Бозиҳои олимпии зимистона-2026: Аз Тоҷикистон ягон варзишкор иштирок намекунад

Дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии зимистона-2026 дар шаҳрҳои Милан ва Кортина- д’ Ампетсои Италия иштирок намекунад. Тоҷикистон бори сеюм аст, ки пайдарпай аз иштирок дар ин мусобиқа дар канор мемонад, дар ҳоле, ки се кишвари дигари минтақаи Осиёи Марказӣ намояндагони худро ба он мефиристанд. Тоҷикистон барои иштирок дар ин Бозиҳо ягон роҳхат ё худ иҷозатнома […]

Дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии зимистона-2026 дар шаҳрҳои Милан ва Кортина- д’ Ампетсои Италия иштирок намекунад. Тоҷикистон бори сеюм аст, ки пайдарпай аз иштирок дар ин мусобиқа дар канор мемонад, дар ҳоле, ки се кишвари дигари минтақаи Осиёи Марказӣ намояндагони худро ба он мефиристанд.

Тоҷикистон барои иштирок дар ин Бозиҳо ягон роҳхат ё худ иҷозатнома (литсензия) ба даст оварда натавонист. Ахиран варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 дар Сочи (Русия) иштирок карданд. Бозиҳои олимпии зимистона-2018  дар Пхёнчхан (Кореяи Ҷанубӣ) ва соли 2022 дар Пекин (Чин) бидуни иштироки намояндагони Тоҷикистон баргузор шуданд.

Коршиносони соҳаи варзиш сабабҳои инро ба мавҷуд набудани заминаи доимии омодагӣ, тақвими маҳдуди мусобиқаҳо оид ба навъҳои варзиши зимистона дар дохили кишвар нисбат медиҳанд.

Тавре ки дар торнамои Olympics.com  хабар дода мешавад, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ намояндагони Қазоқистон аз ҳама зиёдтаранд.

Тими Қазоқистонро дар Бозиҳои олимпии зимистона дар Италия 36 варзишгар, Ӯзбекистонро – 4 варзишгар ва Қирғизистонро – 2 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони Туркманистон ягон бор дар Бозиҳои олимпии зимистона иштирок накардаанд ва ин бозиҳо ҳам истисно нест.

Бозиҳои XXV олимпии зимистона дар Италия аз 6 то 22 феврали соли равон баргузор мешаванд. Дар он 2871 варзишгар аз 93 кишвар ширкат меварзанд. Дар мусобиқаҳо барои дарёфти 116 маҷмӯи мукофотҳо дар 16 навъи варзиш рақобатҳо сурат мегиранд. Ҳиссаи иштироки занон дар Бозиҳо ба 47%-и рекордӣ мерасад.

Варзишгарони давлатҳое ба монанди Бенин, Гвинея-Бисау ва Амороти Муттаҳидаи Араб бори нахуст кишварҳои худро дар Бозиҳои олимпии зимистона намояндагӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин Бозиҳои олимпии зимистона 2026 бори аввал таҳти роҳбарии президенти нави Кумитаи миллии олимпӣ Кирсти Ковентри доир гардида, самти рушди навъҳои варзиши зимистонаро барои даҳсолаҳои оянда муайян мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.