ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1933 – Дар заминаи Китобхонаи шаҳрӣ, Китобхонаи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт, ки он соли 1934 номи Абулқосим Фирдавсиро гирифт.
Соли 1934 – Театри вилоятии шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт.
Соли 1991 – Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — "Садои мардум" таъсис ёфт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1885 — Мавлуди Баҳром Сирус, доктори илмҳои филологӣ.
Соли 1920 — Зодрӯзи Шамсӣ Қиёмов, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Соли 1928 — Мавлуди Гулчеҳра Сулаймонӣ, Шоири халқии Тоҷикистон.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Гулчеҳра Сулаймонӣ ҳамроҳи падараш Пайрав Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ соли 1928 дар хонаводаи Пайрав Сулаймонӣ, яке аз адибони шаҳири тоҷик дар Бухоро ба дунё омааастд. Хатмкардаи омӯзишгоҳи духтарона ва Институти давлатии педагогии Бухоро аст.Ӯ муаллифи зиёда аз 20 маҷмӯаи ашъор мебошад. Аз ҷумла, маҷмӯаҳои "Имрӯз ид", "Ду бех олу", "Наргис", "Чархофалак", "Аспак", "Чил кокули бозигар", "Себи хубон" ва ғайра.
Соли 1936 — Зодрӯзи Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз, шоир.
Соли 1939 — Мавлуди Алиҷон Солиев, сарояндаи тоҷик.
Соли 1940 — Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, шоири тоҷик.
Соли 1955 — Гулсифат Шаҳидӣ, адабиётшиноси тоҷик.
Гулсифат Шаҳидӣ соли 1955 дар оилаи иқтисоддонҳо Ғаффор ва Масрура Сатторовҳо ба дунё омад. Фориғуттаҳсили бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Гулсифат Шаҳидӣ
Ӯ узви Иттифоқи нависандагони Русия ва Гилдияи эҷодии Авруосиё буда, дар Маскав ва Лондон кору зиндагӣ мекунад. Ҳамсараш оҳангсози маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ аст. Ӯ солҳо дар Тоҷикистон дар самти журналистика фаъолият бурдааст. Баъдтар ба фаъолияти эҷодӣ пардохта, беш аз даҳ китоб нашр кард, ки ба забонҳои гуногун тарҷума шудаанд.
Фаъолияти эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ҳамчун мухбири рӯзномаи “Ҷавонон” оғоз гардидааст. Муддате дар парлумони Тоҷикистон ба ҳайси тарҷумон низ кор кардааст. Солҳои баъдӣ дар Маскаву Душанбе муҳаррир ва сипас мудири бахши радио ва телевизиони бахши тоҷикистонии “Мир” буд.
Гулсифат Шаҳидӣ муаллифи ёздаҳ китоб ба чор забон (англисӣ, русӣ, тоҷикӣ ва форсӣ) буда, теъдоди зиёди мақолаҳо эҷод кардааст.
Соли 1957 – Зодрӯзи Абдулмаҷид Усмонов, рӯзноманигори тоҷик ва собиқ диерктори телевизиони "Ҷаҳоннамо".
ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдулмаҷид Усмонов
Ӯ соли 1979 факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос хатм намудааст. Солҳои 1977—1978 дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба сифати тарҷумон иҷрои вазифа кардааст.
Фаъолияти журналистиро соли 1982 ба ҳайси муҳаррири Сардирексияи барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон оғоз намудааст. Аз соли 1986 то соли 1996 ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шуъба, муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Аз соли 1996 то 2004 ба сифати сармутахассис ва машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифа кардааст. Солҳои 2004—2006 дар вазифаи сармуҳаррири идораҳои иттилотӣ, сиёсӣ ва муовини директори Телевизиони Тоҷикистон фаъолият дошт.
Моҳи марти соли 2006 ба вазифаи муовини директори Телевизиони "Сафина" таъин гардид ва баъди ду соли фаъоляит, аз ноябри соли 2008 директори Телевизиони "Ҷаҳоннамо" таъин шуд. То соли 2017 дар ин мақом кор кард. Баъди ин ҳамчун сухангӯи шаҳрдори вақти Душаебе ба фаъоляит пардохт ва то ҳол дар шаҳрдории Душанбе дар бахши иттилоотии он кор мекунад.
Муаллифи як силсила барномаҳои телевизионӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ. Дар шабакаҳои телевизионии СNN, РТР Русия ва "Ал-Ҷазира" ихтисосашро такмил додааст.
Соли 1957 – Зодрӯзи Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулли Тоҷикистон.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода яке аз сиёсатмадорони матраҳи ҳукумати Тоҷикистон ва аз ҷумлаи шахсиятҳои таъсиргузори сиёсати кишвар аст.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун ҳуқуқшинос оғоз намудааст. Ӯ солҳо дар мақомоти додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вазифаҳои муфаттишу ёрдамчии калони прокурор, дар сохторҳои марказӣ ва минтақавӣ фаъолият кардааст.
Ҳамчунин солҳо додситони шаҳри Душанбе, муовини додситони кулли кишвар буд. Солҳои 2002–2007 ӯ дар ҳайати Палатаи намояндагони Маҷлиси Олӣ фаъолият кардааст.
Ӯ муддате роҳбарии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод буда, дар ин давра ба яке аз чеҳраҳои пурбаҳс табдил ёфт. Ислоҳоти пешниҳодшуда ва густариши салоҳиятҳои агентӣ баҳсҳои шадидро дар муҳити сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварданд.
Соли 2010 Шерхон Салимов Додситони кулли Тоҷикистон таъйин гардид. Баъдан раҳбарии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, сипас Оҷонсии назорати маводи нашъаовар буд. Соли 2020 ба ӯ рутбаи генерал-полковники адлия дода шуд.
Соли 1960 – Зодрӯзи Ҷонибек Асрориён, журналист ва таърихнигори тоҷик.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷонибек Асрориён
Ҷонибек Асрориён аз зумраи шахсиятҳоест, ки дар ҷодаи илму эҷод, таҳқиқу ҳунар ва таърихнигориву рӯзноманигорӣ заҳмат кашидааст. Ӯ солҳост дар ҷабҳаи омӯзиш, пажӯҳиш ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии миллат фаъолият мекунад.
Ҷонибек Асрориён муаллифи филмномаҳои мустанади телевизионии “Саразм”, “Тахти Сангин”, “Ҳулбук”, “Наврӯз”, “Чакан”, “Фалак”, “Мастчоҳ” ва даҳҳо асарҳои дигар аст, ки пайванди илм бо санъат мебошанд.
Ӯ ҳамчунин муаллифи осори илмӣ ва публитсистиест, ки масъалаҳои ҳассоси таърих, ҳувияти миллӣ ва худшиносии тоҷиконро фаро мегиранд. Китобҳои ӯ чун “Тоҷикон: миёни хиёнату хун”, “Босмачизм ва болшевизм: воқеият ва таҳриф”, “Фалак: сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ”, “Марзбон” ва “Достони Нозкӯл, шаҳбонӯи Ғелот ва аспони хатлӣ” на танҳо таҳқиқоти илмӣ, балки андешаи шаҳрвандӣ ва мавқеи рӯшанфикронаи муаллифро инъикос мекунанд.
Ӯ дар баробари фаъолияти илмӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, ҳамчун рӯзноманигор ва муаллифи барномаҳои фарҳангӣ низ шинохта шудааст.
Ӯ ҳоло дар “Радиои Фарҳанг” фаъолият дорад.
Соли 1962 – Зодрӯзи Исматулло Холов, овозхони тоҷик, падари Нигора ва Суруш Холовҳо.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Исматулло Холов
Исматулло Холов аз чеҳраҳои шинохтаи эстрадаи тоҷик аст, ки номи ӯ бо як давраи пуршукӯҳи мусиқии миллӣ пайванд хӯрдааст. Сарояндае, ки овозаш дар солҳои 80-ум рамзи эҳсос, ҷавонӣ ва самимият буд ва то имрӯз дар хотираи шунавандагон садо медиҳад.
Роҳи эҷодии Исматулло Холов аз гурӯҳи афсонавии “Суғдёна” оғоз ёфтааст. Дар ин мактаби ҳунар ӯ бо Кароматулло Қурбонов кор мекард ва ин иттифоқ барои ташаккули ҳунари ӯ беасар набуд.
Нахустин суруди Исматулло Холов “Бибисанам” ба якборагӣ ӯро машҳур кард. Сипас ӯ чандин сурудҳои мондагор офаридааст.
Пас аз танаффусе дар фаъолияти саҳнавӣ, Исматулло Холов дар оғози солҳои 2000-ум дубора ба олами эстрада баргашт, аммо ин бор на танҳо ҳамчун сароянда, балки ҳамчун падар ва устод. Ӯ таҷриба, завқ ва ҷаҳонбинии ҳунарии худро ба фарзандонаш Нигора ва Суруш интиқол дод. Имрӯз онҳо идомадиҳандагони роҳи эҷодии падар буда, ҳамчун ситораҳои эътирофшудаи эстрадаи тоҷик шинохта мешаванд.
Соли 1965 – Зодрӯзи Шамсиддин Қурбонов, муассиси Маркази тиббии "Насл".
ИЗОБРАЖЕНИЕ Шамсиддин Қурбонов
Шамсиддин Қурбонов бунёдгузор ва муассиси Маркази тиббии “Насл”, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон” соли 1982 Омӯзишгоҳи миёнаи касбию техникии рақами 3 – и шаҳри Тулаи Федератсияи Россияро хатм кардаву сипас ба факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил гардида, онро соли 1988 бомуваффақият ба итмом расонидааст.
Минбаъд, солҳои 1988 – 1989 давраи интернатураро дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор ба анҷом расонида, солҳои 1989 – 1990 ба сифати духтури акушер – гинекологи Таваллудхонаи вилоятии собиқ вилояти Кӯлоб ва баъдан солҳои 1990 – 1993 мудири шуъбаи таваллудии Беморхонаи марказии ноҳияи Москваи вилояти Хатлон (ҳоло ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) пурмаҳсул кору фаъолият кардааст. Ӯ баъдтар, солҳои 1993 – 1995 дар ординатураи клиникии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон бо тахассуси акушер – гинеколог таҳсили илм кардаааст
Солҳои 1995 – 2002 ба ҳайси саракушер – гинекологи Вазорати тандурустӣ, солҳои 2002 – 2005 ба сифати директори Маркази миллии солимии репродуктивӣ, солҳои 2007 – 2009 ба ҳайси сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ, солҳои 2009 – 2013 ба сифати директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ва тайи солҳои 2014 – 2019 ба ҳайси директори Муассисаи давлатии “Маркази аккредитатсияи тиббӣ” кор кардааст.
Соли 1973 – Зодрӯзи Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президент оид ба масоили кадрӣ, собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Асадулло Раҳмон
Соли 1992 ба факултаи журналистикаи ДМТ дохил шуд. Дертар ба ТВТ ба кор омад. Аввал ба сифати хабарнигори "Ахбор". Баъдан сармуҳаррири идораи "Ахбор" ҳам буд.
Баъдан директори ТВТ таъин шуд ва соли 2005 раиси Кумитаи ТВ ва радио. Шабакаҳои телевизионии "Сафина", "Баҳористон", "Овози тоҷик", "Фарҳанг" ва дигарон дар замони раҳбарии ӯ ба фаъолият сар карданд.
Академияи хидмати давлатии назди Президенти Россияро хатм кардааст. Ҳоло Ёрдамчии Президент оид ба масоили кадрист.
Соли 1988 – Зодрӯзи Далер Шарипов, рӯзноманигори тоҷик, муассис ва гардонандаи барномаи “Китобхон”.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Далер Шарипов
Ӯ хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ҳангоми донишҷӯӣ бо телевизиони давлатии “Сафина” ҳамкорӣ дошт ва муаллифи “ток-шоу”-и “Муошират” ва барномаи “Қатрае аз баҳр” буд, ки ҳаводорони зиёд доштанд.
Баробари хатми донишгоҳ дар соли 2012 Далер созмонеро бо номи “Қадам ба қадам” ташкил кард, ки ҳадафи он аз байн бурдани маҳалгароӣ дар Тоҷикистон гуфта мешуд. Ба дунболи чунин нияташ дар шаҳри Душанбе мавриди латту кӯби ашхоси ношинос қарор гирифт, ки то ҳол омилони он маълум нашуданд. Латту кӯби Далер Шарифов барои ӯ ба хатми кор дар телевизиони давлатӣ анҷомид.
Далер Шарифов 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохт.Парвандаи ин рӯзноманигори тоҷик яке аз қазияҳои пурсару садо ҳам дар ҷомеаи тоҷик ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ буд. Ӯ моҳи январи соли 2021 аз зиндон раҳо шуд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз дар аксари давлатҳои ҷаҳон Соли нав таҷлил мешавад. Ин рӯз оғози тақвими мелодӣ (Григорянӣ) аст, ки он тақвими расмии аксари кишварҳо мебошад. Ҷашни Соли нав таърихи қадимӣ дорад ва бо гуногунии расму анъанаҳо дар кишварҳои мухталиф таҷлил мегардад.
Имрӯз соли 2026 оғоз гардид. “Азия-Плюс” мухотабони худро бо оғози соли нави 2026 табрик мегӯяд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Дар ҳамин рӯзи соли 1993 Шабакаи телевизиюнии "Euronews" таъсис ёфт. Он дар ҳоли ҳозир яке аз бонуфузтарин расонаҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва бо чанд забон ҳамарӯза вазъи ҷаҳонро пушиш медиҳад.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона борон ва барф борида, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст ва дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 0-5º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона борон ва барф борида, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст ва дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1º, рӯзона 1+6º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона борон ва барф борида, рӯзона бебориш дар назар аст ва дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона -1+4º.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард, рӯзона 1-6º сард, дар баъзе минтақаҳо то 14-16º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона борон ва барф борида, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад ва тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона борон ва барф борида, рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад ва тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 3+5º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, шабона борон ва барф борида, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст ва тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 1+3º гарм.
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.