Дар ноҳияи Шӯрообод «Амонатбонк» бори нахуст беш аз 1,5 млн. сомонӣ қарз ҷудо кард

0


Кӯлоб. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ шӯъбаи дар ноҳияи Шӯрообод будаи «Амонатбонк» 1 млн. 519 ҳазору 570 сомонӣ мабалағҳои қарзӣ ихтисос дод, ки бори нахуст 816,5 ҳазори он маблағҳои бевоситаи бонк мебошанд.




Раиси шӯъбаи бонк дар ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов таъкид сохт, ки танҳо соли ахир бонк ҳамчун муассисаи қарздиҳанда ба иҷрои вазифаҳои таъинотии худ ноил гашт.



Ба қавли И.Азизов, ҳукумати Тоҷикистон аз оғози сол ба ноҳия 370 ҳазор сомонӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо кардааст, ки 25 ҳазори он (бо 7 фоизи солона) ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, 30 ҳазор ба соҳаи чорводорӣ ва 315 ҳазор ба ғаллакорон дода шудааст. Ӯ изҳор дошт, ки ба соҳаи ғаллакорӣ миқдори зиёди қарзҳоро ҷудо кардан бесабаб нест, зеро соли равон ғаллакорони ноҳия вазифадор карда шудаанд, ки ба ҳар сари аҳолии ноҳия (ҳудуди 50 ҳазор нафар) на камтар аз


400 кг

зироати ғалладона истеҳсол намоянд.



«Ғаллакорон ҳамчунин аз қарзҳои бевоситаи бонк 714 ҳазор сомонӣ (бо 36 фоизи солона) ва 40 ҳазор сомонӣ (бо 24 фоизи солона) низ истифода бурданд, – идома дод ӯ. – Дар маҷмӯъ, 329 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

 

аз бонк қарз гирифтанд».


Бобати таҳқиқи ҳодисаи муноқишаи Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд

0


             Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нисбат ба таҳқиқи ҳодисаи муноқишаи ҷавонони шаҳри Хуҷанд бо коргарони Чин, ки дар бунёди роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» кор мекунанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.




Аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар задухӯрд тахминан 30-40 нафар иштирок доштаанд. «Мо маълумоте дорем, ки миёни коргарони Чин нафароне будаанд, ки қаблан доғи судӣ доштаанд, – изҳор дошт манбаъ. – Тибқи қонунгузории кишвари мо, шахси доғи судӣ дошта муддати панҷ соли пас аз адои ҷазо ҳуқуқ надорад қаламрави кишварро тарк намояд ва акнун лозим аст, муайян созем, ки ин нафарон чӣ тавр ба Тоҷикистон омадаанд».



Ёдрас мекунем, ки дар шоми рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар микрорайони 18-уми шаҳри Хуҷанд миёни ҷавонони маҳаллӣ ва сохтмончиёни Чин, ки дар бунёди роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» фаъолият доранд, задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.





Тибқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, сохтмончиёни Чин ба қаҳвахона омада, дар он ҷо бо ҷавонон ҷанҷол мебардоранд. Дар бораи осебдидагону саркардагони задухӯрд маълумоте нест. Танҳо маълум аст, ки аз ҳар ду ҷониб нафарони дар ин ҳодиса дастдошта боздошт шудаанд.





                Шоҳидони ҳодиса баён доштанд, ки задухӯрд дар қаҳвахонаи «Баҳор»-и назди мағозаи маъруфи «Оазис» руй додааст. Сохтмончиёни Чин бо аҳолии маҳаллӣ гапашон напухта, ҷанҷол мекунанд ва пас аз чанде гурӯҳи коргарони Чин омада, бо арматура шишаҳои мағозаҳо ва мошинҳоро ба шикастан оғоз менамоянд. Мағозаи «Оазис», қаҳвахона ва як мағозаи дигар осеб дидаанд.





                Баъди чанд муддате милисаҳо ва гурӯҳи фаврии зудамал он ҷо ҳозир шуда, нафаронеро, ки дар ин задухӯрд даст доштанд, боздошт мекунанд.




Маркази САҲА баргузории Мактаби тобистонаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсонро дастгирӣ мекунад

0


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ноҳияи Варзоб бо дастгирии Маркази Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Мактаби тобистонаи оммавии омӯзиши ҳуқуқи инсони Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ба фаъолият шурӯъ мекунад.




Корманди масъули шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Маркази (САҲА) Фирӯза Ғуломасейнова ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар мактаб бо 20 нафар донишҷӯёни бахшҳои иқтисоди макотиби олии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб ва Хуҷанд дар мавзӯи асосҳои назариявӣ ва амалии ҳуқуқи инсон ва механизмҳои дифоъ аз он машғулиятҳо гузаронида мешаванд.



«Дафъаи ҳаштум аст, ки бо дастгирии Маркази САҲА дар Душанбе чунин мактабҳо ташкил карда мешаванд, – идома дод ӯ. – Соли равон ҷиҳати баргузории мактаб ҳамчунин бо созмонҳои дигари байнулмилалӣ, аз қабили Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили гурезагон ва Агентии рушди Швейтсария муносибатҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд».


Муаллимони Роғуну Нуробод соҳиби дипломи маълумоти миёнаи омӯзгорӣ мешаванд

0


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз 47 нафар омӯзгорони шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод, ки курсҳои дусолаи бозомӯзии муаллимонро хатм карданд, соҳиби дипломи маълумоти миёнаи омӯзгорӣ мешаванд.




Аз Маркази идоракунии лоиҳаҳои соҳаи маориф ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки курсҳо бо ташаббуси вазорати маорифи ҷумҳурӣ барои такмили ихтисоси омӯзгороне, ки маълумоти тахассусӣ надоранд, созмон дода шудаанд.



Ёдрас мекунем, ки курсҳои мазкур ҷиҳати бозомӯзии муаллимони дорои маълумоти миёнаи умумӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи таҷдиди соҳаи маориф ба таври сканҷишӣ дар панҷ шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Ваҳдат, Роғун, Восеъ, Файзобод ва Нуробод) ташкил карда шуданд ва имрӯз 23 нафар муаллимони ҷавони шаҳри Роғун ва 24 нафар омӯзгорони ноҳияи Нуробод соҳиби диплом мешаванд.



Мувофиқи маълумоти ахири Вазорати маорифи ҶТ, макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба беш аз 6 ҳазор нафар омӯзгор ниёз доранд.


Дар майдони беш аз 100 ҳазор гектар замини кишвар кишти такрорӣ гузаронида мешавад

0


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон дар майдони 74 ҳазору


573 гектар

замин кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар маҷмӯъ, дар майдони беш аз 100 ҳазор гектар замин кишти такрорӣ гузаронида мешавад.




Ба иттилои манбаъ, кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 52 ҳазору

235 гектар

замин кишти такрорӣ гузарониданд, ки он 87,7 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, вале дар вилояти Суғд танҳо ба андозаи 40 дарсади нақша корҳо иҷро шудаанд.



Дар заминҳои холишуда аз гандум асосан зироати техникӣ, полизӣ лӯбиё, сабзавот ва шолӣ кишт карда мешавад.


Доираҳои сиёсии Тоҷикистон аз дастгирии ҷомеа дар сохтмони НОБ-и «Роғун» пуштибонӣ хоҳанд кард

0


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Доираҳои сиёсии Тоҷикистон аз дастгирии ҷомеа дар сохтмони НОБ-и «Роғун» пуштибонӣ хоҳанд кард.




Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров изҳор дошт, ки 2-уми августи соли равон дар марказ баргузории мизи мудаввар таҳти унвони «Дастгирии идомаи сохтмони НОБ-и «Роғун» дар ҷомеа» ба нақша гирифта шудааст. Чорабинии мазкурро Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегӣ созмон медиҳанд.



Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон оид ба оғози идомаи сохтмони нерӯгоҳ қарор қабул намуда, аз буҷаи кишвар ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар навбати аввал 50 млн. доллари амрикоӣ ихтисос дод ва эълом дошт, ки ин маблағ соли 2009 ба 150 млн. доллари амрикоӣ хоҳад расид. Бар замми ин, мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оғози сол аз сокинони Душанбе дархост намуд, ки маоши якмоҳаашонро ба суратҳисоби сохтмони нерӯгоҳ гузаронанд.



Аз рӯи лоиҳа, иқтидори НОБ-и «Роғун» 3,6 ҳазор МВт, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он беш аз 14 млрд. кВт/соат аст ва арзиши умумии он $3,4 млрд. мебошад.



Айни замон дар ҳаҷми беш аз 40% корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд, ки маблағи он 800 миллион долларро ташкил медиҳад.



Тибқи лоиҳа, навбати аввали нерӯгоҳ бояд дар муддати 4-4,5 сол ба истифода дода шавад, ки васли ду агрегати он бо иқтидори 800 МВт имкон медиҳад дар як сол то 5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардад.



Бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ҳанӯз соли 1976 оғоз гардида буд, вале ба иллати муташанниҷ гаштани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, соли 1990 сохтмони он қатъ шуд.



Соли 2004 зимни сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон перомуни ширкати Русия дар бунёди нерӯгоҳ мувофиқа ҳосил гардида буд. Ширкати «Русский алюминий» бунёди навбати аввали нерӯгоҳро ба ӯҳда гирифт. Аммо «РУСАЛ» ва ҳукумати Тоҷикистон бобати масоили мушаххасоти техникии нерӯгоҳ ба мувофиқае омада натавонистанд ва Тоҷикистон расман изҳор дошт, ки минбаъд аз ҳамкорӣ бо ширкати Русия даст мекашад. Моҳи августи соли 2007 ҳукумати ҶТ ба таври якҷониба қарордодро бо ширкати «Русский алюминий» бекор кард ва барои идомаи бунёди нерӯгоҳ Консорсиюми байнулмилалӣ таъсис дод.



Моҳи марти соли 2008 Виктор Ющенко, президенти Украина, изҳор дошт, ки Украина низ манфиатдор аст, дар идомаи сохтмони нерӯгоҳ саҳм гузорад. Ҳамзамон Қазоқистон низ хостори иштирок дар сохтмони нерӯгоҳ аст.


Баррасии парвандаи ҷиноии қотилони рӯзноманигори рус боз мавқуф гузошта шуд

0


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мурофиаи баррасии парвандаи ҷиноии рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев нишондодҳои хешовандони онҳо шунида шуда, далелҳои шайъӣ – корд ва тасма барои шим ба ҳозирин пешкаш гардиданд ва мурофиаи навбатӣ бо ҳамин ба анҷом расид. Қарор шуд, ки мурофиа 29-уми июл дома хоҳад ёфт.




Ёдрас мекунем, ки судяи Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шӯҳрат Азимов зимни қироати айбномаи судӣ изҳор дошт, ки дар куштори рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимови 25-сола ва Наҷмуддин Муҳиддинови 20-сола гунаҳкор дониста мешаванд, ки бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади азхуд кардани амволи шахси дигар ин ҷиноятро содир кардаанд. Гумонбаршудагон дар мурофиа айбашонро ба гардан нагирифта, онро ба якдигар ҳавола мекунанд.



Ёдрас мекунем, ки хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.





Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ – 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дуздӣ дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.




Ҷавонони Хуҷанду сохтмончиёни Чин дастбагиребон шуданд

0



Хуҷанд. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соатҳои даҳи шоми гузашта дар микрорайони 18-уми шаҳри Хуҷанд миёни ҷавонони маҳаллӣ ва сохтмончиёни Чин, ки дар бунёди роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» фаъолият доранд, задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.






Манбаи мӯътамад аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар дод, ки сохтмончиёни Чин ба қаҳвахона омада, дар он ҷо бо ҷавонон ҷанҷол мебардоранд. Дар бораи осебдидагону саркардагони задухӯрд маълумоте нест. Танҳо маълум аст, ки аз ҳар ду ҷониб нафарони дар ин ҳодиса дастдошта боздошт шудаанд.






               

Шоҳидони ҳодиса баён доштанд, ки задухӯрд дар қаҳвахонаи «Баҳор»-и назди мағозаи маъруфи «Оазис» руй додааст. Сохтмончиёни Чин бо аҳолии маҳаллӣ гапашон напухта, ҷанҷол мекунанд ва пас аз чанде гурӯҳи коргарони Чин омада, бо арматура шишаҳои мағозаҳо ва мошинҳоро ба шикастан оғоз менамоянд. Мағозаи «Оазис», қаҳвахона ва як мағозаи дигар осеб дидаанд.






               

Баъди чанд муддате милисаҳо ва гурӯҳи фаврии зудамал он ҷо ҳозир шуда, нафаронеро, ки дар ин задухӯрд даст доштанд, боздошт мекунанд.






               

Аз беморхонаи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ки шаби гузашта касе бо ҷароҳати ҷисмонӣ ба касалхона оварда нашудааст ва онҳо аз ин ҳодисаву осебдидагон маълумот надоранд.



Дар Душанбе ҳудуди 20 фоизи биноҳо корношоям гаштаанд, – муовини директори Агентии сохтмон ва меъморӣ

0



Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Агентии сохтмон ва меъмории назди президенти ҶТ Мирзоҳусайн Султонов изҳор дошт, ки дар шаҳри Душанбе ҳудуди 20 фоизи биноҳои кӯҳна ва дар ҳолати сададмавӣ қарордошта корношоям гаштаанд.






«Аз байн бардоштани биноҳои кӯҳна амри табиӣ аст баҳри дигаргунсозии симои шаҳр ва аз он аҳолии пойтахт набояд дар ҳарос афтад», – гуфт ӯ.






 


 


             

Муовини директори агентӣ феълан суръати сохтмони иншшотҳоро дар шаҳри Душанбе қаноатбахш арзёбӣ намуд.






               

М.Султонов афзуд, ки ҳарчанд дар сохтмони иншшоти имрӯза тарзи меъмории замонавӣ истифода мешаваду он падидаи мусбат аст, вале ин ҷо анъанаҳои миллии сохтмони шаҳрҳо ба назари эътибор гирифта нашудаанд.






               

«Сабаб дар он аст, ки сохтмони бештари иншоот имрӯз аз ҷониби сармояи хориҷӣ ё соҳибкорони хусусӣ маблағгузорӣ карда мешавад ва онҳо дар интихоби тарзи ороиш ва меъмории он мустақиланд», – гуфт дар анҷом М.Султонов.



Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигорони хориҷӣ сӯҳбат орост

0



Душанбе. 23-уми июл. ОИ 2Азия-плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ хабарнигорони Ҷумҳурии Мардумии Чин сӯҳбат орост.






Онҳо воситаҳои бонуфузи ахбори умуми кишвари Чин, аз ҷумла радиои байналмилалии он, Агентии иттилоотии «Синхуа», рӯзномаҳои «Женмин жибао», «Гуанмин» ва «Венхуэй»-ро намояндагӣ мекунанд.





Гуфтугӯйи Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ асосан атрофи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мавзӯъҳои дар он баррасишаванда, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон ва муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар

 

сурат гирифт.





«Тоҷикистон ба дурнамои васеи Созмони ҳамкории Шанхай эътимоди комил дорад ва ин боварӣ бар натиҷаҳои мушаххаси муштарак, ки дар муддати кӯтоҳ ба даст омадаанд, асос ёфтааст», – изҳор дошт президенти Тоҷикистон.





Президенти мамлакат муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чинро аз афзалиятҳои стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки дар рӯзҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон

 

бояд як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расанд ва афзуд, ки онҳо самтҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла нафту газ ва ҳамчунин соҳаҳои алоқа, кишоварзӣ ва саноатро фаро хоҳанд гирифт. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ин санадҳо барои Тоҷикистон аҳамияти таъхирнопазир ва бағоят муҳим доранд.





Э.Раҳмон ҳамчунин бо хабарнигорони маҷаллаи байналмилалии «VIP-Premier» сӯҳбат орост.





Дар сӯҳбат бо хабарнигорони

 

«VIP-Premier» таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили рушди имрӯзаю ояндаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, муносибатҳои он бо Федератсияи Россия ва масъалаҳои ҷаласаи навбатии созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир карда шуд.





Сарвари давлат Россияро шарики стратегии табиии Тоҷикистон арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ҳузури мутаносиби ин давлат дар иқтисодиёти чумхурии мо дар баробари ҳамгироии хуби ҳарбӣ-сиёсӣ муносибатҳои иттифоқчигии ду кишварро мукаммал намуда, мушкилоти камарзиши мавҷударо бартараф месозад.





Президенти мамлакат аз омодагии хуб ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

 

ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз дар шаҳри Душанбе соли 2000-ум он дар заминаи «Панҷгонаи Шанхай» таъсис ёфта буд ва изҳор дошт, ки саммити навбатӣ ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ низ такони ҷиддӣ мебахшад.





Ӯ таъкид намуд, ки асоси ҳамаи ҳамгироиҳоро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай

 

амният ва иқтисодиёт ташкил медиҳанд. дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.