Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост

Тоҷикистон дар пайи куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия, Семён Григорев, сафири Русия дар Душанберо ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват кард ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супорид. Ин ниҳод бо нашри як изҳорот ҳамла ба навраси тоҷикро “нафрати миллӣ” хонда, онро қотеъона маҳкум кард.  Дар ин нота Тоҷикистон аз Русия талаб кардааст, ки “тафтишоти фаврӣ, […]

Asia-Plus

Тоҷикистон дар пайи куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия, Семён Григорев, сафири Русия дар Душанберо ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват кард ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супорид. Ин ниҳод бо нашри як изҳорот ҳамла ба навраси тоҷикро “нафрати миллӣ” хонда, онро қотеъона маҳкум кард.

 Дар ин нота Тоҷикистон аз Русия талаб кардааст, ки “тафтишоти фаврӣ, объективӣ ва беғаразонаи ин ҳодисаи фоҷиаборро анҷом диҳад ва ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад”.

Ин ниҳод ҳамчунин, ба оила ва наздикони ин шаҳрванди ноболиғи кишвар изҳори таслият баён карда, гуфтааст, ки бо пайвандони ин ҳодиса дар тамос аст.

Куштори Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик дар пайи ҳамлаи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия ба мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав рӯзи 16-уми декабр рух дод. Ҳамлавар бо корд ба мактаб ҳозир шуда, аввал муҳофиз ва сипас як хонандаи 10-соларо бо теғ зад. Дар натиҷа, Қобилҷон Алиева аз ҷароҳати бардошта ҷон бохтааст.

Қаблан аз ВКХ ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин ҳодисаро таҳти назорати қатъӣ гирифтаст

Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохиллии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ аз Владимир Колоколтсев, ҳамтои русаш хост, сабабу омилҳои ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.

“Дар рафти суҳбати телефонӣ қайд гардид, ки содир гардидани чунин ҷиноятҳои мудҳиш метавонад боиси вазъи ногувори ҷомеа гардида, боз барои дигар гурӯҳҳои радикалии миллатгаро талқин ва таҳрики содир намудани чунин ҷиноятҳо гардад”, – навиштааст ВКД.

Ин ниҳод гуфтааст, ҷониби Русия гуфт, ки барои ҳаматарафа ва воқеъбинона гузаронидани тафтишот тамоми чораҳои қатъӣ андешида шуда, баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат менамояд.

Ҳодисаи ҳамла ба мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав субҳи 16-уми декабр, тақрибан соати 9-и субҳ, рух дод. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки ин ҳодиса дар шаҳраки Горки-2-и ноҳияи Одинсово рух дода, ҳамлагар як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия аст.

Ба навиштаи манбаъ, ин наврас ба муҳофиз ва як хонандаи 10-сола бо корд зарба задааст. Дар натиҷа хонандаи 10-сола аз ҷароҳати бардошта ҷон бохтааст. Аммо ин ниҳод дар бораи шахсияти кушташуда ва шаҳрвандии ӯ иттилоъ надодааст.

Дар навори воқеа, ки онро саҳифаи “Mash” нашр кард, дида мешавад, наврасе бо корд ба гурӯҳи хонандагон наздик шуда, мепурсад, “миллати шумо чист?". Муҳофиз кӯшиш мекунад, ки ӯро боздорад, аммо ҳамлавар ба рӯйи ӯ гази ашковар мепошад ва бо корд ҳуҷум мекунад. Пас аз ин, наврас дубора ба кӯдакон ҳамла карда, Қобилҷон Алиевро корд зад. Модари хонандаи кушташуда дар ҳамин мактаб фаррош будааст.

Пас аз куштор, ноболиғи ҳамлавар дар яке аз синфхонаҳо худро маҳкам карда, дар ҳамон ҷо аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ дастгир шудааст.

Бино ба гузориши хабаргузории ТАСС, навраси боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Ба қавли хабаргузории “РБК”, муфаттишон аз ҳамлагар нусхаи дастгоҳи тарканда пайдо карданд.

Расонаҳо менависанд, ки ҳамлагар дар заминаи ҳисси миллатгароӣ ва бадбинӣ ба мактаб ҳамла кардааст: ҳамлагар пеш аз ҳодиса “манифест”-и худро бо номи "Ғазаби ман", ки дар он ӯ зидди яҳудиён, мусалмонон, зиддифашистон ва либералҳо ҳарф мезад, ба ҳамсинфонаш фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Газета.ру" аз қавли Кумитаи тафтишотии Русия  навишт,  ки "навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид".

Бояд гуфт, ҳодисаҳои куштори бераҳмонаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия кам нест. Ҳодисаи таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола вокуниши густурдае дар пай дошт. Ӯ рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуда, як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Пас аз панҷ оли мурофиаҳои додгоҳӣ, соли 2023 Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия дар содир намудани ҷинояти вазнин – таҷовуз ва куштори бераҳмонаи шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон айбдор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Бояд гуфт, куштори тоҷикон аз дасти шаҳрвандони Русия аксаран аз ҷониби мақомоти ин кишвар расонаӣ намешавад. Ин дар ҳолест, ки қонуншиканӣ ва ё ҷинояти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам аз ҷониби расонаҳо ва ҳам мақомоти Русия барҷаста ва густурда паҳн карда мешавад. Махсусан, баъди ҳодисаи “Крокус Сити” чунин равиш батадриҷ афзуда, фишор рӯйи муҳоҷирон ва қонунҳои муҳоҷират сангин шудааст

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.