Оғози cафари Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон. Дар ноҳияи Восеъ кадом иншоотро ба истифода дод?

Субҳи имрӯз, 22-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури  кишвар “бо мақсади шиносои бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи чанд иншооти муҳим” ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон рафтааст. Бо ширкати раисҷумҳур дар ин ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, варзишгоҳи марказӣ, бинои маркази ташхисии “Тибби Ҳулбук”, маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ,  корхонаи дӯзандагӣ ва як маҷмааи варзишӣ ба […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 22-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури  кишвар “бо мақсади шиносои бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи чанд иншооти муҳим” ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон рафтааст.

Бо ширкати раисҷумҳур дар ин ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, варзишгоҳи марказӣ, бинои маркази ташхисии “Тибби Ҳулбук”, маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ,  корхонаи дӯзандагӣ ва як маҷмааи варзишӣ ба истифода дода шудаанд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар майдони 3,3 гектар бунёд гардида, баландии пояи парчами 52 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Нишони давлатӣ бошад, 22 метр баландӣ дорад.

Ҳамчунин, варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ дорои 21 ҳазор ҷойи нишаст буда, барои бунёди он ҳудуди 69 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук аз ҷониби Раҷабалӣ Мирзоалиев, соҳибкори тоҷик бо харҷи 20 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Ин марказ 8-ошёнагӣ буда, дар он дорухона, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраҳо барои ташхиси амрози даруна, асабшинос, табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ ва қалбшинос мавҷуд аст.

Ҳамчунин, расиҷумҳури кишвар дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 2 мактабу 1 кӯдакистон, маркази хизматрасонӣ, забономӯзӣ, толори варзишӣ ва корхонаи истеҳсоли хишти Ҳулбукро ба истифода додааст.

Дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, дар деҳаи Селбури ин ноҳия  корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии Дурдона ба истифода дода шудааст, ки аз ҷониби соҳибкор Давлатшоҳ Қаҳҳоров бо маблағи 3 миллиону 350 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Коргоҳ аз ду ошёна иборат буда, дар он 80 нафар соҳиби ҷои кор шудаанд.  

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ, Эмомалӣ Раҳмон Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ карда, бо лоиҳаи бунёди бинои чорошёнаи шуъбаи маорифи ноҳия шинос шудааст.

Марказ тибқи талаботи Созишномаи грантӣ миёни ҳукумати Ҷ Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ” таъсис дода шудааст.

Бинои асосии Марказ аз чор ошёна иборат буда, имконият фароҳам оварда шудааст, ки ҷавонон, занону духтарон ва шахсони бекор дар самтҳои гуногун омӯзиш дида, соҳиби ихтисоси муайян гарданд.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шудааст, ки дар Марказ аз рӯи 5 ихтисос: барқкор, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ, челонгари техникаи санитарӣ, андовагар ва кафшергари газию барқӣ мутахассисон омода карда мешавад. Иқтидори имконпазири Марказ барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 150 ҳунаромӯз мебошад.

Президент, дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Миралиобод бинои Маҷмааи варзишии ба номи Лолахон Қаҳҳоровро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст. Иншоот аз ҷониби соҳибкори Шоҳхисрав Қаҳҳоров бо маблағи умумии 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои толорҳои гуногуни варзишӣ мебошад.

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти Миралиобод роҳи мумфаршу чароғонгардидаро, ки бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бо маблағи умумии зиёда аз ду миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ба истифода дод.

Роҳи мазкур аз ду хати ҳаракат бо паҳноии 7 метр иборат мебошад ва дар маҷмуъ 12 километрро ташкил медиҳад.

"Акнун пас аз ба истифода додани роҳи мошингард, рафтуомади бемамониати нақлиёт тамоми фаслҳои сол таъмин ва интиқоли молу маҳсулот осон мегардад", – гуфтааст хадамоти матбуотии президент.

​Ҳамчунин, дар доираи сафари худ, раисҷумҳур, дар деҳоти Миралиобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалӣ боздид кардааст. Дар ин қитъаи замин боғдорон ба парвариши дарахтони нок, шафтолу, олу, хурмо, чормағз ва зардолу машғуланд. ​Дар гармхонаи хоҷагӣ ниҳолҳои лиму низ парвариш мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.