Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин ният дорад, истихроҷи солонаи тиллоро то соли 2010 ба 3 тонна расонад

0



Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои истихроҷи тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар конҳои Тарор ва Ҷилави минтақаи Зарафшон баррасӣ шуд.






Пас аз мулоқот бо сарвари давлат Чэн Тсзинхэ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ӯ ба Э.Раҳмон оид ба корҳои анҷомдодаи корпоратсияи мазкур, ки дар ҷойи собиқ корхонаи муштараки Зарафшон як сол боз ба кор шурӯъ намудааст, гузориш додааст.





Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат корхона тамоми қарзҳои худро соф намуда, баҳри азнавсозии техникию истеҳсолӣ корҳои зиёд анҷом додааст.





«Дар натиҷаи ин имрӯз корхона аз ҳолати бӯҳронӣ баромада, 660 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст ва мо ният дорем, дар нимсолаи дуввуми соли равон истеҳсоли тиллоро 70% бештар созем», – гуфт роҳбари корпоратсия.





«Ширкати чинии Зиҷинг Майнинг соли гузашта 75% саҳмияҳои корхонаи муштараки Зарафшонро харида, дар заминаи он корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзинро таъсис дод, – идома дод ӯ. – Барои азнавсозии техникию истеҳсолии он дар зарфи як сол беш аз 18 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, аз ҷумла қариб 15 адад техникаи вазнини карйерӣ харидорӣ намудем».





Ба қавли Чэн Тсзинхэ, корпоратсияи мазкур нақша дорад, ба истихроҷи тилло,

 

нуқра ва мис дар Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад.





«Ман президентро бовар кунондам, ки истихроҷи солонаи тилло баъди як сол ба

 

2 тонна ва то соли 2010 ба 3 тонна расонда мешавад, – изҳор дошт ӯ. – Инчунин истихроҷи нуқра ва мисс низ афзун мегардад».





Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз оғози кори ширкати чинӣ дар ин ҷо вазъи иҷтимоии коргарон низ хеле беҳтар гаштааст. Айни ҳол маоши миёнаи онҳо наздики 600 сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин ба ҳамаи онҳо хӯроки гарм ва ҳар моҳ як халтагӣ орд дода мешавад.






 

Хотиррасон карда шуд, ки Ширкати чинии Зиҷинг Майнинг дар истихроҷ ва коркарди тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷойи аввал ва дар ҷаҳон дар ҷойи нӯҳум қарор дошта, ҳаҷми умумии сармояаш 3,8 миллиард ва саҳмияҳояш 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Қазоқистон корхонаҳои бекорхобидаи пойтахти Тоҷикистонро хариданист

0



Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абдутолиб Аҳмедов зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки кишвараш ҷиҳати ширкат дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон манфиатдор аст.






«Қазоқистон барои иштирок дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳи хос дорад, вале айни замон дар бораи ҳаҷми саҳми иқтисоди кишвар ба он чизе гуфтан душвор аст», – гуфт ӯ.





А.Аҳмедов зикр кард, ки соҳибкорон ва ширкатҳои Қазоқистон имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон муваффақона фаъолият доранд. «Қазоқистон корхонаҳои бекорхобидаи пойтахти Тоҷикистонро хариданист, то онҳо ба фаъолият шурӯъ намоянд», – гуфт дипломат.





Ба қавли сафир, имрӯз миёни кишварҳо ҳеҷ масоили ҳалношудае мавҷуд нест. «Дар ҳошияи сафари президенти Тоҷикистон ба Остона як қатор мулоқоти ҷонибҳо пешбинӣ гардидааст, вале ман айни замон мушаххас гуфта наметавонам, ки дар он кадом масъалаҳо баррасӣ хоҳанд гардид», – афзуд ӯ.





А.Аҳмедов ҳамчунин изҳор дошт, ки айни замон ба иқтисоди Қазоқистон мутахассисон заруранд. «Ман аз таҷрибаву малакаи тоҷикистониён дар соҳаи сохтмон ба хубӣ огоҳам ва фикр мекунам, ки ояндаи наздик мо низ аз он истифода хоҳем кард», – гуфт сафир.

 




Мутахассисони Чин барои бунёди корхонаи маъдантозакунӣ ба Адрасмон масолеҳи сохтмонӣ оварданд

0



Хуҷанд. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» ба шаҳраки Адрасмони ноҳияи Қайроққуми вилояти Суғд барои бунёди корхонаи маъдантозакунӣ 40 вагон масолеҳи сохтмон оварданд.






Муовини аввали раиси шаҳри Қайроққум Худойназар Юлдошев мегӯяд, ки дар навбати аввал онҳо таҳкурсии бинои маъдантозакунии коркарди сурбу руҳро мерезанд.





Ба гуфтаи ӯ, сипас аз Чин таҷҳизоти зарурӣ оварда, онро насб мекунанд, ки иқтидори навбати аввали он истеҳсоли 300 ҳазор тонна маъданро ташкил медиҳад ва дар сурати бо иқтидори пурра ба кор даромадан он ба 1 миллион тонна баробар хоҳад шуд.





«Насби таҷҳизоти корхона моҳи октябр ба анҷом расида, моҳи октябри соли ҷорӣ маҳсулоти аввалин тавлид хоҳад гардид, – идома дод Х.Юлдошев. – Айни замон дар корхона беш аз 300 нафар машғули коранд».





Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, мақомоти роҳбарии корхона аз ҷониби Чин хостори онанд, ки ҳукумати маҳаллӣ зудтар масъалаи ҷудо кардани қитъаи заминро ҷиҳати сохтмони иншооти зерсохтори ширкат ҳал кунанд.



Дар Тоҷикистон шояд вазорати иттилоот ташкил гардад

0



Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Дар Тоҷикистон шояд мақомоти тозае баҳри муттаҳиду ҳамоҳангсозии фаъолияти васоити ахбори омма (ВАО) ташкил дода шавад», – изҳор дошт имрӯз сармутахассиси шӯъбаи иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Маҳмудхон Сараев.






Имрӯз зимни баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тавсеаи муколамаи озод миёни мақомоти ваколатдори иҷозатномадиҳӣ ва созмонҳои телевизиону радио дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ» ӯ гуфт, ки шояд он вазорати иттилоот ном гирад. Конфронси мазкур пагоҳ низ идома меёбад.





Дар ҳамин ҳол, М.Сараев бо ишора ба консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, зикр кард, ки санади номбурда ташкили чунин мақомотро пешбинӣ мекунад.





Ба қавли ӯ, айни замон соҳаи ВАО-и чопиро Вазорати фарҳанг ва электрониро Кумитаи радиову телевизиони назди Ҳукумати ҶТ назорат мекунад, вале ин ба талаботи сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот ҷавобгӯ нест.





«Ин соҳаи таблиғотӣ аст ва мо бояд дар ҳамдастӣ баҳри рушди он кӯшиш ба харҷ диҳем», – афзуд М.Сараев.



Кормандони милисаи фурудгоҳи Хуҷанд аз интиқоли ҳероин ба Санкт-Петербург ҷилавгирӣ намуданд

0



     Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони шӯъбаи милисаи фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи сахттаъсири ҳероин ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ карданд.






        Сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чанде қабл ба гумони даст доштан дар ҷурми интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар сокини ноҳияи Мастчоҳ Мирзоаҳмад Сафарови 34-сола боздошт гардид.





       «Боздоштшуда дар бағочи худ ният дошт 2 килову


330 грамм

ҳероинро бо сайрхати «Душанбе-Санкт-Петербург» ба хориҷи кишвар интиқол диҳад», – изҳор дошт намояндаи ВКД ҶТ.



ҲХДТ ва ҲСТ ба вакилии парлумон ду нафар занонро ба номзадӣ пешбарӣ карданд

0




Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) ба ҷойи вакили рафта дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи интихоботии рақами 26-и Қӯрғотеппа номзадҳои худро пешниҳод намуданд.








Аз Комиссия марказии интихоботи (КМИ) ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҲХДТ сардори раёсати адлияи вилояти Хатлон Саодат Амиршоеваро номзад пешбарӣ кардааст. Мавсуф шомили ягон ҳизб нест. ҲСТ соҳибкори инфиродӣ Раъно Абдуллоеваро номзад пешбарӣ кардааст.







«Интихобот ба ҷои вакили рафта Асомиддин Саидов, ки сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон таъин гашт, дар таърихи 10-уми август баргузор мегардад», – иттилоъ дод манбаъ.







Ба гуфтаи намояндаи КМИ ҶТ, дар ҳавзаи интихоботии номбурда 74 ҳазору 600 нафар сокинони шаҳрҳои Сарбанд, Қӯрғонтеппа ва қисми ноҳияи Бохтор ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд.




Сӯхтор дар Мӯъминобод: ду нафар осеб диданд

0



Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ду нафар сокинони қишлоқи Мамадиёи ноҳияи Мӯъминобод Раҳматшо Алиеви 50-сола ва Ҷамшед Давлатови 23-сола бо ҷароҳатҳои бар асари сӯхтор гирифтаашон ба беморхона оварда шуданд.






Муовини сардори қисми сӯхторнишонии минтақаи Кӯлоб полковник Маҳмадулло Бозоров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ин ду нафар бар асари ҳодисаи сӯхтор дар нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ осеб дидаанд.





«Ҳангоми аз як зарф ба зарфи дигар рехтани бензин ба иллати беэҳтиётии онҳо ду зарф сахт ба ҳам бархӯрда, дар натиҷа шарора ба вуҷуд меояд ва бензин оташ мегирад, ки аз онҳо номбаршудагон зарар дидаанд, – идома дод ӯ. – То расидани мошин аз маркази ноҳия


40 литр

бензин батамом месӯзад ва маблағи хисороти расида 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад».





Дар ноҳияи Мӯъминобод соли равон ин дуввумин ҳодисаи сар задани сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ аст: 27-уми июни соли ҷорӣ дар нуктаи фурӯши маводи сӯзишвории қишлоқи Хонатарош низ сӯхтор сар зада буд, ки аз он фурӯшандаи он Мирмад Исмоилов осеб дид. «Ба ҷабрдида дар ҷои ҳодиса кӯмаки тиббӣ расонида шуд», – изҳор дошт М.Бозоров ва афзуд, ки он замон маблағи хисороти расида ба 300 сомонӣ баробар буд.



«Талко» бо «Налко» гуфтушунид накардааст

0



Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Яке аз ширкатҳои бузургтарини истеҳсоли алюминии Ҳиндустон «Налко» нияти харидории миқдори зиёди сармояи оинномавии корхонаи металлургиро дар Тоҷикистон доштааст. Дар ин бораи маҷаллаи «Металлоснабжение и сбит» (Таъмини металл ва фурӯши он) бо истинод ба директори молиявии ширкати «Налко» Б.П.Багра иттилоъ додааст.






«Гуфтушунидҳо дар ин бора аҳол дар марҳилаи оғоз қарор доранд», – гуфтааст Багра ва афзудааст, ки корхонае, ки дар назар аст, иқтидори истеҳсоли 440 ҳазор алюминий дар як солро доро будааст.





«Ҳарчанд дар ширкат мушаххасан номи ширкатро намегӯянд, вале маълум аст, ки сухан дар бораи Корхонаи алюминии Тоҷикистон (Талко) меравад, зеро дар Тоҷикистон он ягона корхонае мебошад, ки чунин металл истеҳол мекунад», – менависад маҷалла. Ҳамчунин бо истинод ба сарчашмаи номаълум аз ҳукумати Тоҷикистон маҷалла менависад, ки ширкати ҳинду ба харидории 51%-и саҳмияҳо манфиатдор будааст.





Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (Талко) Саёҳат Қодирова изҳор дошт, ки ҳеҷ гуфтушуниде дар мавриди харидории саҳмияҳо бо ширкати ҳинду сурат нагирифтааст.



Раиси вилояти Суғд ба ваъдаи додааш ба истеъдодҳои ҷавон вафо кард

0


Конибодом. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи фармони раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз буҷаи раёсати маорифи вилоят ҷиҳати хуб ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, харидории асбоби мусиқӣ ва таҷҳизот ба мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Конибодом 50 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст.






Директори мактаби номбурда Шӯҳрат Эргашев изҳор дошт, ки ҳамин тариқ раиси вилоят ваъдаи додаашро ба санъаткорони ҷавон дар маросими ифтитоҳи мактаб ба иҷро расонд.





Ёдрас мекунем, ки мактаби санъат дар заминаи мактаби мусиқӣ ташкил гардида, дар синфҳои маҳорати актёрӣ, санъати рақс, мусиқии анъанавии класикӣ, омӯзиши асбобҳои мусиқии мардумӣ беш аз 200 нафар таҳсил хоҳанд кард.



М.Убайдуллоев хостори он аст, ки кӯшишу талошҳои Маркази минтақавии дипломатияи превентивӣ ба суботи вазъи Афғонистон низ мусоидат кунанд

0



Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар боздиди раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии (ММ МО) ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енчамасоили ҳамкориҳои дуҷонибаи парлумони Тоҷикистон бо ин марказ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.






Ёвари раиси ММ МО ҶТ оид бо робитаҳо бо васоити ахбори омма ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон саҳми СММ-ро дар пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намудааст.





«Ӯ таъкид сохт, ки таъсиси Маркази дипломатияи превентивӣ, ба хусус дар шароити кунунӣ иқдоми муассиру саривақтӣ аст, зеро пешгирии ихтилофҳои гуногун аз рафъи оқибатҳои баъдии он осонтар аст, – изҳор дошт сарчашма. – Ғайр аз ин, М.Убайдуллоев зикр кард, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки ҳамаи кишварҳо бидуни дарназардошти сатҳи рушд ва мақом дар раванди ҷаҳонишавӣ, танҳо дар асоси ба роҳ мондани усулҳои ҳамзистии мусолиматомез, ҳамкории мутақобила ва якдигарфаҳмӣ ба комёбиҳо ноил хоҳанд гашт».





Ш.Саидов ҳамчунин изҳор дошт, ки М.Убайдулллоев аз роҳбари Маркази дипломатияи превентивӣ хостори он шудааст, ки кӯшишу талошҳои марказ дар ҳамдастӣ бо тамоми сохторҳои минтақавии СММ ба суботи вазъи Афғонистон низ мусоидат кунанд.





«Мирослав Енча бо изҳори қаноатмандӣ зикр кард, ки пешниҳодоту хоҳишҳо зимни тартиб додани нақшаи фаъолияти марказ ба назар гирифта мешаванд ва ҳамкории дуҷониба минбаъд рушд хоҳад ёфт», – афзуд Ш.Саидов.