Ҷузъиёти протоколи имзокардаи Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев

Тавре қаблан хабар дода будам, 19 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти навбатии кории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид ва дар он ҷонибҳо протокол имзо карданд. Шакли пурраи протоколи мазкур дар сомонаи АМИТ "Ховар" нашр шудааст, […]

Тавре қаблан хабар дода будам, 19 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти навбатии кории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид ва дар он ҷонибҳо протокол имзо карданд. Шакли пурраи протоколи мазкур дар сомонаи АМИТ "Ховар" нашр шудааст, ки дар поён интишор менамоем.

Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар симои роҳбарони гурӯҳҳои корӣ — Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва муовини Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон — Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев Протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида мешаванд.

Бо мақсади роҳ надодан ба авҷгирии минбаъдаи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, бар асоси муносиботи неки ҳамсоягӣ ва пайи иҷрои тавофуқоти қаблан ҳосилшуда тарафҳо дар мавриди ба эътидол овардани вазъ ба мувофиқа расида, Протоколи дахлдорро ба имзо расониданд.

Тибқи ин санад, тарафҳо уҳдадор гардиданд, ки амалиёти низомӣ, истифодаи ҳама гуна аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро дар минтақаҳои сарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд пурра қатъ намуда, қӯшунҳо ва техникаи ҳарбиро аз минтақаи марзии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд ба маҳалли доимияшон баргардонанд.

Ҳамчунин, санҷиши муштараки дидбонгоҳҳои марзӣ ва комендатураҳои сарҳадӣ барои мавҷудияти техникаи вазнини низомӣ дар онҳо, ки хоси сохторҳои марзӣ нест, ташкил карда мешавад. «Дар сурати пайдо шудани он тадбирҳои ҳамоҳанггардида андешида, онро ба масофаи на камтар аз 10 километр аз минтақаҳои наздисарҳадӣ дур мекунанд»,-гуфта мешавад дар Протокол.

Дар пойгоҳи гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» (Тоҷикистон) барои назорати иҷрои созишҳои дар Протоколи мазкур нишондодашуда аз ҷумлаи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони қӯшунҳои сарҳадӣ, мақомоти амният ва корҳои дохилии ҳарду давлат комиссияи кории муштарак ташкил карда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти комиссияи корӣ санадҳо тартиб дода мешаванд, ки ба онҳо роҳбарони ҳарду комиссия имзо мегузоранд.

«Иҷрои қатъии муқаррароти санадҳои имзошуда барои ҳарду ҷониб ҳатмист», — таъкид мешавад дар санад.

Ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо супориш дода шуд, ки тадқиқи ҷиддии даргириҳои мусаллаҳонаеро, ки 14-17 сентябри соли 2022 дар минтақаи марзии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон рух дода, боиси талафоти одамон, зарари калони маънавӣ ва моддии ду ҷониб гардиданд, ба роҳ монда, сабаб ва омилҳои онро муайян намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.