Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?

Дар радабандӣ (рейтинг)-и давлатҳои камбизоати ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 43-юмро ишғол намуда, аз ҳамсоякишварҳои худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар зинаи пасттар қарор дорад. Радабандиро Global Finance нашр кард. Радабандӣ аз ҷониби таҳлилгар дар соҳаи молия Лука Вентура бар асоси маълумоти Хазинаи байнулмилалии асъор таҳия гардида, аз низоми беназири индексатсия истифода мекунад. Дар қисмати болои рӯйхат […]

Asia-Plus

Дар радабандӣ (рейтинг)-и давлатҳои камбизоати ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 43-юмро ишғол намуда, аз ҳамсоякишварҳои худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар зинаи пасттар қарор дорад. Радабандиро Global Finance нашр кард.

Радабандӣ аз ҷониби таҳлилгар дар соҳаи молия Лука Вентура бар асоси маълумоти Хазинаи байнулмилалии асъор таҳия гардида, аз низоми беназири индексатсия истифода мекунад.

Дар қисмати болои рӯйхат кишварҳо бо сатҳи баланди камбизоатӣ ва дар қисмати поён – давлатҳои бештар некӯаҳвол ҷойгир шудаанд.

Ба ин тариқ, Қазоқистон дар ин радабандӣ зинаи 128-умро ишғол намуда, байни кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандааш беҳтарин аст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз рӯйи қобилияти харидорӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Қазоқистон 34 534 доллар дар як солро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Тоҷикистон (5 832), Қирғизистон (6 790) ва Ӯзбекистон (10 936) ба таври назаррас баландтар мебошад.

Қазоқистон аз кишварҳое ҳам ба мисли Украина, Ветнам, Озарбойҷон, Бразилия, Чин ва Беларус пешсаф аст.

Ҳамсояи он дар радабандӣ Русия мебошад, ки бо 38 292 доллар ММД аз рӯи қобилияти харидорӣ ба ҳар сари аҳолӣ зинаи 125-умро ишғол мекунад.

Аз ҳама наздиктар ба Қазоқистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон – дар зинаи 101-ум қарор дорад.

Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар ин радабандӣ мутаносибан зинаҳои 67-ум ва 48-умро ишғол кардаанд.

Камбизоаттарин байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон мебошад, ки дар зинаи 43-юм қарор гирифтааст.

Камбизоаттаринҳо дар ҷаҳон

Судони Ҷанубӣ, ки тибқи маълумоти оморӣ, шаҳрвандаш ба ҳисоби миёна дар як рӯз бо 1,12 доллар зиндагӣ мекунад, дар радабандӣ зинаи аввалро ишғол мекунад. Ҷангҳои шаҳрвандӣ, ҷинояткорӣ ва коррупсия, ки ин кишварро аз замони таъсисаш дар соли 2011 фаро гирифтанд, ба он оварда расониданд, ки зиёда аз 60%-и аҳолӣ аз гуруснагӣ азият мекашанд. Дар ин бора бо истинод ба радабандӣ golos-naroda.kz хабар медиҳад.

Зинаи дуюмро миёни кмабизоаттаринҳо Бурундии хурд ишғол мекунад, ки роҳи ба баҳр баромаданро надорад. Кишвар аз захираҳои табиӣ танқисӣ кашида, аз ҷанги шаҳрвандии тӯли солҳо 1993 то 2005 осеб дид.

Дар зинаи сеюм Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ҷойгир аст. Кишвар аз тилло, нафт, уран ва алмос бой буда, лекин бо кадом як сабабҳои номаълум дар он одамони хеле камбизоат зиндагӣ мекунанд ва дар тӯли даҳсолаҳо дар байни кишварҳои камбизоати ҷаҳон қарор дорад.  

Ба даҳгонаи камбизоаттарин кишварҳои ҷаҳон ҳамчунин Ҷумҳурии Демократии Конго, Мозамбик, Нигер, Малави, Либерия, Мадагаскар ва Яман шомиланд.

Дар зинаҳои аввали радабандӣ Люксембург, Макао, Ирландия, Сингапур, Қатар, АМА, Швейтсария, Сан-Марино ва ИМА ҷойгир шудаанд. Дар ин кишварҳо даромади миёна ба ҳар сари аҳолӣ ба таври назаррас аз нишондиҳандаи Судони Ҷанубӣ зиёдтар мебошад. Масалан, сокини Люксембург дар як рӯз метавонад 394 доллар сарф кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио