Home Blog Page 94

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

0
55042921382_858fdd249b_b

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар навишт, ки аз ҷумла, муовини якуми сардори “Мададгори мудофиа”, чанде аз сардорони Раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, инчунин Қушунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ нав шуданд.

Ҳамчунин, дар чанде аз раёсату шуъбащои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии сохторҳои қудратии мазкур “кадрҳои ҷавону варзида, дорои тахассуси олӣ ва далеру ватандӯст таъин гардиданд”.

Ба иттилои манбаъ, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Вахш, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Шаҳристон ҳам нав шудаанд.

Хадамоти матбуотии президент, номи онҳое, ки дар ин ниҳодҳо вазифа гирифтанд ва аз мансаб озод шуданд, ошкор накардааст.

Манбаъ менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни  суҳбат бо кадрҳои навтаъин, “ба тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна сарҳадшиканӣ, бахусус сарҳадшикании мусаллаҳона ва қочоқи аслиҳаю маводи мухаддир, таҳкими омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, забономӯзӣ, аз худ кардан ва истифодаи лавозимоту техникаи муосири ҷангӣ, гузаронидани машқу тамринҳои пайваста то истифода аз имконоти таҷҳизоти  идорашавандаи фосилавӣ ва риояи қонунияту оинномаҳои соҳавӣ” таъкид кард.

Ӯ ҳамчунин илова кардааст, ки “муносибат бо сарбозону кормандон бояд мисли муомила миёни аъзои оила бошад, то ки эҳсоси дӯстиву бародарию ҳамдигарфаҳмӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ ва роҳбарони воҳидҳои низомӣ устувор гардад”.

Ҳамасола дар оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом мешавад. Аз ҷумла чанде пеш, се муовини вазири корҳои хориҷӣ, додрасу раисони додгоҳҳои чанд шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Аз ин пештар як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд раёсати ин ниҳод дар дастгоҳи марказӣ, инчунин, сардорони шуъбаҳои ВКД дар чанд шаҳру навоҳӣ нав шуда буданд.

Дар аввали сол, раисони 9 шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, ду муовини раиси вилояти Хатлон, ёрдамчии президент дар робита ба масоили иҷтимоӣ, раиси Кумитаи рушди маҳал ва муовинонаш нав шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷон бохтани як духтари чорсола дар пайи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт

0
photo_2025-12-09_10-54-02

Як модари ҷавон бо ду кӯдаки хурдсолаш дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз дуди ангишт заҳролуд шуда, духтари чорсолаашро аз даст додааст. Дар ин бора Диловар Ҳамдамов, масъули матбуоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба "Азия-плюс" хабар дод.

Ин ҳодиса шаби 7 ба 8-уми январ дар деҳаи Кумарғи ин ноҳия рух дода, дар пайи он, Анорҷони Муллобоқӣ, сокини 28-солаи ин деҳа бо писари 6-сола ва духтари 4-солааш заҳролуд шудаву аз ҳуш рафтаанд.

Ҳарсеи онҳо ба бемористони ноҳияи Айнӣ интиқол ёфта, дар он ҷо духтарчаи чорсола вафот кардааст. Модар бо писари хурдсолаш рухсат шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин аввалин ҳодисаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар вилояти Суғд дар соли 2026 аст. Соли гузашта, ба қавли Ҳамдамов, дар ҳудуди ин вилоят чунин ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон дар пайи норасоии барқ, хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт ва таппак гарм мекунанд. Дар баъзе маврид ба гуфтаи мақомот, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавӣ ва марги сокинон мегардад. Солҳои гузашта ҳам чандин нафар аз дуди ангишт дар хонаҳояшон заҳролуд шуда ба ҳалокат раисиданд. 

Аз ҷумла, моҳи гузашта дар ноҳияи Рашт як зану шаҳвари 18 ва 25-сола дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт ҷон дода буданд. Ҳамчунин, моҳи феврали соли 2024 шаш узви як хонавода бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ё оксиди карбон дар Душанбе ба ҳалокат расида буданд. 

Дар бораи тавсияҳои КҲФ ҳангоми заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар маводи мо шинос шавед: “Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти 8 кас, ки худро “корманди амният муаррифӣ карда”, аз шаҳрвандон маблағ меситонидаанд

0
photo_2026-01-16_13-48-18

Мақомоти амният аз боздошти 8 кас хабар доданд, ки худро "корманди амният муаррифӣ карда", аз шаҳрвандон бо баҳонаи “озод кардани хешовандашон аз зиндон, таъмини кор дар хориҷа, сохтани билети ҳарбӣ ва ё таҳдиди аз Тоҷикистон ихроҷ кардан” маблағ мегирифтанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)  дар як гузориш, ки телевизиони “Тоҷикистон”, имрӯз, 16-уми январ онро нашр кардааст, гуфт, ҳадафи гумонбарон ба даст овардани маблағ буд. 

Дар гузориш аз гумонбарон, Илҳом Амонқулови, Фазлиддин Мирзоеви, Ҷамолиддин Толибзода, Ҳоҷиабдулло Салимов, Маҳмадулло Саидов, Фатҳиддин Давлатов, Ёқуб Бозоров ва Ҳусейн Муродов ном бурда мешавад.

КДАМ мегӯяд, аз ҷумла Илҳом Амонқулов аз Муҳаббатхон Маҷидова, як сокини пойтахт бо ваъдаи озод кардани ҳамсараш Алишер Маҷидов, ки бо ҷурми ҳамбастагӣ бо иттиҳодияи “Салафия” боздошт шудааст, дар ду ҳолат 240 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Гумонбар дар гузориши мақомот ба кори кардааш иқрор шуда, мегӯяд, “бо ваъдаи дар амният шинос доштан, ин занро фиреб додааст”. Вале таҳти чӣ шароит сабт шудани навор маълум нест.

Ҳамчунин, дар гузориш зикр мешавад, ки Фазлиддин Мирзоев худро корманди КДАМ муаррифӣ карда, "аз бародарон Маҳмадалӣ ва Амоналӣ Баротовҳо барои озод кардани бародарашон Мирзоалӣ, ки 5 сол зиндонӣ шудааст, 50 ҳазор сомонӣ гирифтааст".

Ин ниҳод гуфт, Ҷамолиддин Толибзода, Ҳоҷиабдулло Салимов ва Маҳмадулло Саидов дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат Отифа Аҳмадӣ ва Маъсума Аҳмадӣ, шаҳрвандони Афғонистонро бо баҳонаи ба фурудгоҳи Душанбе расонидан ба мошинашон савор карда, “сипас дар роҳ худро корманди мақомот муаррифӣ карда бо таҳдиди ихроҷ кардан аз Тоҷикистон 25 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоии онҳоро аз худ кардаанд”.

Яке аз гумонбарон дар гузориш гуфтааст, ки “аз духтарони афғонистонӣ 25 ҳазор сомонӣ ва ду овезаю гарданбанди тиллоӣ гирифтем ва байни худ тақсим кардем”.

Назари паноҳандаҳои афғонистонӣ дар пайванд ба ин қазия маълум нест.

Мақомот гуфтаанд, ки дар мавриди дигар Фатҳиддин Давлатов аз як сокини пойтахт бо ваъдаи бо ҷойи кор таъмин кардани ӯ дар Олмон 30 ҳазору 500 сомонӣ ситонида ба манфиати худ истифода бурдааст. 

Инчунин, Ёқуб Бозоров, ки қаблан се маротиба ба мӯҳлати 8 сол зиндонӣ шудааст, худро “корманди баландрутбаи мақомоти амнияти миллӣ” муаррифӣ карда аз сокинон бо ваъдаи аз иҷрои ҷазо озод кардани  хешовандонашон маблағ гирифтааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки Ҳусейн Муродов худро корманди мақоми қудратӣ муаррифӣ карда, аз як сокини 23-солаи шаҳри Исфара бо ваъдаи гирифтани билети ҳарбӣ 86 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Ман ба Аббосхон Ҳоҷиев як билети ҳарбии қалбакӣ сохта додам ва гуфтам, ки агар ягон мушкилӣ шавад занг зан ҳал мекунам”,-гуфтааст боздошшуда.

Ҳамаи гумонбарон дар гузиориш ба гуноҳҳои худ иқрор мешаванд, вале маълум нест, ки ин навори онҳо таҳти чӣ шароит сабт шудааст. Ҳамчунин, назари боздоштшудаҳо ва ҷабрдидаҳо дар пайванд ба ин гузориш маълум нест.

Мақомот гуфтаанд, ки нисбати гумонбарон бо иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда ифтитоҳ шуда тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ, дар ҳолатҳои гуногун аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

КДАМ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар аз дасти ин гумонбарон фиреб хӯрда бошанд, бо рақамҳои 221-37-37 ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Асоси забон калима аст”. “Вожаомӯз” чӣ барнома аст ва тариқи он чӣ гуна метавон забони англисӣ омӯхт?

0

Калиди омӯзиши забони англисӣ, истифода аз барномаи “Вожаомӯз”, бартарӣ ва вижагиҳои барнома ва имкони омӯзиши забони англисӣ барои донандагони забони тоҷикӣ. Пиромуни ин масоил бо Саъдӣ Тоирзода, устоди забони англисӣ, блогер ва мудири ин барнома суҳбат кардем.

Саъдӣ Тоирзода, ки дар пойгоҳи "YouTube" ва шабакаи иҷтимоии "Instagram" саҳифаи худро пеш мебарад, тақрибан се сол пеш барномаи “Вожаомӯз”-ро бо кумаки Мирқурбон Наимов, барномасоз таъсис дод, ки ҳоло беш аз 55 ҳазор корбар дорад. Ҳамчунин, дар саҳифаҳои худ дар "YouTube" ва "Instagram" бо номи “Забономӯз” дарсҳои онлайн пахш мекунад.

Ӯ, ки худро муаллими забони англисӣ ва фаъоли ҷомеа медонад, “блогер”-иро василаи ҷалби шогирдон мегӯяд. Ба гуфтаи вай, ба воситаи дарсҳои онлайнӣ ва барнома метавон шахсони зиёдро, ки мехоҳанд забони англисӣ омӯзанд, ба омӯзиш фаро гирифт.

Ин муаллими забони англисӣ мегӯяд, ғояи таъсиси саҳифаи омӯзиши забони англисӣ бо забони тоҷикӣ ҳанӯз замони донишҷӯияш пайдо шуда буд. Ба гуфтаи номбурда, ҳангоме дар факултаи филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таҳсил мекард, барои омӯзиши забони англисӣ аз китобҳои бо забони русӣ таҳияшуда истифода мекарданд.

“Масалан, китобҳои Аракинро, ки аз нигоҳи забони русӣ ва барои донишҷӯёни рус омода шудаанд, истифода мекардем. Барои бо он забон омӯхтан, бояд грамматикаи забони русиро хуб донӣ, зеро таҳлилу муқоиса ва дигар тавзеҳот бо забони русӣ омода шудааст. Ва ин барои як ҷавони тоҷик, албатта мушкил аст”, – мегӯяд Тоирзода.

Ба нақли ҳамсуҳбати мо, азбаски ӯ забони русиро хуб медонист, мушкиле пеш намеомад, аммо ҳамкурсонаш бо мушкил дучор меомаданд.

 

“Ҳамон вақт ғояе пайдо шуд, ки агар оянда барои омӯзиши забони англисӣ иқдоме роҳандозӣ кунам, ҳатман бо забони содаи тоҷикӣ ба роҳ хоҳам монд, то барои тамоми мардум, махсусан нафароне, ки забони русиро намедонанд, кумак кунад”, – мегӯяд ӯ.

Ҳамин тавр, вақте баъди хатми донишгоҳ ба Маркази амрикоӣ ба кор медарояд, авввалин наворашро бо забони тоҷикӣ сабт ва пахш мекунад.

 

“Вожаомӯз” чӣ гуна пайдо шуд?

Ба гуфтаи Саъдӣ Тоирзода, барномаи “Вожаомӯз” каме дертар, баъди нашри китоби “1001 калимаи зарурӣ”, ки бо ҳамдастии Шерзод Тағоймуродов таълиф карда буд, сохта шуд. Вақте ин китоб маъмул мешавад, аксарият, махсусан, шахсоне, ки берун аз кишвар қарор доштанд, хоҳиш мекунанд, ки шакли электронии китобро дошта бошанд.

Баъди ин, бо  Мирқурбон Наимов, барномасоз ин масъаларо пеш мегузорад ва Мирқурбон Наимов низ, ки аз соли 2018 ҷамъоварии маводро барои таъсиси барномаи омӯзиши забони англисӣ бо забони тоҷикӣ оғоз карда буд, таҳияи барномаи алоҳидаро пешниҳод мекунад.

Ба андешаи Саъдӣ Тоирзода, азбар кардани вожаҳои англисӣ, нисбат ба тамаркуз ба грамматика, манфиатовар ва ҳам мувофиқтар аст.

“Дилхоҳ забон аз калима иборат аст ва асоси забон калима аст. Агар шумо танҳо грамматика омӯзеду калима надонед, ҳарф зада наметавонед. Иштибоҳи аксрияти мо ин аст, ки ба омӯзиши грамматика зиёд тамаркуз мекунем, аммо давом дода наметонанд. Зеро грамматика беканор буда, қоидаҳои зиёд дорад ва талаба ҳангоми гап задан фикр мекунад, ки кадомашро истифода кунад. Ин тарси талабаро барои гап задан зиёдтар мекунад”, – шарҳ медиҳад андешаи худро ҳамсуҳбати мо.

 

Чӣ гуна “Вожаомӯз”-ро боргирӣ ва истифода кард?

Боргирии барнома дар пойгоҳҳои Google Play ва App Store барои дастгоҳҳои мобилӣ ройгон дастрас аст. Аз барнома метавон ҳам ройгон ва ҳам пулакӣ истифода кард. Албатта, шакли пулакии он имконоти бештар дорад.

Тартиби сабтином ва истифода аз барнома чунин аст:

 

Шакли ройгони барнома аз 7 бахш иборат буда, беш аз 1500 калимаро дар шакли ройгон пешниҳод мекунад.

 

Беш аз 18 ҳазор калима

Барномаи “Вожаомӯз” шакли пулакӣ ҳам дорад, ки солона 399 сомонӣ пардохт бояд кард. Шакли пулакии барнома имконоти бештар дошта, 18 ҳазор калимаи англисиро бо акс, тарзи талаффуз, овоз ва тарҷумаи тоҷикиву русӣ пешниҳод мекунад. Дар он 8 навъи машқи калима мавҷуд буда, 4 маҳорати донистани забони англисӣ – ҳарф задан, шунидан, хондан ва навиштанро бо тарзҳои гуногун меомӯзад.

Ҳамчунин, метавон дар шакли пулакии барнома бозиҳо ташкил ва ё дар бозиҳои калимадонӣ иштирок кард.

Инчунин, дар ин шакли барнома имкони ҷамъоварии тангаҳо мавҷуд аст, ки дар охир метавон тангаҳоро ба худи китоби “1001 калимаи зарурӣ” иваз кард ва соҳиби китоб шуд.

Ба гуфтаи мудир ва созандаи барнома, бо вуҷуди он ки аллакай бо забони тоҷикӣ чанд барнома ташкил шудаанд, аммо танҳо ҳамчун луғат истифода мешаванд ва “Вожаомӯз” имрӯз дар кишвар ягона барномаест, ки функсияҳои зиёд дошта, забони англисӣ, махсусан, вожаҳоро дар чанд шаклу тарз меомӯзад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Абдунабӣ Сатторзода соҳиби нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедил шуд

0
photo_2026-01-16_09-49-55

Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва мунаққиди номвари тоҷик дар шашумин Ҷашнвораи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ дар Эрон нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедилро соҳиб шуд.

Дар ин бора “Бунёди Бедил” хабар дода, менависад, ҷашни байналмилалӣ рӯзҳои 11-12-уми январ дар шаҳри Теҳрон баргузор гардидааст.

Ба иттилои созмондиҳандагон, дар ин ҷашн нахустин бор Ҷоизаи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ бунёд ва эҳдо гардид. Қаблан, он бидуни эҳдои ҷоиза баргузор мешуд.

Ин ҷоиза бори аввал барои саҳми шоиста дар омӯзиш ва муаррифии адабиёти форсӣ ба се шахсияти маъруфи илми адабиётшиносӣ супурда шудааст:

– Профессор Абдунабӣ Сатторзода, аз Тоҷикистон;

– Профессор Шариф Ҳусайнӣ Қосимӣ, аз Ҳинд;

– Профессор Орифи Навшоҳӣ, аз Покистон.

Дар суханрониҳои маросим, таъкид шудааст, ки пажӯҳишҳои бисёрсолаи профессор Абдунабӣ Сатторзода дар заминаи таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, таҳқиқи осори классикон ва нақши ӯ дар тақвияти пайвандҳои адабӣ миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон аз омилҳои асосии соҳиб гардидани ин ҷоиза маҳсуб мешаванд.

Абдунабӣ Сатторзода доктори илми филология буда, яке аз шахсиятҳои маъруфии адабиву сиёсии Тоҷикистон ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон мебошад.

Ҷашнвораи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ бо ташаббуси "Бунёди Бедили Деҳлавӣ" баргузор гардида, ба омӯзиш ва тарғиби ҳикмату осори Бедили Деҳлавӣ ва ҳамзамон ба арҷгузорӣ аз саҳми пажӯҳишгарони барҷаста дар риштаи адабиёти форсӣ ихтисос ёфтааст.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, бо таваҷҷуҳ ба он ки Бедил дар Ҳинд, Афғонистон, Тоҷикистон ва миёни форсизабонон ҷойгоҳи вижа дорад, ин ҳамоиш ба густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ҳифзи забони форсӣ ҳамчун унсури муҳими ҳувияти муштарак кумак мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Мирзо Абдулқодири Бедил яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони форсизабони асрҳои XVII–XVIII маҳсуб мешавад. Ӯро яке аз сутунҳои асосии “сабки ҳиндӣ” дар шеъри форсӣ медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ду сокини Панҷакентро барои қочоқи маводи мухаддир аз 16 то 19 сол зиндонӣ кардаанд

0
photo_2026-01-16_10-18-50

Додгоҳи Панҷакент ду сокини ҷамоати деҳоти Саразми ин шаҳрро ба қоҷоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста, якеро ба 19 ва дигариро ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст. Мақомот гуфтаанд, ки онҳо мехостанд тавассути сарҳади Тоҷикистон, 44 кило маводи мухадирро ба кишвари Ӯзбекистон интиқол диҳанд.

Дар ин бора, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)  дар як гузориш, ки телевизиони “Тоҷикистон”, рӯзи 15-уми январ онро нашр кардааст хабар дода, аз онҳо Уктам Сатторов ва Соҳиб Ҳамидов, сокинони 44 ва 39 солаи шаҳри Панҷакент ном бурдааст.

КДАМ гуфтааст, ки онҳо “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллоб” созмон дода, мехостаанд “20 кило ҳашиш ва 24 кило афюнро тавассути сарҳади давлатӣ ба Ӯзбекстон интиқол диҳанд”.

Ба гуфтаи мақомот, гумонбарон бо роҳнамоии саркардаи гурӯҳи ҷиноятӣ Ҷонибек Рустамов, сокини 37-солаи деҳаи Шурчаи ҷамоати Халифа Ҳасани ин шаҳр, ки ҳоло дар хориҷа қарор доштааст, ният доштаанд, ки маводи мухаддирро тавассути хатти сарҳади давлатӣ ба Ӯзбекистон интиқол диҳанд.

Ҳарду дар гузориши мақомот ба гуноҳи худ иқрор мешаванд. Аз ҷумла, Соҳиб Ҳамидов, яке аз гумонбарон мегӯяд, “ҳамроҳи Ӯктам саҳар ба кӯҳ рафтам, 4-5 сарбози Ӯзбекистон буд, даруни борхалтаба 43-44 кило воситаи нашъадор буд, партофтаму гурехтам. Русия рафтам ва боз ба Тоҷикистон омадам, ки дар сарҳади Саразм амният қапиданд. Дар хона боз 1 кило маводи мухаддир буд, ки ба амният супоридам”.

Вале маълум нест, ки боздоштшудаҳо таҳти кадом шароит ин ҳарфҳоро гуфтаанд. Назари онҳо ва пайвандонашон дар робита ба ин қазия маълум нест.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздошшудаҳо бо иттиҳоми “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди онҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан” (моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз шуда бо қарори додгоҳи шаҳри Панҷакент Соҳиб Ҳамидов  ба мӯҳлати 19 сол ва Уктам Сатторов  ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, ҷустуҷӯ ва истирдоди Ҷонибек Рустамов, саркардаи ин гурӯҳ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон идома дорад.

Бояд гуфт, ки дар моҳи июли соли гузашта низ се сокини шаҳри Панҷакент барои қочоқи 24 кг маводи мухаддир ба мӯҳлати 15 ва 16 сол равонаи зиндон шуда буданд. Мақомот гуфта буданд, ки онҳо мехостанд шабона 24 кило маводи мухаддиро тавассути сарҳади Панҷакент ба кишвари Ӯзбекистон интиқол диҳанд.

Тибқи иттилои расмӣ дар даҳ моҳи соли 2025 дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 1 тонна воситаҳои гуногуни нашъадор аз муомилот гирифта шуда, чандин гурӯҳи нашъаҷаллоб дастгир шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Амрико додани раводиди муҳоҷиратро барои шаҳрвандони 75 кишвар бозмедорад. Тоҷикистон ҳам дар ин рӯйхат ҳаст?

0
photo_2026-01-16_10-14-47

Департаменти давлатии Амрико додани раводиди муҳоҷиратро барои шаҳрвандони 75 кишвар муваққатан бозмедорад. Қарори мазкур аз 21-уми январ ба ҳукми амал медарояд, вале он то кай амал мекунад, маълум нест.

Ба иттилои хабаргузории “Fox News Digital”, ҳадафи роҳандозии ин иқдом пурзӯр кардани назорати вуруди шаҳрвандони хориҷиест, ки “метавонанд барои буҷаи давлатӣ сарбории иловагӣ гарданд”. Аз ин рӯ, ба кормандони консулӣ супориш дода шудааст, ки то бозбинӣ шудани низоми санҷиш ва интихоби довталабон, аз додани раводид худдорӣ намоянд.

Ба қатори кишварҳое, ки Амрико додани раводиди муҳоҷиратро қатъ мекунад, Афғонистон, Бразилия, Эрон, Ироқ, Миср, Нигерия, Сурия, Таиланд, Яман, ҳамчунин Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон ва чанд кишвари дигар шомил шудаанд.

 

Тоҷикистон чӣ?

Тоҷикистон дар феҳристи 75 кишваре, ки “Fox News” нашр кардааст, нест. Аммо чанде пеш Сафорати Амрико дар Тоҷикистон расман эълон кард, ки Котиботи давлатии ин кишвар барномаи қуръакашӣ ё лотереяи “Корти сабз” (“Green Card”)-ро муваққатан боздоштааст. Бо вуҷуди ин, онҳое, ки барандаи ин қуръакашӣ ҳастанд, метавонанд аз мусоҳиба гузаранд, вале муваққатан раводид намегиранд.

Дигар навъҳои раводиди муҳоҷиратӣ дар Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дода мешаванд.

Ба иттилои "Fox News", ҳанӯз моҳи ноябри соли 2025 Департаменти давлатии Амрико ба намояндагиҳои консулӣ дар саросари ҷаҳон дастур дода буд, ки қоидаҳои навро дар доираи меъёри “сарбории ҷамъиятӣ” (public charge) риоя кунанд.

Мутобиқи ин меъёр, ба шахсоне, ки метавонанд ба кумакпулиҳои давлатӣ вобаста шаванд, раводид дода намешавад. Ҳангоми арзёбӣ вазъи саломатӣ, синну сол, донистани забони англисӣ, вазъи молиявӣ ва дигар омилҳо ба назар гирифта мешаванд.

Бояд гуфт, оғози соли ҷорӣ, Амрико рӯйхати кишварҳоеро нашр кард, ки шаҳрвандонашон ҳангоми гирифтани раводиди ин кишвар, бояд аз 5 то 15 ҳазор доллар гаравпулӣ барои раводид пардохт кунанд. Ба ин рӯйхат 38 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ дохил шудаанд.

Дорандагони чунин раводид метавонанд танҳо тавассути фурудгоҳҳои байналмилалии Бостон, Ню-Йорк ва Вашингтон вориди Амрико шаванд. Дар сурати риоя накардани муҳлати будубош ё нақзи қонунҳои Амрико, гаравпулӣ баргардонида намешавад.

Ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромади хуб ва иқомати доимӣ ба Амрико мераванд. Онҳое, ҳам кам нестанд, ки бо мақсади сайёҳӣ ва меҳмонӣ ба ин кишвар мераванд. Ҳоло тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди мо дар ИМА кору зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 6

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми шашуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Чаро асали Тоҷикистон ба Аврупо содир намешавад?

0
DSC_4818

Ҳарчанд дар Тоҷикистон ҳамасола ҳазорҳо тонна асал истеҳсол гардида, мунтазам дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ баҳои баланд мегирад, вале дар рафҳои савдои Аврупо асали истеҳсоли мо мисли пешин ба фурӯш гузошта нашудааст.

Чаро сарфи назар аз эътироф, содироти асал ба Аврупо ғайриимкон аст? Кӯшиш кардем ба ин суол посух дарёбем.

 

Дар Тоҷикистон чӣ қадар асал истеҳсол мешавад ва он ба куҷо меравад?

Тайи даҳсолаи ахир истеҳсоли асал дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзуд. Агар дар аввали солҳои 1990-ум дар кишвар ҳамагӣ 60 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёфт, пас имрӯз шумори онҳо ба зиёда аз 260-280 ҳазор адад мерасад. Оилаи занбӯри асал ва ҳаҷми истеҳсоли асал аз садҳо тонна то 4-4,8 ҳазор тонна дар як сол зиёд шуд. Ин миқдор тақрибан 0,4-0,5 кг асал барои як кас аст, ки зиёдтар аз аксари кишварҳои қораи Осиё ва камтар аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ аст.

Вале сарфи назар аз афзоиши истеҳсол, содирот хеле кам аст. Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, соли 2024 аз Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 2,3 тонна асал содир шуда, ҳамзамон воридот 4,2 тоннаро ташкил додааст. Маълумоти оморӣ ба ҳаҷми назарраси фарқият байни миқдори асали воридшуда ва содиргардида ишора карда, ҷой доштани мушкилоти ҷиддӣ дар самти роҳ ёфтан ба бозорҳои берунаро тасдиқ месозад.

 

Чаро нархи асал аз ҳамдигар фарқ доранд?

Нархи миёнаи чаканаи 1 кг асал дар Аврупо ҳудуди 15 евроро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, нархи яклухти он, ки арзиши худи асалро инъикос мекунад, ҳамагӣ 2-4 доллар аст. Ин фарқият бо он маънидод мешавад, ки дар савдои чакана асал аллакай дар зарфҳо, бо  борҷома, бастабандӣ ва реклама, инчунин бо назардошти ҳамаи хароҷот ба нақлиёт ва корҳои бастабандӣ фурӯхта мешавад.

Асал аз Тоҷикистон асосан ба сифати ашёи хом бидуни коркард ва тамғагузорӣ фурӯхта шуда, ин тарзи пешниҳод арзиши онро паст ва барои харидорони байналмилалӣ на он қадар ҷолиб мекунад.

 

Тоҷикистон ҳоло ба содироти асал ба Аврупо роҳ дода нашудааст

Барои ба бозори Иттиҳоди Аврупо (ИА) роҳ ёфтан ба асали Тоҷикистон танҳо “сифати баланд”-и маҳсулот, кофӣ нест. Дар меъёрҳои аврупоӣ риояи як қатор талабот ҳатмӣ буда, Тоҷикистон ҳоло натавонистааст аз ҳамаи марҳилаи зарурии санҷишҳо гузарад.

“Бо вуҷуди шароити мусоид барои рушди парвариши занбӯри асал дар кишвар, истеҳсол ва содироти асал мисли пешин ба имконоти мавҷуда ҷавобгӯ нестанд”, – гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояш. Ӯ он замон ба зарурати такмили низоми назорати сифат ва дарёфти гувоҳинома ишора карда буд.

Барои ба содироти асал ба Иттиҳоди Аврупо роҳ додан, Тоҷикистонро лозим аст, ки аз якчанд марҳилаи ҳатмии санҷиш гузарад.

Нахуст кишвар бояд ба рӯйхати расмии кишварҳои сеюме шомил гардад, ки ба онҳо содироти асал ба Аврупо иҷоза шудааст. Сониян, таҳияи барномаи миллии мониторинги пестисид ва антибиотикҳо, инчунин озмоишгоҳҳои сабтшудаи қодир ба санҷиши асал ҷиҳати ҷавобгӯ будан ба меъёрҳои аврупоӣ зарур аст.

 

Айни замон Тоҷикистон ин марҳилаҳоро паси сар накардааст. Сарфи назар аз таҳия шудани барнома мониторинги боқимондаҳо (пасмондаҳо), он ҳоло дар Комиссияи Аврупо тасдиқ нашуда, монеаи асосӣ барои содироти асал ба ИА боқӣ мемонад.

 

Мушкил на дар асал, балки дар низоми назорат аст

Вақте ки асалро ба ташхис мефиристанд, натиҷаҳо на ҳама вақт қаноатбахш мебароянд. Дар яке аз таҳқиқоти чанде пеш дар Олмон дар асал пестисидҳо дарёфт нашуд, лекин тақрибан дар нисфи озмоишҳо боқимондаҳои антибиотикҳо ва дар баъзе ҳолатҳо – барзиёдӣ дар меъёрҳои иҷозагардида ошкор шуд.

Ин барои роҳ ёфтан ба бозорҳои аврупоӣ аллакай монеъаи ҷиддӣ мешавад. Дар ин бозор чунин мавод қотеъона назорат шуда, амалан дар маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ дода намешавад.

“Маводи кимиёвӣ ба ҳалокати занбӯрҳо боис мегарданд. Занбӯриасалпарварон бояд моро аз истифодаи чунин мавод дар қитъаҳояшон огоҳ кунанд”, – мегӯяд Абдуғанӣ Тошматов аз Хуҷанд, ки ба парвариши занбӯри асал машғул аст.

Ӯ муҳиммияти назорат аз болои маводи кимиёвиро, ки метавонанд ба сифати асал таъсир расонанд, таъкид месозад.

 

Мушкилоти замин: оилаҳои занбӯри асал, кадрҳо, логистика

Барои роҳ ёфтан ба бозори ИА натанҳо монеаҳои маъмурӣ (бюрократӣ) халал мерасонанд. Ин соҳа ба мушкилоти бештар заминӣ дучор аст. Дар навбати аввал, ин оилаҳои хурд, ки муттаҳид карданашон барои таъмини устувор душвор аст. Ба Тоҷикистон кооперативҳо  (ширкатҳо) заруранд, ки тавонанд асалро аз оилаҳои занбури асали гуногун ҷамъоварӣ карда, мутобиқсозӣ ва бастабандии ягонаи онҳоро барои содирот таъмин кунанд.

Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон мушкили норасоии маконҳои нигаҳдорӣ (анборҳо) ва иқтидорҳои коркард ҷой дорад. Ин ҳамчунин, ба коркарди босифат монеъа эҷод карда, он дар навбати худ, содироти онро душвор месозад.

 

Роҳи асали Тоҷикистон аз ИДМ ба Аврупо

Тоҷикистон аз асали худ ифтихор дошта, онро беҳтарин дар ИДМ меномад, вале барои бозорҳои Аврупо  бехатарӣ, ҷой надоштани ифлосиҳо, қобили таҳқиқ будан ва аслӣ будани маҳсулот муҳим аст.

Коршиносон ва шахсони машғул ба парвариши занбӯри асал эътироф мекунанд, ки асали Тоҷикистон бо тозагии экологӣ ва маззаи хуштаъми худ фарқ мекунад, лекин дар бозори ИА исбот кардани на танҳо сифати баланд, балки бехатарии комил дар ҳамаи марҳилаҳо – аз истеҳсол то интиқол лозим аст.

Онҳо пешниҳод мекунанд, ки барои дар рафҳои савдои мағозаҳои аврупоӣ қарор гирифтани асали Тоҷикистон анҷом чунин корҳо зарур аст:

– ба охир расонидани ҷараёни тасдиқи барноми миллии мониторинги боқимондаҳои пестисид ва антибиотикҳо;

– таъсиси озмоишгоҳҳои сабтшуда (гувоҳномадор) бо қайди байнулмилалӣ;

– омӯзиши занбӯриасалпарварон ва кишоварзон барои пешгирии истифодаи бидуни назорати маводи кимиёвӣ;

– рушди кооператсия (шарикӣ) ва коркард, то ки таъмини устувор роҳандозӣ шавад;

– ҷорисозии низоми таҳқиқ ва назорати сифати асал дар ҳамаи марҳилаҳо;

– кор кардан рӯйи беҳтар сохтани бастабандӣ, тамғагузорӣ ва бозорёбӣ (маркетинг)-и асал.

Аммо ин танҳо як қисмате аз талабот ба маҳсулот аст. Дар асл талабот хеле бисёр буда, ҳамаи онҳо бояд иҷро шаванд, то ки Тоҷикистон тавонад муваффақона бо истеҳсолкунандагони асал дар Аврупо рақобат кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 январи соли 2026

0
49261886_1229744620483491_1676233630055137280_n

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз тими миллии футзали кишвар дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Осиё-2026 бо дастаи мунтахаби Қирғизистон рақобат мекунад. Бозӣ дар Ҷакарта доир мегардад.

– Тими миллии наврасони Тоҷикистон имрӯз бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дидори дӯстонаи навбатии худро баргузор мекунад. Бозӣ дар шаҳри Дубай доир мегардад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1989 Дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Соли 2002 – Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар зидди созмони террористии "Ал-Қоида" ва ҳаракати "Толибон", ки фаъолияти ҳарду дар Тоҷикистон низ мамнуъ аст, таҳримҳо эълон кард.

Соли 2003 – Рустам Қаландаров, яке аз гумонбарони куштори Сайф Раҳимзод Афардӣ, раиси онвақтаи Кумитаи давлатии телевизион ва радио гунаҳкор дониста шуда, ба қатл маҳкум гардид.

Соли 2015 – Ҷилди сеюми “Энсиклопедияи миллии тоҷик” бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.

Соли 2016 – Зиннатулло Исмоилзода, бори аввал раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон интихоб шуд.

Соли 2020 – Қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” ба маблағи 10 миллион доллар аз ҳисоби буҷети давлат бахшида шуд.

Соли 2020 – Марҳилаи дуюми фаъолияти истгоҳи тозакунии об ва обтаъминкунии “Хуҷҷора”, ки ба КВД “Обу корези Душанбе” тааллуқ дорад, ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Зодрӯзи Мукаррама Қосимова, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.

Ин донишманди тоҷик, яке аз тарғибгарони омӯзиши алифбои ниёгон буда, солҳо дар ин ришта фаъолият бурд. Бо ибтикори ӯ, Маркази омӯзиши забонҳои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шудааст, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабиро меомӯзанд. Аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро ба ӯҳда дошт. 

Мукаррама Қосимова солҳо узви Комиссияи аттестатсионии назди ҳукумати Тоҷикистон буд. Вай 2-юми октябри соли 2020 дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.

Ин забоншиноси тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ) таҳсили илм карда, солҳо дар ин боргоҳи илм аз муаллим то профессор фаъолият кардааст. Ду навбат, солҳои 1966-1968 ва 1974-1977 декани факултети филологияи ин донишгоҳ буд.

Ӯ дар тарғибу омӯзиши алифбои ниёгон ба воситаи телевизиони марказӣ ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст.

Мукаррама Қосимова барои мактаби олӣ ва миёна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ва беш аз 190 асар ва интишороти илмӣ таълиф кардааст.

Соли 1956 – Мавлуди Комила Камолова, нависанда, тарҷумон, доктори фахрии фалсафаи Донишгоҳҳои ҷаҳонии Кембриҷ ва Оксфорд.

Ӯ тарҷумон ва мураттиби “Афсонаҳои халқи тоҷик” буда, ҳамчунин худ як силсила ҳикояҳо барои кӯдакон эҷод кардааст.

Вай дар соҳаи тарҷума саҳми назаррас дорад ва як зумра асарҳои маъруфи гуногунжанрро аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кардааст, ки дар хориҷ аз кишвар низ ба нашр расидаанд. “Ишқ ва шамшер”, “Куруши Кабир”, “Нишони зиндагӣ”, “Барфи охирин”, “Кимиёкаҳ” зумраи тарҷумаҳои ӯ ба забони русианд.

Комила Камолова хатмкардаи факултаи филологияи руси Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДМТ) аст. Аз соли 1974 ба тарҷумаи асарҳои бадеии нависандагони тоҷик ба забони русӣ шурӯъ намудааст. Солҳои 1986-1992 муҳаррир-тарҷумони маҷаллаи “Чашма”, солҳои 1992-1998 мухбири бахши русии рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” ва мухбири махсуси рӯзномаи “Ҳомии Ватан”-и Вазорати мудофиа буд.

Соли 1991 – Зодрӯзи Нуриддин Давронов, футболбози тоҷик, собиқ ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон.

Соли 1958 – Аббос Алиев, аввалин вазири маорифи Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар синни 89-солагӣ даргузашт.

Ӯ солҳо дар институти ховаршиносии Маскав ва Донишгоҳи давлатии Осиёи Марказӣ низ фаъолият бурдааст.

Ба навиштаи Муҳаммадҷон Шакурӣ, ӯ яке аз муборизони зидди пантуркизм буд. Алиев дар даврони вазири маориф буданаш дар ҳама соҳаҳои ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон саҳм гузошта, барои таъсиси  якумин маҷаллаи Тоҷикистон – “Дониш ва омӯзгор” ва “Бедории тоҷик” бисёр талош кардааст.

Вай дар маъракаи маҳви бесаводӣ фаъолона ширкат доштааст. Аббос Алиев нахустин профессори тоҷик аст. Ӯ дертар соли 1935 бадарға шуд, ки ба навиштаи худаш дар як мактубе сабабаш “фошу танқиди камбудҳои китоби Файзулло Хоҷаев” будааст.

Соли 1948 баъди озодӣ аз бадарға Тоҷикистонро тарк намуда, то лаҳзаи маргаш дар Қазоқистон зист ва ҳамон ҷо вафот кард.

Соли 1978 – Тоҳир Тоҷибоев, ҳунарпешаи театру синамо ва коргардони шӯравии тоҷик дар 68-солагӣ аз олам чашм баст.

Тоҳир Тоҷибоев яке аз асосгузорони театри назди шӯъбаи маорифи халқи Хуҷанд (баъдтар дар асоси он театри касбӣ ташкил ёфтааст) ба шумор меравад. Ӯ соли 1930 фаъолиятро дар ин театр оғоз намудааст. Сипас солҳои 1945-1955 ба театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ омад ва инҷо чун ҳунарпешаи бомаҳорат ном баровард.

Баъдтар солҳои 1955-1970 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳозира Суғд) кор кардааст.

Ӯ дар саҳнаҳои театри кишвар як қатор наққшҳои муассир офаридааст, аз ҷумла нақши Тоҳир дар “Тоҳир ва Зӯҳро”, Неъмат дар “Ҳалима” аз ин қабиланд. Ҳамчун коргардон пйесаҳои “Нурхон”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Иродаи зан” ва дигар осори драматургони советиро ба саҳна гузоштааст.

Соли 2009 – Баҳром Маннонов, рӯзноманигори собиқадори “Азия-Плюс” дар 62-солагӣ даргузашт.

Ӯ беш аз 9 сол дар Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” кор карда, замоне сармуҳаррири он буд. Ҳарчанд дар равияи тамоман мутафовит аз рӯзноманигорӣ – физика таҳсили илм карда, солҳо дар ин соҳа кор кард, баъди оғози кори журналистӣ зуд дар ин ришта мақом пайдо кард. Маннонов соли 2002 ба “Азия-Плюс” омад ва то рӯзи марг инҷо кор мекард.

Қабл аз ин, директори мактаби миёнаи №2-и шаҳри Канибодом ва солҳои 1995-2002 ёвари роҳбари Шӯрои идораи Ҷамъияти саҳомии “Бодом” буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

16-уми январ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии “Битлз” таҷлил мегардад. Ин сана бо рӯзи ифтитоҳи клуби “The Cavern” дар Ливерпул дар соли 1957 мувофиқ меояд, ки дар он Ҷон Леннон, Пол Маккартни ва Ҷорҷ Харрисон аввалин бор баромад карда буданд.

Соли 1963 дар ин рӯз Никита Хрушёв эълон кард, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дорои бомбаи ҳидрогенӣ шудааст. Ин силоҳ дар давраи таниши сиёсӣ байни СССР ва ИМА озмуда шуд.

Ҳамасола, 16-уми январ дар ИМА ҳамчун Рӯзи озодии дин таҷлил мешавад. Дар ин рӯз аз тамоми амрикоиҳо даъват мешавад, ки таърихи кишвари худ ва душвориҳои мубориза барои ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва озодиҳои мазҳабиро ба ёд оранд. Ин санаро бо баргузор кардани чорабиниҳо дар оила, мактабҳо, донишгоҳ ва муассисаҳои дигар ҷашн мегиранд.

Дар ин рӯзи соли 1786 Ассамблеяи Генералии Вирҷиния Оинномаи озодии динии Вирҷинияро қабул кард.

Томас Ҷефферсон асоси ин санади қонунгузориро таҳия намуда буд. Ин қонун ба андозбандии рӯҳониёни маҳаллӣ аз шаҳрвандон хотима дод ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандии одамонро барои изҳори эътиқоди динии худ бидуни тарс аз табъиз фароҳам овард. Ин қонун ба ворид кардани тағйирот ба сарқонуни ИМА, ки озодии дин кафолат дода шуд, таъсир расонид.

Имрӯз Рӯзи байнулмилалии ғизоҳои тунд дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба дӯстдорони таомҳои тунд бахшида шуда, ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳ ба фарҳанги ғизоҳои миллии кишварҳои гуногун, гуногунрангии таомҳо ва нақши қаламфури тунд дар ошпазӣ мебошад.

Дар бисёр кишварҳо дар ин рӯз фестивалҳо, озмунҳои пухтупаз, намоишгоҳҳои таомҳои тунд ва чорабиниҳои таблиғотӣ баргузор мегарданд. Ғизоҳои тунд на танҳо таъми хос доранд, балки ба гуфтаи мутахассисон, истеъмоли мӯътадили онҳо метавонад мубодилаи моддаҳоро фаъол гардонад ва иштиҳоро беҳтар кунад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -2+3º, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, дар водиҳо рӯзона борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 4+9º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 4+9º гарм, бегоҳирӯзӣ ҳарорати ҳаво паст шуда то 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 14-16º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад ва бегоҳирӯзӣ ба барф табдил меёбад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, бегоҳирӯзӣ ҳарорат паст шуда, то 2+4º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар нимаи дуюми рӯз борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 16 ба 17-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.