Роҳбари Хадамоти федеролии амнияти Русия ба Душанбе омад

0


Душанбе. 6-уми август ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз роҳбари Хадамоти федеролии амнияти Русия Алексей Бортников ҷиҳати боздиди корӣ ба Душанбе омад.




Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар нимаи аввали рӯз мулоқоти А.Бортников бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.



Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили ҳамкории муштараки хадамоти амниятии кишварҳо дар мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Ҳамчунин вохӯрии А,Бортников бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хайриддини Абдураҳимов ба нақша гирифта шудааст.


Э.Раҳмон бо намояндагони Хазинаи байнулмилалӣ асъор мулоқот мекунад

0



Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) мулоқот мекунад.






Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи ин созмони молиявӣ ва Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.





Аз эҳтимол дур нест, ки дар вохӯри ҳамчунин масъалаи баргузории мониторинги фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» ва ширкати алюминии Тоҷикистон «Талко» низ муҳокима шавад. Таври маълум, ХБА шаффофияти фаъолияти онҳоро талаб карда буд.




Ҳайати ХБА-ро сармушовири Департаменти ХБА оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн, ки ба шарҳи фаъолият дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз масъул аст, роҳбарӣ мекунад.





Ҳайати ХБА бо сафари расмӣ барои натиҷагирӣ аз вазъи макроиқтисодӣ ва пешравии марҳилаи аввали Барномаи Мониторинги Хазина (




SMP




), ки нимсолаи дуввуми соли ҷориро дар бар мегирад, дар Тоҷикистон қарор доранд.






 

Фаъолияти созмони «MERCYCORPS» дар Тоҷикистон ба муддати як моҳ мутаваққиф шуд

0



Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти созмони хайрияи амрикоии MERCYCORPS» (Корпуси шафқат) дар Тоҷикистон ба муддати як моҳ мутаваққиф шуд. Созмон аз соли 1994 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.






Аз Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки созмон аз пешниҳоди аснод барои санҷиши фаъолият ба вазорати адлия саркашӣ кардааст ва вазорати адлия ба додгоҳ муроҷиат намудааст. «Тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон вазорати адлия ҳуқуқ дорад, ки санҷиши фаъолияти созмонҳои хайрияву ҷамъиятиро ҷиҳати риояи қонунҳо баргузор намояд, вале раҳбарияти намояндагии созмони мазкур ин масъаларо нодида гирифт», – изҳор дошт сарчашма.





Ба гуфтаи намояндаи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ намояндагони созмонро ӯҳдадор сохтааст, ки барои санҷиши фаъолият ҳамаи асноди заруриро ба вазорати адлия пешниҳод созанд.



Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд садамаи нақлиётии бузурге рух дод

0


Панҷакент. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд садами нақлиётии бузурге рух дод, ки нафарони зиёде аз он ҷабр диданд.




Аз идораи сохтмону истифодаи роҳҳои (ДЭУ) рақами 6-и ноҳияи Айнӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар километри 144-уми роҳ дар натиҷаи садама се мошини навъи хориҷӣ – «КИА», «Хондай» ва «Опел Астра» бо 21 нафар мусофирон ба ҷарӣ сарозер шуданд.



Ба иттилои манбаъ, айни замон шаш нафари ҷабрдидагон ба беморхона бурда шуда, аз тақдири 15 нафари боқимонда алҳол чизе маълум нест. Корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҷои ҳодиса идома доранд.



Тибқи маълумоти пешакӣ, садама дар натиҷаи беэҳтиётиву саҳлангории яке аз ронандагон ба вуқӯъ пайвастааст.


Дар шаш моҳи соли ҷорӣ даромади софи ҶСК «Бонки Эсхата» ба беш аз $1 млн. расид

0


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ даромади софи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 71 фоиз афзуда, 4 миллион сомониро (беш аз $1 миллион) ташкил дод.




Аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин давра дороиҳои бонк тақрибан 117 фоиз афзуда, аз 236 миллион сомонӣ зиёдтар шуданд. Сармояи бонк то 47 миллион сомонӣ расидааст. Ин рақам соли гузашта ба 24 млн. сомонӣ баробар буд.



Тибқи маълумоти сарчашма, сандуқи қарзии бонк нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140 фоиз бештар гардида, 138 миллион сомониро ташкил медиҳанд.



«Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонк ҷалби

 

маблағҳои аҳолӣ мебошад, – идома дод манбаъ. – Агар дар ҳамин давраи соли гузашта сандуқи депозитии бонк ба 30 миллион сомонӣ баробар буд, пас соли равон он ба 50 миллион сомонӣ расидааст».



Зикр гардид, ки айни замон бонк бо тамоми низомҳои байнулмилалии интиқоли маблағҳои пулӣ ҳамкорӣ мекунад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 100 нуқтаҳои интиқоли маблағҳои пулӣ фаъолият доранд, ки тавассути кори пурсамари онҳо ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба 180 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти бонк бозгӯи таҳкими устувории молиявӣ ва афзоиши ҷалби сармоягузорӣ мебошад.



Дар қаламрави ҷумҳурӣ бонк дорои 8 шӯъба ва 100 нуқтаи интиқоли маблағҳои пулӣ аст. «Рӯзҳои наздик мувофиқи қарори раёсати Бонки миллӣ боз 5 шӯъбаҳои баҳисобгириву қарзии бонк ба шӯъбаҳои комил табдид дода мешаванд», – афзуд сарчашма.


То имрӯз дар кишзорҳои ҷумҳурӣ 70 фоизи ҳосили гандум ҷамъоварӣ карда шуд

0



Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 218 ҳазору


390 гектар

майдони кишти зироати ғалладона то имрӯз дар 157 ҳазору 60 гектараш ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин беш аз 70 фоизи ҳосили гандумро ташкил медиҳад. Сухангӯи вазорати кишоварзии Тоҷикистон Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки гандуми 140 ҳазору

954 гектар

кӯфта шудааст.




Ба гуфтаи ӯ, ҳосили даравидаи гандум 268 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Соли гузашта ин рақам ба 203 ҳазору 342 тонна баробар буд. «Ҳосилнокии миёна аз ҳар гектар 19 сентнер аст», – гуфт ӯ.



Мувофиқи маълумоти вазорат, аз майдони умумии кишти зироати ғалладона, ки 284 ҳазору 237 гектарро ташкил медиҳад, дар 173 ҳазору

948 гектар

ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳаҷми умумии ҳосили кӯфташудаи зироати ғалладона ба беш аз 295 ҳазор тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳазор тонна зиёдтар аст. Аз вазорат иттилоъ доданд, ки соли равон норасоии зироати ғалладона пешбинӣ намегардад, зеро нисбат ба соли гузашта 30 фоиз бештар чунин зироат кишт карда шудааст. «Айни замон кишти такрорӣ гузаронида мешавад», – афзуд сарчашма.


Дар Душанбе масъалаи таҷдиди нерӯгоҳи обиву барқии «Варзоб» баррасӣ мешавад

0


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар даҳаи аввали моҳи август ҳайати энергетикҳои Ҳиндустон барои ҳалли масъалаҳои марбут ба тҷдиду бозсозии нерӯгоҳи обиву барқии «Варзоб» ба шаҳри Душанбе. меоянд.




Зикр гардид, ки зимни сафар масъалаи татбиқи ёддошти тафоҳум оид ба бозсозии нерӯгоҳ, ки соли гузашта миёни вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон ва вазорати энергетикаву саноати Тоҷикистон ба имзо расида буд, мавриди муҳокима қарор мегирад. Барои амалисозии он ҳукумати Ҳиндустон 13 миллион доллари амрикоӣ бурс ҷудо кард.



«Ҳангоми боздиди ҳайати Ҳиндустон ҳамчунин масъалаи интиқоли гидротурбинаҳои сохташуда дар корхонаҳои Ҳиндустон ва таҳияи реҷаи кории иваз намудани онҳо ҳал хоҳад гардид», – изҳор дошт манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки мувофиқи маълумоти коршиносон, бо таҷдиди нерӯгоҳ имкон пайдо хоҳад шуд, ки иқтидори истеҳсолии он аз 2,3 МВт то 4,4 МВт зиёдтар карда шавад. Нерӯгоҳи «Варзоб» соли 1936 мавриди истифода қарор гирифта, нерӯгоҳи аввалин дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад.


Раиси ҲНИТ бо даъвати доираҳои коршиносони сиёсӣ ба Судон рафт

0


Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳафтаи ахир дар Туркия қарор дошт, бо даъвти доираҳои сиёсии Судон ба ин кишвар сафар намуд.




Роҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамин моҳ М.Кабирӣ ба Малайзия низ сафар хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, раиси ҳизбро доираҳои сиёсиву илмии кишварҳои номбурда даъват мекунанд. «Зимни боздидҳо раиси ҳизб бо намояндагони доираҳои сиёсии ин кишварҳо мулоқот ороста, бо маърӯзаҳо баромад мекунад ва бо донишҷӯёни тоҷики муқими он ҷо вохӯрӣ доир месозад», – гуфт Ҳ.Сайфуллозода.



«Охири моҳи август сафари раиси ҳизб ба як қатор шаҳрҳои Русия ва мулоқоти ӯ бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба нақша гирифта шуда буд, вале ин сафарҳо онро ба таъхир меандозанд ва акнун лозим меояд, ки моҳи сентябр ин корро анҷом дод», – афзуд ӯ.


Омӯзгори порахӯр ба ҳабс гирифта шуд

0


Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни санҷиши аризаи сокини шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муовини сарвари литсеи касбиву техникии пойтахт Амрихудо Назриддиновро ба ҳабс гирифтанд.




Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар аризаи худ сокини шаҳри Душанбе хабар додааст, ки А.Назриддинов барои қабули довталаб аз ӯ ва шиносаш 600 доллари амрикоӣ тамаъ кардааст.



«Чанде пештар омӯзгор ҳангоми гирифтани пора дар утоқи кориаш ба ҳабс гирифта шуд», – изҳор дошт манбаъ. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот бурда мешавад.


«Тоҷикгаз» қисман қарзи Ӯзбекистонро пардохт кард

0


Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз» қисман қарзи истифодаи газро ба маблагӣ 3 миллион доллари амрикоӣ ба Ӯзбекистон пардохт намуд.




Мудири кулли корхона Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки айни замон корхона боз 5 миллион доллари амрикоӣ аз Ӯзбекистон қарздор аст.



«Қаблан ба Тоҷикистон дар як соат то 10 ҳазор метри мукааб газ интиқол дода мешуд, айни замон бошад, он то 20 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.



Мавсуф изҳор дошт, ки феълан газро дар ҳаҷми пурра

 

танҳо Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» ва қисман КВД-и «Тоҷиксемент» истифода мебаранд.



Қарздорони асосии «Тоҷикгаз» ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» ($2,7 млн.) ва КВД «Тоҷиксемент» ($1 млн.) мебошанд.