Хазинадори ҶДММ «Инко-Авиа» ба азхудкунии миқдори зиёди маблағҳои пулӣ гумонбар дониста мешавад

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –


Кормандони Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе зимни баргузории санҷиши фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) «Инко-Авиа», ки дар соҳаи хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ фаъолият мекунад, далели ғайриқонунӣ азхуд намудани маблағҳои пулиро ба миқдори зиёд ошкор сохтанд.






Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сархазинадори ҷамъият Нигора Холхӯҷаева аз 141 ҳазор сомонӣ маблағи чиптаҳои фурӯхташуда қисмашро барои эҳтиёҷоти худ сарф намуда, боқимондаашро бидуни тартиб додани санад ба шиносҳояш додааст. Дар чунин амали хазинадор тибқи моддаи 245-и Кодекси ҷиноии ҶТ аломатҳои содир намудани ҷиноят ба мушоҳида мерасанд.





Тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беморони СПИД 182 нафар зиёдтар шуданд

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беморони СПИД 182 нафар зиёдтар шуданд ва акнун шумораи умумии онҳо то моҳи июл ба 1 ҳазору 231 нафар расидааст. Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки аксари беморонро (989 нафар) мардон ташкил медиҳанд.






Мавсуф изҳор дошт, ки 681 нафари беморон тавассути сӯзандору, 309 нафар ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гирифтори беморӣ гашта, ба 10 нафар аз модарашон беморӣ гузаштааст ва дар 215 мавриди дигар роҳи гирифторӣ ба он норавшан аст.





С.Раҳмонов ёдовар шуд, ки аз замони ба қайд гирифтани бемори нахустин дар соли 1991, 96 нафар аз онҳо фавтидаанд.



Дар давоми як шабонарӯз дар Суғд ду нафар ба худкушӣ даст заданд

0



Хуҷанд. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон дар давоми як шабонарӯз ду ҳодисаи ба худкушӣ даст задан ба қайд гирифта шуд.






Аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин ҳодисаҳо дар ноҳияҳои Истравшан ва Конибодом рух додаанд.





Дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Истаравшан духтари 20 сола худкушӣ карда, дар ноҳияи Конибодом сокини 18-солаи ҷамоати Лоҳутӣ ба ин амал даст задааст.





Дар ҷойҳои ҳодиса асарҳои куштори маҷбурӣ дида намешаванд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи ҷустуҷӯи сабабҳои ба худкушӣ даст задани онҳо мебошанд. Тибқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар нимсолаи аввал дар вилоят 154 ҳодисаи худкушӣ ё кӯшиши содир кардани он ба қайд гирифта шудааст.



Ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» таъҷилан дар Қазоқистон фуруд омад

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз сухангӯи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мусофирони ҳавопаймои таъҷилан дар фурудгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон шоми дирӯз ба замин нишаста аллакай дар шаҳри Маскаванд.






Ба қавли ӯ, пас аз таъҷилан дар Чимкент фуруд омадани ҳавопаймои


Boeing


-737-300, аз Душанбе ҳавопаймои навъи Ту-154-и ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон роҳ сӯи Чимкент гирифта, мусофиронро ба Маскав расонид.





«138 нафар мусофир ва 6 сарнишини ҳавопаймо то омадани ҳавопаймои дигар аз ҳисоби ширкат бо ҷои истироҳат дар меҳмонхона таъмин карда шуданд», – гуфт Н.Давлатова.





Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ мегӯяд, ки ба иллати носозгорӣ дар низоми ҳавотозакунӣ зарурат пеш омадааст, ҳавопаймо таъҷилан фуруд ояд. «Айни замон комиссияи махсус сабабҳои рух додани чунин ҳолатро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст», – афзуд сухангӯи ширкат.





Ёдрас мекунем, ки субҳи имрӯз расонаҳои хабарии Қазоқистону Русия иттилоъ доданд, ки ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон таъҷилан дар фурудгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон фуруд омадааст. Ба касе осеб нарасидааст.




 


Марҳилаи аввали тамринҳои низомии «Марз-2008»-и кишварҳои узви СААД дар Арманистон шурӯъ шуд

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Арманистон марҳилаи аввали тамринҳои низомии «Марз-2008»-и кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) оғоз гашт.






Аз Раёсати ҳамкории байнулмилалии низомии Вазорати мудофиаи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тамринҳои низомӣ дар давраи тобистону тирамоҳи соли 2008 дар қаламрави кишварҳои Арманистону Русия доир гардида, дар он ҳудуди 4 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Арманистону Русия ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.





«Марҳилаи аввал ва дуввум марҳилаҳои сиёсӣ буда, дар он чораҳои кишварҳои узви СААД дар мӯътадил гардонидани вазъи муташанниҷи сиёсӣ

 

муайян карда мешаванд», – изҳор дошт манбаъ.





Ба қавли намояндаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар марҳилаҳои аввалу дуввум қисмҳо ва воҳидҳои низомии Тоҷикистон иштирок намекунанд.





«Дар марҳилаи аввали тамринот кишвари моро муовини аввали сардори ситоди кулл, генерал-майор Зариф Бобокалонов намояндагӣ хоҳад кард», – афзуд сарчашма.





Ёдрас мекунем, ки тамриноти низомии «Марз-2008» аз соли 2005 гузаронида мешаванд. То имрӯз онҳо дар қаламрави давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон доир гашта буданд. Ба СААД давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзо мебошанд.



Имрӯз баррасии парвандаи ҷиноии қотилони И.Шурпоев аз нав оғоз мегардад

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Интизор меравад, ки имрӯз дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии қотилони рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев аз нав оғоз мегардад. Ёдрас мекунем, ки 18-уми июл, дар мурофиаи нахустин бо дархости ҳимоятгарон баррасии парванда мавқуф гузошта шуда буд.






Ҳимоятгарони айбдоршудагон Наим Бердиев ва Одил Ёрбеков ин дархостро чунин шарҳ доданд, ки маводи парвандаи ҷиноӣ аз чаҳор ҷилд (беш аз 300 саҳифа) иборат буда, онҳо фурсат пайдо накардаанд, ки бо он шинос шаванд. «Ман танҳо ҳамин рӯз ба ҳимоят пардохтам, – гуфт О.Ёрбеков дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс». – Дар парванда баъзе ҷузъиёти хос ҷой доранд, ки омӯзиши дақиқи онҳо зарур аст, то аз ҷиҳати ҳуқуқӣ хулосаи дуруст бароварда шавад.







«Гап сари он аст, ки дар ҷараёни тафтиш Ятимов қисман ба гуноҳаш иқрор шудааст, аммо Муҳиддинов дар ягон ҳодиса худро гунаҳкор намеҳисобад, – идома дод ҳимоятгар. – Аз ин рӯ, ман бар ин назарам, ки мурофиа кашол хоҳад ёфт».





Мурофиа кушод буда, бо забони русӣ мегузарад ва дар он рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иштиок карда метавонанд. Ба мурофиаи додгоҳӣ судяи Додгоҳи Олии ҶТ Шӯҳрат Азимов раисӣ мекунад. Айбдоркунандаи давлатӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Азимҷон Абдуев аст.





Хешовандони рӯзноманигори марҳум ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба мурофиа ҳозир нашуданд.







Ёдрас мекунем, ки хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.







Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ – 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дуздӣ дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.





Имрӯз дар ҷумҳурӣ Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешавад

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон 19 сол қабл Қонун «Дар бораи забон»-ро ба тасвиб расонид, ки дар он мақому манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа муайян карда шуд. Мутобиқи Конститутсияи ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дода шуда, забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо дониста шудааст.






Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ нахустин шуда ба забони модарии аҳолии ҷумҳурӣ мақоми забони давлатиро сзовор донист.





Айни замон тамоми санадҳои давлатӣ ва қонунҳо бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, сипас ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд.





Соли 2008 дар қаламрави ҷумҳурӣ Соли гиромидошти забони тоҷикӣ эълон гардидааст.





Айни замон ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи забони тоҷикӣ бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумати ҷумҳурӣ маҷлиси ботантана доир шуда истодааст.





Имрӯз дар шаҳри Душанбе сайругашти оммавии шаҳрвандон, ҳунарнамоии санъаткорон, намоиши ва фурӯши маҳсулот дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Кӯли Комсомол» ва ва майдони «800-солагии Маскав» баргузор мешаванд.





Бегоҳӣ ҳамин гуна чорабиниҳо инчунин дар маркази фарҳангии «Пойтахт-80» (Амфитеатр) низ доир мегарданд, ки дар он аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои ҳунариву эҷодии дигар ва зиёиёни кишвар иштирок хоҳанд кард.



Хоҷагиҳову бонкҳо оид ба маблағгузории қарзии 92 ҳазору 678 гектар замини кишти пунбадона шартнома бастанд

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи механизми нави сармоягузории соҳаи пахтакорӣ, ки соли равон бори нахуст амалӣ мегардад, миёни хоҷагиҳову бонкҳо оид ба маблағгузории қарзии 92 ҳазору


678 гектар

замини кишти пунбадона шартномаҳо ба имзо расиданд.






Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бо кӯмаки бонкҳо ҳамчунин дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳои фючерсӣ оид ба маблағгузории боз 100 ҳазору

647 гектар

замини кишти пунбадона шартнома баста шудааст.





Ба гуфтаи ӯ, дар майдони 35 ҳазору

608 гектар

хоҷагиҳо бо маблағҳои худӣ кор мекунанд.





«Ҳамин тариқ, 228 ҳазору

933 гектар

ё худ 90,2 фоизи майдони мувофиқи нақша пешбинишудаи заминҳои кишти пунбадона маблағгузорӣ карда шудаанд, – гуфт муовини вазир. – Маблағи умумии шартномаҳои баимзорасида 433 млн. 809 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки беш аз 205 млн. ё худ 42,3 фоизи он аллакай азхуд карда шудаанд.





Ёдрас мекунем, ки тибқи механизми нави сармоягузории соҳаи пахтакорӣ ба

1 гектар

2 ҳазору 770 сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад (ҳудуди $808). Мувофиқи маълумоти ахири вазорати кишоварзӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ 29 ҳазору 200 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд.






 


Дар Қазон ТҒД-и Кӯлоб стратегияи танзими раванди муҳоҷирати меҳнатиро таҳия месозанд

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Қазон (Тотористон) конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Нақш ва мақоми ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) дар танзими равандҳои хориҷии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба анҷом мерасад.






Директори Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд»-и шаҳри Кӯлоб Додарбек Сайдалиев тавассути телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки конфронс аз ҷониби Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ), ҳукумати Тотористон ва Фонди кӯмаки иҷтимоиву ҳуқуқӣ ба созмонҳои миллии фарҳангӣ ва муҳоҷирони «Мусоидат»-и Ҷумҳурии Тотористон созмон дода шудааст.





Ба қавли ӯ, дар конфронс намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки бевосита бо муҳоҷирони меҳнатӣ сарукор доранд, иштирок мекунанд.





Мавсуф мегӯяд, ки ташкилотҳои ғайридавлатӣ хоҳ нохоҳ бо масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ солҳои зиёде бевосита машғуланд, аммо миёни созмонҳои ғайриҳукуматии ин кишварҳо ягон ҳамоҳангии кору фаъолият ҳис намешуд.





«Бар асоси гузоришоту пешниҳодот дар конфронс стратегияи умумии ҳамкории мутақобилаи ТҒД бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситонӣ оид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ таҳия мегардад», гуфт ӯ ва афзуд, ки ҳамчунин масъалаҳои ташкил кардани механизми пурсамари танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави минтақаҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди шаклҳо ва тарзҳои ҳамкории касбии ТҒД бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, нақши диаспораҳо дар он ва ҳамгиройии муҳоҷирони меҳнатӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.



ҶДММ «Меридиана Трейдинг» даромадҳоро рӯйпӯш сохта, аз пардохти андоз саркашӣ кардааст

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –


Кормандони Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе зимни баргузории санҷиши фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) «Меридиана Трейдинг» дар масъалаи напардохтани андоз ба буҷаи давлат як қатор қонуншиканиҳоро ошкор намуданд.






Аз дафтари матбуоти агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷамъияти мазкур, ки ба он Абдулмӯмин Иброҳимов роҳбарӣ мекунад, тавассути таҳияи санадҳои тақаллубӣ дар давоми солҳои 2006-2008 ҳудуди 400 ҳазор сомонӣ маблағҳои пардохти андозро ба буҷаи давлатӣ рӯйпӯш сохтааст.





«Агентӣ ҷиҳати аз ҶДММ «Меридиана Трейдинг» ба фоидаи давлат рӯёнидани маблағи қарзи пардохти андоз ба суди иқтисодии Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод кард», – афзуд манбаъ.