Home Blog Page 93

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 13:00 Алиризо Озмандиён, тренери сатҳи ҷаҳонӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар мавзуи “Формулаи нави рушди бизнес ва шахсият” бизнес-тренинг доир мекунад.

Алиризо Озмандиён сухангӯи сатҳи ҷаҳонӣ ва шогирди сухангӯи муваффақ Ҷим Рон, ҳамчун бунёдгузори “Технологияи Фикр” шинохта шудааст. Доктор Озмандиён беш аз 30 сол мешавад, ки дар кишварҳои гуногун барои шунавандагони зиёде суханронӣ кардааст. Ӯ дар ин тренинг оид ба моделҳои нави рушди тиҷорат, равишҳои стратегияи шахсӣ, худидоракунӣ, тарбияи тафаккури молиявӣ ва роҳҳои таъсиргузорӣ суханронӣ хоҳад кард.

Арзиши чипта аз 200 то 400 сомонӣ аст.

 

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии Лӯхтак дар Душанбе намоиши кӯдаконаи “Офтобак ва одамакони барфӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 16:00 дар Сирки давлатӣ намоиши сирки итолиёвӣ бо номи “Белиссимо” доир мешавад. Арзиши чипта 80 сомонӣ аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 18 ЯНВАР

Соли 1993 – Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шуд.

Соли 1999 – Радиои “Садои Душанбе” ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2020 – Дар Тоҷикистон ҷарима барои иштирок дар ҳамоишҳои созмонҳои диниву ҷамъиятӣ, ки дар Тоҷикистон расман сабти ном нашудаанд, 4 баробар зиёд шуда, ба 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (1 нишодиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) расид.

Соли 2022 – Алишер Ҷалилов, капитани дастаи футболи “Истиқлол” ва беҳтарин футболбози чемпионати Тоҷикистон дар соли 2021, ба тими ӯзбекии АГМК гузашт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1927 – Мавлуди Солеҳ Салоҳ, ховаршинос ва нависандаи тоҷик.

Солеҳ Салоҳ дар соҳаи тарҷума ва таҳқиқи адабиёт бо эҷоди ҳикояҳову баргардони як зумра ҳикоёту аз забони русӣ саҳм гузоштааст. Ӯ яке аз муҳаррирони Энсиклопедияи советии тоҷик ва “Луғати русӣ-тоҷикӣ” аст.

Солеҳ Салоҳ як қатор ҳикояҳои хурду ҳаҷвӣ ҳам эҷод карда, соли 1978 китоби “Мусиқии баҳор” ва соли 1989 маҷмӯаи “Ёди чашмони ашколуд”-ро таълиф намуд. Ӯ ҳамчунин як қатор ҳикояҳои Чехов ва Чингиз Айтматовро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Солеҳ Салоҳ 13-уми декабри соли 2004 дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1964 – Мавлуди Ғаффор Мирзоев, файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.

Ғаффор Мирзоев яке аз пажӯҳишгарони масоили иҷтимоӣ ва фалсафаи дин буда, дар ин ришта як зумра таҳқиқот анҷом дода, китобҳо таълиф намудааст.

Ӯ аз ҷумла китоби “Таърихи динҳо”-ро ҳамчун китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва аспирантону унвонҷӯён таълиф кардааст.

“Ислом дар матни шуури иҷтимоии мардуми тоҷик”, “Вижагиҳои ташаккул ва таҳаввули тафаккури динии тоҷикон” низ аз ҷумлаи осори ӯ мебошанд.

Соли 1385 – Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, файласуф, шоир ва нависандаи форс-тоҷик дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ орифи бузург, шоир ва мутафаккири исломии асри XIV буд, ки дар рушди фарҳанг ва илми форсу тоҷик нақши бузург дорад. Ӯ пайрави тариқати Суфии Кубравия буд ва таълимоти ирфонӣ ва ахлоқии худро дар сарзаминҳои гуногун, аз Ҳиндустон то Осиёи Миёна паҳн кардааст. Осори ӯ, аз ҷумла маҷмӯаи ашъори ирфонӣ ва фалсафии “Захират-ул-мулук” ҳамчун сарчашмаи илму маърифат то имрӯз арзишманд боқӣ мондааст.

Соли вафоти Сайид Алии Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар 1385-и мелодӣ гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу муназираҳои зиёде мавҷуданд. Алҳол аҳли адаби кишвар аз рӯйи ақидаи Саида Ашраф Зафар, муҳаққиқ соли 1386-и мелодиро соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонӣ меҳисобанд.

Дар Тоҷикистон ноҳияе ба номи ин мутафаккир гузошта шуда, дар шаҳри Кӯлоб мақбарааш макон дорад ва рӯйи пули миллии даҳ сомона акси ӯ дарҷ гардидааст.

Соли 2007 – Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, шоир ва нависандаи тоҷик дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт.

Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ бо оғози Ҷанги бузурги ватанӣ ба майдони ҷанг рафт ва соли 1944 бо ҷароҳати вазнин ба зодгоҳаш Конибодом баргашт ва минбаъд ба кори адабиву илмӣ рӯ овард. Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон буда, дар ин баробар драма ва асарҳои насрӣ низ эҷод кардааст.

Қаҳҳорӣ шоири ҷанговар буда, дар навиштаҳояш тараннуми ғояҳои ватандӯстӣ, озодихоҳӣ ва ишқу муҳаббат эҳсос мешаванд. Маҷмуаҳои шеърии “Шукуфаҳои аз хун дамида”, “Шаби пеш аз марг”, “Шаҳиди зинда”, “Қиссаи нави “Юсуфу Зулайхо” аз ин қабиланд. Асарҳои мансураш дар китобҳои “Гардиши айём”, “Умри ғанимат” ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, як қатор драмаҳояш дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

18 январи соли 1943 нерӯҳои Шӯравӣ муҳосираи Ленинградро рахна карданд. Гарчанде шаҳр боз як сол дар муҳосира буд, рахнаи муҳосира шароити ҷабҳаи Ленинградро хеле беҳтар кард. Долони паҳноиаш 8-11 километр, ки аз ҷабҳаи Волхов то Шлисселбург тӯл мекашид, робитаи хушкӣ байни Ленинград ва кишварро барқарор кард.

Дар соҳили ҷанубии кӯли Ладога сохтмони роҳи оҳани Шлисселбург – Поляна бо дарозии 36 км оғоз ёфт. Рӯзи 6 феврали соли 1943, тавассути ин роҳ аввалин қатораҳо ба Ленинград ворид шуданд. Ин як қадами муҳими озодии Ленинград буд.

18 январи соли 1964 табибони амрикоӣ аз Конгресс даъват карданд, ки ширкатҳои тамокуфурӯширо ба навиштани ҳушдор дар бораи зарари сигоркашӣ дар қуттиҳои сигор уҳдадор кунанд.

Аз он замон то имрӯз беш аз 60 сол гузашт, аммо навиштаҷот дар бораи зарари сигоркашӣ аксар вақт аз ин амал бознамедорад.

Дар ҳоли ҳозир, дар қуттиҳои сигори бисёр кишварҳо на танҳо навиштаҷот, балки тасвирҳои даҳшатноке ҷой дода шудаанд, ки таъсири зараровари он ба саломатии инсонро нишон медиҳанд ва мардумро ба даст кашидан аз сигор даъват мекунанд.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар асри XX сигоркашӣ сабаби марги 100 миллион нафар дар саросари ҷаҳон шудааст ва дар асри XXI ин рақам метавонад ба 1 миллиард расад.

18-уми январи соли 1995 дар шаҳри Кобеи Ҷопон заминҷунбии шадид рух дод, ки бо номи заминҷунбии Хансин–Авадзи маъруф аст. Қувваи он тақрибан 7,3 баллро ташкил медод. Бар асари ин офати табиӣ беш аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, даҳҳо ҳазор кас ҷароҳат бардоштанд ва садҳо ҳазор сокинон бехонумон шуданд. Ҳазорҳо хона, биноҳои истиқоматӣ, роҳҳо, пулҳо ва зерсохторҳои муҳими шаҳр хароб гардида, ба иқтисоди кишвар зарари азими молиявӣ расид. Ин заминҷунбӣ яке аз фоҷиабортарин офатҳои табиӣ дар таърихи муосири Ҷопон ба ҳисоб меравад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3-8º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарора: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 15-17º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º хунук, рӯзона 0+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º хунук, рӯзона 6-11º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º хунук мешавад.  Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º хунук, рӯзона 0+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º хунук, рӯзона 6-11º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º хунук мешавад. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, шабона боришоти сусти барф ба амал омада, рӯзона бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4º хунук, рӯзона 4+6º гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3º хунук, рӯзона 6+8º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона боришоти сусти барф ба амал омада, рӯзона бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад.Ҳарорати ҳаво шабона 3-5º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3º хунук, рӯзона 4+6º гарм мешавад.  Ҳарорати ҳаво шабона 2-4º хунук, рӯзона 5+7º гарм мешавад. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 18 ба 19-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Гузориш аз “Шаҳри ҷаҳонии сӯзанидӯзӣ”. Қиссаи зане, ки бо сӯзану ришта нақш меофарад

0

Мавзуна Ҷалолова 30 сол боз бо сӯзану ришта нақш меофарад. Барои ӯ сӯзанидӯзӣ танҳо як ҳунар нест, балки мероси гаронбаҳои оилавист. Дар хонаводаи онҳо панҷ насл пай дар пай ин касбро идома медиҳанд ва Мавзуна онро ба духтаронаш ҳам омӯзонидааст.

Мавзуна Ҷалолова аз соли 2014 инҷониб роҳбарии маҳфили “Сӯзанидӯзӣ”-и Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакентро бар зимма дорад. Ба наздаш бештар духтарони мактабхон ва занони хонанишин меоянд. Мавзуна мегӯяд, ки ҳадафи ӯ на танҳо омӯхтани ҳунар, балки кумак ба занон аст, то онҳо тавассути дӯхтани сӯзанӣ соҳиби даромад шаванд ва зиндагии худро беҳтар кунанд.

"Дар Панҷакент хонаро бесӯзанӣ тасаввур кардан душвор аст", — мегӯяд ӯ.

Ин ҳунарманд нақл мекунад, ки як вақтҳо таваҷҷӯҳ ба сӯзанидӯзӣ кам шуда буд, вале солҳои охир ин ҳунар дубора эҳё шуд. Ба қавли ӯ, ҳоло ҷавондухтарони Панҷакент дар тӯйҳояшон ба ҷойи либоси сафеди аврупоӣ (фатта), бештар куртаҳои зебои сӯзаниро интихоб мекунанд.

Ин бонуи чирадаст на танҳо куртаву нимтанаву рӯйҷову ҷойнамоз, балки рамзҳои милливу тасвирҳои таърихиро низ бо сӯзан моҳирона тасвир мекунад.

Маҳз заҳмати ҳунармандоне чун Мавзуна буда, ки моҳи октябри соли 2025 Панҷакент расман “Шаҳри ҷаҳонии сӯзанидӯзӣ” эълон шуд.

Мавзуна Ҷалолова давоми 30 сол даҳҳо сӯзанидӯзи моҳирро тарбият кардааст. Орзуи ягонаи ӯ ин аст, ки ин ҳунари миллӣ ҳеҷ гоҳ аз байн наравад ва аз насл ба насл гузарад.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазорати нақлиёт гуфтааст, теъдоде аз ширкатҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон талаботи иҷозатномадиҳиро риоя накардаанд

0

Дар рафти санҷишҳое, ки дар соли 2025 гузаронида шуданд, Хадамоти давлатии назорат ва танзими нақлиёти Тоҷикистон муайян кардааст, ки аксари ширкатҳои нақлиётӣ шартҳо ва талаботи иҷозатномадиҳиро риоя накардаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” бо истинод ба Вазорати нақлиёт хабар додааст.

“Мутаассифона, натиҷаҳои санҷишҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти аксари корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ камбудиҳои шабеҳ доранд, аз ҷумла риоя накардани талабот барои муоинаи тиббии пеш аз сафар, ҳолати техникӣ ва амалиётии воситаи нақлиёт, тахассуси кормандон, ки ба вазифаҳои онҳо мувофиқ нестанд, набудани шаҳодатномаҳои мутобиқат барои кор ва хизматрасонӣ ва набудани салоҳияти касбии кормандон. Ин боиси паст шудани бехатарӣ, афзоиши садамаҳои роҳ ва сифати пасти хизматрасонӣ мегардад", – навиштааст ин хабаргузорӣ.

Таъкид шудааст, ки барои қонуншиканиҳои ошкоршуда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, як қатор ширкатҳо, аз ҷумла ҶДММ "Саёҳон", ҶДММ "Гурӯҳ Холдинг", ҶДММ "ХНА Шараф”, ҶДММ "Роҳнамо", ҶДММ "Дилшод Транс", ҶДММ "Усто Амир", ҶДММ "Коровонсарой", ҶДММ "Нури Истиқлол", ҶДММ "МНА 35", ҶДММ "Боркашон" ва КВД "Троллейбус" ҷаримабандӣ шуданд.

Ин расона бо такя ба иттилои вазорат навиштааст, ки “дар соли 2026 ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти ширкатҳои нақлиётӣ тақвият дода мешавад."

Инчунин зикр шудааст, ки талошҳо барои рақамикунонӣ дар Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказӣ, Кӯлоб, Бохтар ва минтақаҳои Рашт ҷараён доранд. Роҳхатҳои ширкатҳои нақлиётӣ дар ин минтақаҳо рақамӣ карда шудаанд, ки дар натиҷа шумораи онҳо афзоиш ёфта, нишондиҳандаҳои оморӣ беҳтар шудаанд.

"Дар соли 2026 ҳама шаклҳои иҷозаҳои сафар ва варақаҳо низ тавассути барномаи мобилӣ ба кор андохта мешаванд. Ба ибораи дигар, ҳуҷҷатҳои электронии сафар ҳатмӣ мешаванд", – афзудаанд дар ин ниҳод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Оғози мулоқоти рӯ ба рӯ. Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд

0

Нишастҳои матбуотии солона дар вазорату идора ва кумитаву оҷонсиҳои Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ оғоз шуда, то 13-уми феврал давом меёбад. “Азия-Плюс” бо нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, ки аз тарафи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шудааст, шинос шуд.

Дар ин нишастҳо қарор аст роҳбарони ниҳодҳои Тоҷикистон ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соли 2025 маълумот диҳанд. Ҳамчунин, рӯзноманигорон имкон доранд ба суолҳои худ посух ёбанд.

Бояд гуфт, нишастҳои матуботии мақомототи давлатии Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2005 баргузор мешаванд. Дар аввал масъулони вазорату идораҳо пас аз ҳар се моҳ бо рӯзноманигорон дидор анҷом медоданд. Аммо пас аз соли 2011 нишастҳои хабарӣ дар ним сол як бор сурат мегиранд.

Гуфта мешуд, ки он "бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ гузаронида мешавад".

Дар ҳамин ҳол, дастрасии рӯзноманигорон ба иттилоъ аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҳамоно бо монеаву мушкилҳо рӯбарӯ аст. Масъулуни аксари ниҳодҳо бо баҳонаи равон кардани мактуби расмӣ аз додани ҳар гуна иттилоъ худдорӣ мекунанд, ки ин хилофи қонун аст.

Ин аст, ки нишастҳои хабарӣ дар солҳои охир ягона имкони асосии мулоқоти рӯ ба рӯйи рӯзноманигорон бо нафарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ва гирифтани иттилоъ аз онҳо гаштааст. Аммо бештари вақт хабарнигорони тоҷик аз шеваи баргузории нишастҳо ва посухи масъулини ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон қаноатманд немешаванд. Дар баробари ин, мақомдорон ҳам аз суолҳои ба мавзӯъ рабтнадоштаву баррасии масоили шахсӣ аз ҷониби баъзе рӯзноманигорон шикоят мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Барқ дар Тоҷикистон гарон мешавад. Болоравии арзиши барқ ба зиндагии мардум чӣ таъсир мерасонад?

0

Аз 1 феврали соли 2026 таърифаҳои истифода аз нерӯи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ ба андозаи 17% боло мераванд. Мақомот ин тасмимро зарурати солимгардонии молиявии бахши энергетика шарҳ медиҳанд, лекин коршиносон ва аҳолӣ ҳарчи бештар назди худ савол мегузоранд, ки оё мо барои арзиши аслии воқеӣ ё талафоти доимӣ ва камбудиву нуқсонҳо пардохт мекунем?

Аз 1-уми феврали соли 2026 қарор “Дар бораи таърифаҳо ба нерӯи барқ ва гармӣ” мавриди амал қарор мегирад. Лоиҳаи санад, ки дар он афзоиши таърифаҳо пешбинӣ шудааст, рӯзи 29-уми декабр дар ҷаласаи ҳукумат қабул шуд.

“Лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявӣ ва иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомии кушоди “Барқи тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таҳия ва пешниҳод шуд”, – гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур.

Дар ҳамин ҳол, манбаъҳо дар ин мақомот, ки нахостанд ному насабашон ифшо шавад, зикр карданд, ки таърифаҳо барои истеъмолгарони маишӣ аз 1 феврал ба андозаи 17% – аз 35,36 дирам (3,84 сенти ИМА) барои 1 киловатт-соат то 41,37 дирам (4,49 сент) боло мераванд. Барои дигар категорияҳои истеъмолгарон (дар маҷмӯъ 10 категория) низ таърифаҳо тақрибан ба ҳамин андоза зиёд карда мешаванд.

Мушаххасан, барқ барои кӣ ва чӣ қадар гарон мешавад, дар ин пайванд метавонед мутолиа кунед. 

Ёдрас мекунем, ки таърифаҳои барқ дар Тоҷикистон то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва сипас ҳамасола боло бурда мешаванд. Истисно танҳо солҳои 2020-2021 шуданд, ки ҳукумат бар асари вазъи иқтисодӣ, ки бо сабаби пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омада буд, аз боло бурдани таърифаҳо худдорӣ кард.

Ахиран арзиши барқ дар Тоҷикистон, аз ҷумла барои аҳолӣ низ аз 1 апрели соли гузашта, яъне 9 моҳ пеш боло бурда шуда буд.

Барқи гарон – зиндагии гарон

Барои аҳолӣ болоравии таърифаҳо маънои сарбории иловагӣ ба буҷети оиларо дорад.

Барои гурӯҳҳои аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазир (нафақахӯрон, оилаҳои серфарзанд, сокинони деҳот) ҳатто болоравии муътадил метавонад омили муассири камшавии даромади воқеӣ шавад.

Нерӯи барқ қариб дар ҳамаи соҳаҳо истифода мешавад – сар аз коркард ва нигаҳдории маҳсулот то нақлиёту савдо ва бахши хидматрасониҳо. Аз ин рӯ, таъсири болоравии таърифаҳо ба тиҷорати хурд таваҷҷуҳи хосса мехоҳад. Нонвойхона, устохона, корхонаву кошонаҳои хидматрасонӣ ва коркарди хурд мустақиман ба арзиши нерӯи барқ вобастаанд.

Болоравии таърифаҳо якбора ба дарҳол болоравии нарх боис нагардида, аммо баъди якчанд моҳ ташаккули ба истифлоҳ “мавҷи дуюм” оғоз мегардад, ки дар ин давра тиҷорат хароҷоти зиёдгардидаро тадриҷан ба дӯши истеъмолгар вомегузорад.

Дар пасманзари болоравии таърифаҳо хонаводаҳо маҷбур мешаванд, ки ба зиёни талаботи заминавии маишии худ, истифодаи барқро маҳдуд кунанд. Ин бахусус барои минтақаҳое, ки манбаъҳои ҷойгузини барқашон маҳдуд ва даромадашон дар сатҳи паст қарор дорад, муҳиму рӯзмарра мебошад.

Дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна пардохт мекунанд?

Барои арзёбии миқёси болоравӣ,  муқоисаи таърифаҳо дар Тоҷикистонро бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ зарур ва саривақтӣ медонем.

Дар Қирғизистон нерӯи барқ барои аҳолӣ яке арзонтарин дар минтақа аст: барои гурӯҳи асосии аҳолӣ зимни истифодаи то 700 кВт соат дар як моҳ – 1,37 сом барои 1 кВт/с, ки тақрибан ба 1,6 сенти ИМА баробар аст. Барои оилаҳои камбизоат, ки кумакпулӣ мегиранду на зиёдтар аз 700 кВт* соат истифода мебаранд – 0,5 сом (0,57 сент) барои 1 кВт* соат.

Тавре ки мебинем, ҳатто то болоравӣ дар моҳи феврал, таърифаҳо дар Тоҷикистон (3,84 сент) аз таърифаҳо дар Қирғизистон зиёд аст.

Дар Қазоқистон аҳолӣ ба ҳисоби миёна нисбатан бештар – ҳудуди 30-31 танга ё ҳудуди 6 сент пардохт мекунад, ки таърифаи баландтарин дар Осиёи Марказӣ аст. Қобили зикр аст, ки таърифаҳо дар Қазоқистон вобаста ба минтақаҳо фарқ доранд.

Дар Ӯзбекистон системаи мухталиф амал мекунад: то истифодаи 200 кВт/соат дар як моҳ таърифаи нисбатан паст (ҳудуди 600 сӯм ё 4,99 сент барои 1 кВт/соат) амал мекунад, лекин дар сурати зиёд шудан аз маҳдудият (лимит), арзиши барқ метавонад то 800-100 сӯм (6,65-8,31 сент) ва болотар аз он зиёд шавад, ки ба сатҳи Қазоқистон наздик мешавад. Дар натиҷаи қисмате аз хонаводаҳо бо нархи баландтар аз Тоҷикистон пардохт мекунанд.

Туркманистон истисно аст: тибқи маълумоти расмии манбаъҳои байнулмилалӣ, барои пардохти барқ ба аҳолӣ давлат амалан кумакпулӣ медиҳад ва он бо таърифаҳои рамзӣ пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, муқоисаи мустақим душвор аст. То 1 январи соли 2019 барқ ба аҳолӣ дар ин кишвар комилан бепул дода мешуд.

Ба ин тариқ, маълумот дар бораи он, ки дар Тоҷикистон қариб таърифаҳои пасттарин ба барқ дар ҷаҳон амал мекунанд, ҳатто дар доираи минтақа асоси воқеӣ надоранд: нисбат ба Қазоқистону Ӯзбекистон камтар, вале дар муқоиса бо Қирғизистону Туркманистон хеле зиёдтар пардохт мекунем.

Намуна – Қирғизистон, зеро дигар ҳамсояҳо манбаъҳои ҷойгузин доранд

Муқоисаи таърифаҳо ба нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар навбати аввал бо Қирғизистон мантиқист, зеро мо заминаи “якхела”-и истеҳсол дорем. Дар Тоҷикистон ҳудуди 94%-и барқ (дар 11 моҳи соли 2025) дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБО), яъне аз ҳисоби об истеҳсол мешавад. Дар Қирғизистон низ вазъ монанд аст: соли 2024 дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҳудуди 90%-и барқ истеҳсол шудааст.

Чаро ин муҳим аст ба таври соддатар: дар НБО “сӯзишворӣ” об мебошад, яъне бепул аст. Пас аз сохтмони чунин иншоот хароҷоти асосӣ маъмулан ба хидматрасонӣ, таъмир ва шабакаҳо марбут аст. Марказҳои барқу гармидиҳӣ бошанд, бо газ/ангишт/мазут кор карда мутаносибан, арзиши аслии барқи онҳо бамаротиб зиёд аст, зеро доимо харидану ба марказ расонидани сӯзишворӣ зарур аст.

Бинобар ин, муқоисаи таърифҳои Тоҷикистон бо таърифаҳои Қирғизистон лозим аст, на бо Қазоқистону Ӯзбекистон, ки дар онҳо қисми зиёди барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ) истеҳсол мешавад. Соли 2024 барқ дар Қазоқистон асосан дар МБГ бо истифодаи ангишт (74,9%) ва Ӯзбекистон (ҳудуди 70%) истеҳсол мешуд.

Маҳз бо ҳамин сабаб далели “сатҳи Қирғизистон” асоснок ба назар мерасад: агар ду кишвар барқро асосан дар НБО-ҳо истеҳсол кунанд, пас мантиқан таърифаҳо на “мисли кишварҳое, ки дар онҳо барқ бо сӯзишвории гарон ҳосил мешавад”, балки бояд”яксон бошад.

“Таърифаҳои паст” ё талафоти баланд

Мақомоти Тоҷикистон болоравии навбатии таърифаҳоро маъмулан ба он рабт медиҳанд, ки нархи кунунӣ “хеле паст” ва гӯиё хароҷоти ин бахшро намепӯшонад. Лекин муқоиса бо Қирғизистон, ки дар заминаи барқи обӣ тарифҳо ба таври назаррас пасттаранд, касро ба андеша водоро мекунад: шояд решаи мушкил на танҳо дар нарх барои аҳолӣ, балки чӣ гуна кор кардани низом ифода ёбад.

Болоравии таърифаҳо ҳамеша як саволро ба миён мегузорад: истеҳсол ва тақсимоти барқ то чӣ андоза самаранок роҳандозӣ шудааст. Дар шабакаҳо бар асари хат ва таҷҳизоти кӯҳна ва бо сабаби истифодаи берун аз сабт, дуздӣ ва омили инсонӣ чӣ қадар барқ талаф меёбад? Ва аз ҳама асосиаш маҳз барои чӣ мардум тибқи таърифаи нав маблағи зиёдтар пардохт мекунанд?

Раисҷумҳури Тоҷикистон чанде пеш зимни ироаи паёми худ ба парлумон изҳор дошт, ки қисмати зиёди талафот ба омили инсонӣ рабт дошт.

Ӯ зикр кард, ки то ҷорисозии низоми биллингӣ тибқи ҳисоботҳо 30-40%-и аҳолӣ пули барқро пардохт намекарданд ва пас аз ҷорисозии низом дар қаламравҳои ҷудогона маълум шуд, ки 100%-и аҳолӣ ҳамчун истеъмолгароне шуморида мешаванд, ки пули барқро пардохт мекунанд.

Ба истилоҳи дигар, пеш аз бори дигар шарҳ додани болоравии нархҳо бо сабаби “таърифаҳои паст”, посух ба дигар савол мантиқӣ ба назар менамояд: аз дуздиҳо, истифодаи бидуни қайд ва камбудиҳо дар идораи низом ба соҳа чӣ қадар зиён расонида мешавад ва чаро ин талафот ҳамеша тариқи болоравии таърифаҳо ба дӯши аҳолӣ вогузор мешавад?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Шикасти футзалбозону пирӯзии футболбозони Тоҷикистон

0

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Қирғизистон шикаст хӯрд. Набарди дастаҳо рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Ҷакартаи кишвари Индонезия сурат гирифта, бо натиҷаи 4:2 ба нафъи қирғизистониҳо анҷом ёфт.

Шогирдони Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии кишвар дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2026 ду бозии санҷишии дигар бо Индонезия (18 январ) ва Арабистони Саудӣ (20 январ) анҷом медиҳанд. Ин рақобатҳо ҳам дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешаванд.

Тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия сурат мегирад, дар гурӯҳи “С” бо Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ мекунад.

Ҳамчунин, дирӯз наврасони футболи тоҷик ҳамсолони иморотии худро шикаст доданд.

 

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона муқобили тими миллии наврасони Имороти Муттаҳидаи Арарбӣ ғалаба кард. Ин дидор рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Дубай сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони навраси тоҷик поён ёфт. Голи ягонаи дастаи моро Муҳаммад Мираҳмадов зад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали санҷишӣ дар шаҳри Дубай наврасони тоҷик ҳамсолони худ аз Арабистони Саудиро мағлуб карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷазо барои “гурез” аз пардохти андоз ва чанд қоидавайронкунии дигари андоз сангинтар шуд

0
photo_2026-01-16_19-34-39

Дар Тоҷикистон барои чанде аз қоидавайронкунии марбут ба андоз, аз ҷумла, саркашӣ аз пардохти андоз, итоат накардан ба нозири андоз, соҳибкории сохта, монеъ шудан ба санҷиши андоз, роҳ надодани корманди он ба ­корхона ҷазо сангинтар шуд.

Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар моҳи декабри соли 2025 қонун ба имзо расонид, ки тибқи он чанд моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар таҳрири нав пешниҳод шуд.

Аз ҷумла, акнун шаҳрвандони кишвар барои сарпечӣ аз пардохтани андоз аз 1170 то 1560 сомонӣ, яъне аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда дар соли 2026-ум 78 сомонӣ) ҷарима месупоранд. Мансабдорон ва соҳибкорони инфиродӣ бошанд, барои “гурез” аз андоз аз 11 ҳазору 700 (150 нишондиҳанда) то 15 ҳазору 600 сомонӣ (200 нишондиҳанда) ва ширкату корхонаҳо аз 19 ҳазору 500 (250 нишондиҳанда) то 23 ҳазору 400 сомонӣ (300 нишондиҳанда) ҷарима месупоранд. 

Дар баргаҳои мо бо меъёри болоравии ҳаҷми ҷаримаҳои андозӣ ва меъёри қаблии он иттилоъ гиред:

Ин меъёри ҷарима як баробар зиёдтар аз ҳаҷми ҷаримаи қаблӣ аст. Пештар шаҳрвандон барои сарпечӣ аз пардохти андоз аз 624 (8 нишондиҳанда) то 780 сомонӣ (10 нишондиҳанда), мансабдорон аз 3120 (40 нишондиҳанда) то 3 ҳазору 900 сомонӣ (50 нишондиҳанда), соҳибкорони инфиродӣ ва ширкату корхонаҳо аз 11 ҳазору 700 (150 нишондиҳанда) то 15 ҳазору 600 сомонӣ (200 нишондиҳанда) ҷарима мепардохтанд.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди лоиҳа дар ҷаласаи парлумонӣ, ки 3-юми декабри соли 2025 баргузор гардид, дар асоси натиҷаи хулосаи таҳлилҳои солҳои 2022-2025 гуфт, шумораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ барои риоя накардани қонунгузории андоз тамоюли зиёдшавӣ дорад.

“Агар дар соли 2022 зиёда аз 17 ҳазор ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта шуда бошад, ин нишондод дар соли 2024 ба бештар аз 20 ҳазор ва дар даҳ моҳи соли 2025 бошад, аллакай ба зиёда аз 23 ҳазор баробар гардидааст”, – зикр карда буд раиси Кумитаи андоз.

Ӯ далели зиёд шудани чунин қонуншиканиҳоро “кам будани ҷаримаи маъмурӣ” унвон дода, инро боиси такроран содир шудани қонунвайронкуниҳои андозӣ гуфта буд. 

 

Барои дигар қоидавайронкунии андозӣ низ ҷазо сахттар шуд

Ҳамчунин, дар асоси тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳаҷми ҷарима барои итоат накардан ба корманди андоз, соҳибкории сохта ва риоя накардани талаботи дигари андозӣ низ боло рафт. Дар баргаҳои мо бо меъёри болоравии ҳаҷми ҷаримаҳои андозӣ ва меъёри қаблии он иттилоъ гиред:

Бояд гуфт, ки сар аз соли 2026 меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар 3 сомонӣ боло рафта, аз 75 сомонии соли гузашта ба 78 сомонӣ расид. Ин аст, ки аксари ҷаримаву пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, инчунин меъёри андозҳо гарон шуд.

Молиёт, ки ҳудуди 70% буҷаи кишварро ташкил медиҳад, ҳамасола аз сӯи Кумитаи андози Тоҷикистон ҷамъоварӣ мешавад. Соҳибкорон гоҳо аз меъёри баланди андоз дар кишвар шикоят мекунанд. Ҳамчунин, ҳамасола дар баробари ба фаъолият оғоз кардани садҳо соҳибкору корхонаву ташкилот, даҳҳо адади онҳо баста мешаванд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2026

0
photo_2026-01-16_20-29-36

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1995 – Гвардияи президентии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки баъдтар, дар соли 2004 номи Гвардияи миллиро гирифт.

Соли 2012 – Маркази миллии протсессингӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Вазифаи асосии ин марказ коркард, идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии маълумоти молиявӣ, пардохтҳо ва транзаксияҳо мебошад.

Соли 2014 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фармон ба имзо расонид.

Соли 2017 – Дар шаҳри Хуҷанд филиали КВД “Коргоҳи протезӣ ва ортопедӣ” ифтитоҳ гардид.

Соли 2020 – Ба номзадҳо ба вакилӣ манъ карда шуд, ки маводи таблиғотии пешазинтихоботии худро дар ёдгорӣ, объектҳои таърихиву фарҳангӣ, биноҳои муассисаҳои томактабӣ ва масҷидҳо насб намоянд.

Соли 2021 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дархост фиристод, то фаъолияти молиявию хоҷагии шаҳрдории пойтахт дар соли 2020 санҷида шавад. Бояд гуфт, рӯзи 15 январи соли равон ҳам Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории пойтахт дар соли 2024 дархост ирсол намуд. Вале натиҷаи ин санҷишҳо боре расонаӣ нашудааст.

Соли 2022 – Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ин кишвар сафар мекунанд, талаботи нав ҷорӣ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1893 – Зодрӯзи Розия Озод, шоира, модари академик Бобоҷон Ғафуров.

Розия Озод яке аз занони равшанзамир дар даврони пурталотум буд ва дар ташаккули шахсияти фарзандаш Бобоҷон Ғафуров нақши боризе доштааст. Ӯ ҳамчунин офарандаи як қатор шеъру достонҳо аст. Махсусан, дар даврони ҷанг баҳри рӯҳбаландии ҳомиёни ватан ашъори ватандӯстона месурудааст.

Маҷмуаҳои “Муҳаббат ба Ватан”, “Гулистони ишқ”, “Аз водии тилоӣ” ва “Иқбол” намунаҳои осори ӯро ҷамъ овардаанд.

Соли 1927 – Зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов, Ҳофизи халқии Иттиҳоди шӯравӣ, сарояндаи опера.

Аҳмад Бобоқулов, ки шӯҳраташ бо иҷрои суруди “Республикаи ман” дучанд гардид, фарзанди Бобоқул Файзуллоев, овозхон ва навозандаи тоҷик аст. Ӯ дар саҳнаи театри тоҷик беҳтарин опреаҳоро барои намоишномаҳои иҷро кардааст.

Аҳмад Бобоқулов ҳамчунин сарояндаи сурудҳои мардумӣ ва классикӣ – “Шашмақом” буда, дар фаъолияти овозхониаш бо тозакориҳо даст задааст.

Бобоқулов худ хатмкардаи Консерваторияи Маскав ва аспирантураи консерваторияи мазкур буда, корномаи худро дар Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи Садриддин Айнӣ оғоз карда, қариб се даҳсола дар ин театр фаъолият доштааст. Сипас тақрибан даҳ сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд ва муддате роҳбари бадеии Ансамбли мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиошунавонироо ба зимма дошт. Бобоқулов ҳамзамон аз соли 1967 дар факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ва аз соли 1976 устоди факултети вокал ва театрию операвии ДДСТ ба номи М. Турсунзода буд.

Аҳмад Бобоқулов аз санъати операи миллӣ ва ҷаҳонӣ асарҳои мураккабро ба маҳорати вижа иҷро кардааст. Аз ҷумла,  Бахтиёр дар “Бахтиёр ва Нисо”, Синодал дар “Иблис”, Рустам дар “Пӯлод ва Гулрӯ”, Мадан дар “Комде ва Мадан”, Рӯдакӣ ва Айнӣ дар операҳои ҳамномаш аз намунаҳои беҳтарини ҳунари ӯст.

Ӯ муаллифи китоби “Асарҳои вокалии жанрҳои гуногун барои овози тенор” низ аст. 

Бобоқулов 18-уми майи соли 1990 дар 59-солагӣ даргузашт. Колеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи ин овозхони шаҳир номгузорӣ шудааст.

Соли 1932 –  Зодрӯзи Ҷанобиддин Лафизов, вазири молияи Тоҷикистони шуравӣ.

Соли 1950 – Мавлуди Матлубхон Давлатов, раиси пешини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, собиқ муовини аввали сарвазир.

Матлубхон Давлатов аз ходимони намоёни давлатӣ буда, чандсолаҳо дар вазифаҳои баланди давлатӣ фаъолият кардааст ва аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсати иқтисодии кишвар аст.

Фаъолияти ӯ соли 1970 баъди хатми Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) оғоз гардида, беш аз даҳ сол, то соли 1985 дар Телевизиони Тоҷикистон ҳамчун шореҳи иқтисодӣ ва барандаи барномаи ҳармоҳаи “Иқтисодиёт бояд босарфа бошад” фаъолият намудааст. Сипас то соли 1989 дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҳамзамон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Фаъолияти ӯ дар мақомоти давлатӣ аз соли 1989 оғоз гардид. Ӯ солҳои1990-1991 мудири шуъбаи Комиссияи давлатии Совети Вазирони Тоҷикистон оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, солҳои баъдӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ буд.

Матлубхон Давлатов соли 1993 раиси Кумитаи мазкур таъин гардида, то соли 2001 дар ин мансаб буд. Панҷсолаи баъдӣ раиси Кумитаи назорати давлатии молиявӣ буд ва соли Душанбе ба курсии мушовири давлатии президент оид ба сиёсати иқтисодӣ нишаст ва то соли 2010 дар ин мақом буд. Аз соли 2010-2012 роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент буд ва сипас, беш аз як сол, то соли 2013 муовини якуми сарвазири Тоҷикистон буд. 

Тибци иттилои охир, ҳоло мушовири Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аст.

Соли 1961 – Зодрӯзи Абдулқодири Раҳим, рӯзноманигор ва адиби тоҷик.

Абдуқодири Раҳим, шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик буда, аз охири солҳои 80-ум назму наср менавишт. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯдакӣ ва факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Ӯ солҳои 1984 – 1985 дар телевизиони тоҷик кор карда, солҳои 1985-87 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Комсомолобод (Ҷалолиддни Балхии ҳозира) буд.

Солҳои 1987-1990 хабарнигор ва котиби масъули рӯзномаи “Мубориз”-и ноҳияи Восеъ, солҳои 1990-1993 муҳаррири калон ва мудири шуъбаи маҷаллаи “Фарҳанг” ва солҳои 1993-1999 мухбири рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд. Аз соли 1999 то рӯзи маргаш ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи “Ҷумҳурият” фаъолият мекард.

Ӯ дар баробари рӯзноманигорӣ, инчунин ба шоириву нависандагӣ рағбат дошт ва аз охири солҳои 80-ум назму наср менавишт. Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури “Дурӯғи шабнам”, “Чароғи ошноӣ” , “Ҷилваи як нола”, “Нусхаи парешонӣ”, “Рӯшноӣ”, “Фиреби меҳр”, “Хилвати Ойина”, “Духтари афсонаҳо” гирд омадаанд.

Абдуқодири Раҳим аз соли 1994 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2018 Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистонро соҳиб шуда буд.

Номбурда чанд моҳ пеш, 12-уми сентябри соли 2025 дар 64-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Соли 1961 – Мавлуди Анвар Тағоймуродов, генерал-майори милиса, собиқ сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, вакили пешини парлумони Тоҷикистон.

Ӯ фаъолияти худро дар мақомоти корҳои дохилӣ оғоз намуда, солҳои зиёд дар ҳайати миёна ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии ифои вазифа намудааст. Ӯ чанд сол роҳбарии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД-ро ба уҳда дошт. 

Анвар Тағоймуродов ҳамчунин дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вазифаҳои сардори Раёсати фаврии махсус ва муовини директор кор кардааст. Як муддат – солҳои 2011–2012 муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ буд. Солҳои 2012-2015 роҳбарии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.

баъди анҷоми вакилӣ, аз моҳи апрели соли 2020 то моҳи июни соли 2024 дар вазифаи машваратчии Шуъбаи амнияти ҷамъиятии Шурои амнияти  Тоҷикистон ифои вазифа карда, аз моҳи июни соли 2024 ба нафақа рафт.

Ӯ ду давра вакили парлумони Тоҷикистон буд: аз соли 2000 то 2005; аз 2015 то 2020.

Соли 1914 – Мирзосироҷи Ҳаким, пизишк, шоир, рӯшанфикри тоҷик  аз олам чашм баст.

Соли 2000 – Шамсӣ Қиём, ҳунарпеша, коргардон, драматург ва тарҷумони тоҷик дар 80-солагӣ даргузашт.

Шамсӣ Қиёмов аз чеҳраҳои бисёрҷанбаи театру синамои тоҷик буда, ҳамзамон чун коргардон, драматург ва тарҷумон шинохта шудааст.

Фаъолияти ӯ аз кори адабӣ оғоз ёфтааст. Ӯ дар аввал ҳамчун ходими адабии рӯзномаи “Қизил Тоҷикистон” фаъолият бурда, соли 1941 ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омад ва то соли 1956 ҳунарпеша ва коргардони ин театр буд. Ин давра ва саҳна, ки беш аз 40 нақш офаридааст,  аз муҳимтарин марҳалаҳои ташаккули ҳунарии ӯ дониста мешавад.

Солҳои 1956-1978 Шамсӣ Қиём коргардони “Тоҷикфилм”, баъдан саркоргардони Студияи телевизиони Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Театри давлатии ҷавонон буд. Солҳои 1978–1994 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси устод шогирдони зиёдеро тарбия кардааст.

Шамсӣ Қиём ҳамчун драматург низ шуҳрат ёфтааст. Нахустин асарҳои саҳнавии ӯ – “Камол” ва “Дамири мусиқор” ҳанӯз соли 1937 дар театри Ленинобод рӯи саҳна омадаанд. Минбаъд намоишномаҳои ӯ, аз ҷумла “Дил-дили Зайнаб”, “Тӯфон”, “Ҷарима – 30 тин”, “Садои дил”, “Золу Рӯдоба”, ва “Ошиқони ҳазлбоз” дар театрҳои бонуфузи ҷумҳурӣ пешкаши тамошобинон гардиданд.

Ӯ солҳои тӯлонӣ бо Театри лӯхтаки Душанбе ҳамкорӣ дошта, бо асарҳои худ дунёи маънавии кӯдакону наврасонро ғанӣ гардонд.

Соли 2012 – Саидмуҳаммад Каримов, доктори илмҳои физикаю математика дар 75-солагӣ аз олам чашм баст.

Соли 2021 – Дӯстмурод Уроқов, иқтисоддони тоҷик дар 78-солагӣ вафот кард.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1773 – Ҷеймс Кук аввалин шуда, доираи қутби ҷанубиро убур кард.

Соли 1920 – Дар Русияи Шӯравӣ ҳукми қатл расман бекор карда шуд.

Соли 1991 – Дар ҷаҳон бори нахуст ба воситаи кураи ҳавоӣ парвоз тариқи Уқёнуси Ором анҷом дода шуд.

Ҳамасола 17-уми январ дар саросари дунё Рӯзи байналмилалии ихтирооти кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба зодрӯзи Бенҷамин Франклин, яке аз арбобони шинохтаи амрикоӣ, олим, ихтироъкор ва рӯзноманигор рост меояд, ки дар синни 12-солагӣ бори аввал дастпушҳо барои шиновариро ихтироъ кард.

Соли 1377 Папаи Рим, Григорий XI-ро ба Ватикан – давлати аз ҳама хурдтарин бо масоҳати ҳамагӣ 44 гектар гусел карданд. Аз ҳамон замон Ватикан қароргоҳи Папаи Рим қарор гирифт.

Соли 1942 – Зодрӯзи Муҳаммад Алӣ, "шоҳ"-и бокси муосир. Ин муштзани ҳирфаии амрикоӣ, яке аз муштзанҳои маъруф дар таърихи бокси ҷаҳонӣ. Муштазни сиёҳпӯсти амрикоӣ дар солҳои 1960-ум номдор шудт. Ӯ дар синни 75 солагӣ 3 июни соли 2016 дар Амрико вафот кард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1-6º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар  доманакӯҳҳо рӯзона -2+3º, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 15-17º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 2-4º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан барф меборад. Ҳарорат: рӯзона -1+1º, шабона 2-4º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 5-7º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 17 ба 18-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Талош барои оғози зиндагии нав. Баъди як моҳи куштори Қобилҷон Алиев, модар ва додараш чӣ ҳол доранд?

0

Бо гузашти як моҳ аз ҳодисаи куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола, ки ҷомеаи ҷаҳониро такон дод, модари ӯ Нилуфар Сафоева талош дорад “захми ҷонкоҳ”-ро шифо бахшад ва барои фарзанди дигараш, ба зиндагии маъмулӣ баргардад. Фарзанди дигари ӯ, яъне додари Қобилҷон таҳсилро дар яке аз литсейҳои пойтахт идома медиҳад.

Як манбаи огоҳ аз ҳодиса гуфт, ки ҳоло вазъи модару писар хуб буда,  тасмим доранд, ба хонае, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар дар пойтахт тӯҳфа шуда буд, кӯчанд.

“Хонаро пурра ба номаш карда, ҳуҷҷатҳоро дуруст карданд ва ҷои корашон ҳам маълум аст. Танҳо каме дигар ҳолашон хуб шавад, ба хонаи нав мекӯчанд”,-гуфт манбаъ.

Бояд гуфт, яке аз соҳибкорони кишвар масъул шудааст, ки модари Қобилҷон Алиевро бо ҷойи кор ва маоши баробар ба 1000 доллари амрикоӣ таъмин кунад.

Худи Нилуфар Сафоева то ҳол аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад.

Мактабе, ки додари Қобиҷон таҳсилашро идома медиҳад, барои “Азия-Плюс” маълум аст, аммо ба хотири халалдор накардани осоиши ӯ, мо аз ифшои он худдорӣ мекунем.

Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия бо корд ва бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд. Пеш аз куштори Қобилҷон Алиев, ҳамлагар як муҳофизи мактабро ҳам захмӣ кардааст. Муҳофиз ҷон ба саломат бурд, аммо Қобилҷон Алиев аз ҷароҳати бардошта ҷон бохт.

Ва ҳамаи ин ҷиноятро ҳамлавар мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор кард.

Дар навори воқеа, ки онро саҳифаи “Mash” нашр кард, дида мешавад, наврасе бо корд ба гурӯҳи хонандагон наздик шуда, мепурсад, “миллати шумо чист?". Пас аз куштор, ҳавлавар дар ҳамон мактаб аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ дастгир шуд. Ӯ ба гуноҳи худ иқрор шуд, алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва ӯ ҳоло барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Расонаҳо менависанд, ки ҳамлагар дар заминаи ҳисси миллатгароӣ ва бадбинӣ ба мактаб ҳамла кардааст: ҳамлагар пеш аз ҳодиса “манифест”-и худро бо номи "Ғазаби ман", ки дар он ӯ зидди яҳудиён, мусалмонон, зиддифашистон ва либералҳо ҳарф мезад, ба ҳамсинфонаш фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Газета.ру" аз қавли Кумитаи тафтишотии Русия  навишт,  ки "навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид".

Ҷасади навраси тоҷикро  18-уми декабри 2025 ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.

Ба куштори Қобилҷон Алиев мақомоти тоҷик зуд вокуниш карданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар Душанберо даъват карда, нота супорид. Роҳбарони мақомоти тафтишотиву интиқзомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳам ба ҳамтоёни руси худ тамос гирифта ё мактуб навишта, нигаронии худро иброз доштанд ва тафтиши беғари онро талаб карданд.

Пас аз як ҳафтаи куштор, рӯзи 22-юми декабр, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар шаҳри Санкт-Петербург дар доираи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҷиноятро “амали террористӣ” номида, ба оила ва пайвандони Қобилҷон Алиев ҳамдардӣ кард ва ваъдаи таҳқиқи беғарази куштори ин навраси 10-солаи тоҷикро дод.  

Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба зарурати тафтиши воқеӣ ва беғаразонаи куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола ва ба ҷавобгарии ҷиноии сангин кашидани ҳамаи гунаҳкоронро таъкид кард.

Бояд зикр кард, ки куштори Қобилҷон Алиев мушкили доғи Русия – миллатгароӣ ва нафрати миллиро, ки солҳои охир аз сӯйи теъдоде аз миёсатмадорону фаъолони ҷомеаи ин кишвар густурда тарғиб мешавад, ошкор кард. Коршиносон омили аслии ин фоҷеаро маҳз натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия маънидод карданд. Зери таъсири ин ғоя дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.

Ҳамакнун, бо гузашти як соҳ аз ин ҷинояти мудҳиш, ҷомеа интизори оғози мурофидаи додгоҳии муттаҳами боздоштшуда аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз “лимит”-и барқ то интернети заиф. Мақомот монеаҳо дар татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушд – 2021-2025”-ро гуфтанд

0

Мақомоти Тоҷикистон аз омилҳои ном бурданд, ки дар як давраи панҷсолаи барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар дар солҳои 2021-2025 монеа шудаанд.

Дар “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”, ки Вазорати иқтисод ва савдои кишвар 10-уми январ нашр кардааст, гуфта мешавад, ки “бо вуҷуди дастовардҳои ноилгардида дар барномаи пешина (аз соли 2021-2025) то ҳол имкониятҳои истифоданашуда ва монеаҳои маъмурӣ барои боз ҳам беҳтар кардани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мавҷуд мебошанд”.

Дар гузориш аз монеаҳо ба таври мисол, аз “норасоии неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон, нокифоя будани маблағгузорӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва татбиқи барномаҳо, мушкилоти суръат ва фарогирии интернет, ҷараёни сусти рақамигардонӣ ва истифодаи маҳдуди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, норасогии инфрасохтори муосири авиатсионӣ, куҳнаю фарсуда гардидани як қисми инфрасохтори ирригатсионӣ” ном бурда шудааст.

Инчунин, дар гузориш чанд мушкили асосии дигар “мутобиқ набудани сифати таҳсилот ва баъзе хизматрасониҳои тиббӣ ба талаботи замон, норасоии мутахассисони баландихтисос, инчунин сатҳи пасти ҳамгироии илм ва истеҳсолот” зикр гардидааст.

Дар санад зикр мешавад, ки дар замони иҷрои "Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025" истифода нашудани имкониятҳои мавҷудаи кишвар, ба мисоли сатҳи нокифояи коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла пахта, алюминий, маъданҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намудҳои ашёи хом боиси нигаронӣ аст.

Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки дар "Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар то соли 2030" ин камбудиҳоро бартараф намояд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соли 2016 "Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" қабул шуд.

Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ гуфта мешавад. Ин санад аз се барномаи миёнамуҳлат (солҳои 2016-2020, 2021-2025 ва 2026-2030) иборат аст.

Мувофиқи стратегия Тоҷикистон бояд то соли 2030 ба амнияти энергетикӣ расад, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳида, ба кишвари транзитӣ табдил ёбад, аҳолиро бо ғизои хушсифат таъмин кунад ва ба кишвари саноатӣ табдил ёфта, ба аҳолӣ шуғли пурмаҳсул фароҳам орад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.