Петр Сегрт ба Эрон меравад? Таваҷҷуҳ ба сармураббии тими миллии Тоҷикистон

Петр Сегрти хорватӣ ба сифати сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон ҳамроҳи даста то даври чаҳорякниҳоӣ расида, таърихсозӣ кард. Пас аз ин ӯ барои истироҳату барқарорсозии неру ба хонааш рафт. Дар ҳамин ҳол, қарордоди ӯ бо тими мунтахаб ба охир расид. Пеш аз рафтанаш Сегрт изҳор дошта буд, ки дар бораи дароз кардани муҳлати қарордод гуфтушунид […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Петр Сегрти хорватӣ ба сифати сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон ҳамроҳи даста то даври чаҳорякниҳоӣ расида, таърихсозӣ кард. Пас аз ин ӯ барои истироҳату барқарорсозии неру ба хонааш рафт.

Дар ҳамин ҳол, қарордоди ӯ бо тими мунтахаб ба охир расид. Пеш аз рафтанаш Сегрт изҳор дошта буд, ки дар бораи дароз кардани муҳлати қарордод гуфтушунид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, агенти футбол Кова Тилавпур хабар медиҳад, ки ба Петр Сегрт аз Эрон пешниҳод пайдо шудааст.

“Дастаи “Фӯлод” мехоҳад, ки бо Петр Сегрт гуфтушунид кунад, то ки ӯ сармураббии ин тим шавад”, – зикр кард ӯ.

Тибқи маълумоти дигар аз мунтахаби Тоҷикистон, Сегрт тимро хеле дӯст медорад ва ҳамроҳи он натиҷаи муҳимтаринро дар касби мураббигии худ ба даст овард, аз ин рӯ, дар бораи тамдиди қарордод зиёд фикр нахоҳад кард.

“Сегрт аз ҳам аз лиҳози равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ хеле хаста шуд, ӯ бояд дам гирифта, бо неруи нав ба кор оғоз кунад. Аллакай моҳи март дар доираи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 ду бозӣ бо Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки Сегрт омада, дастаро ба ин бозиҳо омода мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Петр Сегрт изҳор дошта буд, ки ба ӯ лозим меояд, ки дар бораи ояндаи худ сари қароре ояд.

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди бохт аз Урдун бо ҳисоби 0:1 мунтахаби футболи Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё то даври 1/4 финалӣ расид.

“Ба Аврупо барои истироҳат меравам. Каме истироҳат карда, неруямро барқарор кардан мехоҳам. Баъдан, пас аз гуфтугӯ бо Федератсияи Тоҷикистон метавонам ба шумо чизе бигӯям. Футболи Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Натиҷаҳои мо гувоҳи онанд”, – зикр кард ӯ.

Пас аз мусобиқаи Ҷоми Осиё дар радабандии навшудаи ФИФА мунтахаби Тоҷикистон 7 зина боло рафта, акнун зинаи 99-умро ишғол мекунад.

Пас аз иштироки муваффақона дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби милии Тоҷикистон шумори имтиёзҳояшро дар радабандӣ 23,82 балл зиёд карда, акнун 1218,89 балл дорад.

Ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи футболи Тоҷикистон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.