Устопириён 2 сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои Тоҷикистон маҳрум шуд

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди қувваозмоии пурсарусадо дар мусобиқаи гуштигирӣ дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи иштирок дар дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ маҳрум шуд. Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар […]

Asia-Plus

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди қувваозмоии пурсарусадо дар мусобиқаи гуштигирӣ дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи иштирок дар дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ маҳрум шуд.

Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар мусоҳиба ба нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар ин робита изҳор намудааст, ки ин қарор аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти кории иборат аз роҳбарияти федератсияҳои гуштин, мутахассисони соҳибтаҷриба ва беғараз қабул шудааст.

«Ҳамзамон, бо мақсади шаффоф баргузор шудани таҳлили мазкур зарур шуморида шуд, ки дар тамоми раванди кори он худи варзишгар Комроншоҳи Устопириён ва муррабии ӯ ҷалб карда шаванд, – иброз дотааст ӯ. – Ва тайи муҳлати сипаригашта аъзоёни комиссия ҳамаи паҳлӯҳои ин қазъияро таҳлил карда, хулосаи амиқ бароварданд».

Ба гуфтаи Дилшод Назаров, натиҷаи таҳлил ва мавқеи тамоми аъзои гуруҳи корӣ, махсусан варзишгар Комроншоҳ Устопириён бар он назар аст, ки зимни сабқати даври финалии мусобиқоти гўштини миллӣ ҳайати доварон ба хатогӣ роҳ надодаанд ва Саидҷалол Саидов барҳақ ғолиб дониста шудааст.

«Ин варзишгари маъруф ҳоло ҷавон аст ва ҳолатҳои мазкурро ба инобат гирифта, гурӯҳи корӣ қарор кард, ки иштироки Комроншоҳ аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии намуди гуштини дзюдо қатъ карда нашавад», – гуфтааст муовини раиси Кумита.

Дилшод Назаров ҳамчунин зикр кардааст, ки Комроншоҳ Устопириён айни замон вазифаи директори Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ ба номи Ланглиф” –и ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба зимма дорад.

«Зимнан гуруҳи кории алоҳида фаъолияти ин мактабро низ мавриди санҷиш қарор дода, як қатор камбудӣ ва мушкилоти ҷиддиро ошкор намуданд, ки аз натиҷа ба унвони роҳбарияти вилояти Суғд мактуби дахлдор барои қабули қарори қонунӣ ирсол карда мешавад», – қайд кардааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки 23 марти соли ҷорӣ ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2017» баргузор гардид.

Баъди қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни 80+ кг миёни паҳлавон Саидҷалол Саидов ва Комроншоҳи Устопириён аз ҷониби мағлуб Комроншоҳи Устопириён рафтори номақбул зоҳир гардид, ки тавассути васоити ахбори омма мустаҳқиман пахш шуду сару садоҳои зиёдро ба бор овард. Акси ҳол ин буд, ки Комроншоҳи Устопириён зимни рақобат бо ҳарифаш Саидҷалол Саидов мағлуб шуд ва мағлубияти хешро қабул надошта, ба дашному ҳақорат роҳ дод.

Бинобар сабаби пахши мустаҳқими ин чорабинии сатҳи баланд тавассути шабакаи телевизионии “Варзиш” ин амали Комроншоҳи Устопириён аз назари мухлисону ҳаводорони варзиш ва тамошбинон дур намонд. Дар суҳбат бо “Озодӣ” Комроншоҳ иддао кард, ки баҳогузории доварон ноадолатона анҷом пазируфту муносибати мухлисон ӯро ба хашм овард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.