Порлумони Тоҷикистон кодекси пурбаҳси андозро пазируфт

Вакилони порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси намояндагон кодекси нави андози Тоҷикистонро пазируфтанд. Лоиҳаи кодекси нави андоз дар Тоҷикистон аз ду сол пеш ба ин сӯ таҳия мешуд ва баҳсҳои гармеро низ ба бор оварда буд. Кодекси нав аз сӯйи вакилон бо иттифоқи оро ё якдилона пазируфта шуд. Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, зимни муаррифи лоиҳаи […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вакилони порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси намояндагон кодекси нави андози Тоҷикистонро пазируфтанд. Лоиҳаи кодекси нави андоз дар Тоҷикистон аз ду сол пеш ба ин сӯ таҳия мешуд ва баҳсҳои гармеро низ ба бор оварда буд.

Кодекси нав аз сӯйи вакилон бо иттифоқи оро ё якдилона пазируфта шуд.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, зимни муаррифи лоиҳаи нави кодекси андоз дар ҳузури вакилони порлумон гуфт, ки тибқи кодекси нав намудҳои андоз дар кишвар аз 10 ба 7 кам карда мешаванд ва меъёри андоз аз даромад аз 13 ба 12 дарсад кам карда шуд.

Дар кодекси нав тағйироту навовариҳои зиёде дар қонунгузории андоз пешбинӣ шудааст, аммо на ҳама тағйирот дарҳол пас аз қабули Кодекси нав мавриди амал қарор мегиранд. Пешбинӣ шудааст, ки меъёрҳои нав давоми чанд сол марҳила ба марҳила иҷроӣ шаванд.

Ҳамчунин ба гуфтаи вазири молия, "Меъёри андоз аз арзиши иловашуда (НДС) аз якуми январи соли 2022 ба 15, аз якуми январи соли 2023  то 14 ва аз якуми январи соли 2027 ба 13 дар сад расонида мешавад. Пештар меъёри ин андоз 18 дар сад буд".

Аммо бар асоси муқаррароти ин кодекси нав меъёри андози аксизӣ дар Тоҷикистон то ду фоиз зиёд карда шуд.

Кодекси нав низомҳо махсуси андозбандиро ба 8 дар сад кам кард, ки то ин дам 10 дар сад буд.

Моҳи майи соли 2019 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо назардошти манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ, пеш аз ҳама истеҳсолкунандагон, лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав омода карда шавад.

Қарор буд, ки ин санад дар миёнаҳои соли 2020 қабул карда шавад, аммо пандемия монеъа шуд, ки вазъи молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро ба таври назаррас тағйир дод. Дар робита ба ин, ба таҳиягарони Кодекс лозим омад, ки баъзе меъёрҳои санадро бозбинӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.