Игор Черевченко сармураббигии “Истиқлол”-ро боз ба дӯш гирифт

Раҳбарияти дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе Игор Черевченкоро боз ба вазифаи сурамураббии даста таъин кард. Сармураббӣ ба ҳайати даста муаррифӣ шуда, пас аз бозгашт тамрини аввалини худро бо даста гузаронид. Ҳамроҳи ӯ Юрий Батуренко низ ба даста баргашта, вазифаи ёвари аввали самураббиро иҷро мекунад. Ҳамчунин мисли дафъаи аввали сармураббигии Черевченко Алишер Тухтаев, Дилшод Восиев ва Дмитрий […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Раҳбарияти дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе Игор Черевченкоро боз ба вазифаи сурамураббии даста таъин кард.

Сармураббӣ ба ҳайати даста муаррифӣ шуда, пас аз бозгашт тамрини аввалини худро бо даста гузаронид. Ҳамроҳи ӯ Юрий Батуренко низ ба даста баргашта, вазифаи ёвари аввали самураббиро иҷро мекунад.

Ҳамчунин мисли дафъаи аввали сармураббигии Черевченко Алишер Тухтаев, Дилшод Восиев ва Дмитрий Тяпушкин (мурабби дарвозабонон) низ ба ситоди мураббиёни “Истиқлол” шомил шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими гузашта Игор Черевченко бо ҳайати даста дар мусобиқаи Ҷоми футболи кишвар ғолиб омада, ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар чемпионат ноил гардид.

Ёдрас мекунем, ки қаблан низ дар бораи ба дастаи “Истиқлол” таъин шудани мураббии нав гуфтугузорҳо ҷой доштанд.

Чанде қабл Никола Лазарович аз сармураббигӣ истеъфо дода, ёвари ӯ Предраг Пешич ӯро иваз намуда буд.

Аммо натиҷаҳои даста беҳтар нашуда, акнун худи Пешич ҳам ба истеъфо фиристода шуд. Дар ҳамин ҳол, дар бозиҳои мусобиқаи Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё-2 бинобар сабаби иҷозатномаи Pro надоштани Пешич, дастаро Алишер Тухтаев роҳбарӣ кард.

Ахиран Черевченко аз 1 апрел то моҳи августи соли равон дар дастаи "Факел"-и Воронеж мураббигӣ  мекард. Таҳти роҳбарии ӯ даста дар мавсими 2023/2024-и Чемпионати Русия зинаи 11-умро касб кард. Дар ин мавсим корҳо дар ин даста начандон қаноатбахш буданд, аз ин рӯ, қарордодашро қатъ кард.

Игор Черевченко 21 августи соли 1974 дар Душанбе, дар оилаи собиқадори футболи тоҷик, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ва капитани дастаи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко ба дунё омада, ба воя расидааст. Ӯ мисли падараш дар хатти ҳимоя ҳунарнамоӣ мекард.

Фаъолияти футболи ӯ соли 1992 дар тими “Помир” оғоз шудааст. Ӯ дар ин бошгоҳ то соли 1994 бозӣ карда, узви тими миллии Тоҷикистон буд.

Пас аз анҷоми фаъолияти футболбозиаш дар дастаҳои “Локомотив”-и Маскав, “Арсенал”-и Тула ва “Химки”-и вилояти Маскав ба ҳайси мураббӣ кор кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.