Иншооти нахустини лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ – Чин” дар Тоҷикистон қариб омода шуд

Сохтмони нахустин нақб дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи кашидани хатти лӯлаи нави интиқоли гази “Осиёи Марказӣ – Туркманистон” (шохаи D) дар арафаи анҷомёбист. Сохтмони қисмати тоҷикистонии ин лӯла дар се марҳила анҷом дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини аввали раиси ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода. Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон марҳилаи аввали лоиҳа мавриди […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сохтмони нахустин нақб дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи кашидани хатти лӯлаи нави интиқоли гази “Осиёи Марказӣ – Туркманистон” (шохаи D) дар арафаи анҷомёбист.

Сохтмони қисмати тоҷикистонии ин лӯла дар се марҳила анҷом дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини аввали раиси ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон марҳилаи аввали лоиҳа мавриди амалишавӣ қарор дошта, дар доираи он бунёди якчанд нақб пешбинӣ шудааст.

“Сохтмони нақби аввал бо масофаи 1560 метр дар арафаи анҷомёбист. То имрӯз дар 1450 метри нақб корҳо ба итмом расиданд”, – иброз дошт Шоимзода.

Ӯ қайд кард, ки давоми нимаи дуюми соли равон оғози сохтмони боз чор нақби дигар ба нақша гирифта шудааст.

Сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи интиқоли гази “Осиёи Марказӣ – Чин” пас аз панҷ сол, соли 2024 ба анҷом мерасад.

Хатти нави лӯлаи интиқоли гази “Осиёи Марказӣ – Чин” (шохаи D) 966 километр масофаи умумӣ дошта, тариқи қаламрави панҷ кишвар – Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Чин мегузарад. Он қисмати таркибии лӯлаи интиқоли гази “Осиёи Марказӣ – Чин” буда, ба афзоиши иқтидори умумии он то ба 85 млрд. метри мукааб имкон медиҳад. Сохтмони навбати аввали ин лӯлаи интиқоли газ моҳи декабри соли 2009  ба итмом расида буд.

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони лӯлаи нави интиқоли газ дар қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 ба имзо расида буд. Моҳи марти соли 2014 миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъсиси корхонаи муштараки сохтмон ва истифодаи лӯлаи гази Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd. бо иштироки ҳиссаи ҷонибҳо ҳар кадоме 300 млн. долларӣ созишнома ба имзо расид.

Дар доираи лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон сохтмони 42 нақби кӯҳӣ бо масофаи умумии 63,3 километр ва дигар иншоот пешбинӣ шудааст.

Дар ҳудуди Тоҷикистон шоҳроҳи лӯлаи газ аз қаламрави шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш гузашта, то марзи Қирғизистон мерасад. Масофаи умумии лӯлаи гази мазкур дар қаламрави Тоҷикистон 391 километрро ташкил медиҳад.

Дар назар аст, ки тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шавад. Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.