Қирғизистон бо моддаи “Ҷиноят зидди сулҳ” парвандаи ҷиноятӣ боз кард

Прокуратураи Қирғизистон аз рӯйи далели муноқиша дар марз бо Тоҷикистон тибқи моддаи “Ҷиноят зидди сулҳ”-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. 24.kg менависад, дар ин бора дар сомонаи ин ниҳод хабар дода шудааст. Бино ба ин маълумот, тафтиши тосудии парванда ба дӯши гурӯҳи байниидоравӣ аз ҳисоби кормандони КДАМ, ВКД ва Прокуратураи ҳарбӣ вогузор […]

Прокуратураи Қирғизистон аз рӯйи далели муноқиша дар марз бо Тоҷикистон тибқи моддаи “Ҷиноят зидди сулҳ”-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. 24.kg менависад, дар ин бора дар сомонаи ин ниҳод хабар дода шудааст.

Бино ба ин маълумот, тафтиши тосудии парванда ба дӯши гурӯҳи байниидоравӣ аз ҳисоби кормандони КДАМ, ВКД ва Прокуратураи ҳарбӣ вогузор шудааст.

“29 апрел тахминан соати 4.40 дар мавзеи Кочо-Бой ва деҳаи Кок-Тоши ноҳияи Ботканд байни сокинони маҳаллӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаҳо рух доданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон барангехта шуда буданд. Баъдан бо нақзи шартномаи дуҷониба байни кишварҳо дар бораи муносибатҳои шарикӣ аз 26 майи соли 2004, усули ҳамзистии осоишта, дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон ба кишвари мо ҳамла карда, истиқлолият ва тамомияти онро халадор сохтанд”, – гуфта мешавад дар изҳороти Прокуратураи генералӣ.

Дар мақомоти назоратӣ зикр кардаанд, ки хидматчиёни ҳарбии Тоҷикистон бо истифода аз миномёт ва чархболҳои низомӣ ба дидбонгоҳҳои сарҳадии «Булак-Башы», «Капчыгай», «Достук», «Мин-Булак», постгоҳҳои марзии «Кожожар», «Кызыл-Бел» ҳамлаи мусаллаҳона анҷом дода, қаламрави онҳоро ишғол намуданд.

Муноқишаи навбатӣ дар сарҳад 28 апрел дар мавзеи тақсимоти оби “Головной” дар деҳаи Кок-Тоши ноҳияи Ботканд сар зад. Муноқишаи лафзӣ ба задухӯрд бадал шуд: ҷонибҳо ба сангпартойӣ тарафи ҳамдигар оғоз намуданд. Баъдан тирпарронӣ оғоз шуд.

Дар Қирғизистон 134 нафар осебдида барои ёрии тиббӣ муроҷиат намуда, 13 нафар ҳалок шуд, ки байнашон кӯдак ҳам ҳаст.

Шоми 29 апрел Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи хотимаи оташфишонӣ аз силоҳ ва ба маҳалли будубоши доимӣ баргардонидани неруҳои ҳарбӣ ба мувофиқа расиданд.

Аз чӣ гуна айни замон ҷараён доштани вазъ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аз нашри зиндаи мо маълумоти бештар пайдо карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".