Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Носир Хусравов даргузашт

Имрӯз, 9-уми январ, дар синни 66-солагӣ Носир Хусравов, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, паҳлавони бисёркаратаи гӯштини самбову ҷудо, гӯштини миллӣ падари қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Хушқадам Хусравов даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд хабар дод. “Носир Хусравов умре дар хидмати миллату ватан буд. Шогирдони зиёдеро ба камол расонида, ба […]

Asia-Plus

Имрӯз, 9-уми январ, дар синни 66-солагӣ Носир Хусравов, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, паҳлавони бисёркаратаи гӯштини самбову ҷудо, гӯштини миллӣ падари қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Хушқадам Хусравов даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд хабар дод.

“Носир Хусравов умре дар хидмати миллату ватан буд. Шогирдони зиёдеро ба камол расонида, ба ҳайси директори мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ, сармураббии тими мунтахаби самбои ВМКБ, муовини аввали сарвари мактаби варзишии ВМКБ фаъолияти пурсамар дошт… То охири умраш фарзандону шогирдони худро тарбия карда, ба камол расонд”, – зикр кард Х.Маҳмуд.

Маросими ҷанозаи марҳум баъд аз зӯҳри имрӯз дар масҷиди “Аминҷон”, дар маҳаллаи 61-уми шаҳри Душанбе, баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки Носир Хусравов 28-уми майи соли 1958 дар деҳаи Мурғутгаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омадааст. Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистонро хатм кардааст.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба хонавода ва наздикони Носир Хусравов изҳори ҳамдардӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.