Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад

0



Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба шаҳри Душанбе намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба масоили кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Моррел ташриф меорад.






Сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки зимни сафар П.Моррел бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳад кард.





«Интизор меравад, ки дар мулоқот ҷараёни амалисозии стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар мавриди муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт», – изҳор дошт манбаъ.





Ёдрас мекунем, ки П.Морел сафири нахустини Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.



«Бадахшонхориҷакор» беш аз 200 нафарро ба хориҷи кишвар ба кор фиристодааст

0




 


              


 

Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир Медиа» – Дар нимсолаи аввали соли 2008-ум оҷонсии давлатии “Бадахшонхориҷакор” зиёда аз 200 нафар шаҳрвандонро барои кор ба хориҷи кишвар фиристодааст.






Ба гуфтаи сардори оҷонсии “Бадахшонхориҷакор” Қамчибек Насиллобеков дар маҷмӯъ тавассути оҷонсӣ ВМКБ-ро

 

206 муҳоҷири корӣ тарк гуфтаанд, ки аз ҷумла

 

39 нафарашон бо муассисаҳо дар Русия

 

қарордод доштаанд. Ба дигар муҳоҷирон дар мавриди

 

ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо кӯмаки ҳуқуқӣ расонда шудааст.

 






Ба гуфтаи манбаъ, айни ҳол бештари муҳоҷироне, ки ба Руссия муҳоҷир мешаванд, ба таври ихтиёрӣ ҷойи кор пайдо мекунанд.





Бинобар иттилоъи ғайрирасиӣ, алҳол дар мамолики давлатҳои хориҷ зиёда аз 20 ҳазор сокинони ВМКБ кор мекунанд.





 

Дар ноҳияи Исфара ҷамъоварии 4,5 ҳазор тонна зироати ғалладона ба нақша гирифта шудааст

0



Исфара. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд дарави зироати ғалладона босуръат идома дорад.






Ба гуфтаи мудири шӯъбаи кишоварзӣ Ҳасан Аҳмадзода, дар тамоми хоҷагиҳо ҳосили хуб рӯёнида шудааст.





«Ҳосили ғалла дар майдони


968 гектар

ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта

84 гектар

зиёдтар мебошад, – идома дод ӯ. – Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 27,9 сентнерро ташкил медиҳад».





Ба иттилои манбаъ, дар хоҷагиҳои «Дӯстӣ», «Чоркӯҳ ва «Лаккон» ҳосили хуб ба даст овардаанд, ки ҳосилнокӣ дар ин хоҷагиҳо аз 30 то 40 сентнерро ташкил медиҳад.





Тибқи пешбинии коршиносону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, соли равон дар ноҳия беш аз 4,5 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда хоҳад шуд.



Дар Бадахшон саршумори чорво ва парранда афзоиш ёфтааст

0



Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир Медта» – Дар Бадахшон саршумори чорво ва парранда афзоиш ёфтааст.






Муовини сардори идораи кишоварзӣ Адолат Ҳайдарова гуфт, ки саршумори чорво дар вилоят 100,4 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки ин

 

назар бар ҳамин давраи соли гузашта 4070 сар зиёдтар аст. Саршумори қутос 870 сар афзоиш ёфта, ба 17,6

 

ҳазор сар

 

расидааст.





Саршмори бузу гусфанд 26, 4 ҳазор зиёдтар шуда, алҳол 311,5 ҳазор сарро ташкил медиҳад.

 

«Саршумори паррандгони хонагӣ 123, 1 ҳазор сарро ташкил додааст, ки ин назар бар соли 2007-ум

 

25,3 ҳазор зиёдтар будааст»,- зикр намуд манбаъ.

 






Ҳамчунин дар вилоят 582 сар асп

 

ва 5,6 ҳазор хонаи занбӯри асал мавҷуданд.

 


 




«Тоҷикматлубот» дар Бадахшон маҳсулоти ғизоиро бо нархи арзон мефурӯшад

0



Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир-Медиа» – Дар

 

мағозаҳои ҷамъияти матлубот дар Бадахшон чанд намуди маводи ниёзи аввалия ворид гардидааст, ки нархи он нисбат ба моли бозор арзон мебошад.

 







Муовини раиси ҷамъияти матлуботи вилоят Наботбегим Шерҷонова арз дошт, ки

 

иқдом бо дастури президенти кишвар ва

 

ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати маводи хӯрокворӣ сурат гирифтааст.

 






Вай гуфт, ки аллакай бештар аз нисфи ин бор вориди вилоят гардида, нисфи дигари он алҳол дар роҳ мебошад. Ба гуфтаи манбаъ арзиши кулли маводи ба

 

мағозаҳои ҷамъиятҳои матлубот воридшуда зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

  




«Муносиботи Фаронсаву Тоҷикистон густариш хоҳанд ёфт», – сафири Фаронса

0



Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Муносиботи Фаронсаву Тоҷикистон дар сатҳи гуфтушуниди тӯлонии сиёсӣ роҳандозӣ мешаванд», – гуфт дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мэтлэнд Пелен.






Ба гуфтаи сафир, муносиботи Тоҷикистону Фаронса рӯз аз рӯз густариш меёбанд ва барои тақвияти гуфтаҳояш сафарҳои мутақобилаи бешумори шахсони расмии ҳукумати кишварҳоро намуна овард.





«Фаронса ва Тоҷикистон бобати масоили стратегӣ ва вазъи Афғонистон назари якхела доранд», – гуфт ӯ.





М.Пелен изҳор дошт. ки кишвараш аз 1-уми апрел дар Иттиҳоди Аврупо (ИА) раисӣ мекунад ва муҳимияти ба роҳ мондаги ҳамкориҳоро бо давлатҳои минтақаи Осиё Марказӣ таъкид сохт.





«Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки ба ин ҳамкориҳо вусъат бахшад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки Фаронса омода аст, ислоҳоти сохториро дар Тоҷикистон дастгирӣ намояд, то нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд шавад.





Сафир хотиррасон сохт, ки имрӯз дар Фаронса мутахассисони ҳарбии Тоҷикистон таҷриба меомӯзанд, олимони тоҷик дар докторантура таҳсил мекунанд, рӯзноманигорон, донишҷӯён ва мутахассисони ҷавони тоҷик бо сафарҳои корӣ ба Фаронса мераванд. Вай баён дошт, ки кишвараш аз фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад ва ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки муносиботи кишварҳо дар сатҳи қаноатбахш қарор доранд.





М.Пелен аз номи ҳукумати Фаронса барои ҷойгир кунонидани гурӯҳи низомии Фаронса дар фурудгоҳи пойтахт изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки ҷиҳати таҷдиди фурудгоҳ ҳукумати кишвараш 40 миллион Евро маблағ ҷудо мекунад.





Сафир инчунин иттилоъ дод, ки санаи 17-18-уми октябр дар Париж Форуми Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ баргузор гашта, дар таърихи 21-22-уми октябр дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи таҳкими марзҳо дар сатҳи вазирон мулоқот доир мегрдад.





Дар анҷом М.Пелен изҳор дошт, ки баҳри густариши минбаъдаи муносиботи кишварҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод. «Мо роҳи дигаре надорем», – гуфт ӯ.



Дар Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани литсейи президентӣ ва варзишгоҳи «Металлург» ширкат варзид

0



                Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва истифодаи пурсамари заминҳои кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор сафар кард.






Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри

 

Турсунзода нахуст бо шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии мошинии ҳосили гандуми заминҳои хоҷагии саҳҳомии кушодаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Сешанбе оғоз ёфт.





Зимни сӯҳбат бо роҳбарият ва аҳли хоҷагӣ маълум шуд, ки он дорои


620 гектар

замини корам будааст. Деҳқонон дар

118 гектар

ғаллаи обӣ кишт карда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд.





Сарвари давлат дар сӯҳбат бо мутахассисону деҳқонон таъкид намуд, ки ҳосили ғалла аз заминҳои обӣ бояд аз 50 сентнерӣ кам нашавад.





Умуман таъкид гардид, ки солҳои охир баъди ғамхорию дастгириҳои зиёди Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёд шудани ҳавасмандии деҳқонон соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ дубора фоидаовар шудааст.





Дар маҳаллаи 9-уми шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як бинои истиқоматӣ ба истифода дода шуда, ба коргарони пешқадам ва собиқадори КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тақдим карда шуд.

 






Тибқи ин супориш худи ҳамин рӯз дар паҳлӯи ин бинои истиқоматӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали боз ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ гузошта шуд, ки иборат аз 100 хона хоҳанд буд. Сарвари давлат дастур дод, ки ин биноҳо соли 2009-ум то рӯзҳои ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шаванд.





Яке аз иншооти бисёр муҳим, ки имрӯз дар фазои тантанавӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расман ба истифода дода шуд, ин литсейи Президентии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ буд, ки барои 320 нафар хонандагони болаёқат пешбинӣ шудааст.





Литсейи Президентии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ бо харҷи 8,5 миллион сомонӣ бо кӯмаки молиявии ширкати «Аляска металз»- и Британияи Кабир, ки аз ҷумлаи шарикони хориҷии «Ширкати алюминийи тоҷик» аст, дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Турсунзода қомат афрохта, боиси сарфарозӣ ва шукргузории омӯзгорону хонандагон гаштааст.





Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар давоми ду соли охир танҳо дар шаҳри Турсунзода 17 адад мактабҳои гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. Се мактаб дар ҳамин ду рӯзи охир мавриди истифода қарор гирифт, то оғози соли таҳсил сохтмони боз се-тои дигар ба охир мерасад.





Дар паҳлӯи литсейи Президентӣ дар маркази шаҳри Турсунзода ҳамчунин як маркази тиҷоратӣ бо номи зебою форами «Муждаи васл» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ мавриди истифодаи қарор гирифт.





Дар шаҳри Турсунзода ҳамчунин чойхонаи миллии Регар, ки бо тарҳи фораму диданиаш ба яке аз кӯчаҳои

 

марказии ин шаҳр

  

ҳусни наву зебо зам намудааст, дар фазои бошукӯҳи идона ифтитоҳ ёфт.





Зимни боздид аз бинои дуошёнаи чойхона зикр гардид, ки он аз ҷониби ширкатҳои маҳаллии сохтмонӣ бо харҷи 2 миллиону 63 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.





Иншооти аз ҳама муҳиме, ки имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ расман ба истифода дода шуд, ин Варзишгоҳи марказии Металлурги шаҳри Турсунзода буд.





Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин варзишгоҳи бошукӯҳро тӯҳфаи арзанда ба ҷавонони шаҳри Турсунзода номид.





Баъди суханронии пурмӯҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири паҳлӯҳои гуногуни сиёсати имрӯзаи давлат ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа буд, намоиши театрикунондашудаи ҳунармандони касбию ҳаваскори театрӣ ва консерти бошукӯҳи устодони санъати рақсу суруд пешкаши тамошобинон гашт.





Мавриди зикр аст, ки дар ҳамаи иншооти имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба истифода додашуда 400 ҷойи нави корӣ муҳайё гаштааст.





Дар роҳи бозгашт аз шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Шаҳринав бо рафти кишти такрории заминҳои обӣ дар кооперативи истеҳсолии «Қаҳрамони озод» аз наздик шинос шуд.





Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки хоҷагӣ дорои

93 гектар

заминҳои корам аст. Аз он дар 50 гектараш пахта ва дар заминҳои дигар ғаллаи обӣ ва сабзавоти барвақтӣ кишт намудаанд.





Сарвари давлат ба деҳқонони ин ва дигар хоҷагиҳо бори дигар таъкид намуд, ки барои таъмини неъматҳои фаровони дастурхони мардум ва амнияти озуқавории кишвар ягон ваҷаб замини киштбоби обӣ бояд бекор намонад ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд захираи дусолаи маводи ғизоии худро дошта бошад, то ки худро аз таъсири манфии болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ эмин дорад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Ташрифи дабири кулли ЮНЕСКО ба Тоҷикистон мавқуф гузошта шуд

0



Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Боздиди дабири кулли ЮНЕСКО ба Тоҷикистон мавқуф гузошта шудааст.






Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дабири кулли ЮНЕСКО ба иллати беморӣ наметавонад 14-уми июл аз Тоҷикистон боздид кунад.





Ёдрас мекунем, ки боздиди дабири кулли ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Тоҷикистон дар таърихи 14-16-уми июли соли равон пешбинӣ шуда буд. Ҳамчунин мулоқоти ӯ бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва аъзои Комиссияи ЮНЕСКО дар назди Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба нақша гирифта шуда буд. К.Матссура ният дошт, ки ба шаҳри Қӯрғонтеппа сафар кунад.



Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ санаи 25-уми июл дар Душанбе ҷамъ меоянд

0



Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) санаи 25-уми июл дар Душанбе ҷамъ меоянд.






Сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ рӯзномаи ҷаласаи ҳамоиши сарони давлатҳои узви созмон, ки ахири моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ мегардад.





Интизор меравад, ки дар ҷаласаи вазирон пешниҳодот ва тавсияҳо ба рӯзномаи ҷаласаи сарони давлат қабул карда мешаванд.





Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни боздиди вазири корҳои хориҷии Чин Ян Тсзечи ба Тоҷикистон ба имзо расидани як қатор созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.





Ба қавли Д.Назриев, вазири корҳои хориҷии Чин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳад кард. Дар шаҳри Душанбе вазири корҳои хориҷии Чин ҷараёни чорабиниҳои омодагии сафари расмии раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ху Тсзинтаоро ба Тоҷикистон ҳаллу фасл мекунад. Боздиди расмии сарвари давлати Чин ба Тоҷикистон қабл аз оғози ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ ба нақша гирифта шудааст.

 


 




Шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон дар қаламрави ҳамдигар 30 рӯз метавонанд бидуни қайд иқомат дошта бошанд

0



Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон дар қаламрави ҳамдигар 30 рӯз метавонанд бидуни қайд иқомат дошта бошанд.






Тибқи иттилои хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ, чунин қарордод зимни гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар боздиди расмӣ моҳи май дар Остона ба тасвиб расидааст.





Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 7-уми июл сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон А.Аҳмедов ҳамчунин изҳор дошт, ки айни замон ба иқтисоди Қазоқистон мутахассисон заруранд. «Ман аз таҷрибаву малакаи тоҷикистониён дар соҳаи сохтмон ба хубӣ огоҳам ва фикр мекунам, ки ояндаи наздик мо низ аз он истифода хоҳем кард», – гуфт сафир.