Э.Раҳмон супориш дод, ки сохтмони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон дар зарфи ду соли оянда ба анҷом расонида шавад

0



Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маорифи


Ҷ


Т супориш дод, ки

 

сохтмони мактаб-интернати


ҷ


умҳурияв


ӣ


барои 650 нафар хонанда дар ноҳияи Р


ӯ


шон дар зарфи 1,5- 2 соли оянда ба ан


ҷ


ом расонида шавад.






Дина дар нимаи дуюми р


ӯ


з ӯ ба ноҳияи Р


ӯ


шон рафт. Дар ноҳияи Р


ӯ


шон сарвари давлат нахуст дар маросими ифтитоҳи биноҳои нави филиали «Агроинвестбонк» ва ш


ӯ


ъбаи молия иштирок намуда,

 

таъкид дошт, ки

 

ҳадаф аз сохтмони филилаҳои бонкҳои саҳҳом


ӣ


дар ҳамаи ноҳияҳои дурдасти к


ӯ


ҳистон, афзоиш додани қарздиҳии хурд ба соҳибкорони деҳот ва осон намудани дастрасии онҳо ба нуқтаҳои қарзгир


ӣ


аст.





Дар хо


ҷ


агии деҳқонии «Ган


ҷ


»-и

 

ноҳияи Р


ӯ


шон Э.Раҳмон шоҳиди истифодабарии пурсамари заминҳо шуд. Чунонки аён шуд, кори деҳқонони ин хо


ҷ


аг


ӣ



 

метавонад барои дигарон намунаи ибрату пайрав


ӣ


бошад. Зикр гардид, ки бозорҳои шаҳри Хоруғро бо ғалладона ва меваю сабзавот асосан

 

деҳқонони ноҳияи Р


ӯ


шон таъмин мекунанд.





Дар ноҳияи Р


ӯ


шон президенти Тоҷикистон ҳамчунин бо рафти сохтмони интернати вилоят


ӣ


шинос шуд. Зимни шиносо


ӣ


ба масъулини дахлдор

 

супориш дода шуд, ки дар ноҳияи Р


ӯ


шон сохтмони мактаб-интернати


ҷ


умҳуриявиро барои 650 нафар хонанда барои солҳои 2009-2010 ба нақша гиранд.

 






Дар маркази ноҳия президенти


ҶТ


бо бештар аз 2500 нафар фаъолон ва намояндагони сокинони он вох


ӯ


р


ӣ


намуда, с


ӯ


ҳбатҳои озоду ошкоро ан


ҷ


ом дод. Ӯ аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумат ба аҳолии ВМКБ ёдовар шуда,

 

иттилоъ дод, ки имр


ӯ


з ба мактабҳои ноҳияи Р


ӯ


шон 30 адад компютер, ба муассисаҳои тандуруст


ӣ


ду мошини нави ёрии таъ


ҷ


ил


ӣ


ва ба аҳолии ноҳия 4 автобус туҳфа карда шуд. Таъкид гардид, ки

 

дар нимсолаи дуюми соли равон

 

барои сохтмон ва таъмиру тармими

 

иншооти

 

соҳаҳои маорифу тандуруст


ӣ


1 миллиону 420 ҳазор сомон


ӣ


маблағҳои иловаг


ӣ


аз ҳисоби бу


ҷ


ети


ҷ


умҳурияв


ӣ




ҷ


удо карда мешавад.





Ба Вазорати маорифи


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон супориш дода шуд, ки

 

сохтмони мактаб-интернати


ҷ


умҳурияв


ӣ


барои 650 нафар хонанда дар ноҳияи Р


ӯ


шон дар зарфи 1,5 2 соли оянда ба ан


ҷ


ом расонида шавад.





Ҳамчунин зикр гардид, ки дар зарфи ду соли оянда

 

барои азнавсозии ду мактаби садамав


ӣ


, беморхонаи наҳияв


ӣ


, якчанд бундгоҳҳои тибб


ӣ


ва сохтмони мактаб-интернати


ҷ


умҳурияв


ӣ


беш аз 6 миллион сомон


ӣ


маблағҳои

 

иловаг


ӣ




ҷ


удо мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Вазорати тандурустӣ ба минтақаи Кӯлоб 8 ҳазор адад вактсинаи зидди илтиҳоби шуш фиристод

0



Кӯлоб. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустӣ ҷиҳати баргузории чорабиниҳои пешгирии бемории варами шуш ба минтақаи Кӯлоб 8 ҳазор адад вактсинаҳои зидди ин бемориро фиристод.






Сардухтури беҳдоштии минтақаи Кӯлоб Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки истифодаи вактсина миёни кӯдакони синни аз 2-сола боло ва шаҳсони аз 65-сола боло гузаронида мешавад.





«Ҳамчунин нисбат ба беморони қанд, зиққи нафас, дил ва гирифтори нашъамандӣ низ чораҳои пешгирӣ гузаронида мешаванд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки бештари чунин беморон дар ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор ба қайд гирифта шудаанд.





«Вактсинаҳо ба ноҳияҳо фиристода шуданд ва дар анборҳои махсус нигаҳдорӣ мешаванд, – идома дод ӯ. – Ба нахустин эҳтиёҷмандон аллакай тавассути ин вактсина кӯмаки тиббӣ расонида шуд».



Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ВМКБ идома дорад

0



Хоруғ. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҳошияи боздиди худ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба ноҳияи Ишкошим рафт.






Аз маъмурияти раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин ҷо сарвари давлат бо шароити хизмату зисти афсарону сарбозони яке аз қисмҳои низомии ҷумҳурӣ, ҷараёни азхудкунии


100 гектар

заминҳо, корҳои тадқиқотии беҳтар кардани навъи тухмиҳои хушсифати зироати ғалладона, картошка ва зироатҳои дигари кишоварзӣ шинос мешавад. Пас аз ин Э.Раҳмон ният дорад, бо сокинони ноҳия мулоқот орояд.





Дар нимаи дуюми рӯз сафари президент ба ноҳияи Роштқалъа ба нақша гирифта шудааст, ки он ҷо ӯ дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бинои шӯъбаи маориф ва гузоштани хишти аввал ба таҳкурсии сохтмони бинои шӯъбаи Бонки амонатгузории давлатии «Амонатбонк» ширкат хоҳад варзид.





Тавре қаблан хабар додем, шоми имрӯз сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи таҷдидшудаи шаҳри Хоруғ иштирок намуда, ният дорад, дар он ҷо бо сокинони шаҳр мулоқот доир кунад. Ҳамчунин дар варзишгоҳ намоиши тетарикунонидашуда баргузор мешавад.





Пагоҳ сарвари дават дар шаҳри Хоруғ бо ҷараёни корҳои сохтмонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шинос гардида, ба таҳкурсии бунёди бинои гимназияи президентӣ хишти аввал мегузорад ва дар маросими ифтитоҳи маркази савдо ширкат меварзад.


Интизор меравад, ки дар анҷоми сафар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят ҷаласаи васеъ доир месозад, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввал мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда муайян карда хоҳанд шуд.  





Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон бо сафари серӯза дар таърихи 18-уми июл ба ВМКБ рафт.





Дар нимсолаи аввал Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кард

0



Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 77 ҳазору 369 тонна сабзавоту меваҷот содирот карда шудааст, ки 5 ҳазор аз он маҳсулоти консервшуда мебошад.






Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки содироти махсулоти мевагӣ дар ин давра нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1 ҳазору 152 тонна ё худ 46,7 фоиз зиёдтар аст. Зикр гардид, ки содироти гелос ду баробар (173 тонна) ва зироати полизӣ 84,4 фоиз дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.





Мувофиқи маълумоти Хадамоти давлатии назорат, фитосанитарӣ ва карантини назди вазорати кишоварзӣ, дар нимсолаи аввал маҳсулоти содиротшуда аз кишвар 184 ҳазору 186 тоннаро ташкил додааст, ки беш аз 34 ҳазори он меваи хушк мебошад.



Дар Душанбе бинои нави сафоратхонаи Олмон мавриди истифода қарор гирифт

0



Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар вазъи тантанавӣ бинои нави сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.






Сафири Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюллер ба сохтмончиёни бино изҳори миннатдорӣ намуда, онро иншооти муштараки Тоҷикистону Олмон номид.





«Сохтмони бинои мазкур шаҳодати он аст, ки Олмон минбаъд низ барои Тоҷикистон шарики боэътимод хоҳад монд ва ҷиҳати рушду тавсиаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи стратегияи Иттиҳоди Аврупо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод», – таъкид сохт ӯ.





Ӯ ёдовар шуд, ки соли гузашта таҳти раисии Олмон стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ қабул шудааст ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамакнун бо раисии Фаронса дар иттиҳод ба татбиқи ин стратегия вусъати тоза бахшида хоҳад шуд.





Р.Мюллер ҳамчунин иттилоъ дод, ки ваколати сафириаш дар кишвари мо ба анҷом мерасад ва ӯ аз ин пас ба Африқои Марказӣ меравад.





«Мо дар Тоҷикистон дӯстони зиёде пайдо кардем ва ин кишварро бо дили нохоҳам тарк менамоем», – афзуд ӯ. Ҳамсари сафир бо забони олмонӣ рубоии Абӯабдулло Рӯдакиро дар бораи дӯстӣ назди ҳозирин қироат кард.





Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни суханрониаш аз кӯмаки Олмон, иштироки раиси кумитаи парлумонии ҳамкории Олмон-Осиёи Марказӣ дар маросим изҳори миннатдорӣ намуда, хотиррасон сохт, ки Олмон яке аз аввалин кишварҳоест, ки дар Тоҷикистон сафорати худро ифтитоҳ кардааст.





Ҳ.Зарифӣ муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Олмонро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, таъкид сохт, ки Олмон дар чаҳорчӯбаи стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар масоили рушди энергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ кӯмаки зиёд мерасонад ва изҳори боварӣ кард, ки Фаронса низ дар чунин самт муносиботи ҳамкориҳоро ба роҳ хоҳад гузошт.





Ба ҳозирин консерти дастаҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони касбии шаҳри Душанбе намоиш дода шуд.




Дар маросими ифтитоҳи бинои сафорат намояндагони аҳзоби сиёсӣ, арбобони илму фарҳанг, фаъолони ҷамъиятҳои дӯстӣ, роҳбарони ҷамъияти аққалиятҳои миллии ҶТ, намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвар ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

Дар Тоҷикистон музди меҳнати кормандони соҳаи алоқа ва молия баландтарин аст

0



Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар моҳи апрели соли ҷорӣ музди миёнаи меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон 219,96 сомониро ($64,3) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,8 фоиз бештар мебошад.






Муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Субҳониддин Ашӯров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки музди меҳнати миёнаи баландтарин дар шаҳри Душанбе (471,09 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.





Ба гуфтаи ӯ, дар соҳаи истеҳсоли неъматҳои моддӣ музди меҳнати миёнаи баландтарин дар соҳаи алоқа (568,83 сомонӣ) буда, пасттарин дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва кишоварзӣ (мутаносибан 54,77 ва 56,60 сомонӣ) аст.





«Дар соҳаи ғайриистеҳсолӣ музди меҳнати баландтаринро (1 ҳазору 15 сомонӣ) кормандони соҳаи андоз ва молия мегиранд», – зикр кард ӯ.





Муовини вазир баён дошт, ки айни замон дар Тоҷикистон 530 ҳазор нафақахӯрон ба сар мебаранд, шумораи нафарони машғули кор 784 ҳазорро ташкил медиҳад. «Дар сурати аз рӯи меъёрҳои байнулмилалӣ ба 1 нафақахӯр рост омадани 4 коргар чунин ҳолат он қадр мусоид нест, зеро дар Тоҷикистон ин таносуб қариб «як ба як» аст», – афзуд ӯ.

 




Мушкилоти истифодаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ дар Тоҷикистон мушкилоти касбӣ ва созгор омада натавонистан аст, – назари олими соҳа

0



Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири лабораторияи пажӯҳишгоҳи гидроэнергетика ва экологияи Академияи улуми Тоҷикистон Георгий Петров изҳор дошт, ки феълан минтақаи шимоли кишвар аз норасоии об танқисӣ мекашад, ҳарчанд дар рӯдхонаи Сир сатҳи об мисли солҳои пешин аст.






Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолат ба он марбут аст, ки миёни Қирғизистону Ӯзбекистон бобати истифодаи об тавофуқ ҳосил нашудааст ва Қирғизистон дар болооби рӯдхонаҳо обро аз маҷрои умумӣ ба ҷои дигар равона мекунад.





«Тоҷикистон аз ин масъала канор аст, вале мутаассифона, шахсони мутасаддии гуфтушунидҳо натавонистанд инро собит созанд, – гуфт ӯ. – Гузашта аз ин, онҳо ҳатто чунин масъалагузорӣ карда натавонистанд».





Г.Петров зикр кард, ки акнун обро на танҳо аз Ӯзбекистн, балки аз Тоҷикистон ҳам гирифта истодаанд.





Перомуни масъалаи истифодаи обҳои фаромарзӣ Г.Петров изҳор намуд, ки дар маҷмӯъ, «ҳар кишвар мувофиқи салоҳдиди худ аз он истифода бурда метавонад, вале зимни рушди ягон чизе ё соҳае бо истифода аз он бояд манфиатҳои кишварҳои ҳамҷаворро низ ба назар гирад».





«Дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ низ ҳолат чунин аст: Тоҷикистон ягона кишварест, ки тавонистааст бо Қазоқистону Ӯзбекистон оид ба хизматрасониҳо ба қарордоде ояд ва ҳамчунин бо пардохт тавассути интиқоли нерӯи барқ низ», – идома дод ӯ.





«Мушкилоти обҳои фаромарзӣ дар Тоҷикистон мушкилоти касбӣ ва созгор омада натавонистан аст», – афзуд олим.






 


 

Соҳибкор барои ҳар «тиллои» Олимпиадаи Пекин ба варзишгарони тоҷик $10 ҳазор ваъда кард

0



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кумитаи миллии

 

Олимпии ҶТ рӯзноманигорон – аъзои Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон (АРРВТ) бо президенти кумита Баҳрулло Раҷабалиев мулоқот доир намуданд.






Мулоқот дар чаҳорчӯбаи курси панҷуми бозомӯзии рӯзноманигорони АРРВТ барпо шуда, ба мавзӯи омодагии дастаи мунтахаби олимпии кишвар ба Бозиҳои Олипиадаи


XXIX


-ум бахшида шуда буд. Дастаи мунтахаби Олимпии кишвар дар таърихи 31-уми декабр ба шаҳри Пекин меравад.





Ба гуфтаи Б.Раҷабалиев, дастаи мунтахаб аз 30 варзишгар иборат аст. Ҳамчунин ҳамроҳи даста ду нафар рӯзноманигор – раиси АРРВТ Назрулло Латипов ва шореҳи варзиши телевизиони «Шабакаи якум» Раҳматшо Обидов низ ба Пекин сафар мекунанд.





Дар вохӯрӣ масъалаи то ҳанӯз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муайян накардани мукофотпулӣ барои варзишгароне, ки мақоми шоистаро ишғол мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Н.Латипов қайд кард, ки ба ассотсиатсия соҳибкор Абӯбакри Азизхоҷа муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки барои варзишгаронеи тоҷике, ки соҳиби ҷоизаи тиллои бозиҳо мегарданд, аз ҳисоби худаш 10 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо мекунад.





«Албатта, ин иқдоми шоистаи таҳсин аст, ҳангоме шахсони ҷудогона ба рушди варзиш дар кишвар мусоидат менамоянд, – идома дод ӯ. –

 

Қобили зикр аст, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои варзишгаронашон мукофотпулӣ таъин карданд, аз ҷумла, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба варзишгароне, ки соҳиби медали тилло мешаванд, 250 ҳазор доллари марикоӣ ваъда кардааст, вале ҳукумати мо алҳол бобати ин масъала хомӯширо ихтиёр намудааст».





Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои Олимпӣ дар Пекин дар таърихи 9-уми август оғоз гардида, то 24-уми август идома меёбанд. Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи мусобиқот президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард. Дар рӯзи нахустини оғози бозиҳо боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.






Бад-ин тартиб, то имрӯз 14 варзишгари Тоҷикистон дар 7 навъи варзиш дар Олимпиадаи Пекин шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то


73 кг

), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то

81 кг

), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то

90 кг

), Виталий Корякин (гӯштии озод, то

60 кг

), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то

84 кг

), Шералӣ Достиев (бокс, то

48 кг

), Анвар Юнусов (бокс, то

51 кг

), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то

81 кг

), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Албина Камолиддинова (камонварӣ) ва Низом Сангов (вазнабардорӣ,

69 кг

) мебошанд.




Обхезӣ ба Тоҷикистон таҳдид намекунад, – раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

0



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Сатҳи оби дарёҳои ҷумҳурӣ мувофиқи меъёр аст ва ба Тоҷикистон обхезӣ таҳдид намекунад», – изҳор дошт имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар назди ҳукумати ҶТ Ҳайбулло Латифов.






Ба қавли ӯ, ҳарчанд зимистона имсола сербориш омада бошад ҳам, хушксолии фасли баҳор эҳтимолияти обхезиҳоро бартараф сохт. «Мо ҳамарӯза мониторинги сатҳи оби рӯдхонаҳои кишварро мегузаронем ва ҳеҷ таҳдиди офатҳои табииро мушоҳида намекунем», – гуфт вай.





Дар шарҳи масъалаи сатҳи оби обанбори Норак роҳбари кумита чунин изҳори назар кард, ки он дар сатҳи миёнаи чандинсола қарор дорад ва чун анъана охирҳои моҳи август ё аввалҳои моҳи сентябр то ҳадди ниҳоӣ пур мешавад. «Истифодаи минбаъдаи оби он ба мо вобаста аст», – гуфт Ҳ.Латифов.





Ӯ аз аҳолии ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки ҳангоми оббозӣ дар наҳру кӯлҳо ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намоянд. «Ҳамасола танҳо дар шаҳри Душанбе 60 нафар ғарқ мешаванд, – идома дод вай. – Аз хотир набояд фаромӯш сохт, ки дарёҳои Тоҷикистон аксаран кӯҳианду об дар он хеле босуръат ҷорӣ мешавад, аммо кумитаи мо танҳо чаҳор сарулибоси наҷотдиҳии ғарқшудагонро дорост, ки он ҳам танҳо дар рӯдхонаҳои ҷараёни обаш ором истифода бурда мешавад».





Дар анҷом Ҳ.Латифов иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар наҳру кӯлҳои ҷумҳурӣ 33 нафар ғарқ шудаанд.



Эпидемиологони Кӯлоб бо гӯштфурӯшон ҷанг эълом дошта, се дӯкони гӯштфурӯширо бастанд

0



Кӯлоб. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази назорати давлатии вогириву беҳдошти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб аз 15 дӯкони гӯштфурӯшӣ 3-тоашро баст.






Сардухтури давлатии назорати беҳдошти минтақаи Кӯлоб Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки онҳо ба иллати риоя накардани талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ, мавҷуд набудани яхдонҳо, ки дар фасли гармо яке аз талаботи асосӣ шуморида мешаванд, баста шудаанд.





«Нархи гӯшт хеле қимат аст ва рӯзона на ҳама вақт пурра фурӯхта мешавад ва муддати тӯлонӣ нигоҳ доштани он дар гармӣ қатъиян манъ карда шудааст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки санҷиши дӯконҳои гӯшт дар ҳамаи 10 ноҳияи минтақа оғоз гардидааст ва мунтазам идома хоҳад ёфт.





«Се нафар соҳибони дӯконҳои басташудаи бозори «Саховат» ҳамчунин барои иҷро накардани нишондоди эпидемиологон ба андозаи 180 сомонӣ ҳар яке ҷарима баста шудаанд», – гуфт дар анҷом М.Давлатов.