36% бо доллар ва 60% бо рубл. Додугирифт бо доллари ИМА қариб 50% коҳиш ёфтааст

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи соли 2024 муомилот (гардиши савдои хориҷӣ) байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ бо доллари ИМА то 36% поин ва бо рубли русӣ то 60% афзоиш ёфт. Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли 2021 ин рақам баръакс буд. Яъне муомилот 30,5% бо рубли русӣ ва 66,4% бо доллари ИМА […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи соли 2024 муомилот (гардиши савдои хориҷӣ) байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ бо доллари ИМА то 36% поин ва бо рубли русӣ то 60% афзоиш ёфт. Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли 2021 ин рақам баръакс буд. Яъне муомилот 30,5% бо рубли русӣ ва 66,4% бо доллари ИМА сурат мегирифт.

Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 7-уми август сабаби инро ба “ҳолати номуайяниҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон” рабт дод, ки ба гуфтааш “ҳоло ҳам ҷой дорад ва барои паст кардани хавфҳо аз ҷониби дилхоҳ давлат, аз ҷумла Тоҷикистон корбарӣ рафта истодааст”.

“Вақтҳои охир тамоюли пастшавии пардохтҳо байни шарикони савдо бо доллари ИМА ба назар мерасад. Агар вақтҳои охир (соли мушаххасро ном набурд-муаллиф) ҳиссаи пардохтҳо бо доллари ИМА 60% бошад, охири моҳи июни соли 2024 ин баръакс 60% бо рубли русӣ ва  36% бо доллари ИМА ба амал оварда шуд”, – гуфт раиси БМТ.

Ба иттилои Фирдавс Толибзода, ҳаҷми пардохтҳо бо пули миллӣ дар ин давра “каме зиёд шуд ва дар доираи 1 фоиз қарор дорад”.

Баъди оғози ҷанг дар Украина ва таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, Русия бо кишварҳои шарики тиҷоратии худ, аз ҷумла Тоҷикистон муомилотро бо пули миллӣ ба роҳ андохт.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, моҳи июни соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як барномаи зиддибуҳронии махсус тасмим гирифта буд, ки воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли Русия ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байнулмилалӣ то ҳадди мумкин истифодаи долларро камтар кунад.

Ин иқдом дар пасманзари ҳамлаи Русия ба Украина ва болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон гирифта шудааст.

Дар яке аз бандҳои "Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ" гуфта мешавад, шартномаи ширкатҳои "воридкунандагони молу маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла гандум, маҳсулоти сӯзишворӣ, равғани растанӣ, чӯбу тахта, металҳои сиёҳ (арматура) ва ашёи хом барои истеҳсоли молҳои ватанӣ" "аз доллари амрикоӣ ба рубли русӣ ё юан" иваз карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио