ


и коршиносони байнулмилал


ӣ


ташхис шавад.



Ҳамрохон Зариф


ӣ


, вазири берунаи То


ҷ


икистон, ахиран дар як нишасти матбуот


ӣ


дар ин бора гуфт, «дар ин маврид мо бо мутахассисони олмон


ӣ


муро


ҷ


иъат кардем ва онҳо ҳамчунин ташхисро ан


ҷ


ом доданд. Ва нати


ҷ


аҳои ташхис ин аст, ки эҳдоси нер


ӯ


гоҳи «Ёвон» дар рудхонаи Зарафшон ба табиату вазъи экологии


ҷ


умҳурии ҳамсоя ҳе


ҷ


садамае ворид нахоҳад кард, балки баръакс ба беҳтар шудани вазъ мусоидат хоҳад намуд».



Муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи то


ҷ


ик» Рашид Гулов гуфт, пас аз ба даст омадани нати


ҷ


аҳои ташхиси коршиносони олмон


ӣ


масъалаи эҳдоси неругоҳи «Ёвон» дубора матраҳ шуд. Вай афзуд, қарор аст, мувофиқатнома дар ин замина дар


ҷ


араёни сафари раҳбари давлати Чин ба То


ҷ


икистон дар охирҳои моҳи


ҷ


ор


ӣ


имзо шавад». Ба гуфтаи Рашид Гулов, эҳдоси ин неругоҳ барои То


ҷ


икистон аз аҳамияти зиёди иқтисод


ӣ


бархурдор аст.



Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси бахши энерж


ӣ


, ба аҳамияти сиёсии и


ҷ


рои ин тарҳ бештар таъкид мекунад. Ба эътиқоди вай, ташхиси коршиносони олмон


ӣ


нишон дод, ки иддаъоҳои кишварҳои ҳамсояи мо, ки бар сари мавзуъоти эколог


ӣ


таъкид мекунанд,


ҷ


уз як шиорпарто


ӣ


ва баҳрабардор


ӣ


аз захоири оби ройгон чизи дигаре нест. Ба эътиқоди оқои Сайфиддинов, Узбакистон дар мавриди эҳдоси нер


ӯ


гоҳи обанбори Роғун низ аз ҳамин мавзеъ пофишор


ӣ


мекунад.


Олмон ба Тоҷикистон барои пешгирии нашъамандӣ ва бемории СПИД кӯмак мекунад

0


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти директори агентӣ Рустам Назаров бо мушовирони тандурустии Раёсати беҳдошт, маориф ва ҳифзи иҷтимоии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории фаннӣ дар Тоҷикистон доир гардид.




Аз дафтари матбуоти агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мулоқот бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар татбиқи тарҳи «Ҷавонон, ВИЧ/СПИД, Нашъамандӣ» баргузор шуд. «Меҳмонон сарвари агентиро огоҳ сохтанд, ки барои татбиқи ин тарҳ ҳукумати Олмон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон аллакай 2 миллион евро ҷудо кардааст», – иттилоъ дод сарчашма.



Ба гуфтаи намояндаи агентӣ, Р.Назаров ба намояндагони ҷамъияти Олмон дар бораи вазъи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишвар, фаъолияти агентӣ, тамоилҳои асосии нашъамандӣ ва чораҳои андешида барои ҳалли он маълумот дод.



Ёдрас мекунем, ки Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории фаннӣ дар Тоҷикистон созмони иҷроияи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон оид ба рушд буда,дар асоси созишномаҳои дуҷониба амал мекунад.


Қатар ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварии Тоҷикистон 2 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо карданист

0


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори Раёсати чорводорӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишвоарзии Тоҷикистон Музаффар Мирзоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки вазорат барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз Русия ба маблағи беш аз 86 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти истеҳсоли асал дастрас кард.




Ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии ҳукумат соли равон 601 оилаи занбӯри асал харидорӣ гардида, дар натиҷаи нигоҳубини хуби Корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷикистон» он ба 1 ҳазору 327 адад расид. Дар маҷмӯъ, дар ҳафт иттиҳодияҳои занбӯриасалпарварӣ ва хоҷагиҳои ҷумҳурӣ то 119 ҳазор оилаи занбӯриасал мавҷуд буда, истеҳсоли асал дар нимсолаи аввал беш аз 280 тоннаро ташкил дод.



Дар ҳамин ҳол, мавсуф зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар ҳукумат оид ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли асали «Тоҷикистон-Қатар-асали» қарор қабул кард ва айни замон санадҳо ва заминаи ҳуқуқии ташкили он таҳия мегарданд.



«Тибқи қарордод, дар марҳилаи аввал давлати Қатар ният дорад, ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ 2 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намояд, – идома дод ӯ. – Мо дархост намудем, ки таҷҳизоти махсуси олмонии истеҳсоли асал харидорӣ карда шавад, зеро ба воситаи он сифатнокӣ ва таркиби маҳсулот дақиқ мушаххас мегардад».



Вай баён дошт, ки таҷҳизоти номбурда имкон медиҳад, ки асали истеҳсоли Тоҷикистон аз рӯи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ баҳогузорӣ шуда, мутаносибан бо нархи ҷаҳонӣ фурӯхта шавад. «Айни замон асали истеҳсоли Тоҷикистон танҳо дар минтақаи Осиё Марказӣ бо нархи хеле арзон фурӯхта мешавад», – афзуд М.Мирзоев.


Покистон қарори ниҳоии Русияро оид ба сохтмони НОБ-и «Роғун» интизор аст

0


          


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни шарҳи масъалаи чанде қабл дар Исломобод ба имзо расидани

 



созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 (


CASAREM


) сафири Покистон дар Тоҷикистон Халид Усмон Кайсар изҳор дошт, ки Покистон ба воридоти нерӯи барқи минтақаи Осиёи Марказӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.




«Ҳарчанд Покистон дар рушди иқтисод ба комёбиҳои назаррас ноил гашта бошад ҳам, он то ҳол кишвари рӯ ба тараққӣ маҳсуб мегардад ва маҳз норасоии нерӯи барқ ба рушди боз ҳам бештари иқтисоди кишвари мо монеа эҷод месозад», – гуфт ӯ.



Зимни посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия -Плюс» дар мавриди иштироки Покистон дар консорсиуми идомаи сохтмони нерӯгоҳи обию барқии (НОБ) «Роғун», сафир зикр кард, ки шояд ин масъала дар ҳамоиши сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ва боздиди расмии президенти Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон роҳи ҳалли худро пайдо намояд.



«


Покистон қарори ниҳоии Русияро оид ба сохтмони НОБ-и «Роғун» интизор аст: агар Маскав аз талошҳои яккатозии худ даст кашаду ба консорсиуми байнулмилалии пешниҳоднамудаи ҳукумати Тоҷикистон шомил гардад, ман иштироки Покистонро дар сохтмони иншооти мазкур имконпазир мешуморам», – таъкид сохт дипломати покистонӣ.



Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Кобул Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Қирғизистон Ёддошти тафоҳуми таъсиси хатҳои интиқоли барқи миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба имзо расониданд, ки маблағи он 500 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.



Ёддошти мазкур сохтмони хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистонро тавассути Афғонистон пешбинӣ мекунад. Мувофиқи муқаррароти созишнома аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон 1300 МВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Масофаи хати баландшиддати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Афғонистон




750 километр

аст.


  




Нарзулло Латифов: Дастаи олимпии Тоҷикистон соҳиби ду медал шуда метавонад

0


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шореҳи шинохтаи варзиш, раиси Ассосиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов бар он назар аст, ки дастаи Олимпии Тоҷикистон шоистаи ҷоизаи тилло асту дар мусобиқот соҳиби ду медал шуда метавонад.




Ӯ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки миёни варзишгарон воқеъан ба ҷоизаҳои тиллоӣ соҳиби медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии соли гузашта гӯштингир Юсуф Абдусаломов ва дорандаи медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии соли 2007 дзюдочӣ Расул Боқиев сазовор шуда метавонанд.



«Ҳамчунин ман аз боксчиён Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов, Шералӣ Достиев ва гурзандоз Дилшод Назаров умеди калон дорам», – гуфт ӯ.



Ӯ зикр кард, ки агар Д.Назаров гурзро аз


80 метр

зиёдтар партояд, соҳиби медал хоҳад гашт ва ӯ дар тамринҳо ба чунин натиҷа ноил гардидааст.



Ба қавли ӯ, барои омодагии 15 варзишгари тоҷик ба олимпиада каме бештар аз 1 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст ва ин дар ҳолест, ки ҳадди ақал барои омодасозии як қаҳрамон 1 млн. доллари амрикоӣ маблағ зарур аст.



Н.Латифов қайд кард, ки ҳама гуна медал нахустин ҷоиза дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон хоҳад буд. «Ҳарчанд соли 1992 дар Барселона гурзандози тоҷик Андрей Абдувалиев соҳиби медали тилло гашт, вале он замон ӯ ба ҳайати дастаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил буд», – афзуд ӯ.



Ёдрас мекунем, ки дар замони шӯравӣ варзишгарони тоҷик шаш медали олимпиро соҳиб гаштанд – Юрий Лобанов 2 медал дар қаиқронӣ (тилло дар Мюнхен ва биринҷӣ дар Маскав), Зебуннисо Рустамова дар камонварӣ медали биринҷӣ (Монреал), Анатолий Старостин 2 медали тилло дар мусобиқоти шахсӣ ва даставӣ (Маскав) ва Андрей Абдувалиев дар гурзандозӣ медали тилло (Барселона).

 



Дар Душанбе Маркази панҷуми хизматрасонии муштариёни ширкати алоқаи MLT ифтитоҳ гардид

0


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе Маркази панҷуми хизматрасонии муштариёни ширкати алоқаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «TT mobile» (бо нишони тиҷоратии MLT)





 

ифтитоҳ гардид.




Аз дафтари матбуоти ширкат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 412 маркази дилерӣ ва нуқтаҳои зиёди дилерии фурӯш (159 нуқта дар шаҳри Душанбе) амал мекунанд.



Зикр гардид, ки шабакаи алоқаи ширкат дорои 200 ҳазор муштарии фаъол аст. Айни замон ширкати алоқа ба муштариён шаш нақшаи тарофавиро пешниҳод кардааст. Нақшаи «Навин» моҳи июни соли равон пешниҳод гардид. Мудири кулли ширкат Гулмаҳмад Қаюмов изҳор дошт, ки ахири соли 2006 теъдоди муштариён бо сатҳи воридшавии 6 фоиз ба 1 млн. расида, соли равон афзоиши он то 3 млн. бо сатҳи воридшавии 42 фоиз пешбинӣ шудааст.



Ба гуфтаи ӯ, тайи ду соли ахир ширкат ба муштариён сиёсати густардаи тарофавии пешниҳоди алоқаи сифатнок, боэътимод ва дастрасро роҳандозӣ намудааст. Ширкат ният дорад то нимаи соли 2009-ум хизматрасонии алоқаро дар 80 фоизи қаламрави кишвар ҷорӣ созад.





Маълумотнома:




75 фоизи саҳмияи ширкати

 



«TT-mobile»


ба оператори алоқаи «МегаФон»-и Русия ва 25 фоизи он ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Тоҷиктелеком» тааллуқ дорад. Ширкат аз соли 2001 дар Тоҷикистон ба пешниҳоди хизматрасонии алоқаи мобилии навъи


GSM




дар диапазони 900/1800 Мгс оғоз кард. Соли 2005 МЛТ аввалин ширкате гардид, ки ба муштариён хизматрасонии 3


G


– занги видеоиро пешниҳод сохт.


 

Фаронса барои сохтмони истгоҳи мусофирбари фурудгоҳи шаҳри Душанбе 17 млн. евро қарзи имтиёзноки дарозмуддат ҷудо мекунад

0


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –


Имрӯз дар Душанбе Протоколи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса оид ба таъмини молиявии тарҳи сохтмони истгоҳ барои мусофирон дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Оливйе Метлан Пелен ба имзо расониданд.




Аз Вазорати молияи Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки тибқи санади имзошуда,


Фаронса барои сохтмони истгоҳи мусофирбари фурудгоҳи шаҳри Душанбе 17 млн. евро қарзи имтиёзноки дарозмуддат ҷудо мекунад. Қарз ба муддати 35 сол ва пардохти 0,15 фоизи солонаи мӯҳлати имтиёзноки 20 сола пешниҳод шудааст.



Арзиши маблағи умумии лоиҳа ба 24 млн. евро баробар аст, ки 17 млн. қарзи ҷониби Фаронса буда, 7 млн. еврои боқимондаро Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» сармоягузорӣ менамояд. Мӯҳлати амалисозии лоиҳа 2 сол муқаррар гардидааст.



Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2007 пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Фаронса Эрве Морен изҳор дошта буд, ки Фаронса таҷдиди фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва сохтмони истгоҳи мусофирбарро дар он ба зимма гирифтааст.



«Ман сарвари давлати Тоҷикистонро мутмаин сохта будам, ки сохтмони истгоҳи мусофирбари фурудгоҳ соли 2008 шурӯъ хоҳад шуд ва минбаъд Тоҷикистон аз ин иншооти худ ифтихор хоҳад кард, – гуфт Э.Морен. – Дар фурудгоҳ муддати ду сол аст, ки 150 нафар коргарони Фаронса фаъолият доранд ва ҳамеша ба кӯмаку дастгирӣ омодаанд».


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба давраи ниҳоии Ҷоми даъвати Осиё роҳ ёфт

0


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки ғолиби нахустини Ҷоми даъвати Осиё аст, дар давраи нимниҳоии мусобиқот бар дастаи Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1 бар сифр пирӯз шуда, ба давраи ниҳоии Ҷоми даъвати Осиё роҳ ёфт.




Аз федератсияи футболи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки тӯби ягонаро дар дақиқаи 39-уми ҳамлагари дастаи «Парвоз» Ҷомихон Муҳиддинов ба ҳадаф расонидааст.



Рӯзи якшанбе, 10-уми август дар бозии ниҳоӣ дастаи Тоҷикистон бо дастаи соҳибони майдон – Ҳиндустон қувваозмоӣ мекунад. Дастаи Ҳиндустон дар бозии нимниҳоии дуввум дастаи Мянмаро бо ҳисоби 1 бар сифр мағлуб сохта, ба давраи ниҳоии мусобиқот баромад.