Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”

Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба толори консерти “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав ба мақомоти амнияти Русия маълум буда, ҳоло ӯ дар хориҷа қарор доштааст. Дар ин бора Александр Бортников, сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия ба Интерфакс иттилоъ додааст. Бортников гуфтааст, “тибқи тафтишоти анҷомшуда, тахмин карда метавонем, ки созмондиҳандаи асосӣ дар хориҷа аст”. Аммо ӯ бо баҳонаи […]

Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба толори консерти “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав ба мақомоти амнияти Русия маълум буда, ҳоло ӯ дар хориҷа қарор доштааст. Дар ин бора Александр Бортников, сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия ба Интерфакс иттилоъ додааст.

Бортников гуфтааст, “тибқи тафтишоти анҷомшуда, тахмин карда метавонем, ки созмондиҳандаи асосӣ дар хориҷа аст”.

Аммо ӯ бо баҳонаи идомаи тафтишот, аз ошкор кардани ҳуввияти гумонбар худдорӣ кардааст.

“Тафтишот сирри махфӣ дорад ва моро лозим аст, тавре амал кунем, ки фаъолиятамон натиҷаи мушаххас диҳад”, – гуфтааст Бортников.

Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба толори консерти “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав 22-юми март рух дод. Чор марди мусаллаҳ вориди ин толор шуда, ба сӯйи издиҳом тир кушоданд ва биноро оташ заданд. Дар натиҷа 145 нафар ҷон бохта, садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бо гумони содир кардани ин ҷиноят, аввал чор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардиданд. Баъдан боздоштҳо идома ёфт ва айни ҳол, теъдоди боздоштшудагон ба 13 нафар расидааст, ки 12 нафари онҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.

Дар бораи ҳуввияти боздоштшудагон ва дигар ҳаводиси вобаста ба ин ҳамлаи террористӣ аз гӯшаи “Ҳамла ба Крокус Сити Ҳол” маълумоти муфассал пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.