Нигаронии ВКХ Тоҷикистон аз таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи се бонки кишвар

Бо гузашти як ҳафта аз эълони ҷорӣ шудани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи се бонки Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷи (ВКХ)-и кишвар аз ин иқдом “амиқан” изҳори нигаронӣ кардааст. Дар изҳороте, ки ин ниҳод имрӯз, 1-уми ноябр нашр кард, гуфта мешавад, ки “Тоҷикистон аз шомил шудани бархе аз бонкҳои кишвар ба феҳристи таҳримҳои Итиҳоди Аврупо амиқан нигарон […]

Asia-Plus

Бо гузашти як ҳафта аз эълони ҷорӣ шудани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи се бонки Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷи (ВКХ)-и кишвар аз ин иқдом “амиқан” изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар изҳороте, ки ин ниҳод имрӯз, 1-уми ноябр нашр кард, гуфта мешавад, ки “Тоҷикистон аз шомил шудани бархе аз бонкҳои кишвар ба феҳристи таҳримҳои Итиҳоди Аврупо амиқан нигарон буда, изҳори таассуф мекунад”.

“Тоҷикистон бо пойбандӣ ба уҳдадориҳои байналмилалии худ ҳамеша омода аст, ки бо шарикони байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои марбут ба саркашӣ аз эҳтимоли чораҳои таҳримотӣ ҳамкорӣ намояд”, – гуфтааст ВКХ.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳукумати кишвар ин вазъиятро “ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода”, барои “то ҳадди ақалл коҳиш додани оқибатҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад”.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 23-юми октябр бастаи 19-уми таҳримҳо алайҳи Русияро ҷорӣ кард, ки ба он се бонки Тоҷикистон  – “Dushanbe City”, "Спитамен" ва "Коммерсбонк"  шомил шудаанд. Қарори ин таҳримҳо дар сомонаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо нашр шуда, аз 12-уми ноябри соли 2025 мавриди амал қарор мегирад.

Мувофиқи изҳороти расмии Шӯрои ИА, “онҳо дар нодида гирифтани таҳримҳои ИА иштирок карда, ҳамакнун амалиёти бонкӣ барояшон манъ мешавад”.

Ин чунин маъно дорад, ки баргузории ҳама гуна амалиёте, ки ба субъект ё ширкатҳои ИА дахл дорад, барои муассисаҳои молиявӣ манъ мешавад. Яъне ин ҳамкории мутақобилаи онҳоро бо низоми молиявии Аврупо, аз ҷумла интиқол ва ҳисоббаробариҳоро бо евро маҳдуд месозад.

Қаблан, Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар мақомоти ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати муайян намудани сабабҳо ва кам кардани эҳтимолияти пайомадҳои манфӣ бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.

Ҳамчунин, масъулини “Dushanbe City”, "Спитамен" ва "Коммерсбонк" гуфтанд, ки ин таҳримҳо ба корашон таъсир намерасонад, вале огоҳ мекунанд, ки ҳангоми интиқоли фаромарзӣ бо евро метавонанд мушкилиҳо пайдо шаванд.

Онҳо гуфта буданд, ки дар асоси қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд ва барои шарҳу тавзеҳ ва эҳтимоли бозбинии қарорҳои мазкур, аз механизмҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ истифода мебаранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.