Вазири хориҷа: Тоҷикистон аз заминҳояш ҳеч вақт даст нахоҳад кашид. “Иродаи сиёсии қавӣ лозим”

Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як суҳбати телефониии шаби 29 апрел бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ки Тоҷикистон азми қавӣ дорад мушкилот тариқи музокирот  ва роҳҳои қобили қабул  ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳал шавад. Аммо вазири тоҷик таъкид кардааст, ки  кишвараш "ҳаргиз аз заминҳое, ки аслан ва қонунан ба он тааллуқ доранд, […]

Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як суҳбати телефониии шаби 29 апрел бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ки Тоҷикистон азми қавӣ дорад мушкилот тариқи музокирот  ва роҳҳои қобили қабул  ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳал шавад. Аммо вазири тоҷик таъкид кардааст, ки  кишвараш "ҳаргиз аз заминҳое, ки аслан ва қонунан ба он тааллуқ доранд, даст нахоҳад кашид".

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизи худ Руслан Казакбоев дар ин суҳбат вазъи душвореро, ки 28-29 апрели соли 2021 дар манотиқи марзӣ ба амал омад, муфассал баррасӣ кардаанд. 

"Роҳбари мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки густариши муносибатҳо бо ҳамсоягон дар минтақа, ки Тоҷикистонро бо онҳо робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек мепайванданд, самти авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар мебошад",-гуфтааст Муҳриддин.

Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки аз тириқи музокирот роҳҳои ҳалли қобили қабули мутақобил ва бо дарназардошти манфиатҳои миллии худро ҷустуҷӯ кунад ва масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал кунад, гуфтааст вазири тоҷик.

Дар ин суҳбат бар аҳаммияти ҳалли масъалаҳои марзи давлатӣ танҳо аз тариқи гуфтушунидҳо таъкид шуда, ғайри қобили қабул будани кӯшишҳои иғвоангезии тарафҳои алоҳидаи манфиатдорро, ки боиси бештар шиддат ёфтани вазъият мегарданд, зикр шудааст. Аммо аз ӣҳеч гуруҳи мушаххас ва онҳое, ки гӯй талоши иғвоангезӣ доранд, ном набурдаан. 

Вазирон таъкид карданд, ки адами эътимод дар минтақаҳои наздимарзӣ метавонад ҳодисаҳои навро ба вуҷуд орад ва оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла талафот дар байни аҳолии ғайринизомии ду давлати ҳамсояро ба бор орад.

Ду вазири кишвари ҳамсоя ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ бояд иродаи қавии сиёсӣ зоҳир гардад.

Аз чӣ гуна айни замон ҷараён доштани вазъ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аз нашри зиндаи мо маълумоти бештар пайдо карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".