Футболбозони тоҷик дар даври 1/8 финалии Ҷоми Осиё!

Бозии сеюми мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё дар гурӯҳи “А” байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон, ки шоми рӯзи 22 январ баргузор шуд, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Дар дақиқаи 5-уми иловагии қисми 1-уми бозӣ Шервони Мабатшоев ҳимоятгаронро фиреб дода, тӯбро ба дарвозаи лубнониҳо ворид кард, лекин санҷиши ВАР нишон […]

Asia-Plus

Бозии сеюми мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё дар гурӯҳи “А” байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон, ки шоми рӯзи 22 январ баргузор шуд, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.

Дар дақиқаи 5-уми иловагии қисми 1-уми бозӣ Шервони Мабатшоев ҳимоятгаронро фиреб дода, тӯбро ба дарвозаи лубнониҳо ворид кард, лекин санҷиши ВАР нишон дод, ки футболбози мо дар ҳолати нобозӣ (офсайд) қарор доштааст ва гол бекор шуд, ҳарчанд ин ҷо шубҳаҳо ҳам буданд.

Бо оғози қисми дуюми бозӣ дар дақиқаи 48-ум футболбози Лубнон Б.Ҷради аз масофаи дур зарба зада, ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 54-ум бошад, футболбози лубнонӣ Ал-Зайн корти сурх гирифта майдонро тарк кард.

Дар дақиқаи 69-ум Алишер Ҷалилов бо зарбаи сахт тӯбро ба дарвозаи мунтахаби Лубнон ворид кард, лекин ин дафъа низ санҷиши ВАР нишон дод, ки футболбози мо дар офсайд қарор доштааст ва гол ҳисоб нашуд.

Дар дақиқаи 79-ум Парвиз Умарбоев аз зарбаи ҷаримавӣ тӯбро хеле моҳирона ва зебо ба дарвозаи лубнонио ворид кард. Ин голро акнун касе бекор карда наметавонист – на довару на ВАР. Ҳисоб мусовӣ – 1:1 шуд.

Дар дақиқаи 1-уми иловагии қисми дуюм (90+1) пас аз партоб ба майдонҷаи ҷаримавӣ футболбози тоҷик Нуриддин Ҳамроқулов низ хеле моҳирона тӯбро бо сараш ба дарвозаи лубнониҳо ворид намуда, ҳисоб 2 бар 1 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон шуд.

Довари бозӣ ба қисми дуюми вохӯрӣ 16 дақиқа (!!) илова кард, шояд барои лубнониҳо, лекин ин кумак накард ва ҳисоб бетағйир монд: Тоҷикистон – Лубнон – 2:1.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби футболи Тоҷикистон бори нахуст дар мусобиқаи Ҷоми Осиё иштирок дошта, аз зинаи дуюм ба даври 1/8 финалии мусобиқа (плей-офф) роҳ ёфт ва ба чунин дастоварди арзанда ноил гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.