Оғози санҷиши телефони мусофирон дар метрои Маскав

0

Дар пайи оғози санҷиши телефонҳои мусофирон дар метрои Маскав, намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик хостааст, ки “қонунгузории кишвари иқоматро риоя кунанд” ва нисбат ба ин қарор “монеа эҷод накунанд”.

Сар аз 4-уми феврали соли равон дар метрои шаҳри Маскав ба таври интихоби телефони мобилии мусофирон санҷида мешавад. Ин тасмим дар доираи қоидаҳои нави бехатарии Вазорати нақлиёти Русия гирифта шудааст.

Намояндагии Вазорат навиштааст, ки тибқи ин фармон “санҷиши дастгоҳҳои аудиоӣ ва видеоӣ, телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои фардӣ тавассути фаъол гардонидан ва санҷиши қобилияти кории онҳо анҷом дода мешавад”.

“Дар сурати гузаронидани санҷиш аз ҷониби хадамоти амнияти метро, ба кормандони масъул дар иҷрои уҳдадориҳои хизматии онҳо монеа эҷод накунанд”, – навишт Намояндагӣ.

Метрои Маскав гуфтааст, ки санҷиши телефонӣ "дар ҳолати зарурӣ" илова ба чораҳои амниятии мавҷуда истифода мешавад, навиштааст “РБК”.

Чунин қоида аллакай дар Санкт-Петербург амал мекунад. Кирилл Поляков, муовини роҳбари Санкт-Петербург гуфтааст, ки аз сокинон хоҳиш кардааст, ки онҳоро “дарк кунанд”.

Мақомоти Русия ин ҳама тадбирҳоро ба “чораҳои бехатарии амниятӣ” рабт медиҳанд. 

Ёдовар мешавем, ки тайи ду соли охир, махсусан пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар марти соли 2024, мақомоти Русия натанҳо ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, балки “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро ҳам тартиб дода, ба даҳҳо қонуни амалкунанда тағйирот ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Таҳсили духтарон дар Донишкадаи исломӣ. “Роҳнамои довталаб”: танҳо барои мардҳо. Ректор: “табъиз вуҷуд надорад”

0

Дар “Роҳнамои довталаб”, ки ҳар сол Маркази миллии тестӣ (ММТ) нашр мекунад, ҳуҷҷатсупорӣ барои дохилшавӣ ба Донишкадаи исломӣ танҳо барои мардҳо пешбинӣ шудааст. Масъулини ММТ ҳам ин нуктаро тасдиқ карданд, аммо ректори ин донишкада мегӯяд, “барои қабули духтарон ҳеҷ табъизе вуҷуд надорад”.

Дар “Роҳнамои довталаб” зикр мешавад, ки “…ихтисосҳоро аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит фақат мардон интихоб карда метавонанд”.

Аммо далели манъи ҳуҷҷатсупории занон дар ин ихтисосҳои Донишкадаи исломӣ зикр намешавад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Абдулбосит Шодиниё, муовини аввали раиси ММТ рӯзи 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки солҳост духтарон аз ҳаққи ҳуҷҷатсупорӣ ба Донишкадаи исломӣ маҳрум шудаанд.

“Тибқи тартибе, ки ба ММТ пешниҳод гардидааст, ба Донишкадаи исломӣ танҳо писарон қабул карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, на дар давраи бақайдгирӣ ва на дар давраи имтиҳонсупорӣ ягон духтар на аз қайд гузаштааст ва имтиҳон супоридааст. Албатта, ин кор аз ҷониби муассисаи таълимӣ дар ҳамкорӣ бо  мақомоти болоӣ мешавад. Тақрибан 4 ё 5 сол шуд, ки  чунин тартиб ҷорӣ мебошад”,-гуфт Шодиниё.

Аммо ӯ ҳам сабаби муайян шудани чунин тартибро шарҳ надод ва ҳам аз “мақомоти болоӣ” ном набурд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдулбосит Шодиниё

Дар ҳамин ҳол, Абдуалим Аҳтамзода, ректори тозатаъини Донишкадаи исломӣ рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, соли таҳсили 2025 – 2026 ягон духтар ба ин муассиса дохил нашудааст.

Ба қавли ӯ, ҳоло дар донишкада 29 духтар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунанд, ки ҳамаашон солҳои қаблӣ ба муассиса дохил шудаанд.

Ӯ маҳдудияти дохилшавии духтарон ба Донишкадаи исломиро рад карда, гуфт, ки “барои қабули духтарону писарон ҳеҷ табъизе вуҷуд надорад”.

“Дари донишкада ҳамеша боз ҳасту боз мемонад. Касе ки ба Донишкадаи исломӣ ҳуҷҷат месупораду довталаб аст, қабул мешавад. Ҳеҷ табъизе ҳам вуҷуд надорад”, – гуфт Аҳтамзода.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдуалим Аҳтамзода

Пештар аз ин Нусратулло Зокирзода, ректори ҳамакнун собиқи Донишкадаи исломӣ ҳам ба Азия-Плюс гуфта буд, ки дар қабули духтарон ягон маҳдудият гузошта нашудааст. Номбурда таъкид карда буд, ки раванди қабул ба донишкада тавассути ММТ ба роҳ монда шудааст ва барои ҳуҷҷат супоридани духтарон маҳдудият нест.

Бар пояи маълумоте, ки моҳи ноябри соли 2025 Нусратулло Зокирзода гуфта буд, “дар ин донишкада ҳамагӣ 12 духтар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд ва ҳеҷ маҳдудияте дар таҳсили онҳо нест”. Аммо ӯ омили адами дунишҷӯдухтарон дар бахши рӯзонаи ин донишкадаро шарҳ надод.

То соли 2018, замоне ки дар Тоҷикистон ба қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ тағйирот ворид ва таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ ва ба дӯши ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ ва назди волидайн вогузор шуд, теъдоди духтарон дар ин донишкада 250 нафарро ташкил мекард.

Ҳоло дар Тоҷикистон танҳо дар Донишкадаи исломӣ метавон таҳсили динӣ кард. Барои таҳсили ғайрирасмӣ муҷозот пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон соли 1997 таъсис шудааст. То соли 2007 ҳамчун муассисаи мустақил фаъолият мекард ва баъдан ба ихтиёри Вазорати маориф ва илм гузашт. Соли гузашта бошад, соҳиби бинои наву боҳашамате шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раисҷумҳур ҳузур дошт.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Бозгашти Виталий Левченко ба “Истиқлол” ҳамчун сармуррабӣ. Ситоди нави муррабиёни даста маълум шуд

0

Виталий Левченко, матахассиси 53-солаи тоҷик дигарбора сармуррабии тими “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Ҳамчунин, ситоди нави мураббиёни ин даста ҳам маълум шудааст. Дар ин бора бошгоҳи “Истиқлол” хабар дода, навиштааст, ки шартномаи ҳамкорӣ бо Левченко то анҷоми мавсими 2026 ба имзо расидааст.

Ҳамчунин, ба ситоди муррабиёни ин даста, Андрей Анненков, – мураббии калон, Анвар Норкулов – мураббии тайёрии ҷисмонӣ, Фаррух Бердиев – мураббии дарвозабонҳо ва Дониёр Муродов – мураббии таҳлилгар шомил гардиданд.

Бояд гуфт, Левченко қаблан низ роҳбарии тими “Истиқлол”-ро ба уҳда дошт (солҳои 2020-2022) ва бо роҳнамоии ӯ даста қаҳрамони Тоҷикистон гардида, кишварро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО намояндагӣ карда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ситоди нави мураббиёни ин даста

Ҳоло ӯ дар вазифаи сармураббии "Истиқлол" Игор Черевченкоро, ки моҳи декабри соли 2025 аз ин мақом канор рафта буд, иваз мекунад. Ин мутахассис аз моҳи октябри соли 2024 сармураббии “Истиқлол” буд.

Черевченко сабаби истеъфои худро ба ҷароҳати зонуяш рабт дода, гуфта буд, ки бояд дар Маскав ҷарроҳӣ шавад ва барои барқароршавӣ барояш аз 2 то 4 моҳ истироҳат лозим аст. Ҳамин тариқ, “Истиқлол” шартномаи ҳамкорӣ бо ҳамаи ситоди мураббиёни дастара тамдид накард.

Виталий Левченко соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Тарбиятдидаи мактаби маҳаллии футбол мебошад. Дар дастаҳои “Хуҷанд”, тимҳои украинии “Динамо” ва ССКА (Киев), “Таврия”-и Симферопол, дастаҳои русиягии “Волгар” (Астрахан), “Спартак” (Кострома), “Динамо” (Ставропол), “Урал” (Екатеринбург), ҳамчунин тими “Чанчун Ятай”-и Чин бозӣ кардааст. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (1996-2000) дар 10 бозӣ ширкат кардааст.

Дастаҳои украинии “Княжа” (вилояти Бориспол), “Еднист” (вилояти Чернигов), “Десна” (Чернигов)-ро машқ дода, ба ҳайси ёвари сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Украина, ёвари сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, сармураббии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) буд.

Ҳамчунин, як муддат сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор, мураббии тими русиягии “Криля Советов” (Самара) ва сармурабии бошгоҳи “Хуҷанд” буд. Баъди ин, ду сол – 2020-2022 сармарабби "Истиқлол"-и Душанбе буд. 

Виталий Левченко се мавсими охир дар тими “Нефтчӣ”-и Ӯзбекистон фаъолият дошт ва соли 2025 ҳамроҳ бо ин даста қаҳрамони футболи Ӯзбекистон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Насби дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар Бохтар оғоз мешавад

0

Аз 5-уми феврали соли равон насби дурбинҳои назоратӣ ба “Шаҳри бехатар” дар Бохтар, маркази вилояти Хатлон оғоз мешавад. Дар ин бора Абдумаҷид Муминзод, раиси ин шаҳр рӯзи 4-уми феврал дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

“Вақтҳои охир дар роҳҳои шаҳр ҳолатҳои тамбашавӣ ба назар мерасад. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем бо дастгирии ҳукумати кишвар дурбинҳо мушоҳидавӣ насб карда, шаҳрро ба хадамоти “Шаҳри бехатар” пайваст кунем”, – илова кард ӯ.

Ба гуфтаи Муминзод, корҳои омодасозӣ, аз ҷумла кашидани хатҳои уфуқӣ, насби аломатҳои роҳ ва насби дурбинҳо то 1 сол идома хоҳад кард. Ба таъкиди ӯ, ҳамаи роҳҳои шаҳр – аз даромадгоҳҳо то кӯчаҳои дохилӣ, ба “Шаҳри бехтар” пайваст мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдумаҷид Муминзод

Ба иттилои раиси шаҳр, корҳои насбкунии дурбинҳоро як ширкати ватанӣ анҷом медиҳад. Ин дар ҳолест, ки соли 2024 як манбаъ аз ҳукумати Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфта буд, барои роҳандозии ин лоиҳа як ширкати қазоқистонӣ масъул гардидааст, аммо аз зикри номи ширкат худдорӣ кард. Танҳо гуфта буд, “ин ширкат алакай дар чанде аз шаҳрҳои бузурги Ӯзбекистон чунин лоиҳаро роҳандозӣ кардааст”.

Хабари насби дурбинҳо “Шаҳри бехатар” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон соли 2024-ум расонаӣ шуда буд. Он замон аз ҳукумати вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки барои амалисозии ин лоиҳа бо шарикони рушд ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи то 18 миллион доллар ба имзо расидааст.

“Шартномаи мазкур барои ҷорӣ намудани назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр пешбинӣ шудааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Қаблан раиси шаҳри Бохтар гуфта буд, ки дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар пайдо кардани ҷинояткорон низ кӯмак мерасонанд.

Бояд гуфт, ки дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ насб шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд бошад, моҳи майи соли 2023 лоиҳаи “Шаҳри бехатар” таҳия ва барои иҷрои он бо ширкати чинӣ созишнома ба имзо расида, вале то ҳол ба кор шурӯъ накардааст.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад. Ҳар сол аз ҳисоби ҷаримаи қоидавайронкунҳову қонуншиканҳо тавассути ин низом миллионҳо сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои коррупсионӣ низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.

“Шаҳри бехатар” дар Душанбе чӣ гуна кор мекунад? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ба коҳиши қарзи “Барқи тоҷик” мусоидат кард

0

Пас аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар соли гузашта, ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар кишвар тадриҷан кам шуд. Дар ин бора мудири кулли ҶСК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотии рӯзи 3-юми феврал дар Душанбе хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки дар доираи тағйироти воридгардида аз ҷониби ҳукумат ситоде таъсис ёфта, ки ба таври доимӣ амал карда, ба пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии барқ дар саросари кишвар машғул аст.

Ба гуфтаи Асозода, ин имкон дод, ки пули барқи истифодашуда дар дохили кишвар 1,6 млрд сомонӣ (ҳудуди 170 млн доллар) зиёд ҷамъоварӣ шавад.

“Қисме аз ин, ба маблағи 900 млн сомонӣ, барои пардохти қарзи ширкат равона карда шуд”, – илова намуд ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳмадумар Асозода

Асозода дар идома изҳор дошт, ки соли 2025 қарзи ширкат ба миқдори 2,6 млрд сомонӣ (тақрибан 280 млн доллар) – аз ҳудуди 24, 2 млрд сомонӣ  дар аввали сол то 21,6 млрд сомонӣ (ҳудуди 2,3 млрд доллар) коҳиш ёфт.

Қобили зикр аст, ки қарзи мазкур аз ҳисоби пардохт нашудани маблағи истифодаи барқи гирифтаи ширкат аз истеҳсолкунандагони дохилӣ – ҶСК “НБО Сангтӯда-1”, ҶСК “НБО Сангтӯда-2”, ҶСК “НБО Роғун”, инчунин қарзҳои ҷалбшудаи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи электроэнергетика ба вуҷуд омада буд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2025 ба Кодекси ҷинояти Тоҷикистон ва Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки дар онҳо барои истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии нерӯи барқ масъулият (ҷавобгарӣ) пешбинӣ мешавад. Ин тағйирот бо мақсади коҳиши талафот дар шабакаҳои барқ ва баланд бардоштани интизом миёни истеъмолгарон қабул шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз кафшергару хиштчину барқчӣ то устои “электромобил”. Ихтисосҳои серталаб дар коллеҷу литсейҳои касбӣ кадомҳоянд?

0

Ихтисосҳои марбут ба сохтмон, аз ҷумла, кафшергар, рангуборкун, хиштчин, васлкунандаи таҷҳизот, устои барқ (барои писарон), қаннодию дӯзандагӣ (барои духтарон), инчунин устои мошинҳои барқӣ (электромобил), ихтисосҳои аз ҳама серталаб дар литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳои Тоҷикистон будаанд.

Дар ин бора, Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, Кумита раддабандии 20 ихтисоси серталаб дар ин муассисаҳоро таҳия кардааст ва он ҳамасола нав мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фарҳод Раҳимӣ аз тарафи чап

Раиси кумита гуфт, солҳои охир таваҷҷуҳ ва талабот ба ихтисоси устои мошинҳои барқӣ (электромобил) низ зиёд мешавад. Духтарон бошанд, аз ҷумла ихтисоси “ҳисобдор бо донистани компютер”-ро бештар интихоб мекунанд

Фарҳод Раҳимӣ мегӯяд, соли 2025 литсейҳои касбии кишварро 8 ҳазору 844 нафар хатм кардаанд, ки қисмати зиёд аз рӯйи 20 ихтисоси серталаби радабандии кумита будаанд.

Ба гуфтаи раиси Кумита, дар ин баробар ихтисосҳое ҳастанд, ки ба далели набудани талабот ва ҷойи кор дар бозори меҳнат барҳам дода мешаванд.

“Инҷо як ҷараёни муназзам аст. Мо раванди қабул ба ихтисосҳоро пайгирӣ мекунем, ки шаҳрвандон ба ҳамин ихтисос майл доранд ё на. Баъдан бо назардошти меъёри бозори меҳнат, яъне бо кадом маош таъмин мешавад, чӣ гуна шароит ҳаст, оё ҷойи кор дар дохили кишвар ҳаст ё на, бозоргир будани ихтисос муайян карда мешавад”, – гуфт Раҳимӣ.

Ба қавли ӯ, қаблан дар бахши механизатори хоҷагии қишлоқ аз рӯйи 20-25 ихтисос мутахассис омода карда мешуд, аммо ҳоло дар ин соҳа танҳо 5-6 ихтисос боқӣ мондааст.

“Ба истиснои худи механизатор, ронандаи комбайну трактор ва челонгари ҳамин соҳа дигар ҳама ихтииссоҳо барҳам дода шудаанд. Зеро аллакай эҳтиёҷот дар бозори меҳнат нест ва зарурати омӯзонидан низ нест”, – илова кард ӯ.

Ҳоло дар Тоҷикистон 66 литсейи касбӣ ва 87 коллеҷ бо 7 филиал фаъолият дорад. Аз ҷумла, дар литсейҳои касбӣ 300 касбу ихтисос омӯзиш дода мешавад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 165 касбу ихтисос зиёд аст. Дар коллеҷҳо аз рӯйи 344 ихтисос мутахассис омода мешаванд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135 номгӯйи ихтисос зиёд мебошад.

Кумита мегӯяд, ҳоло дар литсейҳои касбӣ  28 ҳазору 312 таҳсил доранд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта, 4 ҳазору 869 донишомӯз зиёд аст. Дар коллеҷҳо бошад, 106 ҳазору 407 донишҷӯ мехонанд, ки нисбат ба соли гузашта 8 ҳазору 856 нафар бештар мебошад.

Соли 2023 дар Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумат таъсис ёфт, ки ҳадафи он танзим ва рушди фаъолияти муассисаҳоои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла, литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳо мебошад. Қаблан танзими ин соҳа ба души Вазорати маориф ва илм буд.

Қаблан, ҳукумати кишвар барои ҳалли мушкилоти литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳо  барномаи 4-солаеро қабул кард, ки ба таъмиру сохтмони биноҳо, рақамикунонии соҳа, ҷалби омӯзгорон, фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ ва таъмини китобҳои дарсӣ дар ин муасссисаҳо равона шудааст.

Дар санад зикр мешавад, ки барои иҷрои ин барнома, ки соҳои 2026-2030 амалӣ мегардад, аз ҳисоби буҷети кишвар, фонди раисҷумҳур, шарикони рушд ва дигар сарчашмаҳо 400 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Танҳо дар соли 2026 барои иҷроои он 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бозиҳои олимпии зимистона-2026: Аз Тоҷикистон ягон варзишкор иштирок намекунад

0

Дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии зимистона-2026 дар шаҳрҳои Милан ва Кортина- д’ Ампетсои Италия иштирок намекунад. Тоҷикистон бори сеюм аст, ки пайдарпай аз иштирок дар ин мусобиқа дар канор мемонад, дар ҳоле, ки се кишвари дигари минтақаи Осиёи Марказӣ намояндагони худро ба он мефиристанд.

Тоҷикистон барои иштирок дар ин Бозиҳо ягон роҳхат ё худ иҷозатнома (литсензия) ба даст оварда натавонист. Ахиран варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 дар Сочи (Русия) иштирок карданд. Бозиҳои олимпии зимистона-2018  дар Пхёнчхан (Кореяи Ҷанубӣ) ва соли 2022 дар Пекин (Чин) бидуни иштироки намояндагони Тоҷикистон баргузор шуданд.

Коршиносони соҳаи варзиш сабабҳои инро ба мавҷуд набудани заминаи доимии омодагӣ, тақвими маҳдуди мусобиқаҳо оид ба навъҳои варзиши зимистона дар дохили кишвар нисбат медиҳанд.

Тавре ки дар торнамои Olympics.com  хабар дода мешавад, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ намояндагони Қазоқистон аз ҳама зиёдтаранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Медалҳои Олимпиада

Тими Қазоқистонро дар Бозиҳои олимпии зимистона дар Италия 36 варзишгар, Ӯзбекистонро – 4 варзишгар ва Қирғизистонро – 2 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони Туркманистон ягон бор дар Бозиҳои олимпии зимистона иштирок накардаанд ва ин бозиҳо ҳам истисно нест.

Бозиҳои XXV олимпии зимистона дар Италия аз 6 то 22 феврали соли равон баргузор мешаванд. Дар он 2871 варзишгар аз 93 кишвар ширкат меварзанд. Дар мусобиқаҳо барои дарёфти 116 маҷмӯи мукофотҳо дар 16 навъи варзиш рақобатҳо сурат мегиранд. Ҳиссаи иштироки занон дар Бозиҳо ба 47%-и рекордӣ мерасад.

Варзишгарони давлатҳое ба монанди Бенин, Гвинея-Бисау ва Амороти Муттаҳидаи Араб бори нахуст кишварҳои худро дар Бозиҳои олимпии зимистона намояндагӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин Бозиҳои олимпии зимистона 2026 бори аввал таҳти роҳбарии президенти нави Кумитаи миллии олимпӣ Кирсти Ковентри доир гардида, самти рушди навъҳои варзиши зимистонаро барои даҳсолаҳои оянда муайян мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазири маориф гуфт, пулҷамъкунӣ дар мактабҳо ва обунаи иҷборӣ ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ “қатъиян манъ аст”

0

Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон дигарбора гуфт, ки ҷамъоварии маблағ аз хонандаҳо барои таъмир ва дигар эҳтиёҷоти мактаб ва обунаи иҷбории омӯзгорон ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ қатъиян манъ аст. 

Ӯ рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ афзуд, қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” талаби маблағ ва обунаро манъ кардааст ва ин ниҳод, “ҷиҳати иҷрои он ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ва шуъбаҳои маориф" мактуб ирсол кардааст.

Вазир дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт, ки дар ҳолати ғайриқонунӣ ҷамъ кардани маблағ дар мактабҳо сокинон метавонанд ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кунанд.

“Ҳар рӯзи шанбе қабули вазири маориф мешавад, марҳамат муроҷиат кунед. Танҳо хоҳиш мекунам, мушаххас гӯед, ки дар куҷо ғайриқонунӣ ҷамъоварии маблағ сурат мегирад, мо ҳатман нисбаташ чораҷӯӣ мекунем… Аз волидайни хонандаҳо маблағ ситонидан дар мактабҳо қатъиян манъ аст”, – таъкид кард Саидзода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳим Саидзода

Вазири маориф соли гузашта низ гуфта буд, ки барои таъмир ҷамъ кардани маблағ манъ аст, “аммо тибқи низомномае, ки дар мактабҳо ҳаст, шахсони алоҳида ё ки эҳсонкор ҳуқуқи пешниҳоди маблағҳоро барои таъмир доранд”.

Вале бо ин вуҷуд ҳар сол, махсусан дар моварои анҷоми соли хониш масъалаи талаби пул барои таъмири мактаб доғ мешавад. Инчунин, шикоятҳо аз талаби пули моҳона дар мактабҳо зуд-зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд.

 

“Обуна ба нашрияҳои соҳавӣ манъ нест”

Ҳамчунин, вазири маориф дар баҳси обуна кардани омӯзгорон ба нашрияҳо гуфт, “ғайр аз нашрияҳои соҳавӣ ба дигар намуди нашрияҳо обуна шудан мумкин нест”.

“Мумкин дар баъзе ҳолатҳо бошанд, маҷбур (обуна, аз идора) кардан. Ман аз ҳамаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки дар ин самт корбарӣ мекунанд, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки нисбати омӯзгор, қонуне, ки дар нисбати мақоми омӯзгор қабул шудааст риоя карда шавад”, – таъкид кард вазири маориф.

Дар ҳамин ҳол вазир дар нишасти матбуотӣ нагуфт, ки обуна ба нашрияҳои соҳавии вазорати маориф иҷборӣ аст ё ихтиёрӣ.

Вале аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки "омӯзгорон дар масъалаи обуна ба нашрияҳои соҳавӣ озод буда, обунаи онҳо ба рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ танҳо ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад".

Баҳси ҷалби иҷбории омӯзгорон барои обуна шудан ба нашрияҳо дар Тоҷикистон солҳост расонаӣ мешавад. Бархе омӯзгорон  дар шабакаи иҷтимоӣ навиштаанд, ки ҳар сол оғози нави хониш иҷборан барои обуна шудан ба нашрияҳо, махсусан расмӣ-давлатӣ ҷалб мешаванд ва аз онҳо аз 400 то 556 сомонӣ пули обуна талаб карда мешавад.

Бояд гуфт, тибқи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” ҷалби омӯзгорон ба обунаи рӯзномаю маҷаллаҳо, хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии маблағҳо барои андозҳо, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, фаъолияти кишоварзӣ ва ғайра манъ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 19

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми нуздаҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон барои дастгирии содирот қонуни нав қабул мешавад

0

Дар Тоҷикистон қонуни нав “Дар бораи дастгирии содирот” мавриди таҳия қарор дорад, ки ба гуфтаи масъулин, "ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ҷиҳати пешбурди фурӯши молу маҳсулот ва хидматрасонӣ дар хориҷи кишвар кумак мекунад". Дар ин бора Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Оҷонсии содироти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, ки "ҳадафи аслии қабули қонун бунёди заминаи ҳуқуқӣ барои кумак аз ҷониби давлат ба содироти молу маҳсулот, кор ва хидматрасониҳо мебошад. Ҳамчунин, қонун ба баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст, ки ба ҷумҳурӣ барои таҳкими мавқеъ дар иқтисоди ҷаҳонӣ кумак мекунад".

Ба таъкиди номбурда, ғайр аз ин, он ба беҳтар шудани шароитҳо барои сармоягузорон ва рушди соҳаҳои иқтисоди  марбут ба содирот мусоидат мекунад.

"Дар назар аст, ки ба туфайли ин иқдом Тоҷикистон дар тиҷорати байнулмилалӣ ба шарики боэътимод табдил меёбад. Бунёд ва рушди бозорҳои нав барои маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва беҳтар сохтани зерсохтори нақлиёт ҷанбаи муҳим хоҳад шуд", – гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Ҳамчунин, мустаҳкам намудани мавқеи Тоҷикистон дар бозорҳои аллакай мавҷудаи маъмулӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сироҷиддинзода зикр кард, ки соли гузашта "Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2026-2030" қабул шуд, ки ҷиҳати ба таври назаррас беҳтар кардани шароитҳо баҳри рушд ва гуногунсамт сохтани содироти маҳсулот аз Тоҷикистон мусоидат менамояд.

“Ин иқдомҳо барои истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ имконоти нав муҳайё месозанд”, – илова намуд директори Агентӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.