Дар ноҳияи Мурғоб махфигоҳи навбатии маводи мухаддир дарёфт гардид

0




               

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати зудамал ва фаврии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ҳамдастӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати нерӯҳои ҳифзи сарҳади Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ зимни баргузории амалиёти муштараки фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Қарасуи ноҳияи Мурғоб махфигоҳеро бо миқдори зиёди маводи мухаддир дарёфт карданд, ки дар он беш аз 20 кило маводи мухаддири ҳашиш ва афюн пинҳон шуда буд.







               

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта низ дар ноҳияи номбурда ду махфигоҳ ошкор карда шуда буданд, ки аз онҳо беш аз 80 кило маводи мухаддир дарёфт гардида буд.


Санадҳои далели дарёфти махфигоҳҳо ба шӯъбаи тафтишоти агентӣ супурда шудааст ва барои муайян кардани соҳибони махфигоҳҳо чорабиниҳо андешида мешаванд.





Ақидаҳои иштирокчиёни семинар оид ба густаришу тавсиаи СҲШ гуногун буданд

0

 




               

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) барои Иттиҳоди Осиё гаштан имкониятҳои зиёдеро доро аст», – изҳор дошт номзади илмҳои фалсафа Давлат Усмон дар


семинари илмиву назариявӣ таҳти унвони «СҲШ: тавсиа, масоили ҷорӣ ва дурнамо», ки дирӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард.







               

Ба гуфтаи ӯ, манфиатдории кишварҳое чун Эрону Ҳиндустон ва Покистон ҷиҳати узвият ба созмон таркиб ва самти осиёгии онро таҳким мебахшад.





«Дар ҷаҳон барои раҳоӣ аз омилҳои берунӣ тамоили ташкили иттиҳоду созмонҳои минтақавӣ ба мушоҳида мерасад», – таъкид сохт Д.Усмон.





Раиси Кумитаи исломии Русия Ҳайдар Ҷамол дар мавриди тавсиъа ва густариши СҲШ нуқтаи назари дигаре дорад. Ба қавли ӯ, то он даме, ки хавфи ҷанг бо Амрико вуҷуд дорад, Эрон наметавонад аъзои СҲШ гардад.







«Агар СҲШ бо Эрон дар як сангар қарор гиранд, пас кишварҳои узви он ба ҳолати нобоб меафтанд», – мӯътақид аст Ҳ.Ҷамол.

 






Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров зикр кард, ки Тоҷикистон чун кишвари раисикунанда дар созмон ба узвияти Эрон дар он мусоидат хоҳад кард.





«Бо Эрон моро таъриху фарҳанги умумӣ мепайвандад ва ин кишвар бояд таҳти узвияти СҲШ қарор гирад, то амнияти эҳтимолияти ҳамагуна таҳдидҳоро таъмин созад», – афзуд С.Сафаров.





Ёдрас мекунем, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе семинари илмиву назариявӣ таҳти унвони «СҲШ: тавсиа, масоили ҷорӣ ва дурнамо» ба кор шурӯъ кард ва имрӯз ба кори худ идома медиҳад.





Дар кори семинар намояндагони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва ҳамчунин шахсони расмии вазорати корҳои хориҷии ҶТ, олимон ва рӯзноманигорон иштирок мекунанд.

 




Кишти такрорӣ дар 42,5 дарсади майдонҳои ҷудошудаи ҷумҳурӣ ба анҷом расид

0




               

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони ҷумҳурӣ ният доранд, дар майдони 101 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронанд.







               

Сардори дафтари матбуоти вазорати кишоварзии ҶТ Нарзулло Додобоев иттилоъ дод, ки то аввали ҳамин ҳафта дар майдони 45 ҳазору


617 гектар

кишти такрорӣ анҷом ёфтааст, ки ин 45,2 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.






               

Ба гуфтаи ӯ, аз майдони умумии кишти такрорӣ 22,6 ҳазор гектарашро гандум, 16 ҳазору 150 гектарашро ҷуворимакка, 2 ҳазору 870 гектарашро шолӣ ва 3 ҳазору 580 гектарашро зироатҳои дигар ташкил медиҳанд.






               

«Дар майдони 60 гектар картошка, 3 ҳазору 255 гектар сабзавот, 937 гектар зироатҳои полизӣ, 228 гектар зироатҳои техникӣ ва 18 ҳазору 537 гектар маҳсулоти хӯроки чорво кишт карда шуданд», – афзуд Н.Додобоев.



 

Муноқиша дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ». Сайёфи Мизроб аз вазифа канор рафт, вале мақомоти роҳбарӣ барои кори пурсамар аз ӯ изҳори миннат

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Сайёфи Мизроб то дирӯз корманди бахши тоҷикиии радиои «Озодӣ» буд, вале 9-уми июл бо хоҳиши худаш аз кор рафт», – гуфт имрӯз дар мусоҳиба бо ОИ «Азия-Плюс» мудири бахши тоҷикии радиои «Озодӣ Қудрат Шаҳидӣ.







               

Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл тавассути почтаи электронӣ ӯ аз С.Мизроб нома гирифтааст, ки дар он ӯ аз тағйироти бавуҷудомада (тағйирот дар фаъолияти дохилии радио ва барномаҳо) дар дафтари кории радио дар шаҳри Душанбе изҳори норозигӣ ва саркашӣ аз корро намудааст.






               

Ҳамчунин ӯ аз истеъфои худ низ хабар додааст. «Тайи солҳои тӯлонӣ мо аз кори Сайёфи Мизроб қаноатманд будем ва дар номаи ҷавобӣ ман ба ӯ аз ҳамкории пурсамар бо радио изҳори миннатдорӣ намуда, барор хостам», – гуфт ӯ ва таъкид сохт, ки мақомоти роҳбарии радио ба қарори рӯзноманигор назари эҳтиромона дорад.






               

Дар шарҳи гуфтори тунду тези изҳороти С.Мизроб бобати фаъолияти радио, Қ.Шаҳидӣ изҳор дошт, ки радио беш аз 55 сол бо забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон барнома пахш мекунад ва «барои инъикоси мутавозину воқеъбинонаи рӯйдодҳои Тоҷикистон миёни аҳолии кишвар ва хориҷи он нуфузу эътибор пайдо кардааст».






               

Дар ҳамин ҳол, дар изҳороти С.Мизроб бо лаҳни шадид пешниҳоди шартномаи нави кории бахши тоҷикии радио мавриди интиқод қарор гирифтааст ва ба назари рӯзноманигор онҳо мухолифи қонунгузории ҶТ

таҳия гаштаанд.







               

Гузашта аз ин, ба ақидаи С.Мизроб,


дар ин радио дар тӯли чанд соли ахир тамоми амалҳои ҳукумат истеҳзоомез, таҳрифомез мунъакис мешаванд.





«Бо дарназардошти ин далел, ки ҳуқуқҳои ман ҳамчун шаҳрванд ва журналист поймол шудаанд ва шахсан ман намехоҳам, ки зидди миллат ва ватани худ зери фишори раҳбарияти гуфторҳои тоҷикии радиои «Озодӣ» фаъолият барам, бо масъулияти том аз кор дар ин радио канор меравам», – гуфта мешавад дар изҳорот.



Тайи шаш моҳи соли равон дар Хатлон шумораи гирифторони бемории норасоии муҳассали масуният ба миқдори З3 нафар афзуд

0




       






                                  








             

Кӯлоб. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи шаш моҳи соли равон дар чаҳорчӯбаи татбиқи Барномаи миллии пешгирӣ ва муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ/СПИД) дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шаҳритӯс, Ҷиликӯл, Қумсангир ва Данғараи вилояти Хатлон Марказҳои боварии хизматрасонӣ ба нашъамандоне, ки аз сӯзандору истифода мебаранд, ифтитоҳ гардиданд.






          

Директори маркази пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО/БНММ-и вилояти Хатлон Даврон Қунғуротов иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввал боз 33 нафар гирифторони нав ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуданд ва акнун шумораи онҳо ба 226 нафар баробар аст.






          

Ба гуфтаи ӯ, марказҳои боварӣ бо таҷҳизот, асбобу анҷоми хона, лавозимоти зарурӣ ва доруворӣ таъмин гардидаанд. «Дар ҳар як марказ 6 нафар, аз ҷумла як пизишк, як машваратчӣ ва чаҳор нафарӣ кормандони сатҳи миёнаи тиббӣ машғули коранд, – изҳор дошт манбаъ. – Барои мутахассисон ин боз 30 ҷои кори иловагӣ аст».






               

«Зарурати ифтитоҳи марказҳо ба он марбут аст, ки 52,7 дарсади гирифторони касалии ВНМО/БНММ нашъамандонанд», – идома дод Д.Қунғуротов.






               

«Акнун мушкилоти асосӣ муҳоҷирони меҳнатианд ва зарур аст, ки ба онҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуд», – афзуд ӯ.



Хадамоти вогириву беҳдоштии Кӯлоб байторон ва масъулони идораҳои обу корезро ҷарима мебандад

0



Кӯлоб. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази минтақавии давлатии назорати вогириву беҳдоштии Кӯлоб сардори хадамоти байтории ноҳияи Фархор Ашӯр Холовро ба миқдори 2 музди меҳнати ҳадди ақал ҷарима кардааст.






Директори марказ Саид Давлатов мегӯяд, ки дар ноҳияи Фархор эмкунии чорвои ҷамъиятӣ ва шахсӣ аз бемории оқсил саривақт гузаронида нашуд.





Ба қавли ӯ, ҳафтаи гузашта сардори раёсати идораи обу корези ноҳияи Темурмалик Абдусалом Раҷабалиев ба миқдори 8 музди меҳнати ҳадди ақал ҷарима карда шуда, санадҳои зарурӣ ба додситонӣ ирсол гардидаанд.





«Ба огоҳиномаҳо нигоҳ накарда, дар ноҳия камбудиву ноҷӯриҳои таҷҳизоти нгаҳдории моддаи хлор дуруст нагардида ва дар шаҳраки Темурмалик 3 зарфи нигаҳдории обро тоза накардаанд», – изҳор дошт С.Давлатов.





«Моро лозим омад, ки худамон бевосита ба ноҳия моддаи гипохлориди калтсий бурда, кори таҷҳизоти нигаҳдории хлорро аз нав барқарор созем, – идома дод ӯ. – Акнун бо аъмоли Раҷабалиев додситонӣ машғул аст».



Соли равон шумораи ғоибхонон дар макотиби олии ҷумҳурӣ ба миқдори 30 дарсад кам карда мешавад

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ шумораи донишҷӯён дар шӯъбаҳои ғоибонаи макотиби олии ҷумҳурӣ ба миқдори 30 дарсад кам карда мешавад.

 







Вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов дар нишасти матбуотӣ аз ин хусус ҳарф зада, изҳор дошт, ки соли равон мо ба татбиқи супориши сарвари давлат оид ба гузариш аз шумора ба сифат шурӯъ мекунем.






 

«Ҳамин тавр, соли хониши оянда шумораи донишҷӯён аз 27 ҳазори соли гузашта то 22 ҳазору 193 нафар поин фароварда мешавад», – гуфт А.Раҳмонов.





Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон 28 мактаби олӣ мавҷуд аст.



Имрӯз дар Турсунзода мактаби нав дарҳои худро ба рӯи толибилмон боз мекунад

0




Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Турсунзода мактаби нави таҳсилоти умумии рақами 17 дарҳои худро ба рӯи толибилмон боз мекунад. Дар ин бора вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов пас аз нишасти матбуотӣ хабар дода, афзуд, ки шахсан дар маросими ба

 

истифода додани он иштирок хоҳад кард.








Тавре қаблан ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ба қавли мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Турснзода




мактаби №17 барои 340 толибилмон пешбинӣ гардида, аз ҳисоби раёсати сохтмони Вазорати маорифи ҶТ ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ бунёд шудааст. Муассисаи таълимӣ дарҳои худро барои кӯдакони оилаҳои муҳоҷирони вилояти Хатлон дар деҳаи «Қизил-йӯл»-и ҷамоати Навобод боз хоҳад намуд. Интизор меравад, ки пагоҳ дар маросими ба истифода супоридани ду мактаби нави дигари таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Турсунзода сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад намуд. 








Дар Душанбе вазъи низоми мониторинги Стратегияи коҳиши сатҳи фақрро муҳокима мекунанд

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари гузориши шарҳи низоми санҷиши Стратегияи коҳиши фақр ба кор оғоз кард.






Сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғафурҷон Расулов иттилоъ дод, ки ҳадаф аз баргузории семинар – шарҳи вазъи низоми мониторинги Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баррасии пешниҳодоти такмили он аст.





«Низоми мазкур мутобиқи талаботи сохтори масъул ба татбиқи мониторинги коҳиши сатҳи фақр, аз ҷумла раёсати мониторинги барномаҳои миллӣ ва минтақавии вазорат созмон дода мешавад, – гуфт ӯ. – Семинар ба ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати шарҳу таҳлили низом ва ошкор сохтани талаботи иловагии муштариён имкониятҳои мусоид фароҳам месозад».





Ба иттилои манбаъ, семинар аз ду қисм иборат аст. Имрӯз бо иштироки намояндагони ҷонибҳои манфиатдори вазорату муассисот, созмонҳои мададрасон ва Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар соҳаи санҷиши сатҳи фақр фаъолият мебаранд, сессия баргузор мегардад. Фардо иштирокчиён ба шарҳу тафсири низоми иттилоотии мониторинги Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ машғул мешаванд.



IFC ба кӯмаки фермерони тоҷик ҷиҳати беҳтар сохтани таҷрибаи ченкунии заминҳо технологияи моҳвораӣ ҷорӣ месозад

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аъзои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ – Иттиҳодияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) барои нахустин бор ҷиҳати беҳтар сохтани таҷрибаи ченкунии заминҳо аз ҷониби фермерони минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба кӯмаки онҳо технологияи моҳвораии


GPS




ҷорӣ месозад.






Аз дафтари кории


IFC


хабар доданд, ки бо истифода аз


GPS


фермерон имкон пайдо хоҳанд кард, ки андозаи дақиқи қитъаҳои замин, ҳамвории он, баландӣ ва нишебиии онро муайян намоянд. Ба иттилои манбаъ, бахши кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи пахтакории он яке аз бахшҳое мебошад, ки аксари аҳолӣ дар он машғули коранд ва ҳамзамон соҳаест, ки зери интиқоди бештар қарор дорад.

 






«Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ки ба мустақилияти хоҷагиҳо ва аз тобеъияти марказ ҷудо кардани фермерон нигаронида шудаанд, ба ташкили тақрибан 30 ҳазор хоҷагиҳои хусусӣ боис шуданд ва ҳудуди 70 дарсади заминҳои кишт имрӯз ба онҳо тааллуқ дорад, – идома дод манбаъ. – Сатҳи пасти донишу малакаҳои нокифояи идоракунӣ дар бахши кишоварзӣ ба фермерон имкон намедиҳад, ки аз заминҳояшон самаранок истифода намоянд».





Бар замми ин, таъкид гардид, ки донистани андозаи дақиқи замин ҳамчунин зимни банақшагирии хароҷоти таҷҳизоту техника ва тухмиву нуриҳои минералӣ низ муҳим аст. Бонкҳоро низ барои молиягузории сарфакорона донистани андозаи мушаххаси заминҳо аз аҳамият холӣ нест.





Маълумотнома: Технологияи


GPS




дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи


IFC




оид ба беҳтар кардани дастрасӣ ба сармоягузории фермерони пахтакори минтақаи ҷануби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бонкҳои «Тоҷиксодиротбонк» ва «Бонки аввалини молиявии хурд» ҷорӣ гардида буд.