Таниш миёни Боку ва Маскав. Оё Русия муносибати худ бо кишварҳои Осиёи Марказиро дигар мекунад?

Қариб ду моҳ мешавад, ки равобит миёни Озарбойҷон ва Русия ба сардӣ гароидааст ва ҳеҷ нармише дар муносибати ин ду кишвар мушоҳида намешавад. Равобити ин ду кишвари “шарики стратегӣ” баъди марги ду озарии шаҳрванди Русия дар Екатеренбург тира гашт. Озарбойҷон ду корманди хабаргузории русии “Спутник” ва даҳҳо шаҳрванди Русияро боздошт кард. Чорабиниҳои фарҳангии дар Озарбойҷон […]

Asia-Plus

Қариб ду моҳ мешавад, ки равобит миёни Озарбойҷон ва Русия ба сардӣ гароидааст ва ҳеҷ нармише дар муносибати ин ду кишвар мушоҳида намешавад. Равобити ин ду кишвари “шарики стратегӣ” баъди марги ду озарии шаҳрванди Русия дар Екатеренбург тира гашт. Озарбойҷон ду корманди хабаргузории русии “Спутник” ва даҳҳо шаҳрванди Русияро боздошт кард. Чорабиниҳои фарҳангии дар Озарбойҷон тарҳрезишудаи Русия ва сафари муовини сарвазири ин кишварро лағв кард.

Озарбойҷон иддао дорад, ки ин амалиёт ба таъқиби озариҳо равона шудааст ва ду шаҳрвандаш дар пайи шиканҷаи мақомоти рус ҷон бохтаанд. Русия даъво дорад, ки ин як амалиёти маъмулии кормандони мақомоти амниятӣ аст ва яке аз ҷонбохтагон аз бемории қалб вафот кардааст.

Ҳар ду кишвар сафирони ҳамдигарро ба вазорати корҳои хориҷии худ даъват карда, эътирозу нигарониашонро расониданд. Ахиран, Озарбойҷон эълон кард, ки Русияро барои суқути ҳавопаймояш дар 24-уми декабри соли 2024 ба додгоҳ мекашад. Боку даъво дорад, ки он аз сӯйи низоми зиддиҳавоии Русия суқут карда шуд.

Оё ин ҳама ҳаводис гувоҳи коҳиши нуфузи Русия дар кишварҳои пасошӯравӣ аст ва оё Маскав аз он сабақ гирифта, сиёсати худро бо ин кишварҳо тағйир медиҳад? Кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд мисли Озарбойҷон аз манфиатҳои худ ва шаҳрвандонашонро дар Русия ҳимоя кунанд?

Дар навори зер шарҳ медиҳем:

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.