“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд

Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон пас аз имзои Созишномаи ниҳоӣ оид ба сарҳад бо Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар кишварҳои минтақа раводид барои шаҳрвандони ҳамдигар пурра лағв карда шавад. Ӯ ҳамчунин, навишт, ки барои шаҳрвандони давлатҳои дигар раводиди ягона барои вуруд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷорӣ гардад. Ӯ дар як изҳороти хзуд дар фейсбук навишт, […]

Asia-Plus

Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон пас аз имзои Созишномаи ниҳоӣ оид ба сарҳад бо Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар кишварҳои минтақа раводид барои шаҳрвандони ҳамдигар пурра лағв карда шавад. Ӯ ҳамчунин, навишт, ки барои шаҳрвандони давлатҳои дигар раводиди ягона барои вуруд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷорӣ гардад.

Ӯ дар як изҳороти хзуд дар фейсбук навишт, ки масъалаи марзии байни Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки 101 сол (аз соли 1924) ҳалнашударо монд, акнун ниҳоят ҳал шудааст ва дар Осиёи Марказӣ “осоиши абадӣ” барқарор гаштааст.

“Ҳоло кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд раванди лағви раводид барои шаҳрвандони ҳамдигарро шурӯъ кунанд. Баъдан барои меҳмонон аз дигар давлатҳо – раводиди ягона, ки ба онҳо имкон медиҳад дар ҳамаи кишварҳои минтақа озодона ҳаракат кунанд, монанди “раводиди минтақаи Шенген”, ҷорӣ намоянд”, – навишт Жапаров.

Мавқеи кишварҳои дигари минтақа дар ин робита маълум нест. Амсмо солҳои охир эҳсос мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд бо ҳам равобити танготанг дошта бошанд. Ҳалли охирин баҳсӣ марзӣ миёни кишварҳои минтақа, таъсис ва баргузории шӯрои машваратӣ миёни роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ гувоҳи тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа мебошад.

Дар ин изҳороти худ Жапаров ҳамчунин Созишномаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки дирӯз, 13-уми марти соли 2025, имзо шуд, шарҳ дода, навишт, ки то имзо бисёре аз ҷузъиёти он барои ҷомеа ошкор нашуда буд ва ҳамакнун, Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ- и ин кишвар, роҳбари ҳайати музокиракунанда аз кишвараш санаи 19-умарт дар парлумон онро пурра шарҳ медиҳад.

Жапаров аз онҳое, ки алайҳи созишнома ҳарф мезананд, интиқод карда, гуфт, “…онҳое, ки мехоҳед таваҷҷуҳро ҷалб карда, дар интихоботи оянда раъй ҷамъ кунед, биёед… саволҳои худро диҳед ва посухи мушаххасу мукаммал гиред”.

Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки “вақте масоили душвору таърихӣ миёни ду давлат ҳал карда мешавад, манофеи шахсиро канор бояд гузошт”.

Зоҳиран ин суханони Жапаров ба онҳое, ки дахл дорад, ки аз Созишномаи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон имзошуда интиқод карданд. Яке аз онҳо вакили парлумони ин кишвар, собиқ раиси вилояти Ботканд ва афсари мақомоти амният Султонбой Ойҷигитов, буд, ки як қатор нуктаҳои созишномаро мавриди интиқод қарор дод.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 13-уми марти соли равон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров, раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкек Созишномаи сарҳадиро имзо карданд ва ба ин ба охирин баҳси марзӣ дар минтақа хотима бахшиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио