Ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ бо боздиди корӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад

0


Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) Ларс Туннел ҷиҳати боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.




Аз намояндагии ташкилот хабар доданд, ки боздиди корӣ дар таърихи 11-14-уми август ба нақша гирифта шуда, зимни он ноиби президенти корпоратсия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад орост. Дар вохӯрӣ муҳокимаи масоили вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону ин созмони бонуфузи молиявии байнулмилалӣ дар назар аст.




Маълумотнома:

IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), ин узви гурӯхи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ буда, тавассути маблағгузории сохтори хусусӣ, сафарбаркунии маблағи хусусӣ дар бозорҳои молиявии байналхалқи ва маҳаллӣ, пешниҳоди маслиҳат ва хизмат ба сохтори хусусиву давлатӣ оид ба бартараф кардани хавф барои рушди иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад. Аз нуқтаи назари IFC, аҳолӣ бояд барои аз бӯҳрони камбизоатӣ баромадан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш имконият дошта бошад. Дар соли молиявии 2007 IFC 8,2 млрд. дол. ИМА маблағгузорӣ намуд ва илова бар ин 3.9 млрд дол. ИМА-ро тавассути

 

қарзҳо сафарбар кард ва барои 299 инвеститсия дар 69 кишвари рӯ ба тараққӣ маблағгузорӣ кард. IFC инчунин дар 97 кишварҳои ҷаҳон лоиҳаҳои машваратӣ амалӣ мекунад.


Маҳмуди Аҳмадинажод ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе меояд

0


Душанбе. 2-август. ОИ «Азия-Плюс» – 31 июли соли 2008 дар ҷараёни боздиди расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Маҳмуди Аҳмадинажод доир гардид.




Дар




вохӯрӣ




масъалаҳои




дуҷониба




ва




ҳамкории




ду




кишвар




дар




доираи




созмони




байналмилалӣ


,


инчунин




вазъияти




минтақа




ва




масъалаҳои




амният




мавриди




баррасӣ




қарор




гирифтанд


.



Ҳангоми сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳбарияти Тоҷикистон нисбати дастгириаш минатдории самимӣ изҳор дошта, тасдиқ кард, ки дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 28 август дар Душанбе баргузор мегардад, ҳамчунин дар вохӯрии сарони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки баъди ҷаласаи Шӯрои сарони СҲШ ба нақша гирифта шудааст, иштирок хоҳад кард.



Ҳамрохон




Зарифӣ




оид




ба




тадбирҳое


,


ки




роҳбарияти




Ҷумҳурии




Тоҷикистон




оид




ба




таҳкими




муносибатҳои




дуҷониба




меандешад


,


муфассал




маълумот




дода


,


инчунин




пешомадҳои




ҳамкориҳо




сеҷонибаро




бо




иштироки




давлати




ҳамсоя





Афғонистон




махсус




арзёбӣ




намуд


.



Дар рафти сӯҳбат роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамсӯҳбати худ ҳамфикрӣ иброз намуда, нисбати бисёр масъалаҳои матраҳшуда, аз ҷумла, ташкил кардани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир кард.



Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Дар доираи баргузории намоишгоҳи миллии Чин бо Тоҷикистон 4 шартнома ба имзо расид

0


Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз намоишгоҳи миллии Чин дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ки зимни мулоқоти муовини раиси палата Асаналӣ Карамалиев бо иштирокчиёни намоишгоҳ натиҷаҳои он ҷамъбаст гардиданд.




Зикр гардид, ки намоишгоҳ муваффақона баргузор шуда, миёни ширкатҳои Чин ва Тоҷикистон 4 шартнома оид ба додугирифти семент, коғаз, истеҳоли пиво ва ду лифт барои биноҳои баландошёна ба имзо расид.



Ҷониби Чин шарикони тоҷикистонии худро барои иштирок дар Ҳамоиши иқтисодии Чину Осиё (сентябр) ва намоишгоҳи дуввуми автомобилии Урумчӣ (октябр) даъват кард.



Ёдрас мекунем, ки Намоишгоҳи миллии Чин таҳти унвони «Тиҷорат ва сармоягузории Чин ва Тоҷикистон» аз 29-уми июл то 1-уми август дар маамааи давлатии «Кохи Ваҳдат» доир гардида, дар он беш аз 70 корхонаву ширкатҳои ин давлат маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд.




Раисони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҳисор, Ёвон, Данғара ва Ваҳдат ба президент телефонӣ ҳисобот доданд

0





Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Р





аиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба Президенти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон Эмомал




ӣ




Раҳмон аз рафти корҳо дар хо




ҷ




агии халқи вилоят телефон




ӣ




ҳисобот дод.








Тава




ҷҷ




ӯ




ҳи махсус ба кишти такрории заминҳои об




ӣ




, корҳои ободонию созандаг




ӣ




ва омодаг




ӣ




ба зимистон зоҳир гашт. Сарвари давлат Эмомал




ӣ




Раҳмон ҳамчунин баҳри захира намудани ангишту гази моеъ ва зиёд кардани нуқтаҳои фур




ӯ




ши онҳо дар тамоми қаламрави вилоят ба Қоҳир Расулзода дастуру супоришҳои қатъ




ӣ




дод.







Вазифаҳои мушаххас ҳамчунин оид ба омодагии хуб ба та




ҷ




лили




ҷ




ашни истиқлоли давлатии То




ҷ




икистон ва 1150-солагии Аб




ӯ




абдуллоҳ Р




ӯ




дак




ӣ




гузошта шуд.








Ҳамчунин б





а





президент





раисони ноҳияҳои Ҳисор, Ёвон, Данғара ва Ваҳдат





низ






 

телефон




ӣ




ҳисобот доданд.







Аз рафти кишти такрор




ӣ




дар ин ноҳияҳо изҳори қаноатманд




ӣ




карда шуд, хусусан аз ноҳияҳои Ҳисору Данғара, зеро то 28 июли соли равон деҳқонони ноҳияи Ҳисор ду баробари нақша ва Данғара баробар ба 122 дар сади нақша заминҳои обиро дубора истифода бурдаанд.







Дар ноҳияҳои Ваҳдату Ёвон ин нишондод мутаносибан ба 96 ва 90 дар сади нақша баробар шудааст.







Сарвари давлат ба онҳо оид ба




ҷ




амъоварии беталафи ҳосили ғалладона, сабзавоту полез




ӣ




, зироатҳои л




ӯ




биёгию х




ӯ




роки чорво ва таъмини захираи фаровон барои зимистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.











«Захираи фаровони маводи с




ӯ




хт ва зиёд кардани нуқтаҳои фур




ӯ




ши ангишту гази моеъ низ бояд аз мадди назар дур намонад», – таъкид намуд





с





арвари давлат.






 













Эмомал




ӣ




Раҳмон дар назди раиси вилояти Суғд ва раисони ҳамаи ноҳияҳои номбурда

  

ҳамчунин оид ба ғамхор




ӣ




ба эҳтиё




ҷ




оти соҳаҳои маорифу тандуруст




ӣ




, омодагии




ҷ




идд




ӣ




ба соли нави таҳсил, таъмиру тармими муассисаҳои таълим




ӣ




ва таъмини онҳо бо ашёи хониш супоришҳои мушаххас гузошт.





Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.









Муҷассамаи Абӯабдулло Рӯдакӣ аз Маскав ба Душанбе оварда шуд

0


Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ аз Маскав ба Душанбе оварда шуд.




Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки барои дар сатҳи баланд в шоиста таҷлил намудани ҷашни 1150-умин солдгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ мақомоти шаҳрдории пойтахт омода сохтани

 

муҷассамаро дар Русия фармоиш дод.



Муҷассама дар боғи Рӯдакӣ, ки айни замон дар он корҳои сохтмонӣ идома доранд, гузошта хоҳад шуд.



Муҷассамаро ҳайкалтароши Русия Александр Рукавишников омода сохтааст. Он биринҷӣ буда, баландиаш


7 метр

аст.



«Зимни овардани муҷассама аз шаҳри Маскав намояндаи ҳукумати шаҳр, сардори раёсати сохтмони асосӣ Ҳокимҷон Шарипов иштирок дошт», – афзуд манбаъ.




 

Дар сайёра гирифтагии хуршед фаро расид

0


Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мардуми бисёре аз нуқоти ҷахон имрӯз гирифтагии комили хуршедро мушоҳида хоҳанд кард.


Бо қарор гирифтани моҳ дуруст бар руйи хатте фарзи миёни хуршед ва замин сояе тира бар сатҳи курра хоҳад афтод.




Гирифтагии офтоб дар манотиқи қутбии Канадо оғоз хоҳад шуд ва дар минтақаи Ҷоддаи Абрешим дар шимоли Чин поён хоҳад ёфт. Онро дар Тоҷикистон низ метавон мушоҳида кард. Бахшҳое аз шимоли Русия барои ду дақиқаву 27 сония торик хоҳад буд, аммо Бритониё дар соъати даҳху шонздаҳ дақиқа ба вақти расмии ин кишвар танҳо як гиифтагии ноқисро шоҳид хоҳад буд.



Ин гирифтагии ноқисро дар саросари Аврупо, Осиё ва Омрикои Шимолӣ метавон дид. Чунонки ҳар бор ба ҳангоми гирифтагӣ расм аст, ҷаҳонгардон ва мунаҷҷимони ҳирфаӣ ва ҳавасманд ба беҳтарин нуқоти чашмрас дар масири хуршедгирифтагии комил сарозер шудаанд.



Дар Новосибирскк, пойтахти фарҳангӣ ва илмии Сибир, беш аз панҷ ҳазор ҷаҳонгарди хориҷӣ дар шаҳр таҷаммӯъ хоҳанд кард. Гирифтагии комил маъмулан ҳар 18 моҳ як бор ва ҳамеша ҳангоми моҳи нав иттифоқ меуфтад.



Мадори моҳ нисбат ба мадори замин (ба даври хуршед) каме инҳироф дорад, бино бар ин сояи моҳ банудрат рӯйи замин меуфтад, падидае, ки аз нуқтаи назари заминиҳо ба сурати хуршедгирифтагӣ ҷилва мекунад. Дар мавриди гирифтагии имрӯза, аз нуқтаи назари касоне, ки дар Лондон ҳастанд, ҳадди аксар 12 дарсади сатҳи хуршед пӯшида хоҳад шуд.



Аммо дар арзҳои ҷуғрофиёии болотар вазъ беҳтар аст ва масалан дар Лервик, дар ҷазоири Шетланд, хуршедгирифтаги 36 дарсад хоҳад буд. Ахтаршиносон ба мардум ҳушдор медиҳанд, ки нигоҳ кардан ба хуршед бидуни абзори муҳофизати ҳатто дар мавриди хуршедгирифтагии ноқис метавонад ба сӯхтагии шабакия ва осеби доимии чашм ва кӯрӣ мунҷар шавад. Танхо бояд бо филтирҳои махсус ба хуршед нигоҳ кард ва ҳатто

айнаки офтобӣ низ барои ин кор муносиб нест.



Мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории ҳукумати шаҳри Истаравшан ҳангоми порагирӣ дастгир шуд

0


Хуҷанд. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории ҳукумати шаҳри

 

Истаравшан Ҳафиз Ҷумъаев ҳангоми порагирӣ дастгир карда шуд. Аз дафтари матбуоти Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, ки Ҳ.Ҷумъаев ҳангоми маротибаи дуввум гирифтани 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ аз шаҳрванд барои ҷудо намудани қитъаи замин дастгир карда шудааст.




«Ӯ маротибаи аввал аз шаҳрвнанд ҳамин миқдор маблағ гирифта, ваъда медиҳад, ки ба ӯ қитъаи замин ҷудо мекунад, вале бо баҳонаҳои зиёде асноди онро омода насохта, боз 1,5 ҳзор доллари амрикоӣ талаб мекунад ва зимни гирифтани он дастгир карда мешавад», – гуфт сарчашма. Шаҳрванди порадода ба мақомот хабар медиҳад ва зимни баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ Ҳ.Ҷумъаев боздошт шуда, ба ҳабс гирифта мешавад.


Дар Исломобод созишнома оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ба тасвиб мерасад

0


Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 3-5 август дар Исломобод конфронси чаҳоруми иштирокчиёни лоиҳаи бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ доир мегардад.




Аз ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд, ки иштирокчиёни лоиҳаи


CASAREM




(Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ният доранд, лоҳаи сохтмони хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии ин минтақаро

 

ба имзо расонанд.



Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Кобул Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Қирғизистон Ёддошти тафоҳуми таъсиси хатҳои интиқоли барқи миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба имзо расониданд. Ёддошти мазкур сохтмони хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистонро пешбинӣ мекунад.



Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, дар Исломобод ҳамчунин бо ташаббуси Бонки рушди Осиё масъалаи созишномаи нерӯи барқи Тоҷикистонро харидорӣ намудани Афғонистон низ баррасӣ хоҳад шуд. Афғонистон хостори он аст, ки нерӯи барқро бо нархи 1 сент харидорӣ намояд, вале Тоҷикистон нархи онро 3,5 сент муқаррар кардааст.



Тибқи лоиҳаи харидории нерӯи барқи Тоҷикитон аз ҷониби Афғонистон сохтмони хати итиқоли барқи 220 кВ «Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ» ба нақша гирифта шудааст, ки ҷиҳти бунёди он Бонки рушди Осиё тақрибан 22-23 миллион доллари амрикоӣ сарф карданист. Мувофиқи муқаррароти созишнома, сохтмони хати интиқоли барқ, ки


120 км

дарозӣ дорад, моҳи октябри соли

 

ҷорӣ оғоз гардида, баҳори соли 2010 ба истифода дода мешавад. Дар давоми солҳои 2010-2015 интиқоли барқ танҳо дар давраи тобистон сурат хоҳад гирифт ва бо мавриди истифода қарор додани нерӯгоҳи обию барқии «Роғун» он муддати тамоми сол амалӣ хоҳад гашт.




 

То охири соли 2008 дар Тоҷикистон 12 нерӯгоҳҳои хурди обию барқӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт

0


Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини сармуҳандиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Рашид Гулов изҳор дошт, ки бо дастгирии молиявии сармоягузоронги хориҷӣ то охири соли 2008 дар Тоҷикистон 12 нерӯҳои хурди обию барқӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.




«8 лоиҳаи бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқию обӣ аз ҷониби Фонди давлати Қувайт ба маблағи 11,4 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешаванд, ки 2,4 миллион доллари амрикоии он ҳиссаи Тоҷикистогн аст», – гуфт ӯ.



Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид боз чаҳор лоиҳаи сохтмони чунин нерӯгоҳҳо амалӣ мегарданд.


М.Демпси: Мо Тоҷикистону Афғонистонро дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дастгирӣ хоҳем кард

0


Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз мулоқоти дусоата бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Мартин Демпси изҳор дошт, ки Амрико Тоҷикистон ва Афғонистонро дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дастгирӣ хоҳад кард.




«ИМА барои таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон мутахассисони тоҷикро ба омӯзиш фаро хоҳад гирифт», – гуфт ӯ.



Дар мавриди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ӯ чунин изҳори

 

назар намуд, ки барои решакан кардани истеҳсоли нашъа дар Афғонистон тарзу воситаҳои дигари пешбурди зиндагиро ба аҳолии ин кишвар бояд пешниҳод кард.



М.Демпси бо сафари нахустини расмӣ дар таърихи 31-уми июл ба Тоҷикистон омада, бо президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Ш.Хайруллоев мулоқот намуд. Аз Душанбе ӯ озими Бағдод гашт.