Дар Тоҷикистон аввалин чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад

Дар Душанбе аз 28 то 31 август аввалин қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ доир мегардад. Дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, мусобиқа дар 9 вазн баргузор шуда, занон дар 3 вазн ва мардон дар […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар Душанбе аз 28 то 31 август аввалин қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ доир мегардад. Дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқа дар 9 вазн баргузор шуда, занон дар 3 вазн ва мардон дар 6 вазн рақобат мекунанд. Фонди ҷоизавии мусобиқа бошад, 400 ҳазор доллар аст.

“Аз рӯйи нақша дар ду рӯзи аввал кушодашавии мусобиқот ва интихоботи президенти Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ мегузарад, худи мусобиқот рӯзҳои 30 ва 31 август дар Қасри теннис ва варзиши обӣ доир мегардад. Барои тамошобинон даромад ройгон аст", – гуфтанд дар Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон.

Инчунин, ба иттилои масъулон, дар рафти мусобиқа миёни мухлисон бозии ройгони бурднок гузаронида шуда, ба ҳайси ҷоиза автомобили тамғаи “Camry 6” ва 5 телефони “Iphone 15 Pro” омода шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.