Юсуф Абдусаломов мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод шуд

Дар шаҳри Душанбе, 2-юми феврал, байни Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ва мураббии нави дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ — гӯштингири маъруфи тарзи озод, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин-2008, чемпиони Осиё-2003 ва барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон-2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ҳоло мураббӣ Юсуф Абдусаломов созишномаи корӣ ба имзо расид. Гуфта мешавад, роҳбарияти Федератсияи гӯштини Тоҷикистон номзадии […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе, 2-юми феврал, байни Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ва мураббии нави дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ — гӯштингири маъруфи тарзи озод, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин-2008, чемпиони Осиё-2003 ва барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон-2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ҳоло мураббӣ Юсуф Абдусаломов созишномаи корӣ ба имзо расид.

Гуфта мешавад, роҳбарияти Федератсияи гӯштини Тоҷикистон номзадии Юсуф Абдусаломовро ба вазифаи мураббии дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба гӯштини озод тасдиқ кард.

Ёдовар мешавем, ки 28-29-уми январ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон-2023 оид ба гӯштин (тарзи озод ва юнонӣ-румӣ) байни калонсолон баргузор гардид. Ғолибон ва беҳтарин гӯштингирони ин чемпионат имкони шомил шудан ба дастаи миллии Тоҷикистонро пайдо карданд.

Чемпионатро барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2008 оид ба гӯштини тарзи озод дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, собиқ мураббии дастаҳои мунтахаби Лаҳистон ва Маҷористон Юсуф Абдусаломов роҳбарӣ намуд.

Варзишгароне, ки дар он унвони қаҳрамонӣ ба даст оварданд, моҳи март Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мегардад, муаррифӣ мекунанд.

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду легионери доғистонитабор — Абдулмаҷид Кудиев дар вазни 65 кило ва Магамет Евлоев дар вазни 74 кило иштирок намуда, унвони чемпиониро соҳиб шуданд. Онҳо аз ин пас зери Парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Юсуф Абдусаломов зодаи Доғистон буда, аз соли 2003 то 2013 узви тими гуштии озоди Тоҷикистон буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио