Дар вилояти Хатлон мизони ба ҷиноят даст задани ноболиғон коҳиш ёфтааст

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Паём» – Прокуратураи вилояти Хатлон мегӯяд, дар соли равон 34 ҷинояти содиршуда дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон кори дасти ноболиғон будааст. Мирзо Фатҳуллоев, сардори шӯъба дар прокуратураи Хатлон, бо тайиди ин хабар гуфт, ҳарчанд дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта мизони ҷинояткории ноболиғон дар вилоят то 20 маврид коҳиш ёфтааст, аммо дар навоҳии ҷудогона дар ин робита аз тадобири лозим кор гирифта нашудааст.






Ин ҳам дар ҳолест, ки прокуратураи Хатлон бо ҳадафи коҳиши мизони ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон, қасд дорад чанд парвандаи дигареро дар робита ба волидони кӯдаконе, ки монеи рафтани фарзандон ба таълимгоҳҳо мешаванд, ба судҳо ирсол намояд.





Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов низ бо ёдоварӣ аз муҷозоти падару модари чандин ноболиғ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки ба фарзандон иҷозаи рафтан ба мактабро намедоданд, гуфтааст, бе шуғли дуруст ва назорат мондани ноболиғон аз сабабҳои аслии даст задани онҳо ба ҷиноят мебошад.



Дар водии Зарафшон муштариёни «Индиго Сомонком» як шабонарӯз бе алоқа монданд

0



Панҷакент. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муштариёни оператори алоқаи мобилии ширкати «Индиго Сомонком» дар водии Зарафшон муддати як шабонарӯз аст, ки ба ҷое занг зада наметавонанд – алоқа ба шабакаи оператор дастрас нест.






Дар маркази расмии хидматгузории ширкат дар шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, ки алоқа ба иллати носозгироҳои техникӣ қатъ гардидааст.





Ба гуфтаи манбаъ, алоқа дар тамоми қаламрави вилояти Суғд қатъ шудааст, яъне дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин мушкилот ҷой дорад.





«Дар нимаи дуввуми ҳамин рӯз тамоми носозгориҳои техникӣ бартараф карда мешаванд ва муштариён метавонанд аз хидматгузориҳои ширкат истифода намоянд», – афзуд сарчашма.





Маълумотнома: Оператори алоқаи


GSM


-и Тоҷикистон – ширкати «Индиго-Сомонком» аз ҷониби корпоратсияи амрикоии МТС моҳи марти соли 2000 таъсис дода шудааст. Ширкат беш аз 270 ҳазор нафар муштарӣ дорад. Соли 2007 «Сомонком» моликияти ширкати телекоммуникатсионии шведиву финнии «TeliaSonera» гашт ва саҳмияҳои шартии оператори алоқаи «Индиго Тоҷикистон»-ро харидорӣ намуд.



Сафари кории раиси ҲНИТ ба ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар хотима ёфт

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари кории раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳиддин Кабирӣ ба ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар хотима ёфт.






Роҳбари шӯъбаи таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки гурӯҳи кории ҳизб аз 6 ноҳияи вилояти Суғд – Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Ғончӣ ва Зафаробод боздид кардааст.





Мавсуф мегӯяд, ки дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи водии Зарафшон мулоқоту вохӯриҳо хуб сурат гирифтанд, вале дар се ноҳияи дигари вилоят гурӯҳи корӣ бо мушкилот мувоҷеҳ гаштааст.





«Моро бавижа мавқеи маъмурияти ноҳияи Шаҳристон ба тааҷҷуб гузошт, зеро онҳо нахостанд, бо мо гуфтушунид кунанд», – гуфт ӯ.





Дар вохӯриҳо бо сокинони ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафаробод масоили норасоии об ва тақсимоти замин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ҳамчунин сокинони ҳамаи ноҳияҳоро масъалаи сатҳи барномаҳои телевизионӣ давлатӣ ба ташвиш гузоштааст, – идома дод Ҳ.Сайфуллозода. – Ба назари онҳо барномаҳои телевизиони давлатӣ воқеияти зиндагиро таҷассум намесозанд ва онҳо аз симову фарҳанги миллӣ дуранд». Ҳ.Сайфуллозода чунин изҳори назар кард, ки шояд маҳз бо ҳамин сабаб дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд то ҳол нуфузи шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон назаррас аст.



USAID ва Шӯроҳои амрикоӣ оид ба таҳсили байнулмилалӣ оғози барномаи идоракунии китобхонаҳоро эълон мекунанд

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – О


ҷ


онсии Иёлоти Мутта


ҳ


идаи Амрико (ИМА) оид ба рушди байналхал


қӣ (USAID)


дар як


ҷ


оягӣ бо шӯро


ҳ


ои амрикоӣ оид ба та


ҳ


сили байналхал


қӣ


барномаи


«Р


обитаи


ҷ


омеа


ҳ


о


»-


ро


,


ки дар мавзӯи




идоракунии китобхона


ҳ


о пешбинӣ гардидааст


,


эълон мекунад.






Мушовир оид ба иттилооти сафорати ИМА дар Тоҷикистон Нигина Алиева хотиррасон намуд, ки


Барномаи


«


Робитаи


ҷ


омеа


ҳ


о


»


барои ша


ҳ


рвандони ИМА ва То


ҷ


икистон дар


ҳ


амкори


ҳ


ои мута


қ


обила дар кори


ҳ


алли мушкилоти касбии умум


ӣ


имконият


ҳ


ои густурдаеро фаро


ҳ


ам оварда


,


дар айни замон фа


ҳ


миши и


ҷ


тимо


ӣ


ва фар


ҳ


ангии мардуми ду кишварро васеъ менамояд


.







Ба гуфтаи ӯ, чун


ҳ


амгироии


ҷ


омеа


ҳ


ои кор


ӣ


ва касбии ду кишвар бо суръат инкишоф меёбад, фаро


ҳ


ам овардани имконият


ҳ


о барои муносибат


ҳ


ои мусбии мардуми Амрико ва Осиёи Миёна басо му


ҳ


им аст.







«Барномаи «Робитаи


ҷ


омеа


ҳ


о» имконияти ом


ӯ


зиши амалии се


ҳ


афтаинаро дар Иёлоти Мутта


ҳ


ида фаро


ҳ


ам месозад, ки дар давоми он иштирокчиён дар оила


ҳ


ои амрико


ӣ


зиндаг


ӣ


мекунанд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки иштирокчиён бо та


ҷ


рибаи идоракунии китобхона


ҳ


о шинос мешаванд ва бо коргарони китобхона


ҳ


о барои мубодилаи дониш ва та


ҷ


рибаи китобхонадор


ӣ




ҳ


амкории зич мекунанд.





Ба қавли Н.Алиева, дар озмун мутахассисони фаъоли со


ҳ


аи идоракунии китобхона


ҳ


ои миллии То


ҷ


икистон ва инчунин коргарони Вазорати фар


ҳ


анг, ки сохтори китобхона


ҳ


ои То


ҷ


икистонро ро


ҳ


бар


ӣ


мекунанд


,


иштирок карда метавонанд.







Мавсуф изҳор дошт, ки гур


ӯҳ


и мутахассисон моҳи октябр соли 2008 ба ИМА сафар мекунанд


.


Довталабон потенсиали ро


ҳ


бар


ӣ


дар со


ҳ


аи китобхонадор


ӣ


дошта, бояд дар То


ҷ


икистон зиндаг


ӣ


ва фаъолият дошта бошанд.





«Бартарият ба он довталабоне дода мешавад, ки ро


ҳ


барии китобхона


ҳ


ои миллии То


ҷ


икистонро дар


ӯҳ


да доранд, – идома дод ӯ. – Барои барномаи мазкур донистани забони англис


ӣ


зарур нест».



Пирону бепарасторони шаҳри Сарбанд аз буҷаи маҳаллӣ ҳар яке ба миқдори 30 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дарёфт карданд

0



                Душанбе


. 21-


уми




июл


.


ОИ



«



Азия





Плюс


»-«


Паём


»  –


Пирону




бепарасторони




шаҳри




Сарбанд




аз




буҷаи




маҳаллӣ




ҳар




яке




ба




миқдори


30


сомонӣ




кӯмакпулии




яквақта




дарёфт




карданд


.


Дар




ин




бора




Заириддин




Муҳсиддинов


,


роҳбари




дастгоҳи




шаҳри




Сарбанд




хабар




дод


.






З. Муҳсиддинов илова намуд, ки дар шаҳри Сарбанд танҳо 23 маъюб расман ба қайд гирифта шудааст. Аз тарафи корхонаву муассисаҳо бошад, ба мактаби маҳаллии нобиноён низ кӯмакҳои доимӣ мерасиданд.






 


Ҳаҷми интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кишвари ҳамсоя ба иллати қарзи Тоҷикистон, ки беш аз $7 миллионро ташкил медиҳад, боз ҳаҷми интиқоли газро ба Тоҷикистон коҳиш дод.






Муовини аввали директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз Шавкат Шоимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамарӯза ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамҷавор ҳудуди 528 ҳазор метри мукааб (наздик ба 22 ҳазор метри мукааб дар як соат)

 

газ интиқол дода мешуд. Ҷанде қабл ин рақам ба 30-40 ҳазор метри мукааб баробар буд.





«Ба иллати напардохтани маблағи қарзи истифодаи газ давлати ҳамсоя интиқоли онро коҳиш дод, – гуфт ӯ. – Айни замон маблағи қарзи истифода аз газ 7 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад».





Мувофиқи маълумоти Ш.Шоимов, феълан Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» (Корхонаи алюминии Тоҷикистон) дар ҳаҷми пурра газ мегирад ва қисман онро Ҷамъияти саҳомии кушоди «Тоҷиказот» истифода мебарад, ки дар он як хати истеҳсол фаъолият дорад.





Ба қавли ӯ, қарздорони асосӣ ширкати «Барқи тоҷик» ($3,8 млн.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» ($2,5 млн.) мебошанд ва интиқоли газ ба корхонаи «Тоҷиксемент» қатъ карда шудааст.





«Агар ширкату корхонаҳои мазкур мабалағи қарзро пардохт кунанд, дар он сурат «Тоҷикгаз» низ бо ҷониби Ӯзбекистон ҳисоббаробарӣ намуда, бобати барқарорсозии интиқоли газ дар ҳаҷми пурра гуфтушунид мекард», – афзуд Ш.Шоимов.



Э.Раҳмон: Мову шумо бояд баҳри рушди иқтисод қудрату нерӯи худро дареғ надорем

0




Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқот бо сокинони шаҳри Хоруғ дар варзишгоҳи марказии таҷдидшуда президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафари корӣ ба Бадахшон натиҷагирӣ намуд.






Ӯ қайд кард, ки дар деҳаи Бардараи ноҳияи Рӯшон як нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 160 киловатт, ки арзиши сохтмони он 600 ҳазор сомонӣ мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар робита ба ин масъала ӯ ҳамучунин хотиррасон сохт, кидар Бадахшон нерӯгоҳи барқи обии Помир-1, инчунин 35 нерӯгоҳи хурди барқиро сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло корҳои сохтмони як қатор нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи «Ширг» воқеъ дар ноҳияи Дарвоз, ки 1260 киловатт иқтидор дошта, чанде пештар бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардид, идома доранд. Ин нерӯгоҳ моҳи октябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад, ки он 80 фоизи ҳудуди Дарвозро бо барқ таъмин хоҳад кард.





Э.Раҳмон баён дошт, ки ҳоло мо дар даҳҳо мактабҳои олии кишварҳои дуру наздики хориҷӣ барои ояндаи ватанамон мутахассис тайёр карда истодаем. Танҳо дар соли хониши 2007-2008 аз Тоҷикистон 436 нафар донишҷӯён ва аспиранту докторантҳо ба хориҷи кишвар барои таҳсил ва пешбурди корҳои илмӣ фиристода шуданд, ки 34 нафари онҳо зодагони Бадахшон мебошанд. Имрӯз дар вилоят 320 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 18 интернати наздимактабӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо дорои 1670 компютер мебошанд. Бояд гуфт, ки зиёда аз 1200 адади он аз ҳисоби Фонди захиравии Президент ҷудо карда шудааст.





Дар мактабҳои вилоят ҳоло ба 16 хонанда як компютер рост меояд, ки ин ҳанӯз кам аст. Мо кӯшиш дорем, ки дар оянда низ барои иҷрои барномаи компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ миқдори зарурии компютерҳоро ҷудо намоем.

 






«Ҳавзаҳои бисёр дарёву рӯдхонаҳои минтақа маҳз аз кӯҳҳои осмонбӯси Помир шодоб мегарданд ва кӯли Сарез метавонад минтақаи Осиёи Марказиро бо 50 миллион нафар аҳолии он абадӣ аз оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд. Аз ин рӯ, итминон дорам, ки ҳамаи шумо –

 

мардуми сарбаланди вилоят низ баробари тамоми халқи Тоҷикистон бо меҳнати бунёдкорона барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлатамон –таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавории мамлакат, инчунин аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар саҳми арзанда ва муносиби худро мегузоред, идома дод сарвари давлат. – Имрӯз, бо вуҷуди як қатор мушкилоти мавҷуда дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи умумии 470 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст, ки онҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ислоҳоти соҳаи маорифу тандурустӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва барқарор намудани шабакаҳои обёрӣ нигаронида шудаанд. Боварӣ дорам, ки баъди татбиқи ин лоиҳаҳо, ки асосан аз ҳисоби маблағгузории қарзӣ ва ҳиссагузории мустақими Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд, симои шаҳру ноҳияҳои Бадахшон боз ҳам зебову ҷолибтар хоҳад шуд».





Сарвали давлат ёдовар шуд, ки сарзамини Бадахшон ва дигар водиҳои ҳосилхези Тоҷикистонро чун қадимтарин макони гандум ва дигар намудҳои ғалладонагӣ эътироф кардани ин олимон ва муҳаққиқони боиси ифтихор аст, вале дар баробари ин мо бояд ин сарзамини ҳосилхезу офтобӣ ва сероби хешро оқилона истифода барем, кишти такрорӣ, яъне аз як қитъаи замин ба даст овардани ду-се ҳосилро васеъ ба роҳ монем ва аз ҳар як ваҷаб замин фоида ба даст оварем.





Ӯ таъкид сохт, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ ба як фоҷиаи бузурги миллӣ табдил ёфта, имрӯз он натанҳо ба саломативу тақдири ҷавонон, балки ҳатто ба генофонди миллат ва амнияти кишвар таҳдид менамояд ва аз ин рӯ, мо бояд бар зидди нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ муборизаи беамон бурда, барои насли солим ва тақдири ояндаи фарзандони худ масъулият эҳсос намоем.





Дар анҷоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар бузургони миллат аз зодагони Бадахшон, аз қабили ходимони намоёни сиёсиву фарҳангӣ Шириншо Шотемур, Назаршо Додхудоев, Моёншо Назаршоев, Баҳодур Искандаров, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Мирсаид Миршакар, Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ, Раҳим Масов, Мӯъмин Қаноат, Гурминҷ

 

Завқибеков ва бисёр дигарон номбардори миллати мо дар арсаи ҷаҳон ёдовар гардида, аз ҳамаи сокинон даъват ба ба амал овард, ки дар ҳама самтҳои ҳаёт – роҳсозиву сохтмон, бунёди иншооти бузурги саноатӣ ва гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ ва боғдорӣ, инчунин рушди илму маориф ва фарҳанги миллӣ қудрату нерӯи худро дареғ надоранд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Дар Панҷ соҳибкори хусусӣ аз пардохти андоз ба миқдори $100 ҳазор саркашӣ кардааст

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –


Кормандони Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон зимни баргузории санҷиши фаъолияти


кооперативи истеҳсолии «Зоҳириён»-и ноҳияи Панҷ


дар масъалаи напардохтани андоз ба буҷаи давлат як қатор қонуншиканиҳоро ошкор намуданд.








Сардори дафтари матбуоти агентии номбурда Шарифбек Шарифов хабар дод, ки директори кооперативи мазкур Ҷалол Зоҳидов тавассути таҳияи санадҳои тақаллубии пардохти андоз даромадҳои корхонаро рӯйпӯш сохтааст.





«Дар натиҷаи ин аъмол ба буҷаи давлат


348 876 сомонӣ (беш аз $100 ҳазор) маблағҳои пардохти андоз


ворид нагаштанд», – зикр кард манбаъ. Доир ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  



Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ масъалаи имкони бекор кардани моратория ба узвият дар созмон муҳокима мешав

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки санаи 25-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, масъалаи имкони бекор кардани моратория ба узвият дар созмон муҳокима хоҳад шуд.






Дар ин хусус бо истинод аз сарчашма дар Вазорати корҳои хориҷии Русия сомонаи иттилоотии «ИнфоШОС» хабар медиҳад.





«Моратория ду сол идома ёфт. Айни замон мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки имкони тавсиаи созмонро муҳокима намоем», – гуфт манбаъ.





Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вазирон ҳамчунин масоили

 

омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони кишврҳои узви СҲШ-ро, ки 28-уми август дар Душанбе доир мегардад, низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Коршиносон тарҳи Нақшаи чорабиниҳои ИДМ бобати ташкил ва такмили асосҳои меъёрӣ оид ба меҳнатро баррасӣ мекунанд

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 22-23-уми июли соли 2008 дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҷаласаи гурӯҳи кории мутахассисон оид ба коркарди минбаъдаи тарҳи Нақшаи чорабиниҳои ИДМ бобати ташкил ва такмили асосҳои меъёрӣ оид ба меҳнат дар кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2008-2010 баргузор мешавад.






Мушовири дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Мария Гутсало хабар дод, ки дар лоиҳа коркард ва таҳияи 99 маҷмӯаҳои меъёрӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз қабили «Кор дар таҷҳизот», «Истихроҷи маъдан ва корҳои иктишофии геологӣ», «Кор дар нақлиёт» ва «Корҳо дар соҳаи энергетика ва хоҷагии манзилию коммуналӣ» пешбинӣ шудааст.





Ба гуфтаи ӯ, тарҳи қаблан таҳиягашта моҳи июн дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварҳои узви ИДМ асосан маъқул шуморида шуда буд.





«Дар ҳамин ҳол, зарурати муайян кардани сарчашмаҳо ва ҳаҷми молиягузорӣ, тақсимоти он барои иҷрокунандагон ва шарикони таҳиягари маҷмӯаҳо, мӯҳлат ва ҳаҷми корҳои иҷрошуда ба миён омад, – идома дод М.Гутсало. – Аз ин рӯ аъзои Шӯро ба хулосае омаданд, ки лоиҳа аз нав коркарду таҳия гардад».